Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Азиз пагоҳӣ барвақт хеста бо чашмони варамида ҳавлиро тоза кард. Бенро ба сайругашт бурда овард. Хост чой монаду наҳорӣ кунад. Вале аз гулӯяш чизе намегузашт. Болои кат сар монду баъд аз лаҳзае хобаш бурд. Соате дар хоб буду ватанро хоб дид. Дар деҳа боғро нарм мекарду аҷириқҳои онро мечид. Кӯдаконаш дар таги дарахтон ҷастухез доштанд. Модараш дар гӯшаи сурфа нишаста, ресмон меришт.

Азиз аз хоб бедор шуда буд, вале намехост бедор шавад. ӯ мехост дар ватан, дар назди азизонаш бошад. Хумори ватани кӯчак, хумори азизони аз дидаҳо дуру ба дил наздик қалби ӯро мефишурд, баданаш ба фарёд меомад, вуҷудаш тӯғён мекард. ӯ мехост паррандае шаваду ба сӯйи ватан, ба сӯйи азизон, ба сӯйи он кӯҳсори хушбоду ҳаво парвоз кунад.

Бигзор гадо бошам, дар мулки

ватан бошам,

Дар банди ҷафо бошам, дар мулки ватан бошам,

— ба ёдаш расид суруди ҳофизи номии дур. Чашмонаш беихтиёр гирён шуданд.

— Это что, мы и во сне плачем,- овози занонае ба гӯшаш расид. Чашм кушода, дар болои сари худ Оксанаро дид. Аз ҷой хеста, нишаст ва пурсид:

— Что тебе нужно?

— О, мне немного нужно. Слушай Азиз, еслы ты не сомной, то значить ни с кем небудешь. Вот тебе…,- гӯён, Оксана ҳазору ҳафтсад доллари амрикоӣ ва чиптаву шиносномаи Азизро ба наздаш партофт. Зиёда аз як соат баҳсу мунозира карданд. Фоидае надошт. Азиз аз ин баҳс бо Оксана аз нақшаи қабеҳе каме гумонбар шуд. Ба хулосае омад, ки ин зани бадкору бадкирдор тӯфони балоеро хезониданист. Оксана аз ягон зишткорӣ, аз ягон қабеҳият гаштанӣ нест.

Азиз ночор барои бозгашт ба ватан розӣ шуд ва шиносномаю сипас аз дохили он чиптаро гирифта, дуд аз димоғаш баромад:

— Оксана, ты что, это в Бишкек – қиргизистан, а мне в Душанбе –Таджикистан нужен…

— В твою Душанбе через четире дня самолет улетить, а мне нужен чтобы ты сегодня улетел. От Кыргизистан до вас не далеко, как нибудь доберёшся. Давай, собирайся!

Бо ин зан баҳс кардан бефоида буд. Азиз риш тарошида, оббозӣ кард. Либосҳои бо мурури замон кӯҳнашудаашро шӯста, дарзмол намуд. Оксана ӯро оварда ба тайёра савор карду то ба ҳаво хестани он интизор шуд.

Оксана худ дар паси чанбараки мошин нишаста буд. «Ин сиёҳи осиёиро гусел кардам. Ана акнун ягон душворӣ намонд»,- раҳораҳ фикр мекард ӯ…

Нормуҳаммади Бекзода,

Санкт-Петербург

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: