Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Азиз ба маркази Қирғизистон шаҳри Бишкек наздик меомад. Тайёра баробари ба фурӯдгоҳ наздик шудан, ҳамон қадар паст фаромадан мегирифт. Азиз аз тирезачаи тайёра ба замин, ба шаҳр наззора мекард. Хонаҳои сӯхта истода, дуду оташ аз боло бараъло намоён буд. Ин Тоҷикистони соли 1992-ро ба хотир меовард. Дили Азизро як намуд яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд. На фақат Азиз, балки ҳамаи дар тайёра будагонро ин ҳолат фаро гирифта буд. Ғайр аз Азиз боз ду нафар тоҷики қистоқузӣ низ дар ин тайёра буданд. Азиз бо онҳо баъди ба Бишкек расидан, ҳангоми суроғ кардани мошине, ки ба тарафи сарҳади Тоҷикистон равон бошад, шинос шуд. Се нафар баъди чанде бо чор нафар савдогари истаравшанӣ, ки барои бор ба мағозаҳои худ ба бозори байналмилалии шаҳри Бишкек омада, дар бало монда буданд, вохӯрданд. Акнун ҳафт нафар Тоҷикистонӣ дар маркази Бишкеки валангор дар суроғи мошин ин сӯю он сӯ дар такопуй буданд. Ниҳоят қистакузиҳо  соҳиби минибусеро ёфтанд, ки онҳоро бар ивази панҷсад доллари амрикоӣ ба наздикии сарҳади Тоҷикистон, ба қарибии деҳаи Қистакуз овардан ризо шуд. Ронандаи начандон ҷавон, чил-чилупанҷ сола шарики ӯ қирғизи бисту панҷ, бистуҳаштсолаи тануманд буданд. Чашмонашон бозӣ мекард. Қаллоби гузаро буданашон аз эҳтимол дур набуд, вале чӣ бояд кард, илоҷи дигар нест. Ҳафт нафар тоҷикон панҷсад доллари амрикоӣ ҷамъ карда доданду он минибус ба роҳ баромад. Соате роҳ нарафта яке аз савдогарон ҳис кард, ки ба дигар тараф рафта истодаанд. Дарҳол аз ронандаҳо сабаб пурсид. Дар ҷавоб онҳо гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои яке аз онҳо дар хона мондааст онро мегиранду пас мегарданд. Дар ҳамин  ҳолат мошин ба дарвозаи ҳавлие наздик шуд. Ҳозир «газел» ба назди давоза нарасида он кушода шуд ва мошин ба дохили ҳавлӣ даромад. Дар асл ин ҳавлӣ набуда, ҷойи таъмиргоҳ ё чизи дигаре буд. Хулоса мошин дохили он шуд. Понздаҳ, бист нафар мардони ҳузарб мусаллаҳ бо ҳар гуна чӯбу оҳанҳо дар интизори онҳо буданд. Баробари қарор гирифтани мошин онҳо ба дохили он зада даромада, тоҷиконро кашолакунон аз мошин фароварданд. Аввал онҳо бе ҳеҷ пурсупос бо он оҳану чӯбҳои дасташон  мезаданд. Азиз, ки аз афту андоми ронандагон дилаш дур рафта ягон воқеа шуданашро чашмдор буд, ба қирғизҳо муқобилият нишон медод.ӯ ду нафари онҳоро зада афтонд. Аз якеи онҳо чӯби дасташро кашида гирифта, боз ду нафари дигарро аз пой афтонд. Дар охир як ғоратгари дигар аз қафо омада, бо оҳан ба сари Азиз фуровард. Азиз дарҳол аз ҳуш рафта, аз пой афтод. Он чор нафар савдогар низ бо шиддат муқобилият мекарданд. Вале афсӯс, ки қувваҳо нобаробар буданд. Ду нафар савдогари суғдӣ беҳушу беёд хоб буданд. Ду нафари дигар бо бадани абгор ва сарурӯйи хуншор муқобилиятро бас карданд. Ду нафар Қистакузии дигар, ки умуман муқобилият накарда, дар кунҷе ларзида меистоданд,  камтар лат хӯрданд. Баъд аз он ғоратгарон аз сумкаҳо сар карда, то либосҳои таги онҳоро кофта ҳамаи пулҳои онҳоро гирифтанд, зиёда аз ҳазор доллари Азизи беҳушу беёд хобро, маблағи бисёри савдогарони суғдиро низ гирифтанд. Ду нафар кистакузӣ пулҳои худро бо ду дасти адаб доданд

Нормуҳаммади Бекзода,

Санкт-Петербург

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: