Главная > Uncategorized > Камбағал калтак мехӯрад?

Камбағал калтак мехӯрад?

Тасмими нави Бонки миллии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта бо пахши изҳороте муаррифӣ шуд, ба муомилот баровардани пулҳои 3, 200 ва 500-сомонӣ буд. Ин изҳорот миёни аҳли ҷомеа гуфтугӯҳоеро ба вуҷуд овард. Акнун ҳар нафари камбизоат ба худ суол медод, ки баъди ба муомилот баромадани пули арзишаш баланди 200-сомонӣ ё 500-сомонӣ аҳволи ӯ ва ӯ баринҳо чӣ мешавад? Оё метавонанд нархи тағйирнаёбандаро интизор бошанд ё сар ба сад дар задаву 3-сомонае барои харидани картошкаи 1-сомона меҷӯянд? Дигаре даст меафшонду мегуфт: «Хайр, ин ҳам як нақшаи дигар барои фоидаи давлат. Камбағал дар ҳама ҷо калтак мехӯрад».

Нуктаи охири сарматнамон дар изҳороти Бонки миллӣ равшан таҷассум шудааст: «Бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500-сомониро аз чоп бароварда, барои ба муомилот ворид сохтан омода кардааст». Дар зимн, Бонки миллии Тоҷикистон дар изҳороти худ як қатор авомили ба муомилот баровардани пули навро шарҳ додааст: «Тавре ба ҳамагон маълум аст, 10 сол муқаддам ба муомилот пули нави миллӣ — сомонӣ ворид гардида буд. Дар ин давра иқтисодиёт рушд кардаю сатҳи некӯаҳволии мардум боло рафт. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 11 маротиба, даромади буҷети давлатӣ 22 маротиба, музди миёнаи меҳнат 17 маротиба, гардиши мол дар дохили кишвар 10 маротиба ва гардиши савдои хориҷӣ 6 маротиба зиёд шуд.

Ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ ва зиёд шудани ҳаҷми савдои хориҷӣ, ҳамчунин боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ боиси он гардид, ки дар ин давра нархҳои маҳсулоти истеъмолӣ 4 маротиба баланд шуд.

Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, гардиши мол ва нишондиҳандаҳои дигари иқтисодӣ сабабгори 22 маротиба зиёд шудани ҳаҷми пул ва тағйир ёфтани сохтори он гардид. Масалан, агар дар ибтидои соли 2001 дар муомилоти пулии кишвар дирамҳо, 1 ва 5-сомониҳо 42 фоизро ташкил медоданд, ҳоло ҳиссаи онҳо ҳамагӣ ба 9 фоиз баробар шуда, ҳаҷмашон 5 маротиба афзудааст. Ҳиссаи 50 ва 100-сомониҳо бошад, аз 9 то 52 фоиз расида, ҳаҷми маблағи онҳо 127 маротиба зиёд шудааст.

Тавре аз рақамҳои боло бармеояд, талаботи бозор ба пулҳои арзишашон баланд зиёд шудааст ва бо сохтори мавҷудаи пулӣ қонеъ гардонидани ин талабот рӯз то рӯз мушкил гашта истодааст. Бинобар ин, зарурати дар баробари истифодаи пулҳои мавҷуда ба муомилот баровардани сомониҳои арзишашон баланд ба миён омадааст. Гузашта аз ин, дар ҳоли ҳозир ҳал накардани ин масъала қабл аз ҳама боиси ба таври зиёд истифода шудани пулҳои миллии арзишашон баланд ва асъори хориҷӣ мегардад, ки ин бешубҳа ба иқтисодиёти кишвар зарар ворид хоҳад кард. Ҳамчунин дар муомилот нигоҳ доштани миқдори зиёди пулҳои камарзиш ба зиёд шудани хароҷоти давлат барои чоп, ҳамлу нақл ва коркарди онҳо оварда мерасонад».

Аз инҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки шояд давра ба давра пулҳои арзишашон паст аз истифода бароянд ва ин ҳолат боиси баланд шудани нарху наво гардад. Аммо коршиноси тоҷик Фирӯз Саидов ин равандро дар ҳоли ҳозир ногузир медонад. ӯ аз ҷумла мегӯяд: «Пули 1-сомонию 5-сомонӣ ва 10-сомонӣ аз истифода берун намешаванд. Барои он ки, ба онҳо талабот ҳоло вуҷуд дорад. Он нархномаҳое, ки дар бозор ҳаст, қисми зиёд дар ҳудуди 1-2 сомониянд. Пеш аз ҳама маҳсулоти хоҷагии қишлоқ. Ин маҳсулот пули хурдро тақозо мекунад. Аз рӯи қоида, пули майда дар муомилот бояд зиёд бошад. Қариб 40-50%-и пулро пулҳои 1-сомонию 5-сомонӣ ва 10-сомонӣ ташкил мекунанд».

Коршиноси дигари тоҷик Беҳзод Ҷӯраев бошад, дар мавриди ин ки оё баъди ба муомилот баромадани пулҳои нав нарх боло намеравад ва оё беқурбшавии пули миллӣ ба вуҷуд намеояд, чунин ибрози назар намуд: «Ба ин савол ду ҷавоб додан мумкин аст. Аввалан, таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёр давлатҳо пулҳои арзиши номиналияшон баланд шаҳодат аз беқурбшави пул медиҳанд. Яъне, вақте 500-сомонӣ ба муомилот бароварда мешавад, агар дар ҳолати лозимӣ аз тарафи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида нашавад, мумкин аст оҳиста — оҳиста асъори мо ба беқурбшавӣ руй орад. Бинобар ин, мувофиқи мақсад мебуд, ки аввал ба муомилот пулҳои арзиши номиналияшон 100-сомонӣ ё аз ҳама баландаш 200-сомонӣ бароварда мешуд. Чунки ҳоло зарурат ба 500-сомонӣ баровардан набуд. Дуюм ин ки, ба муомилот баровардани пулҳои арзишашон баланд тақозои замон аст. Чун маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо зиёд шуда истодааст, дар муомилот будани пулҳои нав зарур аст».

Иқтисодчӣ, устоди донишгоҳ Табаралӣ Ғаниев дар ин маврид назари хоси худро дорад. Мавсуф мегӯяд: «На ҳама вақт иваз шудани пулҳо ё ворид гаштани пули арзишаш баланд боиси болоравии нархҳо мегардад. Баръакс, он боиси осоншавии ҳисоббаробаркуниҳо мешавад. Худи талаботи пули нав баровардан ҳам аз он иборат буд, ки хоҳ нохоҳ қимати молҳо аз он рӯзе, ки мо аввалин маротиба, 10 сол пеш пул бароварда будем, хеле боло рафтааст. Бинобар ин, маълум аст, ки бе ин ҳам қурби пешинаи сомонӣ намондааст. Пули нави 3-сомонӣ, 200-сомонӣ ва 500-сомонӣ ҳисоббаробаркуниро осон гардонида, болоравии нарх ё беқурбшавии пулро нигоҳ медорад. Дар ин ҷо болоравии нархҳо бояд мушоҳида нашавад, чунки худи вазифаи муҳими пул таъмини мубодилаи бенуқсони молию пулӣ дар мамлакат аст. Аз ин хотир, вақте пулҳои калон мебароянд, хароҷоти баровардани пул низ кам мешавад».

Пулҳои нав, ки ҳанӯз дар муомилот дида намешаванд, аксҳои қаҳрамонҳову шахсиятҳои машҳури тоҷикро дар бар доранд. Масалан, рӯи 3-сомонӣ акси Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, рӯи 200-сомонӣ сурати Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва рӯи 500-сомонӣ акси сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷой гирифтаанд. Аммо суоли қисме аз мардум ин аст, ки чаро дар ягон пули миллӣ акси Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷой нагирифтааст?

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: