Главная > Uncategorized > Тарсу ваҳм

Тарсу ваҳм

Нишондодҳои тахминӣ бо асосҳои реалӣ

Кулли кишварҳои дунё, минҷумла Тоҷикистон низ баъди истиқлолият ба даст овардан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки иқтисодиёти худро бо ҳар роҳ, алалхусус бо тарзе, ки барои шароити Тоҷикистон мувофиқ аст, пеш баранд. Кишварро ба кишвари ободу зебо ва дорои саноати баланду пуриқтидор табдил диҳанд, то ҳаёти иҷтимоии мардум беҳ гардад. Ин иқдоми нек боиси дастгирӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани он ҳамаи қувваҳои дар ҷомеа вуҷуддоштаро бо ҳам муттаҳид мекунад. Аммо барои ин чӣ бояд кард?

Тибқи нишондоди иқтисоддону коршиносон, барои рушди иқтисоди кишвар се омили асосӣ мавҷуд аст, ки байни худ риштаҳои ногусастанӣ доранд: манбаъҳои табиӣ, нерӯи кор ва сармоя.

Дар кишвари мо ду омили аввал — манбаъҳои табиӣ ва нерӯи кор фаровон буда, сармоя бо мушкилиҳо ба даст меояд. Гарчанде сармояи зиёди дохилии мо дар дасти гурӯҳи махсуси одамон мавҷуд аст, ки аз арзи хориҷии кишварамон зиёдтар аст, вале бо сабаби заъфи баъзе сохторҳою оғуштаи фасод будани сохторҳои асосӣ ва бовар надоштан ба худу вазъи дохилии кишвар, сармоягузорони дохилӣ маблағҳои худро озод ва бидуни тарсу ваҳм истифода бурда наметавонанд. Ба ғайр аз ин, мушкилиҳои дигар, аз қабили андозу андозбандии хадамоти гумрук, набудани рақобати озод байни соҳибкорон, мафияи гурӯҳҳои алоҳида, ки Тоҷикистонро байни худ тақсим карданд, барои пешрафти соҳибкор монеаи сангин гаштааст, ки рахна кардани он дили қавӣ, асаби тавоно, адолати бузурги иҷтимоӣ, ҷомеаи хуби шаҳрвандиро мутлақо талаб мекунад.Дар кишвари мо онқадар манбаъҳои табиӣ фаровон аст, ки оқилона коркарди он метавонад даҳҳо наслҳои ояндаи моро хӯронаду пӯшонад ва кишварро ба пояи кишварҳои мутараққии дунё ҳамрадиф созад. Ҳатто боре хонда будам, ки дар кишвари мо зиёда аз 3 триллион кубометр газ ва зиёда аз 800 млн. бар нефт мавҷуд аст. Пас чӣ бояд кард? Дар тӯли 70 сол кишвари мо ҳамчун тавлидкунандаи ашёи хом ва кишвари аграрӣ фаъолият намуд. Моро зарур аст, ки корхонаҳои замонавӣ бо таҷҳизоти нави техникиро омода намуда, фабрикаи коркарди пӯст, бофандагӣ, пашм, пояфзол, консервабарорӣ, коркарди маъданҳои гуногун, дорубарорӣ, заводи қанду шакар, ангишту намак, ки дар кишвари мо дар ин ҷода ашёҳои хоми арзон мавҷуд аст, ба кор андозем. Барои ин сармояи хориҷӣ лозим аст ва моро зарурат пеш меояд аз кишварҳои дигар ва бонкҳои байналмилалӣ қарзҳои дарозмуддат гирифта, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ шароити муфиде муҳайё намоем. Зеро ҳеҷ як сармоягузори хориҷӣ бидуни ба даст овардани суди муайян пули хешро ба ин ё он кишвар нахоҳад гузошт. Барои рафъи ин мушкилиҳо моро зарур аст, ки дар кишвар корхонаҳои коркарди ашёи хомро бо таҷҳизоти нави замонавӣ омода намоем. Ин матлаб аз ҷониби Президенти кишвар низ арзёбӣ гардида, дар назди ҳукумат вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2015 коркарди пурраи пахта дар кишвар амалӣ гардонида шавад.

Чаро мо алюминийро ҳамчун ашёи хом ба бозори ҷаҳонӣ мебарорем? Агар як тонна алюминий ҳамчун ашёи хом дар бозори ҷаҳонӣ 2000 доллар бошад, агар аз як тонна алюминий мо 500 дона чойники алюминий созему ҳар яки онро 50 сомонӣ фурӯшем, тахминан 3500 доллар ба даст меорем, ки 1500 доллар фоидаи соф аст. Албатта ин нишондоди мо тахминист, вале асоси реалиро дорост.

Ҳамин тавр, дар вақти вохӯриҳо бо мардум махсусан мардуми Тавилдара аз набудани дӯконҳои қабули пӯст ва пашм изҳори таассуф карданд ва иловатан арз намуданд, ки бо сабаби набудани чунин қабулгоҳҳо пӯсту пашмро ба дарё сар медиҳанд. Ку адлу ку инсоф? Чаро мо аз оддитарин сарвати бебаҳои кишвар, ки Худованд ба мо арзонӣ доштааст, самаранок истифода бурда наметавонем. Агар давлат чунин корхонаро омода намуда, оқилона аз ашёи хом истифода барад, коркарди як пӯсти гов 20 доллар афтаду қиматаш 89 сомонӣ бо арзи сомонӣ бошад ва аз як пӯст 5 адад туфли дӯзему қимати ҳар яки он 60 сомониро ташкил кунад, пас мо аз як пӯст 300 сомонӣ ба даст меорем. 300-89=211, яъне мо аз ҳар як пӯст 211 сомонӣ фоидаи соф мегирем. Ё худ, бо гиёҳҳои шифобахши хеш мо байни кишварҳои олам мақом ва мароми басо волоро доро ҳастем. Танҳо аз як решаи камол бегонагон миллионҳо долларро аз кишвари мо берун бурданд. Садҳо табибони барӯманди халқӣ дорем, ки номи онҳо берун аз кишвар вирди забонҳо гаштааст, вале ягон фабрикаи истифодаи гиёҳҳои шифобахш надорем.

Дар ин ҷода мисолҳои фаровонро овардан мумкин аст, ки барои рушди иқтисоди кишвар аз аҳамият холӣ нест.

Омили дуввум — ин нерӯи кор мебошад, ки арзонтаринаш дар кишвари мост. Агар нерӯи кори мо, ки берун аз Тоҷикистон мебошанд, дар як сол ба кишвари мо 1, 5-2 милиард доллар интиқол намояд, танҳо онҳое, ки дар Русия ҳастанд, ба ин кишвар зиёда аз 4 милиард доллар фоида меоранду азоби сангинро аз сар мегузаронанд.

Ҳар чи қадаре, ки мо корхонаи хуби бо асбобҳои нави техникӣ таҷҳизонида омода намоему ашёҳои хоми худро коркард намоем, ҳамон қадар ҷойҳои корӣ фаровон гашта, ба комёбиҳои зерин дастёб мегардем:

— сафи муҳоҷирони меҳнатии мо кам мешавад;

— оилаҳои мо бепарастор намемонаду бори гарони зиндагӣ аз дӯши занон бардошта мешавад;

— сафи ҷинояткорон аз байни наврасону ҷавонон бартараф карда мешавад;

— наврасону ҷавонон ба мактабу маориф бештар ҷалб карда шуда, сафи аз мактаб берун мондагон коҳиш дода мешавад;

— сафи ҷудошавии оилаҳо кам гашта, пеши роҳи фаҳш боздошта мешавад.

Барои ин ва бунёди корхонаҳо мо бояд барои сармоягузарони хориҷию дохилӣ имкониятҳои мусоид фароҳам орем. Дар ин ҷода мо пеш аз ҳама барои омода кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем.

Шукр, ки имрӯз барои бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ шароитҳои хуб барои Тоҷикистон омода шудааст. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ барои ҳалли ин масъалаи муҳим саҳми бениҳоят арзанда хоҳад гузошт.

Аммо якчанд омилҳое ҳастанд, ки барои фазои озоди соҳибкорони хориҷию дохилӣ монеа мешаванд:

— то ҳол боварӣ надоштани сармоягузорони дохилӣ ва фазои сиёсии кишвар. Дар ин бора бояд дастгоҳи иттилоотии ҳукумат чи дар дохил ва чи дар хориҷ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намояд;

— дахолати бевоситаи ҳукуматдорон ба фаъолияти иқтисодии соҳибкорон;

— дуруст ва хуб дарк накардани кормандони давлатие, ки ба ин масоили муҳим масъул карда шудаанд;

— ҳаматарафа дифоъ карда натавонистани амнияти соҳибкорони дохилию хориҷӣ;

— аз тарафи шахсони муттасадӣ талаб кардани ҳақ ба тариқи ришва аз 10% то 30%.

Ҳамаи ин садди роҳи ворид шудани сармоягузорони хориҷӣ гардида, барои инкишофи иқтисоди кишвар зарарҳои ҳангуфт меорад ва барои ҳамин ҳам дар тӯли 19 соли истиқлолият иқтисоди кишвари мо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гашта истодааст.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки бештарин кишварҳои дунё — Амрико, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Куриё, Гонконг, Сингапур, Дубай бо ин роҳ аз мушкилиҳои иқтисодӣ баромада, ба кишварҳои мутараққӣ расидаанд, таҷрибаашон барои мо як мактаби бузурги ҳаётӣ буда, омӯзиши он беш аз ҳама барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ муҳим аст. Мо метавонем онро дар ягон бахши вилоят, ноҳия, шаҳр, ки ба ин шароит мувофиқ аст, омода намуда, чунин имтиёзҳоро барои соҳибкорони хориҷию дохилӣ фароҳам созем:

1. Соҳибкорон дар муддати 3-5 сол қисман ё пурра аз пардохти андоз озод карда шаванд, хусусан андоз аз фоида ва андози гумрук. Зеро ин барои ҳавасманд кардан ва ҳалол кор кардани соҳибкорон имкон ба вуҷуд меорад.

2. Бақайдгирии корхонаҳо осон карда шуда, онҳоро аз ғун овардани ҳар гуна асноди нолозим озод карда, хӯҷаини комилҳуқуқи истифодаи даромади худ гардонидан лозим.

3. Бо додани қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои молӣ ба шумули субсидияҳо пешбинӣ карда шавад.

Хеле хуб мешуд минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар он шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳое омода карда шаванд, ки дорои шароити хуб буда, аҳамияти зиёд доранд ва ба кишварҳои дуру наздик ҳамсарҳад буда, аз манбаъҳои ашёи хом таъминанду барои сохтмони фабрикаю заводҳо имконият доранд. Ҳукумат вазифадор аст, ки барои соҳибкорони хориҷию дохилӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ шароитро муҳайё карда, аз онҳо талаб кунад, ки:

— корхонаҳо бо асбобҳои нави замонавӣ таҷҳизонида шавад;

— ба роҳ андохтани корхона, роҳбарият ва маъмурияти корхона аз тарафи соҳибкор таъин карда шавад;

— дар корхонаҳо бояд коргарони тоҷик кор кунанд. Ин имкон медиҳад, ки коргарони тоҷик ҳаматарафа омӯхта шуда, дар оянда ҳамчун мутахассиси варзида ба воя расанд.

Мо аминем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тезонидани рушди иқтисоди кишвар аз ин омилҳо самаранок истифода бурда, барои беҳтар шудани ояндаи мардуми тоҷик ва кишвари мо саҳми арзанда хоҳад гузошт.

А. ҒАФФОРОВ,

раиси Ҳизби

сотсиалистии

Тоҷикистон

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: