Главная > Uncategorized > Хуҷандро «Ансоруллоҳ» тарконд!?

Хуҷандро «Ансоруллоҳ» тарконд!?

Рӯзи 3-уми сентябр ба як мошини тамғаи «Волга» бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда  таркид. Дар натиҷаи таркиш  шахси ҳамлавар, ҳамчунин ду корманди милиса кушта , 27 корманди дигари милиса ва ду ғайринизомӣ ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Аз ҳодисаи таркиш  рӯзҳои  зиёде сипарӣ шуда бошад ҳам,  вале ҳанӯз мақомоти расмӣ, дар мавриди ин ҳамла ягон маълумоти мушаххас пешниҳод накардаанд. Ин дар ҳолест, ки мардум  аз истифодаи чунин сабки нав, ки хоси созмонҳои даҳшатафкан аст, ҳайратзадаанд ва аз мақомоти интизомӣ посухи дақиқро интизоранд.

Маҳмадулло Асадуллоев- сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки мақомот ин таркишро амали террористӣ дониста парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтишот идома дорад.

Ба гуфти ӯ, рафти тафтишоти ин ҳодисаро шахсан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зери назорати худ гирифтааст ва мақомот  медонад, ки ин кори дасти нерӯҳои хориҷӣ нест.

Додситонии вилояти Суғд, дар мавриди таркиш дар шаҳри Хуҷанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин парванда бо иттиҳоми даҳшатафканӣ, куштор ва истифода аз зӯр алайҳи намояндагони давлат боз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан ин ҳодисаи таркишро ба ҷонибдорони Ҳаракати исломии ӯзбекистон нисбат медоданд. Вале ин ҳаракати тундгаро, то ҳол дар робита ба ҳодисаи инфиҷор вокунише нишон надодааст.

Ниҳоят як гурӯҳи ношиноси исломӣ бо номи ҷамоати «Ансоруллоҳ», таркиши хунини шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифтааст.

Ин гурӯҳ, ки худро «Ансоруллоҳ» номидааст, бо нашри як номае дар вебсайти «Кавказсентр» навиштааст, ҳамла ба шаҳри Хуҷанд қасос барои ҳамла ба мусулмонон дар кишвар аст. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ҳамлавар як нафар будаасту  Абдуллоҳ ном доштааст.

Аммо бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо интишори баёнияе  дар робита ба инфиҷори рӯзи сеюми сентябр хабар дод, ки мошини мунфаҷир шуда  ду сарнишин дошт.

Ҳизби Наҳзати Исломӣ  дар робита ба ин хабари сайти интернетии «Кавказсентр» тариқи васоити ахбори умум, вокуниш нишон дода, ин хабарро шадидан маҳкум карданд. Онҳо ин хабарро ба ҷуз иғво, чизи беш намедонанд. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфтааст:

«Мо дирӯз дар бораи ин хабар дарак ёфтем ва он гурӯҳ, ки номаш Ансоруллоҳ… мо куллан дар бораи он иттило надорем. Агар он ба унвони як гурӯҳ ё ҳаракати исломӣ вуҷуд медошт, як кас не як кас онро медонист. Ва ба назари ман, ки ҳоло, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон  кӯшишҳои исломситезӣ ба вуҷуд омадааст, мехоҳанд ба ҳар навъе набошад болои ислом ифлосиҳоро партояну сиёҳаш кунанд».

Ҳусайнӣ бар он ақида аст, ки омили аслии пайдоиши чунин ҳаракатҳо ва амалҳои даҳшатафканӣ, ки бо марги мардуми бегуноҳ анҷом меёбанд, беадолатиҳо дар низоми додгоҳӣ ва норизоятиҳои нисбат ба кори мақомоти интизомии кишвар аст, ки солҳои охир хеле афзоиш ёфтаву боиси нигаронии мардуми кишвар гаштааст.

Коршиносон  дигар низ иброз намудаанд, ки бори нахуст аз мавҷудияти чунин як гурӯҳ ё ҳаракати исломӣ хабар ёфтаанд. Ба андешаи онҳо гурӯҳи бо номи «Ансоруллоҳ» муаррифӣ шуда, воқеан бо ислом ягон иртиботе дошта бошад. Онҳо мутмаин бар онанд, ки ин гурӯҳи ҷиноятпешаест, ки худро дар пушти ислом панаҳ сохтаву бадин васила мехоҳад исломро бадном кунад.

Шарофиддини Самеъ, як ҷавони тоҷик, ки хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои исломӣ дар Арабистон аст, гуфтааст, ки  то андозае дар мавриди тамоми ҳизбу ҳаркат ва гуруҳҳои исломӣ, таърихи пайдоиш ва фаъолияту ҳадафҳои онҳо иттило дорад, вале чунин гурӯҳеро бо номи «Ансоруллоҳ» намедонад.

Шарофиддини Самеъ афзудааст, ҳамин чиз боиси ҳайрат аст, ки чаро доираҳои динӣ ва мақомоти интизомииТоҷикистон аз вуҷуди чунин як гурӯҳи исломӣ хабар надоранду маҳз расонаҳои хабарии русзабон ва Русия аз он иттило доранд ва мегӯянд таркиши Хуҷандро ин гурӯҳи исломӣ ба ӯҳда гирифтааст?

Вай гуфтааст:«Ман гурӯҳеро бо ин ном нашунидаву дар борааш дар ягон ҷой ҳам нахондаам. Ба фикри ман, ин боз як кӯшиши рахна овардан ба ислом асту бас. Чунки ислом ҳаргиз чунин гурӯҳҳои хунин ва ҷиноятпешаро парвариш намекунад».

Вале оид ба таърихи пайдоиши ин ҷараён дар сомонаи wikipedia.org чунин маълумотро дастрас намудем, ки хеле фушурдаи онро манзури хонандагон менамоем. Ҷамоати «Ансоруллоҳ» моҳи ноябри соли 2008  номгузорӣ шудааст. Роҳбари ин гурӯҳро Шайх Абдул Латиф Мӯсо, ки собиқ табиби мисрӣ буд ба ӯҳда дорад. Шайх Абдул Латиф Мӯсо баъдан рӯ ба дин овардааст. Ҳудуди ду сол пеш вай таҷрибаи тиббии худро як сӯй гузошта, ба хотири роҳбари гурӯҳ шудан ва яке аз шахсони намоён  дар қисми ғарбии Ғаза будан, вазифаашро тарк намудааст. Дар мавъизаҳои рӯзҳои ҷумъа диққати ҳазорон ҷавононро ба худ мекашад.

Мақсади ҷамоаи «Ансоруллоҳ»  таъсиси аморати исломӣ дар минтақаи Ғазза мебошад. Онҳо дар якчанд амалҳои террористӣ худро масъул арзёбӣ кардаанд. Дар баъзе мавридҳо созмони исломгароии «Ҳаммос» оид ба таркондани интернеткафе ва дигар амалиётҳои террористӣ ҷамоаи «Ансоруллоҳ»-ро гунаҳгор кардааст. Вале аз ҷониби ҷамоаи «Ансоруллоҳ» ягон вокунише изҳор карда нашудааст.

Шиори ин ҷамоа чунин мебошад: «Сарбозони тавҳид истироҳат надоранд… то он даме, ки тамоми  сарзамини мусулмонон озод нашавад, то замоне, ки зиндони мо Ақсо (масҷид)  аст, яҳудиёни палид ва малъунро нобуд мекунем»».

Диловари НУРИДДИН,

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: