Главная > Uncategorized > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш

ОЙИНИ ЗАРДУШТ

Боре ойини Зардушт, ки ислом онро ба хатар афканда буд, ҷанбаи санавӣ ва дутопарастӣ дошт. Дар ин ойин мабдаи хайр аз мабдаи шар ҷудо буд. Ҳар он чӣ некӣ ва равшанӣ ва зебоӣ буд, онро ба мабдаи хайр мансуб медошт ва ҳар он чӣ зиштӣ ва тирагӣ ва пастӣ буд, онро ба мабдаи шар нисбат медод. Монанди дигар адёни рӯҳонӣ, он қудратро дошт, ки ишқ ба некӣ ва равшаниро дар дилҳо барангезад ва ғубори райманӣ ва аҳриманиро аз ҷонҳо бизудояд ва маҳв кунад. Гузашта аз он дини кору кӯшиш буд ва бекорӣ ва гӯшнанишинӣ ва мардумгурезиро поку эзидӣ намешумурд. Таклифи (вазифаи) одамиро он медонист, ки дар зиндагӣ бо дурӯғу зиштӣ ва пастӣ пайкор кунад ва онро дар банд кунад. (Ясно, 30, қитъаи 8.). Фидя ва қурбон ва бодагусориро беҳуда мешумурд ва намеписандид. Зуҳду риёзате низ, ки дар динҳои дигар аст, дар ойини Зардушт дар кор набуд.

Дар кашокаше, ки миёни некӣ ва бадӣ ҳаст, таклифу масъулияти одамиро чунин медонист, ки некиро дар вуҷуди Ҳурмузд ёрӣ кунад. Ин таклиф, ки барои одамизод муқаррар буд, аз озодӣ ва ихтиёре, ки инсон дар корҳои хеш медошт, ҳикоят мекард. Бинобар ин, ҷабру тақдир ва сарнавишт низ, ки сабабҳои асосии шикасти динҳост, дар ойини Зардушт роҳ надошт. Инсон ёрои (қудрати) онро дошт, ки некиро ё бадиро баргузинад ва ёрӣ кунад. Ин дигар ба ихтиёри ӯ ва ба хости ӯ баста буд. Раҳоӣ ва растагории ӯ низ ба ҳамин хост ва ҳамин ихтиёр бастагӣ дошт. Дар чунин ойин, ки одамӣ масъули кор ва кирдори хеш аст, дигар ҷойе барои тақдиру сарнавишт нест ва касе наметавонад гуноҳи коҳилӣ ва канораҷӯии хешро бар гардани тақдири номаълуми бефарҷом бигузорад. Дине, ки чунин сода ва судманд буд, ба хубӣ наметавонист роҳи равшанӣ ва покиро ба мардум нишон диҳад ва шавқ ва маърифату амалро дар дилҳо барангезад.

Аммо чунин коре дастгоҳи мураттабе мехост, ки аз фасод ва олоиши фиребкорон дур бимонад ва чунин дастгоҳе дар поёни давраи Сосонӣ дар Эрон набуд. Дар ҳақиқат нерӯи маънавии ойини Зардушт барои ҳидоят ва иршоду (роҳнамоии) ахлоқии мардум кифоят мекард, аммо тоби онро надошт, ки битавонад дастгоҳи азими тамаддун ва ҷомеаи Сосониро бо худ бикашад ва ин вазифае буд, ки подшоҳони Сосонӣ аз аҳди Ардашер бар ӯҳдаи ӯ ниҳода буданд. Ардашери Бобакон ҳукумати Сосониро бар пояи дин бунёд ниҳод ва дину мулкро ду бародари ҳампушт зоҳир намуд. Аз он пас мӯъбадону ҳирбадон саъйи бисёр карданд, то сарнавишти ҳукумат ва давлатро ба даст бигиранд. Касоне аз подшоҳон, ки дар баробари ҷоҳталабии рӯҳониён дармеистоданд ё ҳамчун Яздигурди аввал базаҳкор (гунаҳкор) хонда мешуданд ва ё чун Қубод бадном ва бедин ба шумор меомаданд. Оташгоҳ дар саросари аҳди Сосонӣ бар ҳамаи корҳо назорат дошт ва мӯъбадону ҳирбадон бештари шуғлҳоро (вазифаҳоро) бар даст доштанд. Қудрату эътиборе чунин, ки рӯҳониёнро дар ҳама корҳои мулк нуфузе тамом бахшида буд, кофӣ буд, ки фасодро ба даруни дастгоҳи рӯҳонӣ бикашонад. Дар ҳақиқат низ мӯъбадону ҳирбадон дар авохири ин аҳд ба фасод гароида буданд. Китоби паҳлавии «Минук Хирад», ки ба ҳукми қароин (тақрибӣ) дар авохири давраи Сосонӣ таълиф шуда аст, як ҷо ки айби рӯҳониёнро бармешуморад, мегӯяд, айби рӯҳониён риёварзӣ, тамаъ, озмандӣ, ҳарисӣ, фаромушкорӣ ва таносонӣ ва хурдабинию бадгироӣ аст. («Доно ва Минук Хирад», фасли 59, саҳ.82).

Оё зикри ин айбҳо, ҳикоят аз вуҷуди он дар байни табақоти рӯҳонии ин аҳд намекунад? Гумон намеравад, ки дар ин бора ҷойи шак ва тардид бошад. Алалхусус ин фитрат ва фасоди кори мӯъбадонро дар ин давра аз қароину муқоисаҳои дигар метавон донист. (Доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб. Ду қарни сукут. Саргузашти ҳаводис ва авзоъи таърихӣ дар ду қарни аввали ислом. Чопи нуздаҳум: 1384-2006).

ОЙИНИ МОНӣ

Дин ва ойини Монӣ нахустин бидъати динӣ буд, ки бо сарусадои бисёр аз ин бархӯрди афкор ва ақоид падид омад. Саргузашти ӯ ва дини тозае, ки падид овард, достони дароз дорад ва дар ин авроқ намегунҷад. Ин қадар ҳаст, ки Монӣ бо ҳукми муҳити парвариш ва ба иқтизои аҳвол ва зуруфу шароити давраи зиндагии хеш, мазҳабе ибдаъ (ихтироъ) карда буд, ки дар он басе аз аносир ва аҷзои Исавӣ, Зардуштӣ ва Зарвониро бо порае аз ақоиди собеин, мандоиён ва ҳаррониён бо ҳам пайваста буд ва такиб карда буд. Падару модараш эронӣ буданд ва ночор баҳрае аз мероси ақоиди онҳо дошт. Аммо чунон ки аз ахбори ӯ бармеояд, дар Бобул нашъунамо карда буд ва аз ҳамин рӯ ақоиди бобулиҳо, калдониён ва маҳзабҳои мухталифи собеиён ва ҳаррониён дар афкори ӯ таъсир дошт. Мусофиратҳое низ дар Машриқ карда буд, ки ӯро ба ақоиди буддоӣ ошно мекард ва дар ороъ ва ақоиди ӯ таъсири ин ҳама адён ва ақоидро метавон ёфт. Ойини Монӣ, ки дар воқеъ омехтае аз ақоид ва мазоҳиби мутадовили (маъмули) он аср буд, назди муғон бидъате бузург шуморида шуд ва чунон ки дар таърихҳо овардаанд, мӯъбадон барои барандохтани (нест кардани) он ҷаҳди бисёр карданд. ӯро муҳокима карданд ва нобуд намуданд ва пайравонашро низ сахт уқубат (азоб) доданд. Бо ин ҳама ойини ӯ ки завқи ирфонӣ ва лутфи ҳунарии хосе дошт, аз миён нарафт ва солҳо на танҳо муқобили ойини Зардушт буд, балки бо ойини Исо ва ҳатто бо дини мусулмонӣ ҳам муъориза ва муқобилат мекард. Аммо ҳам аз вақте ки Монӣ дар аҳди Шопури аввал ошкор шуд, мӯъбадон ойини ӯро бидъат ва Зиндиқа (куфр) шумурданд ва онро бо шиддат маҳкум карданд. Охир зуҳури ин гуна бидъатҳо дар дин нуфуз ва қудрати дини расмиро зарбаи сахт мезад. (Ду қарни сукут. саҳ. 274.).

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Дар моҳи Рамазон ҷаридаҳо ғайримунтазам баромада, дар шуруфи таваққуф буданд, баъзе ҳамиятмандони (ватандӯстони) Бухоро ба далолати Мирзо Муҳиддин Мансурзода як ширкати расмӣ таъсис карда, масорифи (сарфиёти) нашрро дар зиммаи худ гирифтанд. Ба 11 Шавволи 1330 нашри ҷаридаҳо (рӯзномаҳо) расман ба ширкат таҳвил ёфт. Ширкат умури таҳририяи «Тӯрон»-ро дар ӯҳдаи Ғиёсиддин Махдуми Ҳасанӣ — писари домулло Нуралии Бавогии тотор, ки дар Бухоро таваллуд ёфта, мунтаҳии (хатмкардаи) Дорулмуаллимини Истанбул буд, вогузор кард. Аз ҳамин таърих эътиборан ҳар ҳафта се дафъа «Бухорои Шариф», се дафъа «Тӯрон» — рӯз дар миён — дар интишор давомат карданд. Рӯз ба рӯз хонанда дар тазоюд (афзоиш) буд. «Тӯрон» дар аксари вилxоятҳои Туркистон хонандаи зиёде пайдо кард. Чун «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» диққати назари умуми аҳолии Туркистонро ба худ ҷалб карда, дар димоғи хонандагон афкори олия илқо (талқин) намудан гирифт, ин кор ба кайфи (ақидаи) маъмурони рус мувофиқ наафтод. Маъазолик (бо вуҷуди он) асбоби (сабабҳои) қонунӣ намеёфтанд, ки ҷаридаҳоро мавқуф (бекор) намоянд. Зеро муҳаррирон ниҳояти ҳунармандиро ба кор бурда, дар сиёсати Рус мутлақан дахл намекарданд. Танҳо ба танвири (равшан кардани) афкори мардум ҷиддӣ кӯшиш карда, аз навоқиси (камбудиҳои) иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва зироативу илмии Туркистон баҳс мекарданд. Муҳаррирон мехостанд, ки ба дасти хонанда шамъе диҳанд ва ба воситаи он шамъ хонанда худ неку бадро тафриқ (фарқ) фармояд.

Комил БЕКЗОДА

(Давом дорад)

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: