Главная > Uncategorized > Аз ҳастии даҳрӯза ба танг омадаем…

Аз ҳастии даҳрӯза ба танг омадаем…

Ё ҳуқуқпоймолкунӣ ва қонуншикании ҳукумати

шаҳри Ваҳдатро Суди олии иқтисодӣ дастгирӣ мекунад?

Мо на аз ҷабру зулми кадом ҳамсоякишвар, рақиби оштинопазире ба дод омадаем, мо аз ноадолатиҳои раиси шаҳрамон, ки  намояндаи Президенти мамлакат дар шаҳри Ваҳдат маҳсуб меёбад, ба танг омадаем.

Маълум аст, ки чунин муносибат аз ҷониби чиновнике, мансабдоре ва ё роҳбаре нисбат ба мардум дилмондагию парешонҳолӣ, дар маҷмӯъ норозигии ҷомеаро ба бор меорад.

ҳамагӣ чанд рӯз қабл 19-умин солгарди Истиқлолияти ватани азизамонро тантанавор ҷашн гирифтем ва дар ин 19 сол мебоист ба хеле пешравӣ ноил мегардидем, чӣ дар соҳаи иқтисодиёт, маънавиёт ва иҷтимоиёт.

Аммо он чӣ ки садди роҳи пешравии ҷомеа гардидааст, ба ғайр аз коррупсия  ноадолатии зиёде доман паҳн кардааст, ки ин ҳарду дар якҷоягӣ хатарзост. Гарчанде Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзишҳои олӣ эълон намуда, эътироф  кардааст, лекин дар ҳаёти реалӣ поймол кардани ин арзишҳои олӣ ҷой доранд ва  он ҳам бошад  аз тарафи мансабдорон. Мо аз саҳифаҳои ҳафтаномаҳои даврӣ огоҳем, ки мардум аз мансабдорони бонуфуз вазорату ноадолатии судҳо шикоят меоранд. Ин ҳолатҳо дар шаҳри Ваҳдат ҳам ҷой доранд ва на кам аз дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ. Як баҳсе, ки миёни мо гурӯҳи соҳибкорони инфиродии шаҳри Ваҳдат ва раиси шаҳрамон Анвари Вайсиддин 5-сол боз идома дорад ва онро худи раис тариқи сунъӣ ба миён гузоштааст. Дар ҳоле, ки имкон дорад  бе  ягон баҳс ҳалли худро ёбад. Аммо моҷарои байни мо гурӯҳи соҳибкорон ва раиси шаҳр аз он сарчашма гирифтааст, ки дар ин давраи итсиқлолияти миллӣ, солҳои охир замин ҳамчун моликияти истисноии давлат, ба хариду фурӯш бароварда шуд ва бо нархҳои гарон,  ҳар касе тавонист бо ҳар роҳу восита беҳтарин қитъаи заминро аз они худ кард.

Мо гурӯҳи соҳибкорон соли 1999 бо риояи ҳама меъёрҳои қонунӣ бо қарорҳои раиси даври собиқ шаҳри Кофарниҳон ба мо қитъаҳои замин барои сохтмони дӯконҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум ҷудо карда дода  буд, дӯконҳо сохта шуда буданд ва мо то имрӯз ба соҳибкории худ машғулем. Аммо аз сабаби он, ки дӯконҳои мо аз диди имрӯза дар маркази шаҳр, дар шафати бозори марказӣ ҷойгиранду мавқеи ҷойгиршавии дӯконҳои мо барои “бойбобоҳо” маъқул аст, аз аввалҳои соли 2006-ум раиси шаҳрамон нақшаи кӯчонидани дӯконҳои моро тарҳрезӣ кард, Далелҳои хоме оварда мешавад, ки гӯё дар болои дарёи Кофарниҳон кӯпруки калони мошингард сохта мешаваду дӯконҳои мо садди роҳ бошанд, огоҳикунии шифоҳию хаттӣ ва фишороварӣ оид ба кӯчонидани мо сар шуд.

Охири соли 2006 аз тарафи Маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Ваҳдат таҳти №  98 аз 25.12.2006 сол қарор қабул карда шуд. Бо ин қарор қарорҳои соли 1999, ки ба мо қитъаҳои замин дода шуда буданд беэътибор дониста шудаанд. Ин дар ҳоле, ки тибқи моддаи 79-и (Сарқонуни) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19-и қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» на раиси шаҳру ноҳия ва на Маҷлиси намояндагони халқи шаҳру ноҳия ҳуқуқи бекор кардани қарорҳои соли 1999-ро надоштанд. Мо аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ истифода бурда, бо боварии том, ки ин қарори ғайриқонунии маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Ваҳдатро Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ним соат баррасӣ намуда, беэътибор эътироф мекунад, ба Суди Олии иқтисодӣ даъво пешниҳод намудем (аз 28 нафар, 6 нафарамон).

Мумкин хонанда хаёл кунад, ки баррасии даъвои мо, яъне беэътибор донистани як қарори ғайриқонунӣ 3 рӯз, як ҳафта ё як моҳ давом карда бошад. Не, баррасии ин парванда дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёздаҳ моҳ тӯл кашид ва медонед бо чӣ анҷом ёфт? Намедонед?! Бо созишномаи оштии ғайриқонунӣ.

Он далелҳои по дар ҳавое, ки гӯё мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдат ба мо ба ҷойи дӯконҳоямон қитъаҳои замин, дӯконҳо ё арзиши дӯконҳоямонро ба мо дода бошад,  Суди Олии иқтисодӣ насанҷида ҳалномаи нодуруст баровардааст. Акнун куҷост он шахсияти асили ватандӯсти ҳақиқатпарасте аз ҳисоби мақомотҳои назоратӣ, ки ин қазияро аз аввал то охир санҷида барояд?

Охирон мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдат бо аризаи даъвогӣ дар бораи таҷзия ва вайрон кардани дӯконҳои мо ба Суди Олии иқтисодӣ муроҷиат карда буд ва моҳи гузашта аз рафти маҷлиси пешакии судӣ ба мо маълум гардид, ки даъвои мақомоти иҷроия қонеъ карда мешавад.

Рӯзи дигар маҷлиси судӣ сар шуд, мо нисбати судя тариқи хаттӣ раддия пешниҳод намудем, раддияи мо аз тарафи раиси Суди Олии иқтисодӣ рад карда шуд ва оид ба таҷзия ва вайрон кардани дӯконҳои мо ҳалнома бароварда шуд. Ба ин  ҳалномаи Суди Олии иқтисодиро мо тариқи апеллятсионӣ санаи 7-уми сентябри соли 2010  шикоят кардем. Аммо мо боварӣ дорем, ки ё шикояти мо бо кадом баҳонаи камбудӣ баргардонида мешавад ва агар  баррасӣ карда шавад ҳам, боварӣ дорем рад карда мешавад .Вале  борҳо Президенти мамлакат таъкид мекунад,ки «Судя ҳуқуқи хато кардан надорад». Аҷабо! Ҳамаи ин қонуншиканӣ ба чӣ хотир бошад? Охир, мо бо чунин амалҳо ба куҷо равонем? ҳама хурду калон медонад, ки замин моликияти давлат аст ва он дар истифодаи касе набошад дар ҳолати зарурӣ барои давлату ҷамъият онро давлат гирифта метавонад. Аммо гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ роҳҳои қонунии худро дорад. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус моддаҳои 37, 38, 38; 39, 40, 40; ва маҷмӯъи қонунҳои дигар мавҷуданд, ки онҳоро бояд истифода бурд.

Умуман дар ҷомеа адолат кам аст ва ё умуман нест, алалхусус  беадолатӣ  дар соҳаи судии мо дар ҷойи аввал меистад ва маълум, ки сар то сар луқмаҳо ҳарому нафасҳо олуда гардидаанд, ҳирси мардум ба пулу молу сарватғундории зиёд ва ахлоқ дар ҷомеа коста гардидааст ва ҳамаи ин ба тафаккурҳо бетаъсир намемонад.

Маълум, ки дар чунин фазо ҳаёти ширин талхтар гардида, дилмондагию рӯҳафтодагӣ дар ботини шахс реша давонда ба танг меояд, зиндагӣ қимати аслии худро гум мекунад ва байни ҳаёту марг як ваҷаб роҳ мемонад. Ин аст, ки худкушиҳои бисёре дар ҷомеа ва мардон ҳам, ба худкушӣ даст мезананд. Боз ҳам норасоии адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа. Вагарна наход рӯйирост, беибо, нотарсона ҳуқуқҳои мардумро поймол карда, мардумро аз моликияташ маҳрум кардан, ин расми тоҷикӣ бошад?

Агар писарбачаи сағири камбизоати гуруснаи ноболиғе бо мақсади нон харидан даст ба кисаи кадоме бурда, 5 ё 10 сомонӣ дуздад, ӯ ҳатман аз рӯйи қонун муҷозот мешавад. Аммо тӯли 5 сол раис, намояндаи Президенти кишвар ҳама роҳу воситаҳои ғайриқонуниро истифода карда, моро аз моликиятамон маҳрум карданӣ аст ва арзу доди мо ба ҳама мақомотҳои дахлдори давлатӣ борҳо расидаасту ягон чорае аз тарафи ягон мақомот дида нашудааст.Ба дод омадему мегӯем:

Мо аз ин ҳастии даҳрӯза ба танг омадаем,

Вой бар Хизр, ки зиндонии умри абад аст.

Собирова Гуландом

Саидова Меҳринисо

Шарипов Беҳрӯз

Мирзоев Умар

Нуров Беҳрӯз

Қурбонов Миҳтоҷ

Фақиров Зубайдулло

Содиқов Усмонҷон

Гулов Абубакр

Давлатов Бобошо

Розиқова Сайёра

Маҳмадиев Саид ва дигарон,

гурӯҳи соҳибкорони

инфиродии шаҳри Ваҳдат

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Назаров Ахтам Пулотович
    Сентябрь 20, 2010 в 11:16 дп

    Салом ҳайати рўзномаи ҳақиқатпараст «Пайкон».
    Мақоларо хонда, фикри худамро кўтоҳ баён мекунам, ки дар Тоxикистон адолати судb НЕСТ! Судяҳои судҳои поёнию болои худ қонундонҳои қонуншикан мебошанд. Сабаби беадолатии судяҳои судҳо ва кормандони мақомоти Прокуратура аст, ки мардум ба худкушb даст мезананд.
    Раҳмат ба ҳайати рўзномаи «Пайкон»!

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: