Главная > Uncategorized > Моратория

Моратория

Тамдид кардани мӯҳлати он то куҷо зарур аст?

Моратория. Ин истилоҳ дар Тоҷикистони азиз тӯли ду соли ахир вирди забони соҳибкорон буд. Яъне, худдорӣ аз баррасии дусолаи фаъолияти молии бахши хусусӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июни соли 2008 роҳандозӣ шуда буд, онҳоро то андозае хушҳол ҳам намуд. Зеро, шояд баъди роҳандозӣ шудани ин тасмим қисми зиёде аз соҳибкорони кишвар аз тафтиши беҳудаи ниҳодҳои давлатӣ, ки ба гуфти мардум «папкаҳо зери каш дохили корхонаҳои хусусиро охӯрча мекарданд», эмин мондаву як муддат нафаси осуда кашиданд. Аммо баъди ба охир расидани моратория чунин ба назар мерасад, ки миёни ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорон як навъ норозигӣ ба вуҷуд омадааст.

Аллакай баъди пурра шудани мӯҳлати моратория раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов эътироз кард, ки соҳибкорону тоҷирон мораторияро ҳамчун фурсати мусоид барои сарпечӣ аз пардохти андоз истифода бурдаанду он ба буҷаи давлат фоида наовардааст. Барои исботи ин гуфтааш мавсуф чунин далел ҳам овардааст: «То эъломи моратория ҳаҷми даромад аз андоз ба буҷа беш аз 34 дарсад буд, тӯли 6 моҳи охири моратория даромад ба буҷа то 28 дарсад кам шуд. Дар ин муддат аз 381 корхонаи хурду миёнаи хусусӣ 85 дарсадаш аз додани андоз сарпечӣ карда, наздик ба 30 миллион сомонӣ ба буҷа ворид нашуд». Дар ҳамин ҳол, коршиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён бо такя ба сӯҳбатҳое, ки бо тоҷирон доштааст, иддаои Кумитаи андозро дар мавриди сарпечии соҳибкорон аз супоридани андоз зери шубҳа мебарад: «Кумитаи андоз мисол овардааст, ки дар тӯли ҳамин ду сол гӯё тоҷирону соҳибкорон мораторияро ҳамчун фурсати сарпечӣ аз пардохти андоз истифода бурдаанд. Ман бо тоҷирон зиёд сӯҳбат кардам. Ба қавли онҳо, дар ин масъала худи айби Кумитаи андоз аст, ки сиёсати андозбандияш хуб нест. Яъне, кормандони андоз ҳар рӯз ё ҳар сари ҳафтаву моҳ меоянду талаби андоз мекунанд, ё дигару дигар. Бисёри тоҷирону соҳибкорон мегӯянд, ки андозҳо хеле бисёру сангинанд ва намегузоранд бахши хусусӣ пеш равад».

Тоҷире аз шаҳри Душанбе — Фахриддин Неъматов низ дар гузорише интернетӣ ду соли манъи бозрасии молии корхонаҳои шахсиро озод шудани соҳибкорон аз тафтишҳои беҳуда ва кӯмак ба бахши хусусӣ унвон кардааст: «Моратория натиҷаи хуб дорад. Тоҷир ва соҳибкор озодӣ ҳис кард ва мутмаин шуд, ки Президент аз бахши хусусӣ пуштибонӣ мекунад. Ман ба назари раиси Кумитаи андоз мутлақан розӣ нестам. Ҳеҷ соҳибкор аз додани андоз сарпечӣ намекунад. Мушкил дар кори худи Кумитаи андоз аст, ки хуб кор намекунанд. Дар бархе аз маворид худи кормандони ин Кумита андозҳоро рӯйпӯш мекунанд. Ба назари ман, тамдиди мӯҳлати моратория ё таъвиқ ва ё бо дигар усул ва шева аз сар гирифтани он ба нафъи давлат ва рушди соҳибкорию тиҷорат аст».

Аз инҷо баъзе коршиносон тавре хулоса мекунанд, ки гӯё роҳандозии моратория танҳо ба нафъи моликони корхонаҳои хусусӣ бошад. Аммо дар ҳамин маврид коршинос Зулфиқори Исмоилиён ба умқи масъала амиқтар фурӯ рафта, хулосаҳои ҷолибу мантиқӣ мебарорад. Яъне, ӯ дар баробари интиқод аз мақомоти ҷумҳурӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, фаъолияти озоди соҳибкоронро ба фоидаи давлат медонад: «Пешниҳоди моратория барои корхонаҳои хусусӣ, барои тоҷирону соҳибкорон як иқдоми хеле хуб буд, ки онҳо тӯли ду сол каме озодӣ ҳис карданд. Фаъолияташонро беҳтар ба роҳ монданд. Яъне, аз ҳама гуна тафтишҳои бевақтию саривақтӣ, даркору нодаркор каме озод буданд. Ба давлат фоидааш ҳамин буд, ки соҳибкорон андаке тиҷорат карданд ва аз ҳамин ҳисоб бахши хусусӣ кам ҳам бошад, пешравӣ кард. Ба назари ман, ин барои давлат нею барои мақомдорони давлат хуб набуд. Чунки баъзеи онҳо ҳамеша аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ мекунанд. Масалан идораи сӯхтор, идораи стандарту боз чандин идораҳои дигар, ҳатто кормандони «канализатсия» ҳастанд, ки меоянду бо баҳонаҳое ба монанди «об соз намебарояд, чароғат соз нест» корхонаҳои хурду миёнаро бастанӣ мешаванд. Моратория ба онҳо камтар зарба зад. Дасти мақомоти давлатӣ, ки худсариҳои зиёд эҷод мекарданд, каме кӯтоҳ шуд».

Аммо, гузашта аз ҳамаи ин, баъзе нафарон изҳори таассуф мекунанд, ки бо вуҷуди эълон шудани манъи дусолаи бозрасии молии корхонаҳои хусусӣ онҳо иҷрои воқеии чунин як фармонро аз ҷониби масъулин эҳсос накардаанд. Масалан, раиси Иттиҳодияи деҳқонони вилояти Хатлон Азизулло Раҷабов дар ин хусус чунин изҳори назар кардааст: «Дар давоми ду сол ду бор ревизия карданд, аз Кумитаи андоз, прокуратура, бунёди иҷтимоӣ, Хадамоти зидди сӯхтор ва ғайра. Ҳар сари вақт давоми 2 сол моро тафтиш мекарданд. Хулоса, ман вуҷуди мораторияро эҳсос накардам». Мудири ширкати пахтаи Кӯлоб Лашкарӣ Мирзоев низ мораторияро як тасмими бефоида ҳисобида, мегӯяд: «Барои ман фарқ надорад, ки моратория буд ё набуд. Ростӣ, аз соҳибкор шудани худ безорам. Идораҳои давлатӣ, бахусус коррупсия имкон намедиҳанд кор кунем. Ҳар рӯз тафтиш асту натиҷаи кор ҳеҷ».

Аз ин гуна ақидаҳо чунин бармеояд, ки намояндаҳои масъул нисбати фармони Президенти кишвар хунукназарӣ зоҳир кардаанд. Аммо шояд ин амали баръакси онҳо дар корхонаҳои ҷудогонаи хусусӣ сар зада бошад. Зеро, аз қавли муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба хулосае расидан мумкин аст, ки ба ҳар ҳол, соҳибкорони зиёд аз роҳандозӣ шудани моратория розӣ ҳастанд ва аз тамдиди мӯҳлати он умедворӣ мекунанд: «Сабабҳои камшавии буҷаи кишвар дар моратория нест. Мо ки бо намояндагони субъектҳои хоҷагидор сарукор дорем, бо табақаҳои гуногуни ҷомеа вохӯрӣ доштем. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳақиқат бо ҷорӣ шудани моратория истеҳсолкунадагону тоҷирон то як андоза имконият пайдо кардаанд ба фаъолияти иқтисодию тиҷоратӣ машғул шаванд. Мо ҳозир бо боварӣ гуфта наметавонем, ки моратория фоида овард ё зарар. Инро дар ҳар як субъект дар алоҳидагӣ таҳлил карда баромадан мумкин аст. Вале ҳаминро бояд бигӯям, ки вақте дар як субъект тӯли як сол бештар аз ним сол санҷиши пай дар пай мегузаронанд, албатта мутахассисону роҳбарони ин субъект ба ҷойи ҷустуҷӯи роҳҳои рушди иқтисодиёт маҷбуранд аз пайи омодаву пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ба санҷишгузаронҳо овора шаванд».

Қисми зиёди коршиносон, бахусус Исмоил Талбаков бар ин назаранд, ки моратория бевосита ба фаъолияти шахсони воқеию ҳуқуқии истеҳсолгар ва дигар намуди фаъолият вобастагӣ дошта, барои рушди иқтисоди Тоҷикистон манфиат меорад. Ҳарчанд ӯ зарурати супоридани андозро низ аз мадди назар дур намегузорад. Масалан, мавсуф чунин изҳор медорад: «Ҷорӣ намудани моратория маънои онро надорад, ки андозсупоранда саркашӣ кунад ё ба андозае андозҳоро пинҳон дорад. Бояд субъектҳои андозсупоранда аз рӯйи ӯҳдадорӣ андозҳояшонро сари вақт пардохт намоянд ва маърифати андозсупории худро баланд бардоранд. Ин ки гӯё мо моратория ҷорӣ кардему ба буҷаи кишвар маблағ ворид нашуд, асос надорад. Сабабро бояд дар дигар ҷо ҷӯст. Як сабаб таъсири бӯҳрони шадидест, ки ҳоло ҳам паси сар нашудааст. Дигар сабаб он аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо — ӯзбекистон борҳои ба Тоҷикистон воридшавандаи тоҷирон банд мешавад. Бори тоҷироне, ки онро ба фурӯш гузошта ё дар истеҳсолот истифода бурда, андоз месупоранд. Ин албатта бетаъсир намемонад».

Исмоил Талбаков таъкид мекунад, ки моратория дар тамоми давлатҳои дунё ҷорӣ шудаву манфиат овардааст. Аммо ин ки дар Тоҷикистон фоида наовардааст, инро дар ҳар як корхона санҷидан мумкин аст.

Аммо Зулфиқори Исмоилиён бвр ин назар аст, ки ҳарчанд моратория дар Тоҷикистон ба ном вуҷуд дошт, вале кам ҳам бошад, фоида овардааст. Дар ин замина ӯ мегӯяд, ки ҳоло тамоми ниҳодҳои давлатӣ муқобили дубора тамдид шудани моратория аз ҷониби Президенти ҷумҳуриянд. Аз ҷумла Кумитаи андоз.

Вале, агар дар умум, бо таҳлили ақидаи ҳама ҷонибҳо ба мавзӯъ дида дӯзем, хулоса ин мешавад, ки роҳбарияти кишвар бояд мушкилоти соҳибкорони ватаниро ҳамаҷониба омӯхта, тамдиди дубораи мораторияро ҷорӣ намоянд.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: