Главная > Uncategorized > Аз оилаи Тӯраҷонзодаҳо муфтӣ интихоб мегардад?

Аз оилаи Тӯраҷонзодаҳо муфтӣ интихоб мегардад?

Муфтии навбатӣ «бачаи гапгир»-и ҳукумат хоҳад буд?

Пас аз даргузашти муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода бар асари бемории саратони меъда баҳсу гуфтугӯ сари мавзӯи мансаби муфтӣ зиёд шудааст. Ҳарчанд фатводиҳанда ё қозӣ будан масъулияти бештарро талаб дорад, аммо ҳоло чунин ба назар мерасад, ки талабгори муфтӣ шудан дар кишвар зиёд аст ва интихоб гаштан ба ин вазифаро бархе муллоҳо ҳамчун соҳиби мансаби баланде шудан меҳисобанд.

Истиқбол аз тасмимҳои ҳукумат

Амонуллоҳ Неъматзода тӯли 13 соли охири фаъолияти худ роҳбарии се мақоми умури мусалмонони кишвар, аз ҷумла, муфтии ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва раиси ин марказро ба ӯҳда доштааст. Аммо гуфта мешавад, ки дар чанд соли охир бо вуҷуди барпо гаштани конфронсу ҷаласаҳои исломӣ дар Тоҷикистон, эълом гаштани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ ва ҷашни бузургдошти соли Имоми Аъзам маҳдудиятҳои зиёде ҳам дар фаъолияти мусалмонони кишвар ба назар мерасад. Маҳдудияти пӯшиши сатр дар макотиби олӣ ва миёна, манъи баланд гуфтани азон дар масҷидҳо, тағйирот дар қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ оид ба манъи намозхонӣ ҳангоми ҳузур дар кор, баста шудани баъзе масҷидҳо, манъи таълими Қуръон ва аҳкоми шариат бидуни муҷаввиз аз ҷумлаи маҳдудиятҳое шуморида мешавад, ки дар солҳои охир аз ҷониби ҳукумат рӯи даст гирифта шудааст ва ҳамеша дар муфтиёти Тоҷикистон тасмими ҳукуматро бамаврид арзёбӣ карда, истиқбол кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон то ин замон боре нашуда, ки масъулони ин мақомот аз тасмими ҳукумат изҳори норизоӣ карда бошанд.

Муносибати дину давлат  ва зарурати қозиёт

Дар чанд соли охир коршиносон ва шахсиятҳои мазҳабӣ аз вазъи муносибати давлат ва дин изҳори нигаронӣ карда, хостори таҳияи тарҳи наве буданд, ки тавонад ба миён омадани ҷараёнҳои тундрав ва ифротгароро пешгирӣ намояд. Ба гуфтаи таҳлилгарон нақши Маркази исломии Тоҷикистон дар ин маврид чандон назаррас набудаву як ниҳоди вижае таъсис додан лозим аст, ба мисли муфтиёт ё қозиёти собиқ, ки дар ҷомеа нақши муассир дошта бошад. Вобаста ба ин мавзӯъ дар ҳафтаномаи «Пайкон» озмуне таҳти сарлавҳаи «Кӣ ба мансаби қозӣ ё муфтӣ сазовор аст?» доир шуда буд, ки дар он ҷонибдории одамон аз мавқеи рӯҳониён ва шахсиятҳои саршиноси динӣ дарҷ ёфта буд. Дар ҷамъбасти озмун ғолибият бо аксари овозҳо насиби яке аз рӯҳонии маъруфи Тоҷикистон, эшони Нуриддин Тӯраҷонзода гашта буд, ки интихоб шудан ба мансаби муфтиро ба ӯ лоиқ дониста буданд. Дар ин озмун номи рӯҳониёне, ба мисли эшони қиёмиддини ғозӣ, Ҳоҷӣ Мирзо, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, домулло Пирмуҳаммад, эшони Нуриддин, домулло Абдураҳим, марҳум Амонуллоҳ Неъматзода навишта шуда буд, ки ҳар яке аз онҳо чеҳраҳои шинохта дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, мухлисон ва пайравони зиёде доранд. Мақсади асосӣ пеш аз ҳама маълум намудани шахсиятҳои рӯҳоние буд, ки аз ӯҳдаи коргузории чунин ниҳод бароянд. Аммо ин пешниҳод нисбӣ буд ва ҳоло воқеият чизи дигар аст. Новобаста аз ҷонибдории мардум ва раъйи онҳо аз тарафи ҳукумат ҳар рӯҳоние лоиқ дониста шавад ба ин мансаб таъйин мегардад.

Кӣ шанси бештар ба муфтӣ шудан дорад?

Дар доираҳои фарҳангии кишвар номи се тан аз ҷонишинони Неъматзода, аз ҷумла, Домулло Маъруфҷон Раҳимзода, ҷонишини авали раиси Маркази исломии Тоҷикистон, эшони Саидҷон, ҷонишини муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ҷонишини муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд ҳамчун ҷойгузинони эҳтимолии Неъматзода ном бурда мешавакнд. Вале бештари таҳлилгарон интихоб шудани муфтӣ аз оилаи Тӯраҷонзодаҳоро аз эҳтимол дур меҳисобанд. Зеро ба гуфтаи коршиносон барои ҳукумат «бачаи гапгир» лозим аст ва шахсоне, ки ба таври кушоду равшан манфиати мардуми мусалмонро ҳимоят мекунанду аз қонунҳои мавриди назари ҳукумат ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо нисбати мусалмонон норозигӣ баён менамоянд, лоиқи мансаб дониста нахоҳанд шуд.

Нашрияҳои мустақил баста мешаванд?

Гуфта мешавад, ки нисбати Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва Маъруфҷон Раҳимзода барои расидан ба мансаби муфтӣ шанси эшони Саидҷон бештар аст. Бо як баёнияе, ки ин рӯҳонӣ изҳор дошта буд: «матбуоти хусусии Тоҷикистонро бояд аз байн бурд», зикри номаш ҳамчун муовини Амонуллоҳ Неъматзода дар маҳфилҳои матбуотӣ бештар гардид. Ҳамакнун интизор меравад, ки дар сурати ҷойгузини муфтӣ шудани ӯ дубора мавзӯи бастани нашрияҳои мустақил шояд баҳси матбуотӣ хоҳад шуд. Вале ба ҳар ҳол гуфта мешавад, ки бо вуҷуди шанси бештар доштани ин се нафар руҳонӣ баҳри ҷойгузини муфтӣ шудан, боз ҳастанд шахсиятҳое, ки лоиқи кор кардан дар ин вазифа мебошанд. Ба гуфтаи коршиносон ва шахсиятҳои мазҳабӣ ҷомеаи 97 дар сад мусалмони Тоҷикистонро бе роҳбари динӣ ва маънавӣ тасаввур кардан нашояд. Аммо аз ҳама муҳимтар он аст, ки роҳбари мусалмонони кишвар бояд шахсияте донишманд, тақводор, муҳиби мардум ва дар байни мардум соҳиби обрӯву эътибори хоса бошад.

Мӯсо Акрамзода

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: