Главная > Uncategorized > Истеъфо!!!

Истеъфо!!!

Вақте ки полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд ҳуҷум намуду ҳамчунони ногаҳон дохил шуданаш ғоиб гардид, ба гуфте «поккорӣ» дар маркази вилоят оғоз ёфт. Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки на танҳо дохили хонаю таҳхонаю долонҳо, балки сандуқҳои хуҷандиёнро мекобанд. Мӯйсафеде тоқат накарда, аз аскарбачае мепурсад:

— Писарам, дар дохили сандуқ чиро мекобӣ?

Он аскарбача беистиҳола посух медиҳад:

— Солдатҳои Маҳмудро…

— О… солдати Маҳмуд даруни сандуқ чӣ кор мекунад?,- бо тааҷҷуб нидо мекунад пирамард.

Хабари дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд таркондани бинои УБОП-ро шунидаму нахустин он манзараҳои ҳузнангези шунидаам, ки якеи онро дар муқаддима ёдовар гардидам, пеши назарам омад. Мабодо, боз он рӯзҳои «кофтукоб» такрор наёбад. Дар як изҳороти худ ВКД  таъкид намудааст, ки ин амали Ҳаракати исломии ӯзбекистон мебошад. Шояд далеле дошта бошанд ва гузашти вақт ҳама чиро собит месозад, вале маро андеша ба дигар сӯй мекашад. Ҳамагӣ 40 рӯз қабл ба саволҳои рӯзноманигори Оҷонсии иттилотии Regnum посух гуфта, фармондеҳи ҚУшунҳои  десантӣ-ҳавоии Русия Владимир Шаманов изҳор дошта буд, ки вазъият дар Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон ноором мешавад ва бояд ба он омодагӣ дид. Вақте  гуфтаҳои ин намояндаи баландрутбаи Русияро хондам, ба ростӣ гуфтам, ки ин урус девона шудааст. Аммо имрӯз ба пешгӯйиаш қоилам. Суол намегузорем ва намепурсем, ки чаро чунин гуфту аз куҷо ин нооромиро пешгӯйӣ намуд. Танҳо таъкид менамоем, ки «то шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад».Имрӯз он «шамол» аз кадом самте бошад, сӯи Тоҷикистон вазид. Пас чӣ бояд кард?! Дар бораи кадом амалро ба анҷом расондан чизе намегӯем. Зеро дар боло нишастагон худашон медонанд…

Ҳодисаи аз боздоштгоҳи мувақкатии Вазорати амнияти ҷумҳурӣ гурехтани 25 нафар зиндонӣ боварии охирини мардумро ба ин ниҳоди қудратӣ ба замини сиёҳ яксон намуд. Зеро шаҳрвандон умеди ягонаи амнияти давлату худашонро аз ин даргоҳ медонистанд. Вале ҳайҳот…

Хайр, кори намешудагӣ шуд. Дигар мақомот барои дастгир намудани гурезаҳо кадом тадбирҳоро меандешанд? Ин ҳам барои мо рӯзноманигорон торик аст. Чунки ҳар амалиёт сирре дораду то анҷоми он ба каси ғайр, хусусан журналист фош намекунанд. Танҳо чанд масъалаеро, ки ҳангоми сафар аз шаҳри Душанбе то  Хуҷанд тавассути нақби «Истиқлол»-у ағбаи Шаҳристон, мушоҳида намудем, салоҳ донистам ёдрас шавам. Хоҳ ронандаю хоҳ сафарикиҳои ба ин самт равуодошта огаҳанд, ки пас аз пулакӣ шудани роҳ дидбонгоҳҳои дисликатсиониро аз байн бардошта буданд. Чанд муддат дар роҳ ягон нозири БДА намеистод. Аммо «дили одаткарда балои ҷон» гуфтагӣ барин оҳиста-оҳиста, аввал дар зери дарахтону пас дар рӯи роҳ пайдо шуданд. Баробари аз ҳабс гурехтани зиндониён рӯи роҳро кормандони милисаю дигар шахсони либоси нозомипӯш зер кард. Рӯзе, ки мо ба самти шаҳри Хуҷанд раҳсипор будем, аз мавзеи «Ҳавзи Варзоб» то дидбонгоҳи «Деҳмой» дар 17 ҷой мошининамонро нигоҳ доштанд. Манзара чунин буд. Милисае мошинро нигоҳ медошту ронанда аз мошин фуромада, назди оне, ки дар паси миз нишаста буд мерафт, агар  ягон хонаи муваққатӣ, ё дидбонгоҳ бошад, дохили он медаромаду роҳро идома медод. Аз ронандаи мошини кирокаш пурсидам, ки чаро ҳатто ҳуҷатҳои ронандагиашро бо худ намебарад. Посух дод, ки «инҳо ба ҳуҷҷат кор надоранд, танҳо ҳаққашонро мегиранд».

Боз пурсидам:

— Ҳаққашон чанд аст?

— Ҳар хел, аз 2 то 5 сомонӣ.

Дар мавзеи Себзори ноҳияи Шаҳристон аз нозири милиса пурсидем, ки чаро ин қадар дар роҳ милисаҳо истодаанд?

— Чӣ намедонед? Аз «турма» касони зиёде гурехтаанд…

Хостам гӯям, ки агар барои боздошт намудани аз зиндон гурехтагон ин дидбонгоҳҳоро ташкил намуда бошанд, пас чаро касе рафта ақаллан дар дохили мошин кӣ нишастанашро намепурсаду нигоҳ намекунад? Мо то шаҳри Хуҷанд расидему ҳатто аз ин қадар дидбонгоҳҳо, ки аз 4-5 нафар милиса кам набуду баъзеяшон яроқ доштанд, ба дохили мошин нигоҳе накарданд. Ин манзараро дида, гуфтаи даври Шӯравӣ — «милитсияи ман, ҳимоятгари ман» ба хотирам расиду намедонам имрӯз ин гуфтаро ба ҳомиёни тартибот нисбат диҳам ё на? Гумон доштам, ки танҳо ин амал дар самти вилояти Суғд ба чашм мерасад. Вале ҳамкорони дигарам аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз сафар баргашта, чунин ҳолатро таъкид намуданд. Агар ҳадаф дастгир намудани аз зиндон фирор кардагон бошад, пас чаро ба таври ҷиддӣ ба кофтукоб машғул намешаванд?

Суолҳо зиёданд ва якеро паси дигар қатор мондан имкон дорад. Худ ба худ меандешам, ки аз пурсиши ман чӣ суд? Ба гуфти Лоиқ «пунба баргӯшем мову роҳбарон». Афсӯс… Дар давоми солҳои истиқлолият чунон ба «муваффақиятҳо»-и баланд ноил гардидем, ки касе аз қонун наметарсад!!! Биёед аз худи ҳомиёни қонун оғоз намоем. Барои гирифтани 100-150 сомонӣ муаллими унвондор ва ё духтурро ба ҳабс мекашанд.

Вале милисае, ки шояд «асои даҳмардагиро бар чӯби милисагӣ» иваз карда бошад, ҳар рӯз дар роҳ садҳо ҳазор сомонӣ кор мекунад. Магар инро касе намебинад? Мебинанду медонанду вале хомӯшанд. Зеро онҳо ҳам ба ҳамин чиз шариканд. Агар шарик набошанд, чаро ба таври ҷиддӣ рафтор намекунанду чора намебинанд?

Аз қонун натарсидани кормандони милиса як тарафи масъала аст. Боз аз ҳама аламовараш татбиқи қонун, ки дар ваколати судяҳои мӯҳтарам мебошад. Албатта, дар ҳама ниҳодҳои қудратӣ — милиса, суд, прокуратура нафарони содиқу бовиҷдон зиёданд. Вале мегӯянд, ки «як гӯсолаи олуда подаро полуда кардааст». Баъзан ҳалнома, таъинот, ҳукми қабулнамудаи судяҳоро мехонеду ба нишондоди қонун муқоиса намуда, ҳеҷ бовариатон намеояд, ки он шахс аз кӯчаи илми ҳуқуқ гузашта бошад. Баҳсҳои шаҳрванди 10-13 сол идома меёбанд. Яке инкор мекунад, дигаре тасдиқ. Вале нишондоди қонунгузор як аст. Намедонам, судяҳо ҳангоми татбиқи қонун чашмашонро мепӯшида бошанд? Мегӯянд, ки «судяҳо мустақиланд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд!». Шояд чунин бошад. Дарвоқеъ, дар Конститутсия чунин навишта шудааст. Шумо ба он хоҳ бовар кунед, хоҳ не, мо ба он боварӣ надорем. Ин фикри мост. Дур намеравем. Соле қабл дар асоси Қонун «Дар бораи авф» ҳазорон нафар дар асоси таъинотҳои судяҳо аз маҳкама озод шуданд. Директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ф. Саидов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор намуд, ки авфшудагон бе маблағ озод нашудаанд… Боз чӣ мехоҳед?! Маъзарат мехоҳем, ҳарчанд нафарони пок ҳанӯз ҳастанд, лекин системаи судӣ монанди бозор гардидааст…  Нафаре муроҷиат карда, иброз намуд, ки раиси суди ноҳияе барои ҳал кардани баҳси манзилаш аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудааст. Он зан маблағро бурда медиҳаду судя талаб мекунад, ки шабе бо ӯ ҳамхоба шавад. Зан рад мекунад. Рӯзи дигараш маблағро баргардонида, корро ба тарафи муқобил ҳал мекунад. Чунин мисолҳо зиёданду намедонем судяҳо пагоҳ, пас аз ба нафақа баромадан рӯзи бо аҷал даст ба гиребон шуданашонро фикр мекарда бошанд ё не? Ягон маротиба худро ба суди виҷдонашон ҳавола карда бошанд?! Аз дасташон чӣ қадар  одамон дар маҳбасанд, чӣ қадар бехона, чӣ қадар сарсону саргардон…

Бале, дар ҳабсхонаҳо нафарони зиёде бегуноҳ нишастаанд. Аммо арзу додашон ба ҳеҷ куҷо намерасад. Маҳбасхонаҳо, чӣ тафтишотию чӣ муассисаҳои ислоҳотӣ, ба одитарин шароит бозгӯ нест. Баъзе маҳкамаҳо аз ним аср ҳам зиёд умр доранд. Бар болои шароити бади нигоҳдорӣ кормандони ҳабсхонаҳо бе ягон сабаб зиндониёнро азобу шиканҷа медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳоеро медонем, ки афсарҳои дар маҳкамаҳо адои вазифа дошта масту аласт омада, маҳкумшудагонро азобу шиканҷа медиҳанд. Муассисаҳои ислоҳотӣ ҳам монанди нуқтаҳои ҳунарӣ гардидаанд. Бо маблағ назди шахси дилхоҳатон медароед.

Бояд ба ҳамаи ин норасоиҳо мақомоти прокуратура нуқтаи таммат гузоранд, чунки риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар ҷумҳурӣ онҳо таъмин мекунанд. Ҳарчанд пас аз ба вазифаи Прокурори генералӣ таъин шудани Шерхон Салимзодаи Одина таконе дар ин ниҳод ба амал омад, ин маънои беҳбудиро надорад. Дар сафҳои ин мақомот нафарони тасодуфӣ хеле зиёданд.

Мегӯянд, ки «пул бошад, дар ҷангал ҳам шӯрбо мешавад»… Ба андешаи ман, бо пул дар кишвари мо бо ин мақомоти қудратие, ки дорем, на танҳо дар ҷангал  шӯрбо, балки тамоми кори хилофи қонунро ба анҷом расондан мумкин аст. Далелаш?… Ҳодисаҳои чанд рӯзи охир… ва боз сари ҳар як эроди гирифта метавон далелҳо овард.

Шояд замони он фаро расида бошад, ки шахсони воломақоми вазорату ниҳодҳои қудратии кишвар ба мисли раиси собиқи Кумитаи амният ақаллан «бо хоҳиши худ» аз вазифаашон даст кашанд. Эҳтимол, онҳо мутахассиси хуби соҳаашон бошанд. Вале бо чунин бесомонии соҳаи зери фармонашон қарордошта, оё ҳуқуқи маънавӣ дошта бошанд, ки вазифаашонро идома диҳанд?!

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: