Главная > Uncategorized > Муроҷиат ба вазир

Муроҷиат ба вазир

Маълумоти нодуруст метавонад хуқуқҳои шахсро поймол кунад, алалхусус ҷавононеро, ки барои рушду нумӯи кишвари азизи хеш мехоҳанд хизмати арзанда намоянд

Дар қадами аввал ба сабаби нарасидани ҷой, ин муроҷиатнома бо ризояти шифоҳии роҳбарияти рӯзномаи «Asia-Plus» дар «Пайкон» ба чоп дода шудааст. Инчунин, зикр карданиям, ки бо даст додани имконият муроҷиатномаи мазкур дар рӯзномаи номбурда ва ё дар шабакаи он ба табъ хоҳад расид.

Ҷаноби вазир, ман Шуморо ҳамчун устоди худ ҳурмату иззат ва эҳтиром мекардам ва мекунам. Банда медонам, ки Шумо шахси бофарҳангу дорои маърифати баланд ҳастед.  Вале баъди гирифтани ҷавоби Шумо ба саволҳои додаи худ, ки дар рӯзномаи  «Asia-Plus» 20-уми августи соли 2010 чоп шудааст, дар сарам фикрҳои дигаре пайдо шудаанд, ки ин ҷавобҳо маро ба андеша кардан водор сохт. Саволи ман «чаро ман се бор ҳуҷҷат супоридаму як бор ҳам маро даъват накарданд?» беҷавоб монд. Мақсади саволи ман он буд, ки мехостам фаҳмам, ки шаффофият вуҷуд дорад ё не? Зеро дар се бори ҳуҷҷат супориданам зиёда аз 23 варақ пешниҳод намуда, инчунин, бинобар сабаби муввақатан истиқоматкунандаи ноҳия буданам, ташриф аз ноҳия овардаам. Бубинед, ҷаноби вазир, аз Шумо ҷавобҳои аҷоиб гирифтам! Яъне аниқашро гӯем, Шумо ба саволҳои пешниҳодкардаам ҷавоби аниқу дақиқ надодед ва аз мавзӯъ дур рафтед. Шумо бо шарҳ додани чӣ гуна сурат гирифтани озмунҳо масруф гашта, овардаед, ки ман ҷои чандумро гирифтам, ҳол он ки, ин чиз ба ман тамоман даркор набуд. Ман аз Шумо дигар ҷавобро интизор будам. Аниқтараш, метавонистед чунин ҷавоб диҳед: «Роҷеъ ба ин масъала метавонед бевосита ба Вазорат омада, шарҳи пурраи онро дастрас намоед». Барои  аниқ сохтани воқеият ман аз Шумо талаб кардам, ки маро барои сӯҳбат қабул намоед. Ҷавоби Шумо ба занги телефонии яке аз кормандони Вазорати маориф шабоҳат дорад (якчанд рӯз пеш аз баромадани газетаи номбурда бо банда дар тамос шуданд), ки ғайри қобили қабул аст. Ин рафтор кӯдакона буда, ҳатто барои баҳс ҳам арзиш надорад. Мебоист пеш аз ба кор гирифтани баъзе коргарон дар Вазорати маориф аввало одоби сухангӯиро ва баъд худсарона рафтор накарданро ёд медоданд!!! Аслан ман на мансаб дораму на вазифа. Ин гуна муроҷиатро шахсони мансабдор дар сурати норозӣ буданашон ба чоп медиҳанд. Қайд карданиям, ки ин навиштаҷот ба хотири ҷои кор нест, фақат ба хотири он аст, то ки донед, духтарони деҳотӣ ҳам метавонанд хешро ҳимоя кунанд ва доранд саводе, ки сияҳро аз сафед фарқ кунанду ба дифои худ бархезанд. Дар аввал Шумо ҷавоб мегӯед, ки озмунҳо дар ду ва ё зиёда рӯзномаҳо чоп мешавад, инчунин дар сайти Вазорат. Бале, ҷаноби вазир, ман худам хуб медонам, ки озмун дар расонаҳо ба таври расмӣ чоп мешавад. Ҳамин буд, ки ман онро дида ҳуҷҷат супоридам. Агар намехондаму намедидам, пас аз куҷо мефаҳмидам? Баъдан таъкид мекунед, ки озмунҳо бо иштироки комиссияи салоҳиятнок гузаронида мешавад, баҳои озмун дар якчанд марҳила гузаронида мешавад, ба мисоли дуруст будани маълумот дар бораи довталаб. Саволҳое ба миён меоянд: «Комиссияи салоҳиятнок озмунро бо кӣ мегузаронад? Дар ғоиби довталабон? Чи гуна баҳогузорӣ мекунанд? Ва аҷиб он аст, ки чи гуна дуруст будани маълумотро дар бораи довталаб Вазорат дастрас мекарда бошад?». Инчунин қайд карда шудааст, ки агар дар ҳамин марҳилаҳо ду ва ё якчанд шахс гузаранд, дар он сурат шахсан бо онҳо сӯҳбат гузаронида мешавад. Ана акнун омадем ба саволе, ки маро дар ҳайрат гузошта буд. Аз шарҳи додаи Шумо маълум мешавад, ки ҷои дуюм насиби ман шудааст. Пас чаро даъват накардед? Ё озмунро паси дарҳои пӯшида баргузор намудед!? Агар чунин бошад, чаро эълон медиҳед? Ва барои чӣ ба саволи асосӣ ҷавоб надода, гапро ба дигар тараф мебаред? Ва инчунин маро як чизи дигар дар ҳайрат монондааст. Яъне ҷои дуюмро ишғол кардани ман дар озмуни якум ва ё дуюм ва ё сеюм бори ҳуҷҷат супоридан буд. Бояд зикр кунам, ки вақти ҳуҷҷат супорданам дар ягон ҷой ба қайд нагирифтанд, зеро шахси коргузори муайян ҷудо нагардидааст (ман ҳамон шӯъбаеро дар назар дорам ки ҳуҷҷат супоридаам). Мӯҳтарам Абдуҷаббор Азизович, ба Шумо боз як маълумоти дигар медиҳам. Дар ҳақиқат агар Шумо садфоиза донистани забонро дар назар дошта бошед, бале дар ин сатҳ намедонам (дар инҷо ҳам дар вақти супоридани ҳуҷҷатҳо дигар чиз гуфта будаанд). Вале дар хусуси нагузаштани омӯзиш ба Шумо маълумоти нодуруст пешниҳод намудаанд. Агар дуруст мебуд, пас омӯзише, ки дар таърихи 15 то 24-уми июли соли 2008 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ва дигар институтҳои байналмилалӣ оид ба харид, яъне «Идоракунии Лоиҳа ва коргузорӣ» (тамоми идоракунии Лоиҳаро дар бар мегирифт — сар карда аз идоракунӣ, харид, молия ва коргузорӣ) гузаронида шуда буд. Пас ин чи гуна омӯзиш буд!? Дар кори он зиёда аз 60 нафар шунаванда аз тамоми Лоиҳаҳо, грантҳо ва вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштаанд. Аз Вазорати маориф низ. Омӯзиш таҳти роҳбарии собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ифтитоҳ ва ҷамъбаст гардида буд. Аз ин омӯзиш ман сертификат низ дорам, ки онро дар вақти ҳуҷҷат супоридан пешкаш карда будам. Дар охир гуфтаниям, ки мӯҳтарам Абдуҷаббор Азизович, ба ҳамаи коргарон бовар кардан нашояд. Зеро баъзе маълумоти нодурусти коркунони Шумо метавонад ҳуқуқҳои шахсро поймол кунанд, алалхусус ҷавононеро, ки барои рушду нумӯи кишвари азизи хеш мехоҳанд хизмати арзанда намоянд.

Боқӣ, дар амони Худо бошед!

УМЕДА С.

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Maxim
    Декабрь 12, 2012 в 1:15 пп

    Ин мактуб саволҳои хуб дорад. Баъзе саволҳо дар бораи вазир ва ҳиссиётӣ нависанда чизҳои бисёр нишон медиҳанд. Ба фикрам ба вазир баъзе аз ин саволҳо маъқул нашуданд.
    Ҷавоб чӣ буд?
    Дар Русия як ақида аст: «Агар ман дар ҷои кор сарвари худ иваз карда натавонам, ҷои кори дигар ҷустан даркор аст.» «Сарварони бад ё сарварони бехирад дар ҳар ҷо ҳастанд.» Савол дар он аст, ки:
    1) оё ман метавонам дар ин ҷо озодона кори хуб кунам?
    2) ин сарвар кори маро қадр мекунад?
    3) ягон перспектива ё карьера барои ман дар ин ҷои кор ҳаст?

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: