Главная > Uncategorized > Макони «фоҳишаю даллаҳо» таркид

Макони «фоҳишаю даллаҳо» таркид

Ҳодисае, ки аксаран онро амали терористона ва қисми дигаре як амали  авбошонаи дар байни ҷавонон ба вуқӯъ пайваста арзёбӣ мекунанд ин таркиши шаби 5-уми сентябр дар дискоклуби маҳаллаи «Дӯстӣ»-и пойтахт ба амал омада мебошад. То ҳол сабабгори ин ҳодиса маълум нашудааст, вале Кумитаи амнияти миллӣ ин ҳодисаро амали террористона арзёбӣ кардааст. Аммо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, инфиҷор дар натиҷаи беэҳтиётӣ бо воситаҳои пиротехникӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар натиҷаи таркиши як бомбаи худсохт 7 нафар захмӣ шудаанд, ки вазъи 2 тани онҳо вазнин  унвон мешавад.

Мо аз маҳалли ҳодиса хостем дидан кунем, аммо гирду атрофии онро маҳкам дидем. Ба назар чунин  мерасид, ки қисми беруни бино он қадар осеб надида буд. Фақат қисмати даруни шишаҳои бино аз дуди таркиш сиёҳ шуда ва баъзеашон аз зарбаи шадиди таркиш шикаста буданд. Чанд тан аз шоҳидони ин ҳодиса, ки дар наздикии ин бино ба корҳои гуногун машғуланд изҳор доштанд, ки шабона кормандони милиса  ҳамаро ба «отдел» бурданд. Ҳатто бархе  иброз медоштанд, ки «кори хуб шудааст, ки фоҳишахона таркид».

Зимнан шаби гузашта «шаби қадр» буд, шабе, ки мусалмонон то субҳ машғули тоату ибодат ҳастанд ва бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки шояд баргузории дискоҳо дар моҳи рамазон ва бавижа дар ин шаб барои баъзе аз мазҳабиён хушоянд нест» -менависад хабаргузории Би-Би-Си. Вале собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон- Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар ин назар аст: «Дар Тоҷикистони мо дар  замони пеш аз истиқлолият  ва имрӯз ҳам дар рамазон ошхонаҳои мо кор мекунанд.  Гарчи ин шаръан  ҳаром аст, аммо мардуми мо, мусулмонони мо таҳаммулпазир ҳастанд. Ҳеҷ гоҳ аз барои он, ки як нафар ба ақидааш мухолифат мекунад дар фикри ҷазо додани он нест.  Дар ҷомеаи имрӯз як чиз одат шудааст, ки мехоҳанд ҳама чизро ба ислому мусулмонон рабт диҳанд. Ҳатто ҳамон таркише, ки дар Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст онро низ ба дини  ислом рабт доданд. Хуб мо мебинем, ки суръати исломишавии Тоҷикистон имрӯз ниҳоят баланд аст, мардуми зиёд пайрави ислом  шуда истодаанд, бинобар ин бархе аз ин нороҳатанд».

Қайд кардан зарур аст, ки аксар чунин ҳодисаҳо дар рӯзҳои ҷашнҳои таърихӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Зеро он нафароне, ки 19 сол пеш аз ин ҳукумат норозигӣ мекарданд, ҳоло ҳам ба ҳар баҳона заҳри худро мечаконанд.  Умуман, воқеаҳои ахири Тоҷикистонро имрӯзҳо дар ин шабу рӯз, ки 19-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд таҷлил карда шавад, чунин амалҳо халалдор карда истодаанд. Абдуҳалим Ғаффоров — раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ин қисмати мавзӯъро чунин шарҳ дод: «Воқеаҳои охирине, ки дар Тоҷикистон дар арафаи истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд омад, моро водор мекунад, ки сари ин масъала ибрози андеша намоем. Аз ин истиқлолияте, ки мо дар тӯли ин 19 сол ба даст овардем, аксаран шахсоне дар хориҷ ва дар дохил ҳастанд, ки намехоҳанд, ки шарафёб гардем ва дар арафаи чунин ҷашнҳои таърихӣ мехоҳанд, ки ҳолатҳои ногуворро барои мардуми ҷумҳурӣ оварда, бо ин восита мехоҳанд масъалаҳои умдатарине, ки барои беҳдошти ҳаёти  иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона карда шудааст, дур намоянд. Воқеаи фирори 25 нафар ҷинояткорони ашадӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки баъзе кормандони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаи пурмасъулият ба дӯши онҳо водор карда шудааст хунукназарона рафтор мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сари ин масъала  ҷиддӣ андеша намояд».

Барои рӯшантар намудани ҳодисаҳои паёпай ба вуқӯъ омада ба Вазорати  корҳои дохилаву Кумитаи амнияти кишвар дар тамос шудем. Вале ҳамаи кӯшишҳоямон бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳар ду ҷониб ҳам таъкид карданд, ки аз ин беш то ҳол маълумоти мукаммал надорем.

Фаридуни УМАРБЕК, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: