Главная > Иқболи САИДЗОД > Фирориён дар Бағдод?

Фирориён дар Бағдод?

Як ҳафта боз кофтукови фирориёни СИЗО-и рақами 1-и Тоҷикистон идома дорад, аммо ин ҷустуҷӯ то ҳол ягон натиҷае надодааст. Шояд онҳо дигар ҷониб рафтаанду инҳо изи фирориёнро аз самти дигар мехоҳанд пайдо кунанд? Боз нашавад, ки аз рӯи талаботи «гунаҳкор дар Бағдоду изашро дар Файзобод меҷӯянд» амал кунанд?

Зеро дар давоми як ҳафта шояд баъзе эҳтимолҳое, ки таҳлилгарон ба таври гуногун шарҳ медиҳанд, то андозае аз гумон ба ҳақиқат наздик шавад. Чун дар ин маврид таҳлилгарон дар расонаҳои хабариву дар доираҳои ғайрирасмӣ ҳадсу эҳтимолҳои зиёдро ба ҳодисаи рухдода рабт медиҳанд. Ҳарчанд асоси воқеӣ доштани гумону тахминро қабул надоранд, аммо дар илми сиёсатшиносӣ ҷоиз аст, ки ҳодисаҳои рухдодаро то андозае пешбинӣ намуд. Аммо ҳамаи ин гуфтаҳо танҳо фарзияҳое боқӣ мемонанду халос, замоне, ки мақомоти таҳқиқу тафтиш новобаста аз чӣ гуна будани воқеият, далели расмиро пешниҳод кунанд. Маскав Ҷӯраевро бо чӣ иваз мекунад?

Ҳодисаи ахире, ки ғайричашмдошт ба вуқӯъ пайваст, боздошти Низом Ҷӯраев, собиқ депутати маҷлиси вилояти Суғд, собиқ директори заводи спирти Исфара мебошад, ки дар Русия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда, ба мақомоти Тоҷикистон «тақдим» гаштааст. Агар то ин дам бар муқобили 25 нафар маҳбусони фирорӣ парванда боз шуда бошад, акнун як парвандаи дигар низ дар бораи Низом боз мешавад, ки дар маҷмӯъ на 25, балки 26 парванда баррасӣ хоҳад шуд. Дар сурате, ки агар фирориёнро ҳам боздошт кунанд ва бозпас ба зиндон оранд.

Албатта, суолҳое, ки дар бораи боздошти Низом Ҷӯраев посух мехоҳанд, зиёданд. Аз ҷумла, чаро Маскав тасмим гирифт, ки Низомро ба Душанбе супорад ва чаро маҳз дар айёме, ки зиндониён аз маҳбас фирор кардаанд? Чаро то ин вақт Маскав ӯро дошта ба Душанбе насупорид ва акнун чунин тасмимеро гирифтааст? Оё ҳамаи инҳо ҳодисаи тасодуфиянд, ки ҳафта ба ҳафта пайи ҳам рух дода истодаанд? Ин ва дигар суолҳое, ки ҳаст албатта як навъ посухеро талаб мекунад ва шояд ҷавоб ҳам дораду мо намедонем. Дар бораи боздошти Низом Ҷӯраев низ тахминҳои соҳибназарон гуногун аст. Худи хоҳари Низом Ҷӯраев -Зарофат Ҷӯраева боздошти бародарашро ба мавзӯи маҳбусони фирорӣ рабт додааст. Вай мегӯяд: «Боздошти бародарамро ба мавзӯи фирори чанде пеши маҳбусон аз зиндони Душанбе ва ваъдаи мақомоти рус дар бораи кӯмак барои дарёфти онҳо пайванд медиҳам. Фарзияеро низ метавон тахмин зад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз вазъият истифода намуда, ӯро ба рӯйхати ҷинояткорони фирорӣ ворид менамоянд. Вагарна, фикр намекунам, ҳамин ҳоло ӯро боздошт мекарданд».

Ин фарзияеро, ки Зарофат Ҷӯраева баён кардааст, як суолеро дар зеҳн пайдо мекунад, ки мақомоти рус чаро то кунун бо Тоҷикистон муносибати чандон самимӣ надоштанд, акнун ба ғамхорӣ дар нисбати «бародари хурдӣ» ном бароварданиянд? Оё ягон сирре дар ин ҷо ниҳон аст? Шояд фирори зиндониён кори дасти онҳо буд ва бо дастгир кардани Низом мавзӯи фирориёнро дар назари мардуми Тоҷикистон мехоҳанд дуюмдараҷа нишон диҳанд? Ё эҳтимол меравад, ки шаҳрвандони Русия, ки ҳамроҳи фарзандони Мирзо Зиёву ҳамдастони ҳодисаҳои шарқи Тоҷикистон ба нооромиҳо даст доштанд ва бо ин далел маҳкум ба зиндон шуда буданд, аз рӯи эҳтимоле, ки коршиносон мегӯянд, на шаҳрвандони оддӣ, балки ҷосусони он кишвар бошанд ва гурехтани онҳо тарҳрезӣ шуда бошаду Низом ин ҷо «муомила» ба ҳисоб равад? Чун дар мавриди фирори зиндониён баъзе коршиносон «муомила»-ро ҳам сарфи назар намекунанд. Аммо ҳамаи ин эҳтимолҳо танҳо гумоне беш нест, ки касе онро тасдиқ ҳам нахоҳад кард ва танҳо ба таъйиди расмӣ такя мекунанд. Зеро Низомро пеш аз он ки ба гурехтани фирориёни зиндон рабт диҳанд, ӯ худ фирорӣ буд ва аз Тоҷикистон баромада рафта буд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷинояткорӣ гумонбар медонанд. Ҳамчунин Ҷӯраев ва ҳамроҳони ӯро дар куштори собиқ муовини прокурори генералии Тоҷикистон Толиб Бобоев (соли 1999) муҷрим медонанд.

Бобохонов парвандаи Ҷӯраевро ноадолатона гуфт

Парвандаи № 1752, ки дар Тоҷикистон бо номи «парвандаи исфарагиҳо» машҳур аст, ба ғайр аз Низом Ҷӯраев ҳамчунин 33 нафари дигарро низ фаро мегирад. Ин парванда ва суди он сару садои гуногунро дар ҷомеаи Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба миён овард. 9-уми июни соли 2009 ин парванда дар Хуҷанд баррасӣ шуда, ба 31 нафар аз 11 то 25 сол ҷазо таъин гашт. Суди апеллятсионӣ ҳукмро бетағйир гузошт.

Аммо собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов суди ин парвандаро «ноадолатонаву ғайриқонунӣ» ном бурд ва ба судяи ин парванда ҳушдор дод, ки дар сурати дигар накардани ҳукм ба худи ӯ парванда боз мекунад. Аммо дигар Бобохонов аз вазифа рафт ва ба ҷои ӯ Шерхон Салимзода прокурори генералӣ шуд, ки аз мавқеи Бобохонов ҷонибдорӣ накард ва ҳукми судро қонунӣ хонд.

Акнун писари собиқ прокурори генералиро, ки дар Ҳисор кор мекард, аз вазимфа сабукдӯш карданд ва сипас бо гумони даст доштан ба фасод ва ҷиноят боздошт намуданд. Аз ҷумла, якчанд хонаву мошин ва дороиҳояшро ба ҳабс гирифтанд.

Баъди ин ҳодиса фирор аз зиндон рух дод ва сипас «тақдим»-и Низом Ҷӯраев аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон. Ин воқеаҳо то чӣ ҳад метавонанд ба ҳам рабт дошта бошанд, касе дақиқ гуфта наметавонад. Ҳарчанд дар мавриди барканории Бобохонову боздошти писараш ва «тақдим»-и Низом эҳтимоле гуфта нашудааст, аммо дар робита ба мавзӯи фирориён будани «дасти бегона»-ро коршиносон то ҷое ба воқеият наздик медонанд, гарчи равшан аз кишваре ном бурда намешавад.

«Дасти ғарбӣ»

Баъд аз сафари президенти кишвар ба Сочӣ ҳарчанд то ҷое муносибатҳо дар раванди ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, аммо иддае аз таҳлилгарон ҳам буданд, ки аз бароварда шудани интизориҳо ба шакли тамом қаноатманд набуданд. Аз ҷумла дар масъалаи баҳси «Роғун». Аммо бархе аз коршиносони рус иддао мекунанд, ки Маскав аз вохӯрии ахири Сочӣ розӣ аст ва ҳеҷ ихтилофи назаре дар ин марҳила ба миён наомадааст, ки Русияро водор ба тасмими фишор кунад.

Аммо назари бархе коршиносон чунин буд, ки албатта Русия ба хотири нарм кардани муносибатҳояш бо Тоҷикистон дар Сочӣ кӯшиш ба харҷ медод, чун барои гирифтани имтиёз манфиатҳояшро сарфи назар кардан намехост. Вале дар ҳамин ҳол таҳлилгари рус Андрей Грозин иддао мекунад, чун дӯстони амрикоӣ диданд, ки Тоҷикистон ба гапи Маскав гӯш мекардагӣ шуд, ба ташвиш афтоданд. Ва дар ин маврид сафари дипломатҳои амрикоӣ ба Душанбе ва Маскавро мисол оварда мегӯяд, ки ин нақшаи сафарро онҳо барвақт тарҳрезӣ карда буданд. Ба андешаи ӯ, ҳарчанд таҳлилгарон дар фирори зиндониён «дасти русӣ»-ро мекобанд, аммо дар асл на ин тавр, балки гурӯҳҳои амнияти Ғарб ва амрикоӣ муносибати хуби Маскаву Душанберо ба назар гирифта, ин гуна маъракаро барпо намуданд, яъне «дасти ғарбӣ» шояд дар он бошад. — Вале ба ҳар сурат,- мегӯяд ӯ,- фирори зиндониён дар асл аз беназмӣ, фасод ва муносибати бисёр бади мақомоти интизомии Тоҷикистон дар иҷрои вазифа ба вуқӯъ пайвастааст. Вай мегӯяд, ки бигзор ба касе сахт нарасад, аммо ин гуна ҳодиса фақат дар Тоҷикистон ё Қирғизистон рух дода метавонад. Бисёриҳо дасти бегонаро ҷустуҷӯ мекунанд. Аммо дар асл дар он ҳузури қудрате дида намешавад.

Журналисти тоҷик Сафват Бурҳонов фирори зиндониён ва маълумот дарёфтан дар мавриди чӣ тавр баромадани онҳо аз СИЗО-ро сафҳаи торике аз таърих медонад.

Шояд рӯйдодҳои ҳафтаи ахир ва ба чӣ рабт доштани онҳо барои мардум сирре боқӣ монад, ки боз кардани он ғайримумкин бошад? Боз кӣ медонад? Чун бузургон гуфтаанд, ки офтобро бо доман натавон пӯшид.

Иқболи САИДЗОД, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: