Главная > Uncategorized > Рӯза ВА НАЗАРИЁТИ ДОНИШМАНДОНИ ШАРҚУ ҒАРБ

Рӯза ВА НАЗАРИЁТИ ДОНИШМАНДОНИ ШАРҚУ ҒАРБ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Истифода аз муроқибати табиб

Номи русии китоб дар матни арабӣ наёмада, вале мутарҷими масеҳӣ онро таҳти унвони «Аттатбиби биссавми» (дармон ба василаи рӯза) интишор додааст.

Матолиби китоб аҷиб ва бовар накарданӣ аст. Масалан рӯзаи тиббии комилеро, ки муаллиф барои назофат ва беҳдошти комили бадан ва мубориза бо анвоъи бемориҳо ва таҷдиди нишот ва нирӯи бадан лозим медонад, чиҳил рӯзи тамом аст! Он ҳам чӣ рӯзае?! Рӯзае, ки саҳарӣ дорад, на ифторӣ, ҳеҷ набояд хӯрд, танҳо чизе, ки рӯзадор муҷоз аст, дар ин муддати тӯлонӣ бихӯрад, фақат об аст ва обмева ва ё чой, оё бовар карданӣ аст, ки инсон бидуни ғизо чиҳил рӯз зинда монад?

Тоза ба қавли муаллиф бояд корҳои рӯзонаро ҳам таътил накард ва дар гӯшае ба истироҳат напардохт, балки дар даврони рӯзадорӣ бояд машғулият бошад, аммо аз корҳои сангин парҳез. Аз ин болотар, муаллиф мӯътақид аст, бисёре аз беморон, ҳатто маслулин (гирифтори касалии сил), ки ниёзи бештаре ба ғизоҳои тақвияткунанда доранд, агар ин режими аҷибро бигиранд, ба суръати ғайри қобили тасаввурӣ беҳбудӣ хоҳанд ёфт! Ҳар кас пеши худ мегӯяд, ки ин дигар бовар карданӣ нест, ҳатто муртозони (риёзаткашони) ҳиндӣ ҳамчунин кореро намекунанд.Аммо дар баробари истидлолоти қавӣ ва ҷолиб муаллиф ва мушоҳидот ва таҷрибиёт ва ҳатто рӯи худ ва дигарон озмоиш кардан ва ҳамчунин мутарҷимӣ ба арабӣ (кашиши масеҳӣ), ки озмоишоте рӯи худаш ба вуҷуд оварда, мебинем ва ночорем, ки бипазирем ва қабул кунем, ки ин мавзӯъ бо ин истидлол ва таҳқиқоти бовар карданӣ ва балки итминоновар аст, мунтаҳо тибқи назарияи муаллиф бояд ҳар хонандае ҳадди ақал се бор китобашро бихонад ва мутолиа кунад ва дар пораи аз қисматҳояш, ки мехоҳад ба кор бандад, аз муроқибати табиб низ истифода намояд.

Рӯза: равиши навин барои дармони бемориҳо

Донишманди гаронмоя Носир Макорими Шерозӣ, ки ба тарҷумаи китоби «Рӯза: равиши навин барои дармони бемориҳо» (бо тарҷумаи мӯҳтарам Муҳаммад Ҷаъфари Амонӣ) муқаддима навиштаанд, мефармояд: «Бовар намекунем касе бошад, ки ин китобро мутолиа кунад ва дар пешгоҳи ислом ва таълимоти олии он сари таъзим фуруд наоварад ва эҳсоси имони тозае дар худ накунад, зеро аввалан асоси теории рӯзаи тиббӣ, ки аз тарафи ин пизишки пурҳавсала пешниҳод шуда, бар ин ҳақиқат қарор гирифта, ки анвоъи бемориҳо аз ғизоҳои зоид ва изофӣ, ки аз меъда мегузарад ва дар бадан таҳлил намегардад, сарчашма мегирад. Ин маводи ғизоии изофӣ тавлиди бадбӯиҳое мекунад, ки беҳтарин шароитро барои нашъунамои микробҳо ва бактерияҳо фароҳам месозад, ки асоси дармони ҳамаи онҳо аз тариқи гурӯснагӣ ва имсок аз ғизо сурат мегирад ва Паёмбари ислом (с) дар ин бора мефармояд: «Алмиъдату байту кулли доин вал ҳамиату раъсу кулли давоин». Яъне, «Меъда байти (хона) тамоми дардҳост ва парҳез ва имсок болотарин доруҳо мебошанд». Сониян, тибқи назариёти муаллиф, бо истифода аз доруҳои пизишкӣ ғолибан холӣ аз ишкол нест ва он ин аст, ки бисёре аз онҳо тавлиди як навъ масмумияти тадриҷӣ мекунад ва бемориҳои дигареро таҳрик менамояд, дар ҳоле, ки мудово аз тариқи «рӯзаи тиббӣ» ин айби бузургро надорад ва ҳеҷ гуна аксуламали номатлубе аз худ нишон нахоҳад дод, ки ин маъноро дар сухани яке аз бузургворон мехонем, ки мефармояд: «Ҳеҷ доруе нест, магар, ки эҷоди бемории дигар менамояд ва ҳеҷ чизе дар бадан муфидтар аз имсок ва парҳези бадан аз ниёзмандиҳояш нест, (хулоса, парҳез аз хӯрданиҳо ва ошомиданиҳои зоид барои бадан ва саломатияш нофеътар аст)».

Ва сухани кӯтоҳи Паёмбари бузурги ислом (с), «Суму тасиҳу» («Рӯза бигиред, то солим бимонед»)-ро имрӯз бояд рӯи он зиёд  мутолиа кунем ва амиқона бингарем ва ба он хеле бояд такя кард.

Солисан, ин рӯзаи тиббӣ, ки осори мӯъҷизаосои он дар ин китоб гузариши фаслҳои бисёре ташриҳ шуда, ҳамон тавр, ки дар худи китоб низ омада, дар тамоми умре, ки ду бор бештар анҷом намешавад ва бо ҳама мазоёи ҳайратоваре, ки барои он зикр шуда, кори фавқулоддаи тоқатфарсоест, ки бе нигаҳбонии пизишк ва умури тиббӣ мумкин аст дар порае аз мавридҳои холӣ аз хатар ҳам набошад, аз ҳама гузашта ниёз ба тамрини кофӣ ва омодагии рӯҳӣ ва ҷуръати зиёд, ки хеле аз афрод ҷуръат надоранд ба он амал кунанд.

Таълимоти беҳдоштии рӯза дар ислом

Аммо дар таълимоти олияи ислом ҷиҳати дарки саломатӣ ва беҳдошт дастуруламали сода ва осонӣ дода, ки ҳамагон метавонанд роҳат аз ӯҳдаи он бароянд ва он рӯза як моҳи мубораки Рамазон ба таври ҳамасола аст, ки аз азони субҳ то азони мағриб (шом) ба тӯл меанҷомад, он ҳам таваум бо маънавиятҳои хос, ки бар оммаи миллатҳо равшан аст.

Муолиҷаи бемории маслул (сил) бо рӯза

Доктор Алексей мегӯяд: «Баъзеҳо ваҳшат мекунанд ва мегӯянд: Оё аз тухми мурғ ва шир ҳам бояд иҷтиноб кард ва ба маслул таҷвиз накард?».

Посух ин аст: Оре. Чунончи қисмати умдаи ғизоро инҳо ташкил медиҳанд, бояд монеъ шуд, онгоҳ зарарҳои ин навъ ғизоҳои муқаввиро барои маслул мешумурад, ки ба иллати тӯлонӣ шудани баҳс аз он мегузарем? Дар айни ин, ки доруи беҳбудибахштар ва пурманфиаттар аз имсок барои маслул ёфт нахоҳад шуд, аммо фаромӯш набояд кард, ки имсок мебоист тибқи мизоҷ ва ҳоли бемор бошад ва замон ва андозаи саломатии вай дар назар гирифта шавад, ки аз ҷумла чун хун ба касофот олуда аст, беҳтарин роҳи дармони чирки хун имсок аз хӯрданиҳо мебошад.

Мубталоён ба сил ва камхунӣ мегӯянд: Нирӯе дар худ суроғ надорем, агар ғизо нахӯрем ҷисми мо аз чӣ чиз хун бисозад?

Посух ин ки, дар бадани шахси маслул маводи афунӣ бисёр ёфт мешавад. Ин мавод бо хун омехта мегардад ва дар он сангинӣ эҷод мекунад. Ба ҳамин сабаб ба мубталои ин беморӣ лозим аст қабл аз ҳар кор хешро аз ин маводи касиф раҳоӣ бахшад, он вақт аст, ки эҳсоси қувват ва шодмонии фавқулоддае дар хеш мекунад, борҳое аз ин мавод, қувва ва нерӯе, ки беҳуда масраф мешуд, сарфи ҷисм мешавад ва бо ҳамин қувва, ки таҳвили корхонаи тан дода мешавад, шодмонӣ меоварад ва бо маводи дохил он хун ҷадид ва соф сохта мегардад. Пас ба ҷисми худ кӯмак кунед ва рӯза бигиред!

Оре, ин шумоед, ки дастгоҳи танро аз кор боз медоред, зеро ғизоҳои фаровоне ба тарафи меъда мефиристед ва онро ба кори сангине, ки қудрат бар анҷоми онро надорад, водор мекунед ва ба ҳамин далел наметавонад ба таҳлил ва ҳазми онҳо бипардозад.

Абдуҷаббори АМИНЗОДА

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий