Главная > Uncategorized > Ҳадаф хона, парванда баҳона

Ҳадаф хона, парванда баҳона

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзодаи Одина

Ба таваҷҷӯҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия Фаттоҳ  Саидов

Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

“Гуманный суд”

Вақте санадҳои қабулнамудаи судяи Суди ноҳияи Ёвон Р. П. Мирзоев вобаста ба ин парвандаро меомӯхтам, пеши назарам филми мазҳакавии “Асираи Қафқоз” (“Кавказская пленница) омад, ки ибораи “гуманный суд” он ҷо таъкид карда мешавад. Баррасии ин моҷаро ҳам ба мазҳака монанд аст. Дар зер аз лаҳзаҳои баррасии парванда, ки бевосита дар маҷлиси судӣ шоҳидаш будем, ҳарф намезанем. Танҳо атрофи он санадҳо ибрози назар менамоем, ки меъёрию ҳуқуқиянд. Санаи 18-уми июни соли 2010 судяи Суди ноҳияи Ёвон Р. П. Мирзоев бо таъиноташ парвандаро ба тафтиши иловагӣ бармегардонад: “Парвандаи ҷиноятии мазкур нисбати Ҷабборов Латиф ва Авезова Зайнура Авезбадаловна дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 247 қисми 3 банди “а”, 36 қисми 3, 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани тафтишоти пешакии иловагӣ ба прокурори ноҳияи Ёвон баргардонида шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати Ҷабборов Л. нигоҳ доштан дар ҳабси пешакӣ ва нисбати Авезова З. А. забонхат аз ҷойи истиқомат баромада нарафтан мисли пештара бетағйир мононда шавад”.

Судя таъиноташро бо чунин ваҷҳ асоснок намудааст: “Мақомоти тафтишоти пешакӣ бархилофи талаботи моддаи (60 КМҶ ҶТ,- шарҳи мо) зикршуда амал намуда, гунаҳгории айбдоршаванда Ҷабборов Л. ва Авезова З. А.-ро дар содир намудани ҷиноятҳое, ки ба онҳо айб эълон карда шудааст, дар чӣ зоҳир мегардад, исбот накарда, бармаҳал ба онҳо бо моддаҳои 247 қисми 3 банди “а” 36 қисми 3, 340 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда, онҳоро бо ин моддаҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, парвандаро ба суд ирсол намуданд”.

Ба ин таъиноти судя ризо нашуда, ёрдамчии прокурори ноҳияи Ёвон Б. Х. Раззоқов ба коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон эътирози хусусӣ меорад. Дар эътироз пурсида мешавад, ки таъиноти судяро бинобар хилофи қонун буданаш бекор намуда, парванда ба ҳамон суду дар ҳайати дигар барои баррасӣ намудан баргардонда шавад. Коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон эътирозро мавриди муҳокима қарор дода, таъиноти судяро бетағйир ва эътирозро беқаноат мегузорад.

Иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилояти Хатлон Т. С. Азимов ба раёсати Суди вилояти Хатлон оид ба таъиноти коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон аз 14-уми июли соли 2009 эътироз меорад. Раёсати Суди вилояти Хатлон эътирозро санаи 27-уми августи соли 2009 баррасӣ намуда, таъиноти судяро бетағйир ва эътирози иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилояти Хатлонро беқаноат мемонад.

Дар қарори раёсати Суди вилояти Хатлон аз ҷумла таъкид мешавад: «Раёсати Суди вилояти Хатлон чунин меҳисобад, ки аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ зимни айб эълон намудан ба Ҷабборов Латиф ва Авезова Зайнура бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 36 қисми 3-340 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолатҳои кор ва талаботи конуни зикршуда ба инобат гирифта нашуда, баҳои дурусти қонунӣ дода нашудааст”.

“Ваҷҳи дигари эътирози назоратӣ дар хусуси он ки гуноҳи судшавандаҳо Ҷабборов Л. ва Авезова З. дар содир намудани ҷиноятҳои зикршуда дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ пурра исботи худро ёфтааст, Раёсати Суди вилояти Хатлон бо асосхои дар боло овардашуда бармаҳал меҳисобад, зеро бо ҷой доштани камбудиҳои зикргардида, муайян накардани ҳолатҳои ҳақиқии кор ва мақсади судшавандаҳо ба чунин хулоса омадан бармаҳал мебошад”.

Ҳамчунин, дар қарори раёсати Суди вилояти Хатлон диққати тафтишотро бештар ба он ҷалб карданӣ шудаанд, ки ба ҳаракатҳои мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Ёвон М. Ш. Иззатов баҳои ҳуқуқӣ дода нашуда, баръакс мақомоти тафтишот ба нишондоди ӯ такя намудааст. Ғайр аз он, оид ба мавриди эътибор қарор надодани талаботи банди 11-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июни соли 1996 № 226 “Оиди тасдиқи низомномаи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи мақомоти тафтишотро таъкид намуда, дар мавриди маълумотномаи аз 20-уми июни соли 2008 додашуда, сабабҳои ба номи ду нафар будани қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти № 48 аз 16-уми январи 2008 ва ғайра диққати мақомоти тафтишотро алоҳида ҷалб намудаанд.

Намедонем баъди ба тафтишоти иловагӣ баргардондан ин ваҷҳҳои таъкиднамудаи раёсати Суди вилояти Хатлонро то кадом андоза иҷро намудаанд. Чунки дар даст санади расмии тасдиқкунанда надорем. Вале аз ҳукму таъиноти дар асоси ҳамин парванда қабулнамуда бармеояд, ки он мавриди санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор дода нашудааст. Дар санадҳои қабулнамудаи судяи Суди ноҳияи Ёвон Р. П. Мирзоев таъкиди худаш ҳангоми баргардондани парванда “гунаҳгории айбдоршаванда Ҷабборов Л. ва Авезова З.А.-ро дар содир намудани ҷиноятҳое, ки ба онҳо айб эълон карда шудааст, дар чӣ зоҳир мегардад, исбот нашудааст” ба инобат гирифта нашудааст.

Дар боло таъкид намуда будем, ки танҳо оид ба санадҳои ҳукми қонун дошта ибрози ақида менамоем. Дар арафаи ба тафтишоти иловагӣ баргардондани парванда З. Авезова ба Суди ноҳияи Ёвон бо ариза “Оид ба эътироф намудани аъзои оилаи молик” муроҷиат менамояд. З. Авезова аризаашро бо он асоснок менамояд, ки бо қарори раиси ноҳия таҳти №48, аз 16-уми январи соли 2008 манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомӣ, бинои №51, ҳуҷраи 9 ба номи И. Медведова хусусӣ гардонида шудааст. Азбаски И. Медведова нафақагир буд ва ягон шахси нигоҳубинкунанда надошт, ӯро бо қарори раиси ноҳия дар асоси ризоияти кампир парастор таъин намуданд. Маблағи нафақаи ӯ ҳатто барои таъминоти доруяш намерасид. Вай кампирро нигоҳубин намуда, тамоми хараҷоти зиндагиро таъмин менамуд. Хонаро таъмир карданду қарзҳои кампирро, ки аз дигарон гирифта буд, пардохт кардааст. И. Медведова бар асари бемории қалб вафот мекунад. Бинобар ин, аз суд пурсидааст, ки ӯро аъзои оилаи молик эътироф намоянд.

Санаи 30-юми марти соли 2010 судяи Суди ноҳияи Ёвон Р. П. Мирзоев аризаро мавриди баррасӣ қарор дода, дархости З. Авезоваро рад мекунад. Судя ваҷҳ меорад, ки ин хона аз 4-уми марти соли 1994 мувофиқи ордери №550 силсилси ДЖ-51 ба И. Медведова дода шудааст. Мувофиқи мактуби мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Ёвон М. Ш. Иззатов №1 аз 15-уми январи соли 2010 бармеояд, ки барои хусусигардонии манзил аз тарафи И. Медведова аризаи хаттӣ дохил нашудааст. Тибқи талаботи моддаи 110 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи моликият ба квартира (хонаи истиқоматӣ) ба асноди аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқгардида ва аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ додашаванда тасдиқ карда мешавад.

Вақте ки кас ин нишондоди қонунро, ки онро судя дар таъиноташ овардааст, мехонад, ҳайрон мешавад. Ин иқтибос бо кадом мақсад оварда шуда бошад? Гуфтем, бори дигар таъкид менамоем, ки ба манзили баҳсӣ дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ёвон шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият ба И. Медведова дода шудааст. Ин шаҳодатномаро дар КФТБ-и ноҳия ба қайд гирифтаанд. Ин санадҳоро то ҳол касе бекор накардааст. Аз ин лиҳоз, ҳуқуқи моликият ба И. Медведова боқӣ мемонад.

Судя дар идомаи таъиноташ аз масъалаи асосӣ ёдовар шуда, таъкид менамояд: “Аз протоколи маҷлиси комиссия оиди хусусигардонии амволи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таҳти №1 аз 15-уми январи соли 2008 бармеояд, ки аъзои комиссия барои хусусигардонӣ хонаи истиқоматии №2 хонаи № 33 деҳаи Фурқат, ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба номи Пардаев Ҳасан розигӣ додаанд”. Ҳамчунин, таъкид карда мешавад, ки “Аз қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти №170 аз 10-уми феврали соли 2009 бармеояд, ки протоколи №1-и маҷлиси комиссияи хусусигардонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 15-уми январи соли 2008, протоколи нархгузории ройгон хусусигардонӣ ва қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти №48 аз 16-уми январи соли 2008 нисбати хонаи баҳсӣ воқеъ дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи А. Ҷомӣ, хонаи 51, ҳуҷраи 9 ба номи Медведева И. буда бекор карда шудааст”.

Аз ин таъинот маълум мегардад, ки моликияти давлат хонаи дар кӯчаи А. Ҷомӣ, хонаи 51, ҳуҷраи 9 ба номи Медведева И. буда дар ҷояш истодааст. Яъне давлат ягон хел зарар надидааст. Модоме хона ба касе тааллуқ надошта бошад, давлат зарар надида бошад, пас барои чӣ шаҳрвандонро суд карданд?!

Санаи 6-уми июли соли равон бо ҳукми худ судя Р. П. Мирзоев З. Авезоваро дар содир намудани гуноҳи дар моддаҳои 247 қисми 2 банди “б”, 36 қисми 3, 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда айбдор дониста, 5 сол аз озодӣ маҳрум менамояд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи авф” аз адои ҷазои таъиншуда озод карда мешавад.

Нисбат ба Л. Ҷабборов бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”тадбиқ карда шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мекунанд.

Вале то рӯзи хондани ҳукм Л. Ҷабборов аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, ба тамоми мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст, ки ӯ ягон хел ҷиноят содир накардааст. Маҷбур ҷинояти накардаашро ба гардан гирифта, бо ариза муроҷиат мекунад, ки “аз карда пушаймон аст”. Агар чунин накунад, қонун “Дар бораи авф” нисбаташ тадбиқ намешаваду ӯро ба ҳабс мегиранд…

З. Авезова ва Л. Ҷабборов барои моҳиятан баррасӣ намудан ба зинаи кассатсионии Суди вилояти Хатлон ариза навиштаанд. Намедонем онҳо чӣ мегӯянд. Вале мо гуфтаниҳои зиёд дорем…

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: