Главная > Uncategorized > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш

Бо ин ҳама тасодуму бархӯрди байни ақоид ва мазоҳиби гуногун, пайдоиши ин гуна бидъатҳоро тақозо мекард ва таассубе, ки муғон дар қатлу рондани Монавиён ба харҷ доданд, боби зиндиқаро фароз накард. Чанде барнаёмад, ки Маздак зуҳур кард ва суханони тозатар овард. Ин Маздак, чунон ки аз ахбор бармеояд худ аз мӯъбадон буд ва ойини тозае ҳам, ки овард таъвиле ва тафсире аз орои Зардушт ба шумор меомад. Дар масъалаи вуҷуди бадиҳо ва дардҳо, ки ҳам Зардушт ва ҳам Монӣ бадон инояте хос доштанд ва меҳвари ақоиди санавӣ ва бутпарастӣ шумурда мешуд, Маздак ақидаи тоза овард ва гуфт, ки тамоми бадиҳо ва зиштҳои ҷаҳонро бояд ба деви рашку деви хашм ва деви тамаъ донист, зеро чизе ки баробарӣ ва мусовоти мардумро ки мояи ризои Ҳурмузд аст, нобуд карда ва аз миён бурда аст, қудрати ғорат ва истилои ин девони табаҳкор аст.Бинобар ин то ҳар он чӣ мояи рашку хашм ва тамаъи мардум аст, аз миён наравад, мусовоту баробарӣ, ки фармони Ҳурмузд ва хости ӯст, дар ҷаҳон падид наояд. Оё дастони иштирок ва шарикӣ дар зану моя (сарват), натиҷаи мантиқии ин раъй буда аст, ки Маздак дошта аст ва худи ӯ онро таблиғ ва тавсия мекардааст? Ва ё он ки мухолифони ӯ ва касоне ки орои ӯро сабаби халал дар аҳволи ҷаҳон медонистаанд, ин суханро бар ӯ бастаанд?! Ҳукми дуруст дар ин боб осон нест. Зеро аз китобҳо ва навиштаҳои маздакиҳо чизе боқӣ намондааст. Аммо дур нест, ки ончӣ муаррихони Зардуштӣ ва Масеҳӣ ва мусулмонон дар ин боб овардаанд, холӣ аз муболиғае набошад. Лаҳне, ки дар китобҳои Зардуштӣ номи Маздакро бад-он ёд мекунанд, аз кина ва нафрат анбошта аст.

Манбаъҳои исавӣ ва сирёнӣ ва юнонӣ ҳеҷ бӯе аз инсоф ва муҳаббат надорад ва аз куҷо ки он чӣ дар ин маврид овардаанд, аз рашку райманӣ холӣ бошад? Оё куштори шигифтангези бешафқате, ки Хусрави Анӯшервон аз пайравони Маздак кард, мӯъбадон гумон бурданд, ки ойини писари Бомдод (Маздак) яксара аз ҷаҳон барафтод. Аммо ин гумон дуруст дарнаёмад ва ойини Маздакӣ ҳатто пас аз суқути Сосониён боқӣ монд ва якчанд вақт низ бо номи Хуррамдинӣ ба муборизаи мусулмонон бархост. (Ал-Асвод. Ал-Мадхал. Бейрут, ҷ.1, саҳ 47-49)

ЗАРВОНИЁН

Зарвон-худои дерин, ки падари Ҳурмузд ва Аҳриман ба шумор меомад, танҳо замони бекарон набуд, балки мазҳари тақдир ва сарнавишт низ маҳсуб мешуд. Дар ойини Зарвон ҷаҳди тамом рафта буд, ки хайру шар ҳардуро ба мабдаъи воҳид, ки Зарвон аст, мансуб бидоранд. Аз он пас Зарвон, ки парвардигори замон буд, мухтори мутлақ ва ҷаббори муқтадир гардид ва дигар ҷое барои қудрату ихтиёри Инсон намонд. Бад-ин гуна эътиқод ба навъе ҷабр ва тақдир, ки натиҷаи ин мазҳаб буд, андак-андак дар миёни мардум рахна кард ва аз сабабҳои суқут ва шикасти мулк гашт.

Дар ин ойин Ҳурмузд ва Аҳриман ду фарзанд буданд, аз он замон, ки Зарвон бекарон ном дошт. Чун ин ду нерӯи азим аз як асл буданд, аз ҳайси (ҷиҳати) қудрат бо якдигар баробарӣ мекарданд. Ва дар корҳои ҷаҳон таодуле (эътидоле) падид меомад. Бадин гуна ойини Зарвон санавияти Зардуштиро ба як навъ тавҳид наздик мекард ва дар пушти нерӯи хайру шар, вуҷуди мутлақеро, ки замони бекарон ва абадияти ҷовидон бошад, қарор медод. Ин вуҷуди мутлақ ба сурати Худое даромад, ки ҳам падидорандаи ҷаҳон буд ва ҳам несткунандаи он ба шумор меомад. Ба ҳамон гуна ки Хронос парвардигори замон назди юнониҳои қадим бар ҳама чиз бартарӣ дошт, Зарвони  бекарон низ дар Эрон ҳама чизро дар қабзаи тасарруф дошт.

Аз муҳаққиқон, баъзе гумон кардаанд, ки ин ойин баъд аз аҳди Зардушт ба вуҷуд омада аст ва аз сибға ва шакли таъсир ва нуфузи фалсафаи Юнон барканор нест. Таъсири Юнонро дар инкишоф ва такмили ин ойин шояд натавон инкор кард, вале ҳақиқат он аст, ки зикри Зарвон дар Авесто низ омада аст. Эҳтимол аст, ки ин ақида аз таъвили баъзе гуфтаҳои Авасто баромада бошад ва мояҳое аз ақоиди калдониён ва сипас аз фалсафаи Юнонӣ низ бар он афзуда шуда бошад.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: