Главная > Uncategorized > Никоҳ дар мошин «мӯд» шуд

Никоҳ дар мошин «мӯд» шуд

Муҳоҷират худ як падидаи номатлуб аст. Чунки қисми зиёди муҳоҷирони имрӯз ҷавонмардони аз синни 17 то 28-сола мебошанд, ки аз мактабу тарбияи хонавода дур монда, куллан метавон гуфт, ки «бесавод» мондаанд. Бесаводӣ бошад, беҳуқуқиву бефарҳангиро тавлид месозад.

Тӯли 7 моҳи дар шаҳри Санкт-Петербург буданам ҳодисаву воқеаҳои зиёдеро мушоҳида намудам. Масалан, ҷавони 18-солаи аз мактаб дурмонда имрӯз дар Русия ба хотири шаҳрвандӣ, хона, ҷойи кор ва пул бо занҳои калонсоли миллаташон рус хонадор шуда, дигар фикри ба зодгоҳ баргаштанро намекунанд. Ё ҷавонони солими тоҷик имрӯз дар Русия бо духтарони муҳоҷири миллаташон молдавану қирғизу ӯзбек зиёд никоҳи мусулмонӣ баста, зиндагии зану шавҳариро оғоз менамоянд. Ҳол он ки, дар ватан ё зану фарзандони чашмбароҳ доранд ва ё волидайни дилбаумед, ки доимо шаҳписар шудани фарзандро орзу мекунанд. Мисоли воқеӣ:

Зулхумор Ҳасанова, сокини шаҳри Ваҳдат бо се писараш ба Русия назди шавҳараш омадааст. Шавҳари ин зан Амонулло Қодиров зиёда аз 6 сол мешавад, ки дар Русия ба мардикорӣ машғул аст. Дар ин муддат аҳён-аҳён ба хона пул фиристодаасту халос. Бо зани миллаташ ӯзбек хонадор шуда, соҳиби духтарча аст. Зулхуморро бо писаронаш омада дӯғу пӯписа мекунад, ки зудтар аз пеши чашмонаш гум шаванд. Зулхумор айни замон нангу номус карда, дар бозори Сеннойи шаҳри Питер бо писаронаш ба корҳои муваққатии меваҷудокунӣ машғул аст.

Боз як ҳодисаи дигар. Анвар аз синни 17-солагӣ ба Русия меояду ҳамин тавр тӯли 4 сол дар инҷо мемонад. Бо зани молдаване шинос мешаваду оҳиста-оҳиста ба ӯ сахт меҳр мебандад. Вақте бо исрори модару падар ба ватан рафта, бо тӯю тамошо зан медиҳандаш, баъди се рӯзи домодӣ ба Русия фирор карда меояд. Аз ҳамин ҷо ба хона занг зада, зани ҷавону бегуноҳашро «се талоқ» мекунад. Дар натиҷа аз ҳисоби тӯйи бодабдаба ҳам қарздор мешаваду ҳам ҳаёти духтари 18-соларо якумра месӯзонад.

Мисоли дигар. Дар истгоҳ менишастам. Зани тоҷике бо тифли ширмак ва се навраси дигар омада дар харак нишаст. Ба ман гарм-гарм нигоҳ карда, гуфт:

— Тоҷикӣ?

— Оре.

— Ман ҳам аз Тоҷикистонам, аз ноҳияи Ленин.

— Дар Русия бо ин кӯдакон чӣ кор мекунӣ?

— Шавҳарамро кофтанӣ омадам.

— Баъд…

— Ман худ духтари эшонзодаам. Дар вақташ ҳанӯз 16 солагиро пур накарда, падару модарам маро ба шавҳар доданд. Ман духтари намозхону Қуръонхон аз хона ба ҷойе набаромада будам. Соҳиби се фарзанд шудем. Шавҳарам роҳи Русияро пеш гирифт. Соли охирин омаду баъди 9 моҳу 9 рӯзаш ман соҳиби ин духтарча гаштам. Хабар ёфтам, ки инҷо бо русе ақди никоҳ баста, зиндагӣ дорад. Рашк гулӯгирам карду бо фарзандони кӯчак роҳи Русияро пеш гирифтам. Ҳатто барои аз ватан кӯдаконро гузаронидан дар онҷо худро «мать одиночка» гузаронидам. Ба аэрапорт расидаму ба рақами телефони мобилии шавҳарам занг зада, гуфтам ки «ман омадам». ӯ тамоман бовар накард, ки ман барин зани фармонфармои сархам ба Русия омада бошам. То ба хонаи иҷора расидан ӯ сардона маро дашном медоду мегуфт, ки танҳо ба хотири ҳамин кӯдакон бо ман зиндагӣ мекунад. Хонаи иҷораеро ба ман гирифта доду худ ҳамон шаб ҳатто бо ман наистода, ба назди зани русаш рафт. Шаби дароз кӯдаконамро ба оғӯш гирифта, гиря карда нишастам. Шавҳарам дар як ҳафта як бор хабар мегираду маҳсулоти хӯрокаамро меорад. Аз чизе камие надорам. Аммо меҳру муҳаббати шавҳарро гум кардаам.

Зан бо алам аз бахти дуздидашудааш гиря мекард.

Дар бозори Сеннойи шаҳри Питер масҷиди калоне воқеъ аст. Бахусус рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа ҷавонписарони тоҷикро бо духтарони ғайритоҷики нимбараҳна дидан мумкин аст, ки барои никоҳи мусулмониро ба сомон расонидан ба масҷид меоянд. Ҳатто даруни мошину микроавтобусҳо як коса об гирифта ҷавонписарону ҷавондухтаронро никоҳ мекунанд. Никоҳ беҳтарин роҳ аст, чунки аз зино нигоҳ медорад. Вале боз омилҳое ҳастанд, ки каме хатар ҳам меоранд:

1. Насли тоҷик омехта гашта анъанаву таомули тоҷикӣ гум мешавад.

2. Дар ватан сафи духтарони бешавҳар меафзояд.

3. Мард, ки занро ба никоҳи худ даровард, онгаҳ бояд ҳамаҷиҳата аз нигоҳаш бикунад. Аммо имрӯз мардҳо таъмини оиларо тамоман фаромӯш карда, танҳо барои паст намудани нафси шаҳвонии худ зан мегиранд. Аммо фарзанди тавлидёфта дар ин байн чӣ гуноҳе дорад?

Аз ҳама нохуштарин натиҷа ин аст, ки сафи модарони кӯдакони муҳоҷир меафзояд. Кӯдакони муҳоҷир гоҳо мешавад, ки дар ин кӯчаҳои сарду зарди мулки мардум сарсону саргардон монда, хору зор аз хунукиву бесоҳибӣ мемиранд. Чанде пеш назди авиакасаи чиптаи ҳавопаймоӣ ҷавонзани тахминан 23-солаи тифли кӯчак ба дастро вохӯрдам, ки гирёну нолон аз мусофирони ба Тоҷикистон мерафтагӣ зорӣ мекард, то кӯдакашро ҳамроҳашон ба ватан бубаранд. Ҳайрон ба наздаш рафтаму аҳвол пурсидам.

Сория ба Русия коркунӣ меояду тасодуфан бо ҷавоне аз ноҳияи Ҳисор шинос мешавад. Ҷавон дар Тоҷикистон соҳиби зану се фарзанд бошад ҳам, ба Сория ваъдаи зиёд дода, ӯро никоҳ мекунад. Муддати 8 моҳ зиндагӣ мекунанд. Ногаҳонӣ ҷавонро милисаҳо боздошт мекунанду барои қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳоя бозпас ба ватан мефиристонанд. Сория дар Русия бо шиками дамида танҳо мемонад. Зани савобҷӯйе ӯро ба назди момодоя мебарад. Писар таваллуд мекунад. Зани савобҷӯй ӯро дар хонааш ройгон ҷой дода, аз пайи ёфтани роҳкиро мешавад. Аммо пул намеёбад. Сория бо азобу машаққат тифлро калон мекунад. Акнун дар 6-моҳагӣ мехоҳад кӯдакро ба воситаи ягон кас ба назди модараш фиристаду худ бо меҳнати ҳалол кор карда, маблағе ба даст орад.

— Чаро худат кӯдакро гирифта ба хона намеравӣ?

— Охир тангае надорам. Дар хона шароити хонаводаамон хеле қашшоқона аст. Ин тифлро ба як холаи бефарзандам мефиристам. Пушаймонаму сарсон…

Баъдтар боз зани мусулмонеро вохӯрдам. Гирёну нолон ба масҷид омада, шикоят кард, ки писараш ба Русия омада, бо зани миллаташ рус никоҳ карда, соҳиби ду писарча гардидааст. Аммо зани рус баъди вафоти шавҳараш, ки ҳангоми оббозӣ дар об ғарк мешавад, кӯдаконро ба модараш дода, худаш ӯро бо расму русуми христианӣ мегӯронад. Дар гроб андохта, ҷаноза нахонда, ӯро дар қабристони кофарон гӯр кардаанд.

— Писарам мусулмон ба дунё омаду аз дунё кофар рафт,- менолид зан.

Аз чунин никоҳҳои «омехта» магар фарзандони солеҳу мусулмон ба дунё меоянд? Магар метавон оилаҳои солимро ба вуҷуд овард? Чизе ки баъд аз мурдан қатъ намегардад, ин фарзанди солеҳ мерос гузоштан аст. Ку кафолат, ки аз издивоҷи як мусулмону як насронӣ фарзанди солеҳ таваллуд шавад? (Дар сурате, ки агар зан ё шавҳар исломро қабул намояд, онгаҳ никоҳи онон қабул мегардад).

Имрӯз тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар Русия бештари муҳоҷирон «никоҳи пинҳонӣ» мекунанд, ки ин дар ислом ҳаром аст. Зеро ҳамон никоҳ қабул аст, ки кушоду равшан бо будани хешовандони наздик баргузор гардад. Чанде пештар зани молдование бо ҷавони тоҷик омада хоҳиш мекунанд, ки онҳоро дар масҷиди Сенной никоҳи мусулмонӣ намоянд, вале зан ҳеҷ исбот карда натавонист, ки аз шавҳари якумаш ҷудо шудааст ё не. Имом аз никоҳ кардани онҳо худдорӣ намуд. Аммо рӯзи дигараш онҳо ҷавони «муллотарош»-еро ёфта, дар хонаи иҷораашон ақди никоҳ бастанд. Баъди шаш моҳ шавҳари зан хабар ёфту аз Молдовия омад ва байни ӯву ҷавони тоҷик ҷанҷоли калоне ба вуқӯъ пайваст.

Аз рӯйи нишондодҳои ислом, мард бояд чанд занеро, ки ба никоҳи худ медарорад, ҳаматрафа таъмин карда тавонад. Аммо дар Русия никоҳ хеле соддаву бе ягон маъракаву одамони худӣ ба роҳ монда шудааст. Ё ин ки, имрӯз занеро ба никоҳи худ медарораду пагоҳаш ӯро талоқ медиҳад. Аз ҳама кори вазнину сиёҳро муҳоҷирони тоҷик ба анҷом мерасонанд. Ҳатто моҳҳои тӯлонӣ бекор мемонанду аз бекорӣ ба ҷиноятҳои вазнин даст мезананд. Имрӯз мебояд дар масҷидҳои шаҳрҳои Русия домуллоимому муллоҳои донишманд як тартиботи дигарро барои омода будани издивоҷмехостаҳо фароҳам оранд. Ҳар нафаре, ки бо заневу марде никоҳ кардан мехоҳад, аввало бояд масъулияти никоҳро аз рӯйи ислом омӯзад. Вагарна, решаи мустаҳками тоҷик ҳамин хел оҳист-оҳиста пӯсиданаш мумкин аст. Муҳоҷират сарнагун месозад фарҳанг, анъанот, таомул, миллати тоҷикро.

Илоҳо, ғарқ шудем дар баҳри исён,

Умед дорем дуо аз кулли ихвон.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт-Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: