Главная > Uncategorized > Чаро Амрико ба Ироқ лашкар кашид?!

Чаро Амрико ба Ироқ лашкар кашид?!

Ва ё тақсими ҷаҳон идома меёбад?!…

Ҳоҷати шарҳи ин сарлавҳаи мо нест. Аз он сабаб, ки аллакай, аниқтараш 7 сол муқаддам Амрико ва ҳампаймононаш ба ин давлат «шабохун» заданд ва имрӯзҳо гӯё хостаашонро пиёда сохтанд, ки «ғолибон» ба пойгоҳҳояшон бармегарданд. Зарурати шарҳи зиёдатӣ ҳам нест, зеро аз таърихи гузаштаи ҷаҳонӣ то замони ба қавле хеле пешрафтаи имрӯза аён аст, ки ҷаҳонро ошкоро нагӯянд ҳам, ки «тақсим мекунем, чӣ хел ва аз куҷо»…, вале рӯшод аст, ки ба ҳар шаклу намуд абарқудратҳо бо диду хости худ «тақсим кардан доранд», аниқтараш ҳар ҷоеро гирифта истодаанд…

Бигирем таърихи на чандон дури дурро. Англия, Фаронса, Испониё, Португол, Русия ва ё қадре аз ин боз ақибтар рафта, тохтутозҳои муғулҳову юнониҳову арабҳоро пеши назар биоварем, ки ба ғасбу забти давлатҳои дуру наздик машғул буданд ва «ҷаҳонро тақсим мекарданд»! Англисҳо то имрӯз ҳам ҷо-ҷои олам замини бо «зӯри бозу» гирифта доранду онҳоро бо хушӣ аз даст доданӣ нестанд. Фаронсавиҳо ҳам кам-кам ҷо-ҷое «замин» доранд ва имрӯз ҳам ҳаваси порчаи замине аз куҷое гирифтан мехоҳанд. Испониё нисфи Амрикои Лотинро ба мисле бо ҳамсояааш — Португол  «тақсим» карда буданд, ки имрӯз Амрикои Лотинӣ, ғайри Брозил бо забони испониёи «заминкашшоф» такаллум мекунанд… Русия низ магар кам заминҳои дуру наздикро аз они худ карда буд?! То Аврупои Шарқӣ то дирӯз ба ном «лагери сотсиалистӣ» буду фармонбардори Русияи Советӣ буданд ва агар 14 ҷумҳурии иттифоқиро Русия бо дасти худаш «соҳибистиқлол» намекард, бо истифодаи зӯр ин миллатҳо сад соли дигар ҳам аз Русияи дар ҷангҳо обутобёфта халос намешуданд. Имрӯз ин ҷумҳуриҳои собиқ ҳамасола тайи 20 сол аст, ки «Иди соҳибистиқлолӣ» доранд, вале ҳар гаҳе Русия «табъаш хира» шавад, дили ин соҳибистиқлолшудаҳо ба тапидан медарояд. Яъне, метарсанд, ки «зери як парчамамон ғун наорад»… Ҳамин ИДМ-ро ҳам Русия фикр карда баровард барои рӯзи мабодо, зеро ҳанӯз ҳам «дилаш аз СССР хунук нашудааст»…

«Дидор баҳона», мақсад чист?!

Чӣ, хаёл кардед, ки Амрико аз бекорӣ ба ин давлату давлати соҳибистиқлоли дигаре сар мехалонад?! Хаёли хом мекунед! Боз бештар ба он давлатҳое, ки роҳбаронашон Амрикоро гӯш кардан намехоҳанду қудрати ҳарбиашон аз Амрико заифтар асту аз ӯ дар дуриҳои дур воқеанд, «қуввасанҷӣ» меравад, «сар мехалонад». Ва ин ҳама «демократиясозиҳо» баҳона аст, бойигарӣ ба даст овардан мақсаду стратегияи доимии Амрико буд, ҳаст ва то дерҳо мемонад. Вагарна чаро ба ҳамсояи дарбадевораш Канадо ва «поёниаш» Мексика «мушу гурбабозӣ» намекунаду ба дуртар аз худ «сафари ҳарбӣ» мекунад?! Шояд Шумо ҳам сабабашро медонед. Зеро онҳо баробар бо Амрико мошини тездави ҳарбӣ надошта бошанд ҳам, ба мисли Ироқу Афғонистон ва Югославияи собиқ «сусту фулуст» нестанд, аз ҷиҳати ҳарбӣ қудратмандтаранд. Ва ё шояд Амрико аз мақоли «ҳамсоя тинҷ бошад, тинҷам» кор гирифта, намехоҳад худашро ҳам нотинҷ созад. Ва боз яқин медонад, ки агар оташу алангаро дар наздикиат бархезонӣ, аловаш бо он ҳама даҳшаташ нарасад ҳам, дудаш чашмонро месӯзонад!! Бубинед, тактикаву стратегияи Амрикоро, чӣ хел аст! Ҳамеша ғами худашро мехӯрад ва манфиатҳояшро фаромӯш намесозад. Ироқ нафту газу дигар боигариҳо дорад ва Афғонистон ҳам аз захоири табиӣ бой аст ва ҳарду ҳам мусулмоннишинанду мошини ҳарбиашон ланганда аст ва ҳазорҳо ё шояд миллионҳо «чақрим» аз Амрико масофа доранд! Ин тарафҳои сустиро хуб даст -даст карда, ба ин ду давлат лашкар кашид ва бовар ҳам дошт, ки ба зудӣ даст мебардоранд ва дуди ғализе чашми амрикоии серу пурро ҳам ашкрез намекунад. Мо гуфтан намехоҳем, ки ба ҳамсояҳояш — Канадаву Мексикаи тинҷу ором Амрико ғӯлак кашад, на ба ин ҷойҳо ва на ба ҳар куҷоҳо! Вале дар асри 20-у 21 ҷаҳони «умре ба тақсимшавӣ одаткарда» абарқудрати наверо диду дарёфт, ки имрӯз ҳаваси дар ҷаҳон яккатоз шудан дорад, ба мисле, ки замоне инглис мехосту як даврае Чингизхону дар замонҳошон Искандар ва Гитлери ҷаҳонхоҳ, имрӯз «орзуҳои ононро» амалӣ кардан мехоҳад. Шиори «демократия дар тамоми ҷаҳон» шояд ба ҳамин ният аст: итоати ҳама давлатҳо ба давлати хеле таъмингашта!! Агар аз сӯи ҳарбӣ Амрикоро бо Русия дар қиёс бигирем, Русия  «бо як дасташ» тамоми оламро метавонад  чаппагардон бикунад, яъне иқтидори ҳарбии ҳеҷ давлати имрӯзаи ҷаҳон баробар бо Русия нест. Вале ба мисле Русия «аз ҷангҳо сер шудааст», ки ҳанӯз на он қадар овозашро мисли Амрико баланд кардан дорад, чуноне мегӯянд «хирси сафед алҳол дар хоб аст»! Хубтар агар эҳсос бикунем, ҳамин Амрикои серу пур ва қариб нерӯи ҳарбиаш баробар бо Русия дар ғасбу сиёсати давлати навбатие бо Русия албатта маслиҳат мекунад. Агар Русия зидди ғасби давлате бошад, Амрико шитоб намекунад ва даҳҳо маротиба бо Русия маслиҳат мепазонад. Пай мебарем, ки агар ҳамин Русия намехост Ироқро Амрико бо шариконаш таслим накунад, Амрико кафшашро намепӯшид ва «7 сол меҳмони ироқиҳо намешуд». Ва ё ба Афғонистон низ… Имрӯз ҳамин таҳаммули Русияи абарқудрат аст ва ҳанӯз хоҳони он нест, ки амрикоиҳо Эрони тинҷу осоиштаро нотинҷ ва ҳавояшро «хокбориш» бикунанд. Русия ҳам медонад, ки Эрон Ироқ нест, ки дар «1 рӯз» таслим шавад ва хоҳу нохоҳ муқобилияти мардона мекунад бар алайҳи ҳар номарде! Аз ин рӯ, агарки Русия ҷонибдори «муҳосираи иқтисодӣ»-и Эрон ҳам бошад, хоҳони ҷанги Амрико бо Эрон нест. Вале вақт нишон медиҳад ва «зораҳои Амрикоро бо ин ният» шоҳид хоҳем буд. Русия бояд мардӣ кунаду ба лашкаршии Амрико алайҳи Эрон розӣ нашавад, зеро агар акси ин кунад, дар мавқеи ҷаҳонӣ обрӯяш пойин рафта, ҷаҳониён хоҳанд дарёфт, ки «Амрико боз Русияро харид». Русия давлате нест, ки ӯро бо маблағе бихаранд ва тактикаашро тағйир бидиҳанд…

«Ҳар чӣ киштӣ, ҳамон медаравӣ!»

Гуфтем, ки «Чаро Амрико ба Ироқ лашкар кашид?!». Сабабҳои гуногуни дигар ҳам шояд кам набошанд. Саддом Ҳусейни ҷангхоҳ зӯри беҳудаи хешро бо Эрони ҳамсоя нишон дод ва нишон дод, ки ҳеҷ қудрате надоштаву даҳони ҳарчигӯ доштаасту бас. Аз ин «зӯри беҳудамиёншиканӣ» Амрикоро ҳеҷ хуш наомад! Иллати дигари ба сараш мушт хӯрдани Ироқ  ин аст, ки Саддом дағдағаи зиёд кард, ки аз ӯ дида дар дунё марди «ватанхоҳу ҷасур» ва «зӯри зӯрон» нест. Худашро аз Чингизу Гитлер ҳам зӯртар «муаррифӣ» кардан хост… Ва боз: сазои сарашро Ҳусейни худхоҳ аз ин ҳам дид, ки муқобили мардуми бегуноҳи Эрон аз яроқи кимиёвӣ (қатли ом) кор гирифт ва бо ин роҳ низ натавонист мардуми сарбаланди Эронро тарсонад. Амрико шояд «аз ин» дар ғазабтар шуд?!… Гуноҳҳои зиёди дигаре низ дошт Саддом Ҳусейни ҳаваси фуражкаи ҳарбӣ ба сар доштан! Пас, магар кам будааст гуноҳҳои Саддом ва ҳамтабақонаш, ки балои ногаҳонӣ ба сараш омад?! Шояд ҳамин гуноҳҳо ва садҳо бераҳмиҳояш нисбати мардуми заҳматкаши Ироқ боис гардиданд, ки Худо ба ин шармандагӣ мувоҷеҳаш сохт ва сари дор шуд ӯ?! Беҳуда нагуфтаанд, ки «аз пушти як бенамоз чиҳил маҳалла вайрон шавад». Ва ҳамин худхоҳиҳои Саддом Ҳусейн буд, ки мардуми заҳматкаши Ироқ шаҳди ҷабру ҷафо кашид ва имрӯз низ ин мулк на он қадар осоишта аст!

50 ҳазор «тинҷ» мекунад?!…

… Ва Амрико ин ҳамаро дид, «луқмаи тайёр пешкаш аст» ва барои демократияро ҷорӣ кардан ва диктаторро аз сар бурдан ва «ба мардуми Ироқ тинҷиву амонӣ овардан»…, шариконашро ҷамъ овард ва барои  адаби ин зӯрро додан камар барбастанд ҷониби Ироқ. Саддом Ҳусейн сари дор шуд, «артиши зӯраш» даст бардошт, «демократиясозон» бошанд, 7 сол меҳмони ин давлати «бесоҳиб» шуданд, вале ҳеҷ не ки осоиштагӣ «меҳмон»-и ин сарзамин гардад. Имрӯз Амрико ин ҳама харобаҳоро ба ҳоли худ монда, ба хонаи ободу осудаву серу пури худ  бармегардад. Ироқро кӣ ободу осоиштаву тинҷу ором мекунад, Худо медонад! 50 ҳазор нерӯяшро Амрико дар ин харобазор барои чӣ мемонад, инашро ҳам Худо медонад! Вале ба касе пӯшида нест, ки ин миқдор артиши то дандонҳо мусаллаҳашро барои он дар Ироқи пурфоҷиа монданист, ки: «Бидонед, ин давлат дар ихтиёри ман аст, ҳанӯз ҳам инро ба ихтиёри ҳеҷ давлате, ҳатто ба ихтиёри соҳибонашон ҳам наспурдаам. Бидонед!!». Бале, мақсад ҳамин аст. Пас, агар ин андешаи мо рост набарояд, барои чӣ миқдори зиёди артишаш мерафтаасту ин 50 ҳазораш «барои таълими ҳарбиён ва полиси инҷо» мемондааст?! Ин базаи ҳарбӣ аст ва ба таркишу сӯхтору кушторҳои инҷо коре надорад. «Кушед, куштан гиред, худатонро мекушед»,- аз дил гузаронад шояд ҳар аскару афсари мустақари «базаи 50-ҳазораи ИМА».

Тақдири Афғонистони қариб ҳамсояи Ироқ ҳам ҳамин аст ва шояд дар инҷо пас аз «тамомшавии меҳмонӣ»-и «Нерӯҳои иттилоф» 50 ҳазор аскари Амрико боқӣ мемонаду дигарҳо барои истироҳат ба хонаҳояшон бармегарданд. Ироқ низ зоҳиран дар ихтиёри Амрико набошад ҳам, «дарунан» «аз хати кашидаи Амрико намебарояд» ва мустамликаи Амрико хоҳад монд.

Давлатҳои абарқудрати дигар — Англия,  Олмон, Фаронсаи мустамликахоҳ чӣ кор мекунанд? Ба инҳо ҳам аз юришҳои шарикӣ агар чизе нарасад, ҳеҷ гоҳ дар паҳлӯи Амрико рост намеистанд.

Вале дилам ба ҳоли он давлатчаҳое месӯзад, ки аскарони худро дар ин «шарикӣ» бо зӯрҳо саргардон мекунанду дар фарҷоми «ғалаба» ба онҳо чизе намерасад, ғайри роҳбаронашон аз ҷониби Амрико «ташаккур» шунидан! Пас, онҳо бояд бидонанд, ки рӯзе не, рӯзе ба сари онҳо ҳам бо ин «каҷрафториашон» балое биёяд, ки касе ба додашон нарасад. Онҳо бояд чун Тоҷикистон ва соири давлатҳое, ки алайҳи ҷанганд, ба ҷойи дар ин кушторҳо шарикӣ кардан, «ин муноқишаҳо танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал шаванд» бигӯянду алайҳи ҳар мустамликахоҳие овоз рӯшан бикунанд. «Танҳо бо роҳи маслиҳат, гуфтушунид ҳал кардани ҳар низоъу хушунати дохилидавлатӣ ва миёнидавлатие, на бо роҳи «демократиясозӣ бо  танку тӯп!» бошад  шиорашон!

Ана, модоме «сурати кор» чунин аст, магар ин тақсими ҷаҳон нест? Агар ҳолу аҳволи Ироқу Афғонистон ба ин ранг бадал намегардид, Эрони сулҳхоҳ ҳеҷ гоҳ норозӣ аз амалҳои Амрико ва «ёрони вафодораш» дар ин гуна «демократиясозӣ» намешуд. Эрон сулҳ мехоҳад, пешравии давлати худу соири кишварҳои ҷаҳонро хоҳон аст. Магар шоҳиди он нестем, ки рӯзгори мардуми Эрон тинҷу орому осоишта аст? Боз чӣ хел бошад? Магар Эрон ҳавасу мақсади ба ҳамсояе ва давлати заифтаре лашкар кашидан дорад? Кай ин корро карданд? Тамоми асри пештару асри ҷадид шоҳид нагардидаем, ки Эрон ба куҷое лашкар кашида бошад. Вале Эрон намехоҳад давлаташ заиф, мардумаш мутеи кишвари мустамликахоҳе бошад. Пас Эронро зарур аст, ки «барои рӯзи мабодо» мисли иддае аз кишварҳои сулҳхоҳу истиқлолталаб аз худ дифоъ кунад ва нерӯҳояшро қавитар созад. Мақсад аз сохтани «ҳавопаймоҳои бесарнишин» ва дигар заруриятҳои дифоии ҳарбии Эрон низ ҳамин аст: дифоъ аз ҳар ҳамлаи беруна ва хатарҳои эҳтимолӣ! Ин аст рамзи сулҳпарварӣ, ҷанг нахостан, мутеи касе набудан, мардонавор зистан, соҳибистиқлолии комил хостан ва баробар бо дигар миллату кишварҳои олам пеш рафтан!

Тоҷикистони мо ҳам, ки аз Истиқлолияти худ таҷлил мекунад ва роҳи сулҳдӯстиву пешрафтро мақсади садсолаҳои хеш гузошта, бибояд, ки соҳиби артиши қавию технологияи муосири ҳарбӣ бошад, то сулҳаш пойдор, истиқлолияташ ҷовидонӣ ва кишвараш пешрафтаву шинохтаи ҷаҳони муосир бошад. Ва бовар дорем, ки Тоҷикистони мо ободу зебо, халқаш шоду истиқлолияташ ҷовидонӣ мегардад.

Кӣ бохту кӣ бурд?

Аз ин ҷанги ҳафтсолаи ғасби Ироқ, ки поёнаш ноаён аст, кӣ бурду кӣ бохт? Магар Амрикову ёронаш танҳо бурд карданду заррае зарар надиданд? На, ин тавр аст, ки шояд дар кишварҳояшон «ғолибон» нӯшбод мегӯянд. Ироқ ҳам бохту батамом харобу валангор гашт. Деҳу рустову шаҳрҳояш ошуфтаи хун гаштанд. Ироқро на танҳо мегӯем, ки бой дод, ба ҳоли харобӣ расид ва аз асорати Амрикову ёронаш раҳоӣ наёфт!

Амрико ва ҳампаймононашро ҳам агар бигӯем, ки дар ин ҷанги «бемаънӣ» бурд карданд, ҳақиқати тоза нест. Шояд ҷониби ба ғалабаи фаврӣ бовардоштаҳо чашмдор набуданд, ки ҳазорҳо кушта медиҳанд, вале боварашон бар воқеият рост наомад ва қурбонии баробар бо ироқиҳо надода бошанд ҳам, доданд, ки барои онҳо хеле дардовар аст. Давоми ин набардҳои нобаробар, ба гуфтаи расонаҳои хабарӣ, Амрикои зӯр қариб 5 ҳазор (4493) аскарашро соқу саломат ба хона бурда натавонист. Талафоти зиёди техникиву молӣ аз сӯи дигар. Вале агар ҳарду ҷонибро ба таври фоиз «дар тарозуи қуввасанҷӣ» қиёс бикунем, бурди Амрико албатта садҳо баробар аз Ироқи забтшуда бештар аст. Аввалан, Ироқ таслими Амрикову шариконаш гашт, роҳбарияти имрӯзаи ин давлат фармонбардори Амрикост, қувваҳои низомиаш (ки 50 ҳазор мегӯянд) то кадом вақте хоҳад дар Ироқ мемонад. Магар ин бурд ва ғалабаи Амрико дар ин ҷанг нест? Ва бовар дорем, ки дар Ироқ ҳар чиз ва ҳар коре бихоҳад Амрико анҷом медиҳад, зеро зӯрашро Ироқ дид ва 50 ҳазор афсару аскар ва яроқу лавозимоти зиёди онҳо аз хӯҷаинии онҳо ба Ироқ барои солҳои номаълум бозгӯст.

Вале… Ин ҳам боиси нигаронист, ки ҳазорҳо (қариб 5 ҳазор) амрикоиҳои фарзандони худро дар ин ҷанг аздастдода бо Ироқу мардуми ироқӣ рӯи хуш надоранд ва бар ин ҷангу ҷангҷӯён нафрат мехонанд. Модарони 95 аскари испониёии дар Ироқ кушташуда барои кадом «ғалаба» нӯшбод гӯянд? Аз дигар «шарикон» низ кам ё зиёд акарон дар ин ҷанг ҷоми шаҳодат чашидаанд.

Амрико давлати пешрафта аст ва умед дорем, ки аз пешрафтҳои имрӯзаи Эрон ва на танҳо як давлат пуштибонӣ мекунад ва мекӯшад, ки мардумони давлатҳои дигари ҷаҳон низ чун халқи осоиштаи Амрико дар фазои сулҳу оромӣ ва зиндагии серу пур умр ба сар бубаранд. «Ваҳдати халқи ҷаҳон» бошад, шиору орзуи ҳар пиру барнои тоҷик аст, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии Истиқлолияти кишвар аз сӯи ҳар бошандаи ин диёр ба гӯш мерасад!!!

Неъматуллои НУРУЛЛО, рӯзноманигор

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: