Главная > Uncategorized > «Ободии бутхона зи вайронии мост»…

«Ободии бутхона зи вайронии мост»…

ва ё чаро ҷавонони  донишҷӯ ба намоз нараванд?

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба имомхатибон дастур додаст, то ки аз даъвати шогирдони мактабҳо ва донишҷӯён ба намоз дар рафти дарс худдорӣ кунад. Гуфта мешавад, ки ин амр ба хотири ворид накардани халал ба раванди таҳсили донишҷӯён роҳандозй шудааст. Чунки рӯзҳои ҷумъа аксар ҷавонон фориғ аз таҳсил барои адои намози ҷумъа равонаи масоҷид мешаванд. Масъули бахши фатво дар Маркази Исломии Тоҷикистон Қобилҷон Боев зимни як сӯҳбат   изҳор доштааст, ки бархе аз имомхатибон ҳангоми суханрониҳои худ ҷавонони мадрасаҳо ва донишгоҳҳоро ба масҷидҳо даъват мекарданд. Аз ин хотир Шӯрои уламо қарореро ба тавcиб расонидааст, ки даъвати шогирдон ба масҷид дар вақти таҳсил манъ карда шавад, зеро барои кӯдакону ҷавонон омӯзиш авлавияти бештаре дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки қарори Шӯрои уламо дар замоне роҳандозй шудааст, ки солҳои ахир вуруди кӯдакони то сини 12 сола ба масҷидҳо мамнӯъ шуда буд. Зеро ба гуфтаи  Қобилҷон Боев «бештаре аз ин кӯдакон ва наврасон воқеан ба тоату ибодати бузургсолон халал ворид мекунанд, чун умдатан машғули бозиҳои кӯдаконаи худ мешуданд». Аксари коршиносон аз он дар ташвиш афтодаанд, ки дар ҳолати аз таҳсил канор мондани ҷавонон эҳтимоли ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастани эшон низ афзоиш меёбад. Зеро дар ҷомеаи Тоҷикистони имрӯза масъалаи ҳузури ҷавонон дар масҷидҳо ва таҳсили мазҳабии онон ба як мушкилоти доғ табдил ёфтааст. Ба андешаи коршиноси масоили иҷтимоӣ Фирӯз Саидов Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст ва мазҳаб аз умури давлат ҷудо мебошад. Вақте ҷавонон тарки таҳсил карда ба масҷид мераванд, аз таҳсил канор мемонанд ва дар пайи бесаводӣ эҳтимоли пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро низ афзоиш меёбад, таъкид мекунад  ӯ.Воҳидҷон Косимов як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  бар ин назар аст, ки қарори Шӯрои уламои дин оиди манъи таблиғот миёни ҷавонон танҳо ба хотири таҳсил амалй шуда бошад пас, аз ин тасмим ҷонибдорй хоҳад кард. Вале дар сурати манъи даъвати ҷавонон ба исломро ҳадаф доштани ин қарор бархилофи қоидаҳои ислом ва муқаррароти «Қуръон» аст-мегӯяд ӯ. Аксар коршиносон аз босуръат исломишавии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.  Ин дар ҳолест, ки худи Президенти кишвар низ вақтҳои охир зимни суханрониҳои хеш аз афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба таълимоти мазҳабӣ ва ҳамчунон аз таҳсили эшон дар кишварҳои исломӣ ҳамеша изҳори нигаронӣ мекунад. Бо боварии Президенти Тоҷикистон аксари он терористону экстремистон нафаронеанд, ки дар мадрасаҳои исломӣ ( Арабистону Покистон) таҳсил мекунанд.  Аммо ин ҷо саволе посух мехоҳад, ки чаро бо  мавҷуд будани Донишкадаи исломй ва мадрасаҳо дар Тоҷикистон ҷавонон боз рӯй ба хориҷа меоранд? Оё ин аз сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудани донишкадаву мадрасаҳои мост, ё камтаҷрибагии муллоҳои Тоҷикистон ва ё заъфи ҳукумат дар мавриди қонеъ кардани талаботи динии муҳассилин?  Зеро аз як тараф ҳукумат иддао мекунад, ки ҷавонон дар масҷид ба таври қонунӣ намоз гузоранд, вале аз сӯйи дигар бархилоф рафтани эшонро ба масҷид манъ мекунад. Ба андешаи раиси маҷмааи уламои Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон Зиёдуллоҳи Розиқӣ «кишвари мо дунявӣ аст ва моҳияти давлати дунявиро хуб бояд фаҳмид. Давлати дунявй донишманди динй не, балки диншинос тайёр мекунад». Сабаби ба донишгоҳҳову мадрасаҳои кишварҳои исломӣ майл доштани аксари ҷавононро дар омӯхтани забони арабй медонад, зеро ба андешаи ӯ қисми зиёди он толибилмоне, ки донишкадаи исломии моро хатм мекунанд бо забони арабй дуруст навиштаву хонда наметавонанд. Зиёдуллоҳи Розиқ манъи ҷавоноро аз масҷид бештар амали зиддиисломй мепиндорад ва Вазорати маорифро гунаҳгор медонад, ки ҳамеша аз қафои сатри духтарон ва намозгузории шогирдону донишҷӯён аст. «зеро дар кишваре, ки аксар мардумаш мусалмон аст, сатр бастани духтару масҷид рафтани кӯдак чи зараре дошта метавонад»- мегӯяд ӯ.

Аммо як чиро набояд фаромӯш кунем, ки на ҳамаи он духтароне, ки дар зери сатри исломй худро паноҳ карда мегарданд, мақсади поку андешаи исломй доранд. Чунки имрӯз аксар ҷараёнҳову равияҳое ҳастанд, ки дар зери сояи ислом паноҳ бурда, ба корҳои ғайр машғуланд ва мақсадҳои  ғаразнок доранд. Аз ин лиҳоз сатр ҷанбаи сиёсй низ дошта метавонад, ки маҳз аз ҳамин ҷиҳат онро дар донишгоҳҳо манъ мекунанд. Чун вақтҳои охир, ки фазои кишвари мо то андозае ноором шуд, аксаран ин амалҳои терористонаро кори дасти онҳое донистанд, ки  дар ягон ҳаракату ҷараёнҳои исломй фаъолият доранд. Умуман имрӯз мебинем, ки исломишавии Тоҷикистон босуръат идома  дорад, шояд аз ҳамин сабаб чунин андешаҳо бармехезад.  Домулло Нурмуҳаммад Шарипов ба ислом тааллуқ доштани  воқеаҳои охири Тоҷикистонро, ки амали терористона мебошанд инкор намуд. «Ислом дини терористӣ нест, ислом динест, ки инсонҳоро ба покӣ ба ростӣ даъват мекунад»- зикр намуд ӯ.  Мо низ дар идомаи суханони коршиносони дину мазҳаб суханамонро ҷамъбаст намуда, аз забони аллома Иқбол мегӯем, ки:

Ҷамъияти куфр аз парешонии мост,

Ободии бутхона зи вайронии мост.

Ислом ба зоти худ ҳамон буд, ки ҳаст,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Фаридуни Умарбек,

«Пайкон»

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: