Главная > Uncategorized > Боздошти Ҷӯраев ба тақдири Бобохонов чӣ таъсире хоҳад дошт?

Боздошти Ҷӯраев ба тақдири Бобохонов чӣ таъсире хоҳад дошт?

Рӯзи ҷумъа пулиси рус дар Маскав собиқ узви Маҷлиси вакилони вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраевро боздошт кардаанд ва қарор аст ба наздикӣ ба Тоҷикистон фиристода шавад. Дар ҳоле, ки собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ҳукми судро нисбати Низомхон Ҷӯраев ва гурӯҳи ӯ «ғайриқонунӣ ва беадолатона» унвон карда буд. Пас, суоле ин замон посух мехоҳад:

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси ҲСДТ:

— Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон буду воқеан ин суханҳоро гуфт. Лекин ин мазмуни онро надошт, ки умуман дар кирдору рафтори Низомхон Ҷӯраев ҷиноят набуд. Баръакс, чун аз меъёр зиёд ҷазоҳора нисбати онҳо амалӣ карданд, боиси нигаронии пайвандону фарзандон ва гурӯҳи одамон шуд. Зеро ғоибона нисбати баъзе ҳамшарикони ӯ дар ҷиноят ҷазоро татбиқ карданд. Аммо ба таври умум, ҳам ҷиноятҳои ҷиҳати иқтисодидошта ва ҳам баъзе дигар ҷиноятҳо ҷой доштанд. Масъалаи дуюм ин аст, ки агар Ҷӯраев имконият ва шароити пардохт намудани зарари иқтисодиро дошта бошад, яъне ҷуброн карда тавонад, инро ба инобат мегиранд. Лекин мақомоти тафтишот баррасӣ мекунад. Сухани охирро бояд додгоҳ гӯяд.

Абдуғанӣ МАҲМАДАЗИМОВ, сиёсатшинос:

— Аз ахбори омма мешунидам, ки масъалаи «исфарагиҳо»-ро чун «говсуд» эълон карда буданд. Яке аз намояндаи асосии онҳо ба Русия фирор карда буд. Шояд мушкилот нафақат дар муҳокима («говсуд») буд. Мушкилот гирифтани солҳои дарози маҳбас буд,  на ҷиноят ё дигар кор. Барои ҳамин, он чизе, ки рух медиҳад, ҳатто зарбае мешавад ба тақдири ояндаи Бобоҷон Бобохонов. Чун ҳамон вақт тарафи он нафаронро гирифта буд.

Хуршеди АТОВУЛЛО, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»:

— Агар Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон истирдод шавад, фикр мекунам, ки на танҳо Бобоҷон Бобохонов ба ин масъала ҷалб карда мешавад. Агар аз рӯйи қонун амал кунанд, мавзӯҳои дигаре ҳам ҳаст, ки дар сабти адвокат Ҷӯраев буданд ва дар онҷо чеҳраҳои хеле машҳур ҳам буданд. Акнун вақт нишон хоҳад дод, ки вақте Низомхон Ҷӯраев ба қавле гуноҳҳои кардаашро ба гардан гирифт, то кадом андоза ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Зеро дар парвандаи «исфарагиҳо» чуну чароҳои зиёде ҳаст, ки дар ин маврид намояндаи прокуратура дар ҳафтаномаи «Азия — плюс» гуфта буд.

Давлат УСМОН, коршинос:

— Ин қазия бо номи «парвандаи исфарагиҳо» вирди забонҳо буд. Агар ба чанд соли ахири таърихи Тоҷикистон нигоҳ кунем, ҳам аз лиҳози сиёсию ҳам иқтисодӣ ин қазия яке аз қазияҳои ҷанҷолбарангез шуд. Фикр мекунам, ба он мушкилоте, ки ба сари Бобохонов омад, шояд ин қазия бетаъсир набошад. Шояд яке аз сабабҳо бошад, шояд сабаби аслӣ бошад. Ин ки дар оянда ин чиз таъсир хоҳад дошт ё на, ман фикр мекунам, агар дар шароити фасодзадагии Тоҷикистон, ки ҳар чиз шуданаш имкон дорад, рабте байни ин қазия ва Низомхон Ҷӯраев   бошад, шояд ягон мушкилоте эҷод шавад барои ҷаноби Бобохонов.

Омодасоз Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: