Главная > Uncategorized > Ғаффор «Седой» дар куҷо қарор дорад?

Ғаффор «Седой» дар куҷо қарор дорад?

Ҳафтаи гузашта ҳангомаи аз СИЗО гурехтани 25 нафар маҳбуси хавфнок байни ҷомеаи тоҷик барқвор паҳн шуд. Қариб ҳама воситаҳои ахбори омма сармақолаҳои худро ба ин мавзӯъ бахшида буданд. Аммо таассуф, ки ягонтояшон натавонистанд ба ғайр аз маълумоти расмии мақомот ва чанд фарзияи обшӯста дигар чизе бигӯянд.Дар ҳафтаномаи «Пайкон» низ мақолае бо номи «Гурезогурез» ба табъ расида буд, ки натавонистааст хулосаи ниҳоиро бигӯяд. Ин нашрия бо истинод ба ахбори расмӣ гуфтааст, ки Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев аз фирор намудан худдорӣ кардаанд. Аммо худи ҳамин ҳафтаи гузашта, баъди ба вуқӯъ пайвастани ин воқеаи таассуфбор миёни мардум сарусадое паҳн шуд, ки гӯё Ғаффор Мирзоев низ аз маҳбас фирор карда бошад. Вале касе дар ин маврид расман чизе нагуфт. Дар ҳоле, ки одамон бисёр мехоҳанд аз ҳақиқати ҳол огоҳ бошанд. Пас, бояд мақомоти амниятии кишвар расман эълом доранд, ки Ғаффор Мирзоев айни замон дар куҷо қарор дорад, то ба ин васила тавониста бошем сарсониву хавфи сокинони ҷумҳуриро фурӯ нишонем.

Бо эҳтиром Сайвалӣ КАБИРОВ,

шаҳрванди Тоҷикистон

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: