Главная > Uncategorized > Рӯза ва назариёти донишмандони шарқу ғарб

Рӯза ва назариёти донишмандони шарқу ғарб

Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Дастгоҳ ва  мотори бадан, ки бемор ва иллатнок аст, аз кор меафтад ва ҳам шуморо ба ҳалокат мекашонад.

Биёед онро муддате вогузоред, то истироҳат кунад ва бар он сахт нагиред, то аз ин мушкилот раҳоӣ ёбед.

Доктор «Калуғ» низ дар бораи камхунӣ ва сил мегӯяд: Муолиҷаи камхунии маъмулӣ, сифлис, молориё, касофат ва чарби риҳ, думалҳои (пучак, шабушак) бисёр бад, ки ба василаи тарки ғизо ва тарки хӯрокҳои гӯштдор мумкин мешавад. Тавзеҳоти машруҳи доктор «Калуғ»-ро дар китоби «Рӯза: равиши навин барои дармони бемориҳо» (с. 180) мутолиа фармоед.

Ин бемориҳо бо имсок дармон мешаванд

Доктор Алексей Суфурин дар китоби худ менависад: Дармон аз тариқи рӯза фоидаи махсусе дар бемориҳои камхунӣ, заъфи рӯдаҳо, илтиҳоби басит ва музмин, думалҳои (пучак, шабушак) хориҷӣ ва дохилӣ, сил, исклироз, римотизм, нақрис, истиқоъ, нуростанӣ, арақуннисо, хароз (рехтагии пӯст), бемориҳои чашм, бемории қанд, бемориҳои пӯст, бемориҳои кулияҳ (гурда), кабид (ҷигар) ва бемориҳои дигар дорад.

Муолиҷа аз тариқи имсок ихтисос ба бемориҳои фавқ надорад, балки бемориҳое, ки марбут ба усули ҷисми инсон аст ва бо сулулҳои асосии ҷисм омехта шуда, ҳаммонанди саратон, сифлис, сил ва тоъунро низ шифо мебахшад.

Рӯза беҳтарин роҳи решакан кардани саратон

Доктор Алексей мегӯяд: Доктор «Калуғ», ки яке аз пизишкони машҳури Амрикои Шимолӣ аст, дар китоби маъруфи худ «Доиратул-маориф марбут ба хӯрокиҳо» мегӯяд: Ҳангоме ки устод Арлихро дар Олмон мулоқот кардааст, устод Арлих ӯро аз навиштаҳо ва корҳои омӯзишгоҳ дар бораи ончи марбут ба ғизоҳои махсус аст, ки беморон ва мубталоён ба саратон аз хӯрдани онҳо боздошта шудаанд, мутталеъ сохтааст, навиштаҳои ин муассиса мудаллел медорад, ки ғуддаҳои саратонӣ ба ҳар андоза ҳам, ки решадор ва қавӣ бошанд, метавон онҳоро бо хӯрдани ғизоҳое заиф намуд. Акнун айни гуфтаи «Арлих» аз назари шумо мегузарад: Мо қодирем пеши рушди саратонро бо ғизоҳое, ки барои ин қисмат интихоб кардаем, бигирем, аммо решакан шудани он дар сурате бар имон мумкин аст, ки беморро он қадар дар ҳоли гурӯснагӣ қарор диҳем, ки ба сарҳади марг бирасад. Доктор Алексей мегӯяд: Аз ин гуфта равшан мешавад, ки танҳо илоҷ барои қатъи решаи саратон рӯза асту бас.

Муҷиботи саратон ва тариқаи илоҷи он чист?

Доктор «Калуғ» дар ҷаҳони илми имрӯз машҳур ва раиси омӯзишгоҳи илмӣ ва пизишкӣ дар Мишигон мебошад, ки ба номи «Тел-крик сонотур явм» маъруф аст. Ин донишманди бузург борҳо гуфта, ки: «Саратон аз тамоси зиёди микробҳои афунӣ ва симҳои онҳо бо бадан падид меояд (ҳамаи инҳо ҳам натиҷаи тағзияи гӯшт аст), ба далели ин ки бемории саратон ғолибан дар рӯдаи кӯр ва интиҳои рӯдаи бузург, ҳамон ҷое ки зиёдии ғизо мутаваққиф мегардад, падид меояд». ӯ мегӯяд: Саратон ибтидо думали (пучак, шубушак) кӯчаке аст, ки дар рӯда ё меъда мерӯяд. Ин думалҳоро метавонем ба осонӣ бо як — ду ҳафта рӯза муолиҷа кунем.

Ман дар бораи ин равиш беш аз чил сол ҷустуҷӯ доштам, тазаккури ҷараёне, ки сӣ сол пеш бароям иттифоқ афтода лозим ба назар мерасад: Зане дар асари хунрезии зиёд аз думалҳое (пучак), ки дар баданаш буд, наздик шуд хунаш тамом гардад. Дар тӯли даҳ сол беҳбудӣ ёфт. Аммо вақте ин думалҳо боз пайдо шуданд, ман бо ин тариқ «рӯза» ӯро муолиҷа кардам ва борои ҳамеша шифо ёфт.

Лозим ба тазаккур аст, ки доктор Калуғ, ки думалҳо ва саратонро бо рӯза ва имсок муолиҷа мекунад, аз тарафдорони Парупо Қурс дар боби муолиҷа бо рӯза нест, балки мегӯяд: «Чаро мо барои муолиҷаи бемор ба василаи мушкил ва сангинӣ мутавассил гардем дар сурате, ки ман метавонам ба василаҳои дигар ӯро беҳбудӣ диҳам». Бидуни тардид ин гуфта мавриди мувофиқат ва қабули ҳар инсони оқиле хоҳад буд. Аммо ин васоил, ки вай ба он ишора мекунад, дар ҳама ҷо барои ҳама кас мумкин аст?! Гиреҳи кор ва нуктаи муҳими масъала ҳамин ҷост!

Дар айни ҳол таъкид мекунам, ки имсок ва рӯзаи ихтиёрӣ ва муназзам осори махсусе дар бадан падид меоварад, ки бемориҳои ғайри қобили илоҷ аз назари пизишконро беҳбудӣ мебахшад. Ҳамон бемориҳоеро, ки агар тамоми доруҳо ва васоили пизишкии ҷаҳон, аз ҷумла васоили доктор Калуғро дар ихтиёри пизишкон қарор диҳед, онҳоро қобили илоҷ намедонанд.

Сифлис ва илоҷи он бо рӯза

Бурҳони қавитари дигаре бар таъсири рӯза дар беҳбудӣ бемориҳоро метавон аз ҳодисае, ки доктор «Рӯ» дар китоби хеш зикр мекунад, ба даст овард. ӯ мегӯяд:

«Русик Асуҷӣ» дар соли 1811 теъдоди зиёде беморони мубтало ба сифлиси шадидро беҳбудӣ бахшид ва танҳо доруи вай имсок ва рӯза буд. Ба ҳамин сабаб мавриди таваҷҷӯҳи бузургон «Асуҷ» ва Донморк қарор гирифт ва аз тарафи ҷамъияти мардум ҷоизае ба вай тақдим шуд. Ин равиш «муолиҷа бо рӯза», дар китобҳои пизишкии рӯз  ҳам дида мешавад, аммо чаро пизишкон онро ба кор намебанданд? Сабаби он чист?

Иддаъоҳои бисёре барои он мавҷуд аст: хаёл мекунанд равиши «Русик» кӯҳна ва қадимӣ шуда ва ба кор намехӯрад, дар сурате ки далеле барои ин хаёл ба чашм намехӯрад.

Илоҷи молориёи (табларза) шадид ба василаи рӯза

Доктор Алексей Суфурин дар китоби худ менависад: «Доктор Бютиский» аз ҳодисае маро огоҳ сохт, шахсеро, ки ӯ комилан мешинохт ва аз ҷараён хабардор буд, гуфт: «Марде дар Финлонд» ба бемории молория дучор шуд, ки авориз ва бемориҳои дигаре низ ҳамроҳ дошт. Теъдоди гулбулҳои сурхи хуни ӯ ба мизони ваҳшатноке поин омада то ин ки ба  400 000 дар милиметр расид, аммо бемор алорағми тамоми инҳо беҳбудӣ ёфт» ҳангоме, ки марокизи асабӣ, нахоъи бузург ва мағз саҳеҳ ва солим бошанд метавонад бо таъсири «тунус» ҳаргуна нуқсе, ки дар хун падид ояд бо суръати тамом ҷуброн кунад. Ва инро ҳам бояд донист, ки аъсоб, умуман ҳеҷгоҳ мубтало ба беморӣ дар муддати рӯза нахоҳад шуд. Балки саҳеҳ ва солим мемонад. Ҳатто чунончи рӯза бисёр тӯлонӣ шавад ва рӯзадор ба сарҳади марг бирасад, боз ҳам, ҳеҷ гуна асаре рӯи аъсоб нахоҳад гузошт.

Рафъи фаромӯшӣ ва тақвияти ҳофиза

Паёмбари Худо (с.) фармуд: «се чиз фаромӯширо аз байн мебарад ва ҳофизаро тақвият мекунад: қироати Қуръон, мисвок задан ва рӯза гирифтан».

Абдуҷаббори АМИНЗОДА

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: