Главная > Uncategorized > Чаро худро мекушӣ!?

Чаро худро мекушӣ!?

Бекорӣ, беморӣ, хамморӣ, бесаводӣ, нофаҳмӣ ва боз чӣ омилҳо боиси афзоиши худкушӣ дар ҷомеа гардидааст?

Тибқи иттилои расмӣ ҳар сол шумораи афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ мезананд, дар ҳоли афзоиш аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар солҳои ахир худкушӣ ба ҳисоби миёна аз 4 то 7 ҳолат дар байни 100 ҳазор аҳолӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Шашсаду сиву ду ҳолати ба худкушӣ даст задани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар соли 2009 ба қайд гирифта шудааст, ки бештари он дар ҳудуди вилояти Суғд рух додаст. Дар ин вилоят агар соли 2007-ум 142 ҳолати худкушӣ ошкор гашта бошад, соли 2008 ин нишондиҳанда ба 231 адад расидааст. Тибқи хабарҳо бештар занон нисбат ба мардон даст ба худкушӣ мезананд. Ҳамасола ба маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сӯхтагӣ аз 25 то 30 зане, ки бо роҳи худсӯзӣ мехоҳад худкушӣ кунад, оварда мешавад. Афзоиши худкушӣ омилҳои зиёд дорад, вале ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои аслии даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро аз вазъи ногувори иҷтимоӣ медонанд, ки ҳоло аз рӯи ҳисоби мақомоти расмӣ беш аз 50 фоизи аҳолӣ дар ҳолати фақрзадагӣ ба сар мебаранд, аммо коршиносони мустақил сатҳи камбизоатиро 70 дар сад арзёбӣ менамоянд.

Шавҳар занро лату кӯб мекунад

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид занҳои ҷавон даст ба худкушӣ мезананд. Ба гуфтаи коршиносон набудани ҳамдигарфаҳмӣ миёни оилаҳои ҷавон ва мавриди лату кӯб қарор гирифтани зан аз ҷониби шавҳар, риоя нагаштани ҳуқуқи занҳо дар аксар ҳолат боис мешавад, ки онҳо даст ба худкушӣ зананд. Шукрона Одинаева, сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд, ки яке аз дугонаи наздикаш Гулнораро, ки соҳиби ду кӯдаки хурдсол аст, як моҳ пеш аз дохили рӯди Зарафшон бароварданд. ӯ ки аз ҷониби шавҳар мудом мавриди лату кӯб қарор мегирифтааст, худро ғарқ кардан хоста, ба об меандозад, вале хешовандонаш зуд бохабар шуда, наҷот медиҳанд. Ба гуфтаи Шукрона муносибати ноҷои шавҳар ва низоъу маломати модаршӯ Гулнораро водор кардааст, ки ба худкушӣ даст занад.

Як зани дигаре бо исми Файзигул, ки соли 2009 дар беморхонаи сухтагии шаҳри Душанбе табобат мегирифт, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд: «Шавҳарам одами баде буд, маро луту кӯб мекард. Хеле азият кашидам ва маҷбур шудам ба худсӯзӣ даст занам».

Ин гуна ҳолатҳои даст ба худкушӣ задан зиёд ба назар мерасад ва таҳлилгарон сабаби онро ба роҳ намондани муносибати хуби оилавӣ, сатҳи маърифати пасти оилаҳои ҷавон, аз лиҳози иқтисодӣ вобаста будани навхонадорон ба волидайн ва ба омилҳои дигар вобаста медонанд.

Ҳуқуқшинос, Файзинисо Воҳидова бар ин назар аст, ки бештари худкушиҳое, ки аз ҷониби занҳо сурат мегирад, вобаста ба хушунати оилавист. Азияти шавҳар ва таънаву маломатҳои хушдоман ӯро аз зиндагӣ ноумед мекунад ва маҷбур мешавад, ки худкушӣ кунад. Вай пешниҳод мекунад, ки баҳри камтар гаштани ҳолатҳои худкушӣ савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Инчунин ба гуфтаи ӯ ҳоло беш аз 90 дар сади аҳолии Тоҷикистон мусулмон аст ва бояд муллоҳо дар байни мардум ташвиқот баранд, ки худкушӣ мувофиқи шариати ислом гуноҳи кабира аст ва оқибати нохуб дорад.

Дар ҳамин ҳол баъзе таҳлилгарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки муллоҳо дар масоҷид барои мардҳо амри маъруф мекунанд, аммо бештари онҳо ба хонаводаи хеш сухани муллоро оид ба муносибати оиладорӣ ва оқибати худкушӣ намерасонанд ё дуруст шарҳ дода наметавонанд. Бояд ҳар ҳафта як рӯзи махсус барои занҳо низ амри маъруф ва наҳйи аз мункар ташкил карда шавад, то онҳо низ огоҳии хуб пайдо намоянд. Ҳоло аксари занони тоҷик на маълумоти дурусти динӣ ва на дунявӣ доранд, ки аз ин холигӣ гурӯҳҳои дигари динӣ ё мазҳабҳои ғайр хуб сӯиистифода карда, ақидаи онҳоро нибат ба мазҳаби ҳанафӣ ва дини ислом бегона месозанд. Дар ин миён метавон миссионерҳои дини насронӣ, таблиғгарони мазҳабҳои салафӣ ва дигар гурӯҳҳоеро мисол овард, ки на танҳо занҳо, балки духтарони ноболиғро аз хурдсолӣ тарбия мекунанд ва ба ақидаҳои динии худ мутобиқ месозанд. Аммо мақомоти диниву дунявии Тоҷикистон дар талоши пур кардани ин холигиҳо нестанд.

Муҳоҷирати мардон ва «пирдухтар» мондани хонумҳо

Омили дигаре, ки боиси худкушии мардону занон мегардад, вазъи бади иҷтимоист. Ба таври мисол мардҳо дар муносибати тиҷоратӣ аз бонк қарз мегиранду онро пардохт карда наметавонанд. Дар охир қарздории зиёд боиси даст ба худкушӣ задании онҳо мегардад. Ё аз сабаби бекорӣ ба ҳар гуна ҷиноятҳо даст мезананд ва дар охир расвоияшон фош мегардад, ки аз шармадагӣ худкушӣ мекунанд. Таври мисол, дар соли гузашта марде дар ноҳияи Кӯлоб, ки хонаводааш исми ӯро ифшо накардаанд, даст ба дуздӣ мезанад. Милиса вайро ба гумони дуздидани чор ҳайвони хонагии одамон ба шӯъбаи корҳои дохилӣ мебарад. Вале он мард бо баҳонаи дастшӯӣ ба ҳоҷатхона ворид шуда, худро овехта куштааст.

Дар нисбати занҳо низ ҳамин ҳолат ба назар мерасад. Масалан аз набудани ҷои кор дар дохили ҷумҳурӣ ба муҳоҷират мераванд ва дар он ҷо аз зӯровариҳои авбошону қаллобон ва гирифторӣ ба таҷовузи номус аз зиндагӣ дилсард мешаванд. Ё ҳолатҳои барои дарёфти кор ба Дубай рафта, ба фоҳишагӣ машғул кардани занҳо боис мешавад, ки хешу ақрабо ва ёру дӯстонашон аз эшон рӯй гардонанд. Чунончӣ таҳлилҳо нишон медиҳанд, оқибати ҳамаи ин амалҳо эҳтимолан ба худкушӣ оварда мерасонад.

Ҳоло аз сабаби бекорӣ шаҳрвандони тоҷик рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардаанд. Дар аксар ҳолат онҳо дар кишвари бегона оиладор мешаванд ва ба ватан барнамегарданд. Бо ин далел сафи духтарони бешавҳар дар Тоҷикистон афзудааст. Ба андешаи коршиносон дар баъзе ҳолат синни духтарон ба 30-35 мерасад, аммо бешавҳар мемонанд ва баҳри халосӣ аз таънаи «пирдухтар»-гӯиҳои ҳамсояву «дӯст»-у душман худкушӣ мекунанд.

Аз рӯи таҳлили коршиносон ва мақомоти давлатӣ якчанд сабабҳои худкушӣ, аз қабили ҷанҷоли кӯдакон бо волидон, хушунати оилавӣ, бемориҳои рӯҳӣ, набудани кор, асабоният, майзадагӣ, фавти наздикон, ҷангу ҷидоли духтарон бо дугонаҳо ва писарон бо рафиқон, надоштани саводи кофӣ ва паст будани маърифатнокии духтарон ва писарон, нокомӣ аз ишқ, зӯроварӣ нисбати атфол ва занон, бешавҳар мондани занҳо маълум аст. Ба пешниҳоди таҳлилгарон барои пешгирӣ аз худкушӣ сабабҳои зуҳури онро пурра омӯхтан лозим аст, то ин ки сатҳи афзоиш паст гардад. Аммо натиҷаи ҳама кор замоне самарабахш мешавад, ки аз назария ба амалия гузарем

Амини Ансорӣ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. ФИРУЗ
    Сентябрь 24, 2010 в 4:01 дп

    Е ШУМО МУСАЛМОНХОИ БЕГАЙРАТ ЧИРА МЕДОНЕД ВАЁЕ КИ ХУДРО МЕКАФОНАНД ВАЁ БАРОИ ШАХОДАТ МЕКУНАНД ШУМО ЛАЗЗАТИ ШАХОДДАТА АЗ КУЧО МЕФАХМЕД ШУМОРА ЛАЗЗАТИ ДУНЁ ФИРЕБ КАРДААСТ

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: