Главная > Uncategorized > Ёқуб Салим чаро нагурехт?

Ёқуб Салим чаро нагурехт?

Ноӯҳдабароии кормандони КДАМТ

Замоне, ки расонаҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ ҳар гуна эҳтимолу фарзияҳоро баён мекарданд, расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ин ҳодисаро «фирори аср» унвон мекарданд ва коршиносони рус дасти ғарбиву ноӯҳдабароии кормандони КДАМТ-ро омили асосии фирори маҳбусон шарҳ медоданд, танҳо эҳтимоли вуҷуди дасти Русияро рад мекарданд. Вале пас аз муддате ноӯҳдабароии кормандони амнияти Тоҷикистонро иддае аз коршиносони тоҷик сабаби асосии фирор аз маҳбаси муваққатӣ шуморида бошанд, сипас худи ҳукумат иқрор шуд, ки ин ниҳод қодир нест ҳифзи амнияти мардум ва давлатро ба дӯш дошта бошад. Барканории раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва якчанд корманди дигари ин ниҳодро аз вазифа таҳлилгарон ба нокифоят будани ҳифзи амният дар ин кумита ва ҷой доштани фасоди густарда миёни кормандонаш маънидод кардаанд.

Гурехтани маҳбусон аз тафтишгоҳи маваққатии КДАМТ ва мазаммати кормандони ин ниҳод дар мавриди саҳлангорӣ кардан ҳангоми иҷрои вазифа, ноӯҳдабароии онҳо ва нақш доштани фасод дар ниҳод замоне гуфта мешуд, ки дар телевизионҳои давлатӣ сисилафилми «Ҷодаи қисмат» ҳар рӯз пахш мегашт ва дар он муаллифи ин филми мустанад аз рӯз то рӯз қувват гирифтани нерӯҳои амниятӣ ва қӯшунҳои сарҳадиву дифоъ дар марҳилаи нахустини рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо як эҳсоси баланд сухан мегуфт ва нақши муҳим доштани онҳоро дар ҳифзи амнияти мардум зикр мекарду лоф мезад. Аммо ин ҳама дар дохили филм тасвир ёфта буд. Дар берун аз оинаи нилгун ва дар ҳаёти воқеии мардум нерӯи қавӣ ва муҳофизи марзу бум будани ниҳоди амнияти кишварро бештари мардум танҳо дар филмҳои шабеҳи «Побег из тюрмы» (Фирор аз зиндонҳо)-и машҳури амрикоӣ тасаввур менамуданд. Зеро фирори 25 маҳбус аз тафтишгоҳи муваққатии КДАМТ бовари мардумро нисбати нерӯҳои амниятии кишвар ба ноумедӣ табдил дода буд. Бештари коршиносон бо изҳори таассуф ёдовар мешуданд, ки муҳофизони амнияти мардуми кишвар на танҳо халқро аз ноамнӣ ҳимоят карда метавонанд, балки ба ҳимоят аз худ қодир буданро ҳам зери суол мебаранд.

Таҳлилгари рус Андрей Грозин дар як сӯҳбаташ омили аслии фирорро аз набудани низоми дуруст дар ниҳоди амниятии Тоҷикистон ва ҷой доштани фасоди густарда дар маҳбасҳо ҷустааст. Ҳатто эҳтимоли даст доштани нафаре аз сатҳи ҳукуматиро ба ташкили фирор баъид надонистааст. Ба андешаи ӯ ин гуна ҳодисаҳо танҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон рух доданаш имкон дорад, дар ҷои дигар не.

Ба гуфтаи Давлат Усмон, собиқ аъзои оппозитсияи тоҷик ва номзад ба интихоботи президентии чанд соли пеш, рух додани чунин ҳолат огоҳии ҷиддӣ барои президент аст, дар хусуси аз нав дида баромадани сиёсати бехатарии давлат. Новобаста аз он ки кадом омиле боиси фирори зиндониён шудааст, коррупсия ё ноӯҳдабароии ниҳодҳои қудратӣ, президент ба инҳо эътимод карда наметавонад. — Вақти он омадааст, ки кормандони ноӯҳдабаро аз вазифа сабукдӯш шаванд ва ба ҷои онҳо нафарони дигар оянд, ки на аз рӯи мансубият ба маҳал ва қаробат, балки аз рӯи касбият интихоб карда шаванд,- иброз доштааст ин коршинос.

Нақшакаш ба дом афтод

Фирор кардани маҳбусон аз боздоштгоҳи муваққтии Кумитаи амнияти миллӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ба гуфтаи масъулини, ин ниҳод сардор ва ташкилкунандаи ин фирор Иброҳим Насриддинов, собиқ маҳбуси Гуантанамо буд. Аммо нуктаи ҷолиб дар он аст, ки ин нақшакаши моҳир пеш аз ҳамаи маҳбусон ё нафароне, ки аз дунболи ӯ мерафтанд ва мувофиқи нақшаи ӯ амал мекарданд, ба дасти мақомоти интизомӣ афтод. Ба ростӣ саркаши гурӯҳ аз ҳама пеш ба дом афтоданаш боиси шакку шубҳа гардид. Зеро чӣ гуна мешавад, ки нақшакаш надонад, ки ба куҷо гурехтан даркор аст? Агар нақшакаш ба чунин ҳол гирифтор бошад, ки худ надонад нақшаашро чӣ гуна амалӣ хоҳад кард, пас дунболи ӯ рафтагон бо ин нақшаи Насриддинона то куҷо метавонанд раванд? Ё нақшаи ӯ танҳо «гурехтани гӯсола» то каҳдонро мемонад? Зеро боз аз рӯи хабари дигар, ҳамакнун Абдурасул Мирзоев, додари Ғаффор Мирзоев низ боздошт шудааст ва ӯ низ дар ҳудуди ноҳияи Файзобод. Яъне нақшаи кашидаи Иброҳим нуқтаи охиринаш то Файзобод буд? Чаро касе аз Файзобод берун набаромада ба даст афтода истодааст? Ё шояд нақшаи тарҳрезишуда танҳо то Файзободро дар бар мегирифт ва гурезагон як-як рафта дар он ҷо ба доми мақомот гирифтор мешаванд?

Чунин ба назар мерасад, ки ин Иброҳим ё ягон одами аз ҳад содаву холабеғам будааст, ки тамоми мақомоти амният ӯро меҷӯянду ӯ бошад дар ҳоҷатхона даромада, интизор мешинад, ки ӯро омада боздошт кунанд. Ё ин ҷо шояд дигар омилҳо ҳаст, ки аз назари мардум пинҳон мондааст? Зеро ӯро бояд мақомоти Тоҷикистон дар маҳбаси Қӯрғонтеппа нигоҳ медоштанд, аммо бо чӣ сабабе ба Душанбе интиқол ёфт. Кӣ ва чӣ боис шуд, ки ӯ ба Душанбе ва боз дар маҳбасе, ки дар он ҷо фирор ташкил шудааст, афтид? Аммо боз нуктаи тааҷуббарангези дигар дар он аст, ки дар СИЗО-и Кумитаи амният низ ӯ «корманди умури хоҷагӣ» маҳсуб меёфт ва ба тамоми камераҳо равуо мекардааст. Ин шансро барои ӯ кӣ дод? Гӯё ҳамаи инҳо ба назар як бозиест, ки тавассути он шояд нақшаҳоро амалӣ карданд.

Ёқуб Салим ва Ғаффор Мирзо чаро нагурехтанд?

Агар нақша намебуд, чаро маҳз як — ду нафаре, ки на касе онҳоро мешиносад ва на қудрату на обрӯ доранд, аз маҳбас фирор карданд? Вале нафароне мисли Ёқуб Салим ва Ғаффор Мирзо, ки дар гузашта соҳибони қудрат маҳсуб меёфтанду дороии кофӣ ҳам доштанд ва воқеан фирори онҳо хатари шадид ба амнияти кишвар ба шумор меравад, аз маҳбас нагурехтанд?

Албатта гуфта мешавад, ки Ёқуб ва Ғаффор дар СИЗО-и амният не, балки дар боздоштгоҳи Вазорати адлия қарор доштанду фирор дар СИЗО-и амният сурат гирифт. Вале агар нақша намебуд, имкон дошт, ки Иброҳим Насриддинов маҳз дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният не, шояд дар маҳбаси Вазорати адлия қарор медошт? Вале шояд агар Иброҳим дар назди Ёқуб Салим меафтод, кӣ медонад, эҳтимол ин гурезогурез сурат намегирифт?

Аммо бо ин вуҷуд наметавон пурра боварӣ ҳосил кард, ки фирори зиндониён нақшаи ба гуфти коршиносон «касе аз боло» аст. Чун ҷустуҷӯ дар тамоми гирду атрофи ҷумҳурӣ боиси ташвиши мақомот гаштааст ва онро ҳам наметавон сарфи назар кард. Аз сӯи дигар, на ҳамаи нақшаҳо то охир ба дурустӣ иҷро мешаванд ва на ҳама вақт зери контрол гирифтани амалиёт муваффақона анҷом меёбад. Зеро аз рӯи гуфтаи коршиносон, агар Амрико медонист, ки рӯзе Толибон дарди сари худаш хоҳад шуд, ин гурӯҳро ташкил намекард.

Ба ҳар ҳол, фирори маҳбусон боиси халалдор гаштани амнияти кишвар шудааст ва умедворӣ мекунем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар боздошти онҳо комёб хоҳанд шуд.

Иқболи САИДЗОД, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: