Главная > Uncategorized > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш.

Нигоҳ кунед, агар Фирдавсӣ, ин ҳакими хирадманд ба ҷойи Коваи оҳангар персонаже мисли як нафар заргар ё пизишк ё барзгар ва ё як бозургонро интихоб мекард ва ӯро дар муқобили Заҳҳоки тозии мордӯш қарор медод, оё истеҳком ва аҳамияти ин достони ҳамосӣ ҳамоне буд, ки акнун мебинем? (с.22-23).

БӯЗИНАИ ЗУБАЙДА — ХОТУНИ ҲОРУН-АР-РАШИД ХАЛИФАИ БАҒДОД

Аз ҷумла овардаанд, ки Ҳорун бӯзинаеро (маймунеро) мақоми иморат ва мансаб дод. Чунон ки сӣ (30) мард аз дарбориёни вай ғулом ва (хизматгори) рикоби он бӯзина буданд. Ва ба амри халифа «ӯро камари шамшер бар миён бастандӣ ва саворон бо ӯ барнишастандӣ. Ҳар кас ки ба хизмати даргоҳи ӯ рафтӣ, мефармудӣ, то он бӯзинаро дастбӯс кунад ва хидмат ва … он бӯзина чанд духтари бокираро бакорат бардошта буд». («Таърихи Табаристон», ҷилди 1. саҳ. 92). Достони ин бӯзина пораи ҳикоётро, ки дар боби Нерон ва Колигула — золимони Рум нақл кардаанд, ба хотир меоварад. Ин бӯзина тааллуқ ба Зубайда дошт, ки хотуни халифаи Бағдод буд ва чандон дар икрому таъзими он муболиға мерафт, ки амирони ғайратманд таҳаммуми он хорӣ наметавонистанд кард. Яке аз ин амирон номаш Язд ибни Мазиди Шайбонӣ ин бӯзинаро бикушт ва марги ӯ бар Ҳорун ва Зубайда гарон омад ва шоирон Зубайдаро бад-он таъзияҳо гуфтанд ва ҷой он буд. Муфассали ин ҳодиса дар китобҳои «Зуҳр-ул-одоб»-и Қайрувонӣ, ҷилди 4, саҳ. 108 ва «Рисолат-ул-ғуфрон»-и Мааррӣ (саҳ. 392) омадааст. Ва ин ҳама аз каҷтабъӣ ва тундхӯии халифа ҳикоят дорад, ки бар хилофи он чӣ Ибни Халдун мепиндоштааст, аз ин гуна ҳавасбозиҳои кӯдакона ҳеҷ ибо ва парвое надоштааст.

Бо ин ҳама каҷраъйӣ ва тундхӯйӣ, сардорон ва бузургон даргоҳи халифаро гиромӣ медоштанд ва аз ӯ фармон мебурданд. На охир, ҳар чӣ доштанд аз ҷоҳу мол, туфайли ҳастии ӯ буд? Дар ҳақиқат, ин амирон ва бузургон барои ризои халифа аз ҳеҷ расвоӣ ва забунӣ нанг надоштанд. Куштани душманони халифа ва ғорат кардани моли мардум, агар мояи ризои халифа буд, дар назарашон ҳеҷ айбе надошт ва ин ҳама пастӣ ва забуниро дар роҳи наздик шудан ба халифа таҳаммул мекарданд, зеро вазорату аморат, ҳарчанд давронаш кӯтоҳ буд, аммо сарвату макнати бепоён барои онҳо фароз ва бузургӣ меовард. Дар ин масъала баҳс сари он аст, ки дастгоҳи сиёсии халифа палидтар ва пасттар буд ва ё дарбориёни замон? Ё ҳарду ба як дараҷа паст ва ҳақир буданд? На, ин як навъ намоиши истибдоди сиёсӣ буду бас. Дин ҳам пеши роҳи онро гирифта натавонист!

ҶАНГИ АҚИДАҲО

НАБАРД ДАР РАВШАНӣ

Набарде, ки эрониён дар тайи ин ду қарн бо ғоратгарони араб карданд, ҳама дар торикии хашму таассуб набуд. Дар равшании донишу хирад низ ин набард давом дошт ва бозори мушоҷирот ва гуфтугӯҳои динӣ ва фалсафӣ гарм буд. Бисёре аз эрониён аз ҳамон оғози кор дини мусулмониро бо шӯру шавқ пазиро шуданд. Дини тозаеро, ки арабон оварда буданд, аз ойини дерини ниёгони хеш бартар меёфтанд ва санавияти хайру шарри мубҳаму торики Зартуштиро дар баробари тавҳиди маҳз ва бе шойибаю холиси ислом ширку куфр мешинохтанд. Он шӯру ҳамосе низ, ки дар табиатҳои тунду саркаш ҳаст ва ононро вомедорад, ки ҳар чиро поку нек ва дуруст аст, эронӣ бишуморанд ва ҳар чиро зишт ва палиду нодуруст аст, ғайри эронӣ бидонанд, дар дилҳои онҳо набуд. Аз ин рӯ, ойини мусулмониро дине поку осон ва дуруст ёфтанд ва бо шавқу меҳр бад-он гаравиданд. Бо ин ҳама, дар айни он, ки дини арабро пазируфтанд, онҳоро таҳти нуфуз ва таъсири фарҳанг ва тарбияти хеш гирифтанд ва ба тамаддуни фарҳанги хеш бароварданд. Аммо эрониён ҳама аз ин гуна набуданд. Баъзеи дигар ҳамон гуна, ки аз ҳар чизи тозае биму ваҳшат доранд, аз дини араб ҳам рӯй бартофтанд ва ононро танҳо аз ин рӯ ки чизе ноошно ва тоза ва ношинос буд, напазируфтанд. Беҳтар диданд, ки дил аз ёру диёр баркананд, дар гӯшаву канори ҷаҳон овора бошанд ва дини тозаро, ки барояшон ношинос ва бегона буд, напазиранд. Ҳатто саранҷом, пас аз солҳои дарбадарӣ дар кӯҳу биёбон, ранҷи ҳиҷрон ба дил ниҳоданд ва ба Синду Санҷон рафтанд, то динеро, ки аз ниёгон омӯхта буданд ва бад-он сахт дил баста буданд, тарк накунанд ва аз даст надиҳанд. Агар ҳам тоқати дарду ранҷи дарбадарӣ ва ҳиҷронро надоштанд, ранҷи таҳқиру озори мусулмононро таҳаммул карданд ва монданд ва ҷузия пардохтанд ва аз кеши ниёгони хеш даст барнадоштанд. Бархе дигар ҳам аз аввал бо ойини мусулмонӣ ба мухолифат ва ситеза бархостанд, гӯё гаравидан ба ин динеро, ки араб оварда буд, иҳонате ва носазое дар ҳақи хеш ҳисоб мекарданд. Аз ин рӯ, агар низ дар зоҳир худро мусулмон фаро менамуданд, дар ниҳон аз араб ва ойини ӯ бо шиддат безор буданд ва ҳар ҷо низ фурсатеву маҷоле даст медод, сар ба шӯриш бармеоварданд ва арабон ва мусулмононро аз дами теғ мегузарониданд. Ин андешае, ки араб пасттарин мардум аст, чунон зеҳни ононро машғул карда буд, ки ҳаргиз маҷоли онро намеёфтанд, то ҳақиқатро дар партави равшании мантиқ ва хирад бубинанд. Ҳар рӯзе ба баҳонае ва дар ҷое қиём ва шӯриши сахт мекарданд ва мекӯшиданд арабро бо дине, ки овардааст, аз Эрон биронанд. Баъзеи дигар ҳам буданд, ки исломро на барои он ки чизи ношинос аст ва на брои он ки овардаи тозиён аст, балки фақат барои он ки дин аст, рад мекарданд ва бо он ба мубориза бармехостанд. Зиндиқҳо ва озодандешон, ки дар авоили аҳди Аббосӣ иддаи зиёде аз онҳо дар Бағдод ва шаҳрҳои дигар вуҷуд дошт, аз ин гурӯҳ буданд.

Ба ҳар ҳол, вуҷуди ин фирқаҳо ва орои мухталиф бозори баҳсҳо ва ҷадалҳои мазҳабиро байни араб ва эрониён гарм медошт ва набарде сахтро дар равшании ақлу дониш сабаб мешуд, ки басе давом ёфт ва натоиҷи муҳим дошт.

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Аз усулу фурӯи улуми исломия камо ҳува ҳаққуҳу (ба таври сазовор) воқиф ва аз аҳволи замон некӯ хабардор буд, бинобар ин мақолаҳояшро ҳар кас ба рағбат мехонд. Муташаббисон (ташаббускорон) аз Насруллоҳбийи қӯшбегӣ ба мазмуни «Ҳар кас ба рӯзнома муштарӣ шавад, аз тарафи мо манъе нест», як мактуб гирифта, ба атрофи вилоёти Бухоро вукало (намоянда) фиристода, муштарӣ ҷамъ карданд. Аксари қузоту ҳуккоми (қозиҳо ва ҳокимони) кӯҳнафикр, ки аз ҷарида зиёда мерамиданд, «Ин ҷаридаи Ҷаноби Олӣ будааст» гуфта, муштарӣ мешуданд. Табиӣ, баъд аз чанд гоҳи мутолиа кардан, ононе, ки филҷумла ақлу идрок доштанд, ба ҷарида унс гирифта, ба назари истеҳсон (хайрхоҳона) нигоҳ мекарданд.

Ҷаридаи «Бухорои Шариф» явмӣ (рӯзона) чор моҳ ба ҳамин ҳол давомат кард. Чун аксари аҳолии тавобеи (ҳукумати) Бухоро туркзабон буданд, аҳолии соири вилоёти Туркистон умуман ба туркӣ ҳарф мезаданд, масъалаи як ҷаридаи туркӣ дар миён омад. Баъд аз машварат ҳафтае ду бор бо номи «Тӯрон» як ҷаридаи туркӣ ба зери мудирияти идораи «Бухорои Шариф» нашр карданӣ шуданд, ки ҳар ҳафта чор бор «Бухорои Шариф», ду бор «Тӯрон» нашр меёфт. Рақами аввали «Тӯрон» 14 июли 1912 милодӣ нашр шуд (126). Азбаски дар Бухоро ва Туркистон хонандаи рӯзнома кам ва мадохиле (даромаде), ки аз муштариён меомад, ба масорифи нашр нарасида, идора зарари куллӣ дидан гирифт, табиӣ, Левӣ ҷаридаҳоро мавқуф (манъ) карданӣ шуд.

Комил БЕКЗОДА

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: