Главная > Uncategorized > Террористон киро ҳушдор медиҳанд?

Террористон киро ҳушдор медиҳанд?

Милисаҳо ё ҳукуматро?

Таркиш дар бинои милисаи Хуҷанд, ки мақомот онро амали террористӣ ва кори дасти гурӯҳи тундгарое бо ном «Ансоруллоҳ» шарҳ додаанд, дар Тоҷикистон ҳодисаи беназир аст ва ба гуфтаи коршиносон бори аввал аст, ки шахси номаълум ба худкушӣ иқдом намудааст. Ба бовари таҳлилгарон ҳар амали террористие, ки содир мешавад, бе ҳадаф сурат намегирад. Зеро одаме, ки ақли солим дорад,  худ ба худ ҳеҷ вақт ба худкушӣ даст намезанад. Сабаби аслии онро омӯхтан лозим аст, ки чаро чунин ҳодиса рух дод ва барои чӣ шахс даст ба худкушӣ зад? Он вақт метавон барои пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб чора андешид. Дар ҳамаи амалҳои террористӣ, ки содир мешавад, ҳадафе дида мешавад. Дар баъзе кишварҳо барои ба даст овардани истиқлолият мубориза мебаранд. Лекин Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва мо бояд муайян кунем, ки дар ин ҷо чӣ мехостанд? Оё сабабаш фақру нодорӣ буд ё ин ки сиёсати нодуруст ва ё бюрократияи мансабдорон? То решаи иҷтимоии онро маълум накунем, аз байн бурдани терроризм ғайриимкон аст. Масалан, агар мо имрӯз як террористро аз байн барем, фардо боз террористи дигар пайдо мешавад

Решаи терроризм аз фақру нодорист ё қасду ҳушдор?

Гуфта мешавад, ки терроризм бештар решаи дохилӣ дорад, нисбат ба берунӣ ва дар сурати вуҷуд надоштани решаи дохилӣ омили хориҷии он чандон муассир буда наметавонад. Бисёре аз коршиносон омили дохилии терроризмро аз ноадолатии мақомоти судиву ҳифзи ҳуқуқ нисбати ягон шаҳрванд, риоя нагаштани ҳуқуқи инсон, набудани озодӣ ва фақри аз ҳад зиёд медонанад. Агар ҳукмат тавонад, ки ин омилҳоро омӯхта, бартараф намояд, густариши терроризм низ камтар мегардад.

Сурат гирифтани амали террористиро таҳлилгарон хар гуна шарҳ медиҳанд. Масалан, амали террористӣ нисбати ягон корманди мақомоти давлатӣ ё нисбати ягон гурӯҳи этникӣ сурат мегирад, ки омили дуввум дар Қирғизистон боиси низоъи ду қавм: ӯзбеку қирғиз гардида буд. Ба бовари коршиносон ин вобаста аст аз сиёсате, ки дар он кишвар пиёда кардаанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки таркиш дар Хуҷанд аз чӣ сабаб рух додаст? Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон амали террористӣ ба мушоҳида намерасид, аммо воқеаи Хуҷанд аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мо ҳам имконияти рух додани чунин зуҳурот ба вуҷуд омадааст. Ҳарчанд дар бораи ин воқеа маълумоти дақиқе нест, ки сабабаш чӣ буд, аммо эҳтимоли қасд нисбати кормандони милиса ё ҳушдоре ба ҳукумат шояд асосе дошта бошад. Ё шояд мардум аз фақру нодории аз ҳад зиёд даст ба ин амал задаанд, то эътирози худро ба ҳукумат ё мақомот нишон диҳанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон сари ин мавзӯъ исрор меварзанд, ки аз ин ба баъд бояд хулоса кунем, ки сиёсати мо чӣ гуна аст? Вақте ки мардум аз сиёсати ҳукумат розиянд, зиндагиашон хуб аст, чунин амалиёти террористӣ ба вуҷуд намеояд. Барои ҳамин ҳукуматдорон сари он андеша кунанд, ки чӣ бояд кард то зиндагии мардум хуб шавад. Вале ҳоло дақиқ гуфтан амри маҳол аст, ки таркиши Хуҷанд кори дасти кист.

Искандари

Замон

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. абдугафор
    Сентябрь 24, 2010 в 3:47 дп

    бародарои азиз и авалаш ваё акидаашон хамин хаст ки системаи орган хамааш кофир аст ва ин амали худро ибодат медонанд ва барои шаходат мекунанд иншааллох шаходата АЛЛОХ насибашон мекунад. хаминхел кардангира хукумат иншааллох дар оянда хама чои орган бардошта мешава

    • ФИРУЗ
      Сентябрь 24, 2010 в 3:53 дп

      ИСЛОМ ДИННИ ТЕРОР НЕСТ ЛЕКИН ЗУЛМ ЗИЁД ШУД ШЕРМАРДОНЕ ДОРА ШАМШЕР ДОРОНЕ ДОРАД КИ ХАМАРА ДАР ЯК ШАБ ХАМАРА ТИТУ ТОР МЕКУНАД

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: