Главная > Uncategorized > Абдулмаҷид Достиев: «Тоҷикистон омодааст бо паланг набард кунад»…

Абдулмаҷид Достиев: «Тоҷикистон омодааст бо паланг набард кунад»…

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухбири рӯзномаи «Красная звезда» Валерия Бичурина бо сафири ҶТ дар Федератсияи Россия Абдулмаҷид Достиев сӯҳбате намуда, хоҳиш кардааст, ки аз муносибатҳои тарафайни ин  нақл намояд.

— Абдулмаҷид Салимович шумо оид ба муносибатҳои кунунии кишварҳоямон чӣ гуна баҳо медиҳед?  Ояндаи ин муносибатҳоро чӣ гуна тасвир мекунед?

— Муносибатҳои тарафайни Россия  ва Тоҷикистонро баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ хеле хуб арзёбӣ мекунам. Дар давоми 19 соли Истиқлол Тоҷикистон муносибаташро бо Россия тағйир надодааст. Тоҷикон бародарони руси худро хеле иззату ҳурмат мекунанд. Дар солҳои бесарусомониҳо, яъне солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 Россия аввалин кишваре буд, ки ба мо дасти ёрӣ дароз кардааст.

Ҳамкории мо дар ҳама соҳаҳо дида мешавад. Чунончи, байни шаҳри Москва ва Душанбе комиссияи Байниҳукуматӣ амал мекунад, ки тамоми масъалаҳои ҳалталабро чӣ дар соҳаи саноат, чӣ дар соҳаи захираҳои обӣ, чӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баҳсу ҳал қарор медиҳад. Аз соли 1992 то инҷониб байни ФР ва ҶТ 180 ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба имзо расидааст.— Маълум аст, ки иқтисодиёт муҳаррики тавонои ҳар давлату давлатдорӣ мебошад, ки шароити зиндагонии халқ низ ба он вобаста аст. Ба фикри Шумо муносибатҳои иқтисодии ҳар ду давлат 100% дар амал тадбиқ мешаванд?

— Муомилоти молии байни Россияю Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2010 402 миллион долларро ташкил медод. Дар 26 шаҳри Россия намояндагони молию  саноатии ҶТ кушода шудааст, 60 ширкатҳои муштарак дар Тоҷикистон амал мекунанд. Ин адад барои ҷумҳурии хурдакаки мо пешравии хубест. Чунин ширкатҳои муштарак дар соҳаи сохтмон, металлургияи ранга, энергетика, мебелсозӣ ва ғайра сохта шудаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон 3 намоиши фурӯши маҳсулотҳо «Молҳои беҳтарини бозори Россия», «Урал дар Душанбе», «Сибир дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

— Барои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна об-сарчашмаи ҳаёт аст. Тоҷикистон бошад, дорои захираи бойи об мебошад. ҶТ аз ин боигарии беҳамто чӣ гуна истифода мебарад? Ҳиссаи Россия дар ин самт чӣ гуна аст?

— Тоҷикистон мувофиқи ҷойгиршавии иқлимиаш дорои 60% захираҳои обии Осияи Миёна мебошад. Аз ин миқдор мо танҳо 10%-ро истифода мебарем, боқимондаашро ҷумҳуриҳои ҳамсоя истифода мебаранд. Дар баробари ин қариб 40% аҳолии кишвари мо аз нарасидани об танқисӣ мекашанд.

Мо тамоми шароитҳоро барои сохтани нерӯгоҳи барқиро дорем, ки ба манфиати тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мебошад. Дар асоси барномаҳо бо мадади Россия НОБ-и Сангтӯда-1 сохта шуд, ки ҳангоми ба истифода додани он Дмитрий Анатолевич Медведев иштирок намуд. Мувофиқи шартномаи имзо шуда Россия боз дар сохтмони 3 НОБ-и дигар ба мо кӯмак мерасонад.

— Маълум аст, ки муносибатҳои тарафайни байни Россияю Тоҷикистон дар соҳаи техникаи ҳарбӣ хеле ҷолиби диққат аст. Ақидаи шумо дар ин самт чӣ гуна аст?

-Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани  Тоҷикистон   Ҳукумати Русия барои ташкил намудани сохторҳои миллии сарҳадбонӣ ва инчунин барои муҳофизати сарҳади давлатии ин кишвар фаъолияти босамар намудааст. Қӯшунҳои муҳофизатии Русия дар самти ҳифз ва нигаҳбонии сарҳад нақши муассир гузоштааст. Айни ҳол низ  сарҳади давлатии мо бо техникаи муосир  ва мутахассисони ҳарбии Русия муҳофизат карда мешавад.

— Дар ҳамсоягии шумо Афғонистон ҷойгир шудааст,  ки аз он ҷо  интиқоли маводи мухаддир, хатари экстремизм ва терроризми  байналмилалӣ « сарчашма» мегирад. Ба андешаи Шумо чи корҳоро ба анҷом расонидан лозим аст, ки дар ин давлат сулҳ ва оромӣ шавад?

— Умед ба он ки қувваҳои хориҷӣ ба ҳам омада вазъиятро дар Афғонистон ба эътидол меоранд ба сифр баробар аст. Дар мо низ Қувваҳои дастаҷамъии сулҳхоҳ мавҷуд буданд, ки асосан ба он қушӯнҳои Русия шомил буданд ва мо  вазифаи миёнаравии ин қувваҳоро ба инобат гирифта, бо мухолифини худ  роҳи зудтар ба ифоқа омаданро меҷустем. Ҳамин гуна мардуми Афғонистон низ ҳузури Қувваҳои байналмилалии  сулҳхоҳро истифода бурда, бо мухолифини худ сулҳ банданд. Агар онҳо ин корро накунанд, ҳатто агар қароргоҳи  Пентагонро дар Кобул созанд  ҳам сулҳ дар ин кишвар  пойдор нахоҳад шуд. Мегӯянд, ки  дар вақташ падари  Ҳомид Карзайро Толибон ба ҳалокат расонида буданд. Айни ҳол зарур аст, ки ҳамон толибонро пайдо намуд ва ба хотири  сулҳ дар Афғонистон аз гуноҳи ҳамдигар гузашт.  Сарвари давлати мо- Эмомалӣ Раҳмон дар вақташ чунин роҳи ҳалли масъаларо пеш гирифта буд. Зеро дилхоҳ, ҳатто «бадтарин халқ» -ин беҳтар аст аз беҳокимиятӣ. Дар раванди пойдор намудани сулҳ дар кишвари Афғонистон ҳамсоякишварҳоро ҷалб намудан зарур аст, зеро ин кишварҳо нисбат ба дигар давлатҳо бештар ба оромӣ дар минтақа  ниёзманданд.

-Моҳи апрел дар Қирғизистон якбора вазъият тезу тунд гардид, ки таъсираш то ҳанӯз хомӯш нагардидааст. Ба андешаи Шумо то чи андоза пешгӯии баъзе аз сиёсатшиносон, ки мегӯянд ба ҷануби Қирғизистон гузаштани муҷоҳидон аз Афғонистон метавонад вазъиятро дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна муташанниҷ гардонад?

— Ба қадри имкон на тавассути миқёси  Тоҷикистон. Айни ҳол Тоҷикистон барои бехатари дар мамлакат омодааст, ҳатто  бо « паланг» дар набард шавад. Дар ҷумҳурии мо тамоми имкониятро мавҷуд аст, ки мо бехатарии худро ҳифз намоем.  Мо намегузорем, ки ин гуна «қувваҳо» тавассути сарҳади мо гузаранд. Мо тоҷикон на камтар аз ҳамсояҳои худ, қирғизҳо ва афғонҳо дар пойдоршавии сулҳ  дар минтақа завқмандем. Агар вазъият дар Қирғизистон ва Афғонистон мӯътадил бошад, мо дар кишвари хеш худро осуда эҳсос мекунем.

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: