Главная > Uncategorized > Онишенко!!! ҳар чӣ мехоҳӣ бигӯ!

Онишенко!!! ҳар чӣ мехоҳӣ бигӯ!

Геннадий Онишенко, сартабиби беҳдоштии Русия дар баёнияи баҳсбарангезе гуфтааст, хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон барои кишвари ӯ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар ҳоле ки чанд моҳ боз ягон маврид гирифторӣ ба фалаҷ дар Тоҷикистон сабт нашудааст. Геннадий Онишенко, ба хабаргузории давлатииРИА Новостигуфтааст, бо назардошти равобити наздик ва ҳамчунин сафари зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия хатари беморӣ барои ин кишвар бисёр ҷиддӣ аст. Бемории фалаҷи атфол, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон хурӯҷ кард, то кунун ба бештар аз 450 нафар сироят карда ва 20 нафар кӯдаконро куштааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, беморӣ дар Тоҷикистон аз густариш мондааст ва охирин мавриди сироят ҳам моҳи июл сабт шудааст. Дар Русия то кунун 12 мавриди бемории фалаҷи атфол сабт шудааст. Бар хилофи баёнияи кунуниаш, Геннадий Онишенко моҳи гузашта дастур дода буд, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи сирояти бемории полиомелит дар Тоҷикистон ба ваксинзании шаҳрвандони ин кишвар зимни вуруд ба Русия хотима дода шавад. Вобаста ба ин масъала бо суоли «баёнияи навбатии Онишенко ба кадом ҳадаф равона шудааст, ин баёния ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва муносибати байни ду давлат чи таъсире гузошта метавонад?» ба чанд нафар муроҷиат намудем. Шокирҷон ҲАКИМОВ, коршиноси масоили байналмилалӣ: — Воқеан ин бори аввал буд, ки дар ҳамин сатҳ бо истифода аз ваколати хизматияш Онишенко ҳар гуна изҳоротро пахш мекунад, ки моҳияти он рушди устувори муносиботи Тоҷикистонро бо ин кишвар халалдор мекунад. Ин боиси таассуф аст, вале маълум аст ба таври сунъӣ  баъзан мо кӯшиш мекунем тариқи ВАО аз мушкилотҳо гап занем ва мардумро хотирҷамъ кунем. Шояд ягон далел ё санади расмие дошта бошад, мо бояд таҳқиқ кунем ва ба ҳар сурат аз пайи ислоҳи камбудӣ шавем. Агар ҳамин гуна изҳорот заминаи воқеӣ  надошта бошад, пас сохторҳои марбута ва масъули Ҳукумати Тоҷикистон бояд як посухи ҷиддӣ диҳанд ва ин як аксуламали хуб мебуд. Ва ҳамин тавр бояд шавад. Ҷобирова САИДА, муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон: -Он чизе ки Онишенко гуфтааст вазъи беҳдоштиро  то 23 июни соли 2010 инъикос менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 23 июни соли 2010 ягон ҳодисаи нави фалаҷи ёбоӣ ба қайд гирифта нашудааст. Пас аз ба эътидол омадани вазъ дар ҷумҳурӣ оид ба гирифторӣ ба бемории фалаҷи ёбоӣ, моҳи июли соли равон бо иҷозати худи ҷаноби Онишенко он маҳдудияте, ки вобаста ба воридшавии кӯдакони Тоҷикистон ба сарзамини Федератсияи Россия гузошта шуда буд, аз миён бардошта шуд. Айни ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ чорабиниҳои пешгирикунанда – эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ идома ёфта истодааст ва ин рӯзҳо дар 34 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе  рӯзҳои эмгузаронии тозакунӣ (почищающая иммунизация) бар зидди бемории фалаҷи ёбоӣ (ваксинаи моновалентӣ) баргузор шуда истодааст. Инчунин бо мақсади боз ҳам пурқувват намудани масъунияти гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ (кӯдакони 0 – 15 сола) бар зидди бемории фалаҷ дар моҳҳои октябр ва ноябри соли равон Рӯзҳои миллии эмгузаронӣ (полиоваксина – ваксинаи севалента) ба нақша гирифта шудааст. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки вазъи ҷумҳурӣ оид ба бемории фалаҷ пурра зери назорат мебошад ва ягон хатар чи барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва чи барои шаҳрвандони дигар давлатҳо, бахусус Федератсияи Россия вуҷуд надорад. Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон: -Ба назари ман Онишенко аз моҳи июн то ҳозир хоб аст. Чунки  аз ҳамон вақт то ин замон ҳеҷ тағйироти афзоиши  бемориҳои атфол нашудааст ва он чизе  буд, он вақт гузашт. Дар масъалаҳои дигар гуфтаҳои Онишенкоро дастгирӣ набояд кард. Ҳозир тамоми  меваҳои хушки мо ба он ҷо меравад. Барои ҳамин мавқеи Онишенко бо мавқеи ҳукумати Русия мувофиқат намекунад. Аз ин сабаб мо аслан ба Онишенко ва Жириновский бовар накунем ҳам, мешавад. Чунки ҳардуи онҳо андешаҳое, ки гуфтаанд, бар зидди манфиатҳои мо ва Русия равона шудаанд. Ин албатта натиҷаҳои хуб барои худи Русия надорад. Кишварҳои ҳавасманде ҳастанд, ки мехоҳанд ҳарчӣ бештар муносибатҳояшонро бо Тоҷикистон  хуб кунанд ва дар ин ҷо мавқеъ дошта бошанд ва ҳам аз нуқтаи назари ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, доираи таъсири онҳо бештар бошад.  Аз ин  сабаб ҳар як сиёсатмадори Русия дар ҳамин раванди зидди Тоҷикистон сӯҳбат мекунад, вай натанҳо манфиатҳои Тоҷикистонро поймол мекунад, дар муқобили манфиатҳои миллии мо қарор дорад, балки онҳо пеш аз ҳама ба муқобили худи Русия, манфиатҳои миллӣ ва давлатии Русияро зери пой мекунанд. Хилватшоҳи МАҲМУД, таҳлилгар: — Ба назари ман ҳар ҳарфе, ки Онишенкою Жириновский мегӯянд қобили қабул нестанд. Онҳо як лӯхтакҳои сиёсиянд. Чаро ки ҳам Онишенко ҳам Жириновский дар рагонашон хуни русӣ надоранд. Яке дар Қирғизистон ба дунё омада, дигаре дар саҳроҳои Қазоқистон. Имрӯз, ки ба як бозичаи сиёсӣ дар Русия табдил ёфтаанд ҳар ҳарфе, ки аз даҳонашон мегӯянд, гуфтан мегиранд. Ҳарфҳои онҳоро ҷиддӣ қабул кардан нашояд. Аммо то куҷо таъсир дошта метавонад ба иқтисодиёти Тоҷикистон ин маълум аст, зеро дар Тоҷикистон на завод аст, на фабрика ба ҷуз корхонаи Арзиси Тоҷикистон. Тамоми фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон молу колоро аз Чин, Туркия ва Арабистон ворид мекунанд на аз Русия. Аммо ин ки ҳудуди як миллион нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар Русия заҳмат мекашанд. Новобаста аз гуфтаҳои Онишенко ба ватан, ба пайвандонашон маблағ интиқол медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистону Русияро ҳеҷ гуна риштаи иқтисодӣ пайванд намедиҳад, илло НБО Сангтӯда-1 , ки ҳудуди 75 дар 100-и фоидааш ба нафъи Русия аст. Онишенко ба симати як масъули беҳдошти кишвари абарқудрат ҳарфҳоеро мегӯяд, ки бояд дар қиболи як кишвари дури побанд аз онҳо бигӯяд. Яъне, дар маҷмӯъ баёнияи охири Онишенко бозгӯи мавқеи ҳукумати Русия нест. Агар ин ҳарфҳоро Д. Медведев ё ҳадди ақал Путин мегуфтанд онгоҳ ҷойи баҳсу андеша буд.  Онишенкою Жириновский ҳарчи мегӯянд, бигӯянд ҳалолашон бод. Ба назари ман изҳороти ӯро  ҷиддӣ гирифтан нашояд.

Омодасоз Ахлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: