Главная > Uncategorized > Пашшаҳои гирди гӯшт дар бозори «Шоҳмансур»

Пашшаҳои гирди гӯшт дар бозори «Шоҳмансур»

Ҳар гоҳе моҳи шарифи Рамазонро мардуми шарифи тоҷик пешвоз гиранд, танҳо гаронии нархи бозорро бо маҳсулоти пасти он хайрамақдам мегӯянд. Ҳар касе агар ин сатрҳоро хонданӣ бошад, «боз бозор»-ҳо гуфта, онро аз аввал то охир мутолиа мекунад, зеро ин доғи рӯз танҳо дар ин моҳ зиёд гаштааст.

Раиси яке аз бозорҳои калони марказ, яъне бозори «Шоҳмансур» Маҳмадраҷаб Холов дар рӯзномае бозори худро барои элитаҳо гуфтааст. Барои мушаххас кардани ин гуфта ба бозори мазкур рафтем. Дидем, ки нархҳо албатта барои мардуми элита мутобиқ, сифат ногуфтанӣ, вале тартиб?… Дар замин савдогарон ба савдои меваҷот ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд, ки ҳеҷ ба талаботи санитарии бозоргонӣ ҷавобгӯ нест. Ахлотпартоҳо дар ҳар гӯша дида мешаванд. Шояд онро ҳар соат тоза кунанд, вале, ба ҳар сурат, дар бозори маркази пойтахт дида мешавад. Гӯштфурӯшон ва қассобон ба рекламаи мо мӯҳтоҷ нестанд, зеро аллакай ин фурӯшандаҳо мақоми худро дар байни дигарон тез аз худ кардаанд. Онҳо бо ноадолатӣ ва беинсофии худ дар байни савдогарон ҷойи аввалро ишғол кардаанд. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нархи маҳсулотҳоро дар бозорҳои пойтахт аз 15-20 фоиз поён фаровардааст. Вале чунин ба назар мерасад, ки ин нархномаҳо ба савдогарон таъсире надорад. Онҳо ба ҷабри худ идома медиҳанд ва аз он фахр низ мекунанд. Яъне, чуноне, ки аллакай дигар рӯзномаҳо дар сафҳаҳои худ гуфтаанд, гӯшти фарсудаву «добавка» бо рӯғану устухони зиёдро ба харидорон мефурӯшанд. Боз, «агар мехостаӣ, мегирифтаӣ, агар не, рафта бо он нархе, ки Ҳукумати шаҳр гузоштааст, аз худи Ҳукумат мегирифтаӣ». Ин танҳо ҷабр ба мардум аст, на ба роҳбарияти бозору савдогарон. Баргардем ба тозагии бозор. Аввал аз гӯштфурӯшон оғоз мекунем, чунки доғи рӯз аз аввал оғози субҳи хубро дорад. Чун ба атрофи гӯштфурӯшони бозори «Шоҳмансур» назар меандозӣ, бетартибӣ ва пашшаҳои дар гирди гӯшт ҷамъомадаро мебинӣ, ки табъи касро хира мекунанд. Вале шукронаи мардуми тоҷик, ки ҳамаи инро паси сар мекунад. Магар роҳбарияти бозор кӯшиш намекунад, ки гӯштфурӯшон бо яхдонҳо таъмин бошанд ва ё сиёсаташон намегузарад? Рахтҳои мевафурӯшӣ. Дар дари даромадгоҳи асосӣ меваҳои тоза ва озода аст, ки аз диданашон мепиндорӣ дар биҳиштӣ, вале афсӯс. Дохилтар даромада мебинӣ, ки аҳвол аз гӯштфурӯшон бадтар. Дар дохили «тағора»-и либосшӯйӣ ангур мефурӯшанд. Шояд савдогарон баъди фурӯш дар дохили он либос шӯянд ва ё чизи дигар? Худо медонаду халос. Оё барои назорат бурдани ин гӯша касе ҳаст, то ин мушкилотро бо ду чашм бубинаду агар тавонад онро бартараф низ намояд? Партовгоҳҳо, он тавре, ки дар боло зикр кардем, ҳамон аст. Дар бозор ҷойи пойгузорӣ нест. Шояд роҳбарият бо он фахр кунад, ки бозори серодам дораду дар рақобати бозорҳо ҷойи намоёнро гирифтааст. Вале ин ғалат аст. Зеро бо пур будани одам бояд бозор тартиб дошта бошаду «ҳар чизе ҷоеву ҳар ҷое маконе» гуфтаанд. Яъне аробаҳо ҳар куҷоянд ва пойи одамонро зер карда мегузаранду дашномдиҳии савдогарону аробакашҳову харидорон баланд мешавад. Чунин «маърака» ҳусни бозорро «дучанд зебо мегардонад». Ин ҷо ғаразе ба касеву ба чизе надорам. Вале чун ин мушкилотро дар моҳи мубораки Рамазон мебинӣ, дил реш-реш мешавад. Зеро ҳамаи ин номаъқулиҳо дар кишваре рух медиҳад, ки беш аз 97 дарсадаш мусалмонанд ва бояд аз инсоф каме ҳам бошад, истифода баранд. Дар бозор нархҳои гарон сари одамро чарх мегардонад. Бо он маоше, ки мардуми тоҷик мегирад, бо як дохил шудан ба ин макони пур аз найрангу фиреби савдогарон тамом мешаваду маҳсулотҳои ба худ лозимаро гирифта наметавонӣ, вале аллакай киса холист. Вой бар ҳоли тухмфурӯшҳо, ки дар ин моҳи Шариф онҳо низ ба фиреби мардум пардохтаанд. Агар 1 дона тухмро пеш аз Рамазон бо нархи 30% аз нархи ҳозира арзон дарёфт мекардӣ, ҳоло бошад, онро ба хилофи фармони Раиси шаҳр ба 60-70 дирам расонидаанд. Ана, бингаред ба инсофи мардуми мусалмони тоҷик! Агар аз савдогарон оид ба дастгирии масъулони бозор пурсон шавӣ, танҳо мегӯянд, ки «Онҳо фикри пули худашонро мекунанд, омада пулашонро гирифта, аз пайи кори худ мешаванд». Дар ин бора дигар чизе гуфтанӣ надорам. Борҳо хостам барои ошкор намудани ин мушкилот ба назди роҳбари бозор Маҳмадраҷаб Холов равам. Аммо маро аз қабулгоҳ бо посухи «Раис нест!» ҷавоб медоданд. Дар қабулгоҳи «Раис» ҳама бародаронаш меистодаанд, ки ба асри 10 монандӣ дорад, яъне ҳамааш монополия аст. Дар қабулгоҳ ҳатто занеро дидам, ки аз фурӯшандае фиреб хӯрдааст ва хостааст арзашро ба роҳбари бозор гӯяд, аммо роҳбар дар идорааш нест. Муроҷиатҳоямонро ба кӣ гӯем, ки роҳбарият несту аз дасти масъулон чизе намеояд ва касе онҳоро гӯш ҳам намекунад? Хулоса, бо ин ҳама андак гуфтани камбудӣ, ки шояд боиси ранҷиши Раиси бозор гардад, дигар чизе гуфта наметавонам, зеро ӯро дарёфт кардан ғайри имкон гаштааст. Ҳама дар замони мушкилӣ ва рӯ задани мушкилоту бо пайдо шудани шикоятҳо дигар дар идораашон соате намешинанд. Бо баҳонаи Ҳукумати шаҳру кору бори идора. Агар ҳар роҳбарият бо ин баҳонаҳо дар идора набошад, дигар чизе гуфта наметавонам. Ҳатто фармони Президент Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи қабули шаҳрвандон» ба эътибор намегиранд…

Фахриддини ШАРИФ,

рӯзноманигор

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: