Главная > Uncategorized > Духтари ноболиғамро гаравгон гирифтанд. Зӯри кӣ ба онҳо мерасад?

Духтари ноболиғамро гаравгон гирифтанд. Зӯри кӣ ба онҳо мерасад?

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ман Мунаввар Худойбердиева, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода муроҷиат кард, ки барои фурӯхтани тухм ёрдам кунам. Ман борро фурӯхта, пулашро супорида, забонхаташро гирифтам. Мунаввар Худойбердиева бошад, аз ман протсент талаб кард. Ман ба вай протсент намедиҳам гуфтам. Чунки ҳангоми гирифтани бор чунин маслиҳат набуд. Вай бошад, ба хонаи ман омада, духтари ноболиғамро рабуда, бо мошини худаш (“Опел”) ба хонааш ба шаҳри Турсунзода бурда маҳкам кард.

Ин ҳодиса 30-юми декабри соли 2009 рӯй дода буд. Ман ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардам. Корманди ШКД Насрулло Сангалиев ва Ҷамшед ном милисаи дигар аризаи маро қабул карданд ва гурӯҳи фаврӣ ташкил намуданду духтарамро якҷоя рафта аз хонаи Мунаввар Абдуллоевна овардем. Кормандони милиса аз ман баёнотамро гирифтанду то ҳозир аризаи маро дида намебароянд.

Мо ғайр аз камбағалӣ гуноҳи дигар надорем, ки мақомоти дахлдор арзамонро напурсанд. Ҳодисаи дигаре шуда буд, ки ба он ҳам ҳамин оила алоқамандӣ доштанд. Кӯдаки 4-солаи мурдагӣ ҳам камбағал буд, аммо арзи волидони ӯро ҳеҷ кас гӯш накард. Мунаввар духтари маро ҳам ба бачааш Акмал, хоҳараш Мушарраф ва бо дугонааш Фотима омада гирифта, ба мошин бор карда бурда буданд.

Ба назди Н. Сангалиев ман чандин бор омада, дар бораи аризаам пурсон шудам. Вай бошад, ба ман гуфт, ки: «Даводави ту беасос аст, ту ба вай занак кордор нашав, ки оқибатат ганда мешавад. Вай занак одами сумдор аст, ту як бечора, бехона бошӣ, аз тарафи вай одамони калон истодагӣ ҳастанд”. Як занаке, ки Саодат ном дорад, дар горгази шаҳри Турсунзода кор мекунад, қудои Мунаввар мебошад, вай ҳам 30-юми декабри соли 2009 ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур бо ҳамроҳи Мунаввар омада буд. Вай ба ман гуфт, ки “началники ноҳияи Шоҳмансур шиноси ман аст. Ман ҳозир шест секундба қудоямро мебурорам, баъд ту қатӣ гап мезанам”. Охирин бори ба назди Н. Сангалиев  рафтанам,  ӯ ба ман хандида гуфт, ки “аризаат дар болои мизи ман, гир бар. Ту ҳеҷ кор карда наметавонӣ”. Ман боз як бор занг зада, аз вай пурсидам, ки кори маро барои чӣ дида намебарояд, ҳатто бо ман гап задан  нахост. Ман боз занг зада гуфтам, ки аз болои шумо шикоят менависам. Посух  дод, ки “аз дастат омадагиашро кун, то президента навис, ҳеҷ кас туро гӯш намекунад”.

Кормандони ҳафтанома! Илтимос, ба ман ёрдам кунед, мактуби маро нашр намоед, ватанамонро аз ин хел одамҳо халос кунед. Ҳама ба кормандони милиса боварӣ доранду бо умед муроҷиат мекунанд. Лекин натиҷаи муроҷиаташон нол мешавад. Агар ман исбот карда натавонам, ки духтари ноболиғамро рабуданд, дар назди қонун ҷавоб медиҳам. Он рӯз ман ба мошини кормандони милиса (ҷипи сиёҳ, рақамаш 01-01 (ё 07-07)) шишта рафта, якҷоя бо кормандони милиса духтарамро овардем. Бовар кунед, дигар ман ба қонунҳои Тоҷикистон  метарсам бовар кунам. Ба ман Мунаввар худаш занг зада гуфт, ки “ман духтаратро гирифта бурда истодаам, духтарат дар хонаи ман мешавад, то сумро набиёрӣ, 5000 долларро, духтаратро намебинӣ”. Ман ҳатто аз телефони кормандони ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур истифода карда, он рӯз занг зада гуфтам, ки “духтарамро сар деҳ, худатба вазнин мешавад. Аз қонун наметарсӣ?». Вай бошад, ҷавоб дод, ки “не, ман аз ҳеҷ кас наметарсам” ва маро ҳақорат кард. Духтарамро аз хона тақрибан соатҳои 12:00 нисфирӯзии санаи 30-юми декабри соли 2009 гирифта бурда буд. Мо бо кормандон, яъне гурӯҳи таъҷилӣ соати 6-и бегоҳ духтарамро гирифта баровардем. Ҳатто духтарчаамро ба ҳоҷатхона аз дасташ қапида баровардаанд ва боз маҳкам карда мондаанд. ӯро латукӯб кардаву дашном додаанд.

Мунаввар 3 писару 1 духтар дорад. Писари калонияш Ҷамшед ҳам маро дашномҳои қабеҳ дода, таъкид намуд, ки “дар ҳама ҷой корашро панҷ карда метавонад, чунки дар ВКД кор мекунад”. Мунаввар худаш ҳам гуфта буд, ки “писари калонам худаш  “уголовный розыск”-да кор мекунад, маро ҳеҷ кас ҳеҷ чиз карда наметавонад”.

Наход чунин бошад, ки зӯри ҳеҷ кас ба онҳо нарасад?!

М. УСМОНОВА,

сокини шаҳри Турсунзода

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: