Главная > Нилуфари СОБИР > Ҷонон Икромӣ: «Ба гуфтаҳои худ мутлақо ҷавобгарам»

Ҷонон Икромӣ: «Ба гуфтаҳои худ мутлақо ҷавобгарам»

Тавре бархе аз сомонаҳои  иттилоотӣ менависанд, вақтҳои охир расонаҳои мухталифи ӯзбекистон дар мавриди оқибатҳои марговари фаъолияти Корхонаи Арзизи Тоҷикистон маводҳои зиёд пахш мекунанд. Аз маводҳои мазкур чунин бармеояд, ки чангу дуди корхонаи Арзизи Тоҷикистон барои аҳолии манотиқи наздисарҳадии ӯзбекистон хатарнок  ва марговар аст. Дар ҳар сурат, намояндагони ниҳодҳои экологии ӯзбекистон ин ақидаро тасдиқ мекунанд. Аммо оё матолиби расонаҳои ӯзбекистон асосӣ илмӣ доранд ё асли мақсад чизи дигар аст? Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин ва дигар паҳлӯҳои масъала мо мусоҳибае анҷом додем бо Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои химия, профессор, узви Академияи улуми Тоҷикистон.

— Таври маълум, мушкилоти экологии ТалКо на бори аввал, ва фикр мекунам, на бори охир аст, ки дар расонаҳои гурӯҳӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Ташаббускори асосӣ ҳар вақт ҳамсояҳои ӯзбеки мо мебароянд. Ва ҳар маротиба, новобаста аз шарҳу эзоҳҳои мо бо тамоми ҷузъиёти мавзӯъ, экологҳои ӯзбек боз аз нав таъсири манфии ТалКо-ро ба ҳудуди ӯзбекистон такрор мекунанд.

Биёед аз нав ба таърих баргардем. Шояд решаҳо ва ё сабабҳои имрӯзаи чунин «таваҷҷӯҳи хоса»-ро ба ТалКо пайдо кунем?

— Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта барои сохтмони Заводи аллюминӣ ҳам ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон довталаб шуда буданд. Шароф Рашидов, сарвари машҳури давлати ӯзбекистон, ҳамчун номзад ба узвияти бюрои сиёсии КМ ҲКШС, бо тамоми нерӯ ва бо истифода аз мақому манзалати худ, талош кард, ки мақомоти баландпояи Иттиҳоди Шӯравиро барои ҷойгиршавии Заводи алюминӣ дар ҳудуди ӯзбекистон моил кунад. ӯ ин кӯшишҳоро бо баҳонаи афзоиши қувваи корӣ ва зиёд будани майдонҳои калони холӣ дар ҷануби ин кишвар амалӣ менамуд. Аммо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Т. Улҷабоев ва А. Қаҳҳоров тавонистанд А. Н. Косигинро бовар кунонанд, ки сохтмони чунин иншооти азим дар кишвари мо мувофиқи ҳадаф аст. Далели асосие, ки дар ин кор нақши муҳимро бозид, ин электроэнергияи арзони НОБ-и «Норак» мебошад. Ҳамчунин мавҷудияти манбаъҳои захоири бойи табиӣ, наздик будани роҳи оҳане, ки корхонаро бо маркази кишвар мепайвандад, мавҷудияти майдон ҷиҳати ҷойгир кардани заводи азим ва шаҳри Регар (имрӯза ноҳияи Турсунзода), ки ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои коргарон ва муҳандисон муносиб аст, маҷмӯи далелҳои дигаре дар ин иртибот мебошанд. Ба ғайр аз ин, наздикии кишвари ҳамсоя барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии ин ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти завод низ даъвои раҳбарони ӯзбекистонро аз байн бурд.

Ҳангоми сохтмони завод Шароф Рашидов ба Тоҷикистон омад ва бо технологияи пешқадами ҳосил кардан ё коркарди алюминӣ, ки дар ТАДАЗ тадбиқ гашта буд, шинос шуд. Дар он солҳо ягон даъвову эътироз аз ҷониби ӯзбекистон бар қиболи корхона набуд.

Нақшаи давлатии (Госплан) ИҶШС ва вазоратҳои марбутаи он ҳаргиз ба манфиати Тоҷикистон қароре қабул намекарданд, агар тамоми далелу бурҳон қотеи ба мақсад  мувофиқ дар мавриди сохтмони завод  пешниҳод карда намешуд.— Бигӯед, ки пажӯҳишҳову санҷишҳо дар иртибот бо технологияи коркарди маҳсулот чӣ гуна ба роҳ монда шуда буд ва мафҳуми «кислотные дожди» (боришҳои кислотавӣ) чиро ифода мекунад?

— Аз рӯзҳои аввали ба кор андохтани завод пажӯҳиш ва санҷиши экологии тамоми навъҳои газҳои ихроҷшаванда ташкил карда шуд. Пажӯҳишгоҳи умумишӯравии алюминӣ-магнивӣ (Всесоюзный аллюминево-магниевый институт), ки аз рӯи лоиҳаи он завод сохта шуда буд, бо кормандони муҳандисӣ-техникии ТАДАЗ ҳамкории муштаракро ҷиҳати паст кардани таъсири газҳои зарарноки ихроҷшаванда шурӯъ кард. Дар завод полоиш ё тозакунии хушку тар пешбинӣ шуда буд. Тозакунии хушк асоснок бар он аст, ки тамоми газҳои ихроҷшаванда тавассути матои ғафсу зич мегузаштанд, ки миқдори зиёди чангу бӯғро бозмедоранд ва дар натиҷа он чангу бӯғ дубора ба протсеси технологӣ бармегарданд. Тозакунӣ ё полоиши тар бошад, ба обёрии мутақобили газҳои ихроҷшаванда бо истифодаи 5-7%-и маҳлули сода асоснок шудааст. Партовҳо дар идома барои истеҳсоли маводи сохтмонӣ истифода мешуданд. Ҳангоми полоиши тару хушк чангу гази ихроҷшаванда ба андозаи 95-97% аз омехтагиҳои зараровар тоза ё пок мешавад. Боқӣ 3-5%-и таҳшин ба замин бармегардад.

Мо намегӯем, ки Корхонаи арзиз комилан заводи пок аст. Бале, ин корхона партовҳо ё ихроҷшавандаҳои зараровар дорад. Бинобар ин, тибқи лоиҳа, минтақаи аз ҷиҳати экологӣ зарарнок бо радиуси 6 км дар атрофи завод пешбинӣ шуда буд. Дар пажӯҳишҳои экологии лабораторияи мо нишон дода шуда буд, ки минтақаи зарарноки экологӣ шакли элипсӣ (доираи дарозрӯя) дошта, аз рӯи дарозӣ 120 км ва аз рӯи бар ё фаррохӣ 12,5 км-ро дарбар мегирад. Хулосаи ягона, элипс воқеан дастикам 60 км ҳудуди ӯзбекистонро фаро мегирад. Аммо ҳангоми пажӯҳиши самти шамол исбот шуда буд, ки шамол ҳамеша ба тарафи  шимолу шарқӣ, яъне ба ҷониби Тоҷикистон ҳаракат мекунад ё мевазад.  Ҳаракати шамолро ба самти ҷануб ва ҷанубу ғарб қаторакӯҳҳои Ҳисор монеъ мешаванд ё халалдор мекунанд. Тамоми таҳшинҳо ба талу теппаҳои атрофи завод мерезанд. Таҳлилу санҷишҳои сертакрор нишон доданд, ки миқдор ё андозаи фтор дар теппаҳо якчанд маротиба аз меъёр зиёд аст. Бинобар ин, чарондани ҳайвонотро дар ин теппаҳо бояд қатъиян манъ кард. Ба ғайр аз ин, дар водии Ҳисор «боронҳои кислотавӣ» мерезанд, ки ба растаниҳову гулҳо ва ниҳолҳои зудсабзшаванда зарар мерасонанд. Чунин зуҳурот дар ҳудуди ӯзбекистон ба назар намерасад. Барои дарк кардани тамоми механизмҳои ихроҷшавии чангу газ месазад, ки ба ҷараёни технологии баъзе элементҳо таваққуф кунем, зеро ин нуктаи хеле муҳим ва ба фикри манн, барои хонанда ҷолиб аст.

— Маводи истифодашаванда барои истеҳсоли алюминий ва имконоти Тоҷикистон ҷиҳати таъмини Заводи алюминӣ бо ашёи хом то чӣ андоза зиёд аст? Структураи коркарди гилхок барои истеҳсоли алюминий чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?

— Вақте Заводи алюминиро ба кор андохтанд, барои ҷумҳурӣ таъмин кардани алюминийи баландсифати дараҷаи якуми навъи А-7 ва А-8 ба завод ногузир буд. Бо ин мақсад гилхоки сарфшаванда аз хориҷа ба мо содирот мешуд, ки он дар заводи Николаевский коркард шуда, сипас ба Заводи аллюминӣ таъмин мегашт. Аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон нархи ашёи хом баланд шуд. Ба ғайр аз ин, роҳкиро низ афзоиш ёфт. Ба ҳамин тариқ, кайҳо проблемаи истифодаи сиенитҳои алюминитаркиби нефелинии конӣ ё манбаъи Турпи (воқеъ дар ноҳияи Рашт), ки ҳангоми сохтмони Корхонаи арзиз пешбинӣ шуда буд, ба миён омад. Сиенитҳои нефелинии Турпи ашёи хоми муносиб барои ба даст овардани гилхок маҳсуб мешавад. Манбаи мазкур бойтарин кон дар Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки он дар назди шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол воқеъ буда, соли 1968 аз ҷониби геологҳо таҳқиқ ва кашф шудааст. Захираи гилхок барои 100 соли фаъолияти завод кифоягӣ мекард. Ва аз ҳама асосаш, мушкили таъмини Корхонаи арзиз бо гилхоки ватанӣ ё худӣ ва ҳамчунин якбора паст шудани худнархгузории алюминий ва қобилиятнокии рақобати он дар бозори ҷаҳонӣ роҳи ҳалли худро меёфт. Ҳамасола завод то 1 миллион тонна ашёи хом аз хориҷа мехарад, ки он бо сарфи бесобиқаи маблағ тақрибан нисфи арзиши алюминийи дар инҷо гудохташударо ташкил медиҳад.

Сохтмони заводи гилхок дар нақша ва пешниҳодҳои донишмандони Тоҷикистон бо сарвари академики маъруф Нарзиқулов И. К. пешбинӣ шуда буд. Самаранокии иқтисодии бунёди заводи гилхок дар назди ҳамин кон аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи умумишӯравии аллюминӣ-магнивӣ, яъне лоиҳакаши Заводи алюминӣ коркард шуда буд. Технологияи ба даст овардани гилхок аз ин ашёи хом (сиенитҳои нефелинии кони Турпи) бо супориши Тоҷикистон дар институти (пажӯҳишгоҳи) химиявии Ереван бо сарварии академик А. Мелвенян коркард мешуд. Технология дар заводҳои Волховский ва Ачинский санҷида шуда буд. Аз ҷониби А. З. Недзвеский- академики маъруфи Тоҷикистон, ҳанӯз дар солҳои 60-ум ба заводҳои дигари алюминӣ қариб 100 тонна сиенитҳои нефелинӣ барои санҷиш фиристода шуда буд, ки имкони ҳосили алюминийи дараҷаи аввал аз ин сиенитҳо тадбиқ ёфтанд. Тамоми ин маълумотҳоро А. Қаҳҳоров дар замони худ ҳангоми исботи сохтмони ҳадафраси заводи мазкур дар ҳудуди Тоҷикистон дар назди раёсати ИҶШСК, шахсан ба А. Н. Косигин ҳамчун далелҳои қотеъ истифода бурда буд.

Дар солҳои баъдӣ собиқ Президенти Академияи улуми Тоҷикистон бо баҳонаи ба вуҷуд омадани партови зиёд ба муқобили истифодаи ашёи хоми кони Турпи дар Корхонаи арзизи кишвар баромад кард. Баъдан ӯ хулосабарории иштибоҳӣ ва ҳатто хулосабарории зараровареро иброз кард, ки ин ба ҷорӣ намудани технологияи нав дар кори завод зоҳир шуд.

«Дар маҷмӯъ, ҷиддан ҳалли масъалаи таъмини Корхонаи арзиз бо ашёи хоми маҳаллӣ ё худӣ ба назар имконпазир намерасад. Ҳамин тавр, имрӯз ва дар ояндаи наздик ногузир аст, то содироти ашёи хомро аз хориҷа барои Корхонаи арзиз дар назар гирифт ё мавқеи худро рӯшан кард». («Народная газета» №93-94, 26.11.2003 г.; «Бизнес и политика», №5, 20.01.2004). Ман танҳо барои он муфассал ба мушкили марбут ба сарчашмаи ашёи хом — гилхок таваққуф кардам, ки аз сифати хушконидан ва тафсонидани он ҳарорати электролиз вобастагии калон дорад. Баландшавии ҳарорат мутаносибан ихроҷи чангу газро низ афзоиш медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ин масъала аз ҷониби худи завод бардошта шуда, бо роҳи ҷалби донишмандону муҳандисон ҳалли худро меёбад.

— Масрафи завод ба ҷуз гилхок боз дар кадом навъи ашёи хом зиёд ҷараён мегирад ва роҳҳои пешгирии харҷу сарфи барзиёд аз нигоҳи Шумо дар чист?

— Ман ҳамчунин борҳо масъалаи истифодаи ашёи хоми маҳаллиро дар  Заводи аллюминӣ бардоштам. Масалан, завод ҳамасола маблағи ҳангуфте барои ба даст овардани ашёи фтордор — криолит, алюминийи фтористӣ, калсии фтористӣ ва ғайра сарф мекунад. Ҳамзамон маҳсулоти мазкурро дар худи завод бо истифодаи технологияи мавҷудбуда, ки дар заводи Кировочепетский коркард шудааст, истеҳсол кардан мумкин аст.

Академик И. В. Тананаев ҳанӯз соли 1974 ҳангоми сафараш ба Душанбе  ва боздидаш аз Заводи алюминӣ барои истеҳсоли криолит ва алюминийи фтористӣ кӯмак пешниҳод карда буд. Мо чанд маротиба ба завод бо чунин пешниҳодҳо муроҷиат кардем. Лабораторияи мо панҷ усули синтез ё омехтакунии фториди алюминиро, ки тибқи хоҳиш дар завод тадбиқ кардан мумкин аст, коркард намудааст. Маҳсулоти дигар — калтсийи фтористӣ, ки каме дуртар аз Душанбе дар кони Такоб мавҷуд аст ва захираи он низ басанда мебошад.

Дар ҳоли ҳозир дар Заводи химиявии Тоҷикистон (собиқ комбинати электрохимиявии Ёвон) аз ҷониби як ширкати чинӣ истеҳсоли криолит барои Корхонаи арзиз ҷорӣ карда шудааст. Эҳёи кори санҷидашудаи академик А. Недзветский дар мавриди ҳосил кардани сиенити нефелинӣ дар гилхок ногузир аст, ки такроран мегӯям, сифати маҳсулотро баланду масрафи ашёи хомро паст мекунад.

— Даъвои ӯзбекистон дар мавриди таъсири дуду чанги Заводи алюминӣ ба аҳолии наздисарҳадии ин кишвар то чӣ андоза асос дорад ва исботи илмии он аз назари Шумо чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

— Акнун бармегардем ба ихроҷи газу чанги Заводи алюминӣ. Тавре дар боло зикр кардем, то худи 95-97%-и андоза ё миқдори асосии компонентҳои ихроҷшаванда бо полоиш ё тозакунии хушку тар нигоҳ дошта мешаванд. Компонентҳои дигари асосӣ дар таркиби худ нигоҳ медоранд: гилхок (таркиби химиявӣ А12О3), криолит (3NaF.АIF3) алюминийи фтористӣ (AIF3), калтсийи фтористӣ (CaF2) ва водороди фтористӣ (HF) дар ҷараёни электролиз дар вақти гидролизи фторид пайдо мешавад. Тавре маълум шуд, аз тамоми компонентҳои ихроҷшаванда водороди фтористӣ каме хатарнок маҳсуб мешавад. Аммо экологҳои ӯзбек бояд донанд, ки водороди фтористӣ пайвасти фаъол аст, ки он парвоз ё ҳаракати зиёд надорад. Он дар муддати хеле кӯтоҳ бо рутубати ҳаво омехта шуда ба кислота табдил меёбаду ба замин мерезад, ки ҳатто ба наздики ҳудуди ӯзбекистон намерасад. Вақте бо замин мепайвандад, бо компонентҳои хок мутаассир мешавад, ки ионҳои калтсий дар таркиб гирифта ба пайвасти мушкилҳалшавандаву комилан безарари CaF2 мубаддал мегардад. Ба ҳамин тарз, парвоз ва мавҷудияти он ба анҷом мерасад. Компонентҳои боқимонда бошанд, заифанд, ки онҳо на ба одамон, на ба ҳайвонот ва на ба растаниҳо хатар эҷод намекунанд.

Ман беш аз 40 сол дар соҳаи химияи фтор ва фторидҳои номаҳдуд кор кардам ва 440 кори илмиям нашр шудаву аз он 175-тояш дар хориҷа ба дасти чоп расидаанд ва 59 шаҳодатномаи муаллифии кашфиётӣ дорам. Бинобар ин, худамро коршиноси мутлақ меҳисобам ва ба гуфтаҳои худ мутлақо ҷавобгарам.

Тамоми тағйироту таҳаввулоти экологӣ дар ӯзбекистон ба камбуди об вобаста мебошад. Тамоми омехтаҳои зарарнок дар замин аз партовҳои технологии аксар коргоҳҳои воқеъ дар ҳудуди ӯзбекистон ба вуҷуд меоянд. Экологҳои ӯзбек бояд ва вазифадоранд, ки аввал коргоҳҳои худро пажӯҳиш кунанду ҷурмро ба ҷониби Тоҷикистон ҳавола накунанд.

Ман фикр мекунам, ки тамоми баҳсҳои навбатӣ, ки расонаҳои ӯзбекистон перомуни таъсири Корхонаи арзизи Тоҷикистон бардоштаанд, танҳо тобиши сиёсӣ доранд.

Ташаккур барои сӯҳбат!

Мусоҳиб

Нилуфари СОБИР

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: