Главная > Uncategorized > Э,вой аскарӣ, сад войи аскарӣ!

Э,вой аскарӣ, сад войи аскарӣ!

Чанде қабл таҳти Раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ин ҷаласа лоиҳаи қонунҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати ҶТ»,»Дар бораи феҳристи давлатӣ»,»Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», « Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ», Дар бораи тибби оилавӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», Дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ»,» Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»,» Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи мудофиа» ва ғайра баррасӣ  гардид.

Тавре ки иттилоъ доданд,лоиҳаи қонуни мудофиа аз ҷониби раиси ҲКТ  пешниҳод гардидааст. Пас аз баргузор шудани ин ҷаласа дар байни ҳуқуқшиносону сиёсатмадорон ва умуман ҷомеа  сару садо баланд шуд. Доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Мудофиа бархе ҳуқуқшиносонро нигарон кардааст. Гурӯҳе   аз одамон  тарафдоранд,ки фарзандони соҳибмансабон  барои нарафтан   ба ҳизмати ҳарбӣ миқдори муайяни маблағро супоранд. Аммо боз ҳамааш меояд сари қамбағали бечора. Мусаллам аст,ки дар замони Шӯравӣ ҷавонписарҳо озодона бо хоҳиши худ ба хизмати Модар-Ватан мерафтанд. Агар Худо накарда нафаре хизмати ҳарбӣ намерафт ба ӯ духтар намедоданд. ӯро «нигодний» мегуфтанд,барои ҷомеа ҳамчун як одами муфтхӯр медонистанд. Нафаре ки ба хизмати ҳарбӣ мерафт,ӯро бо як сарбаландӣ гусел мекарданд,то дар назди Модар-Ватан,хешу ақрабҳо,ёру дӯстон муттаҳам набошад. Дар деҳаҳо чунин   одате буд,ки як  рӯз қабл аз рафтани даъватшаванда қариб тамоми аҳли деҳ назди ӯ ҷамъ мешуд. Мардум бо як умед ӯро ба хизмат гусел намуда «Акнун аз мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, нав зиндагиро фахмида инсони бузург мешавад»-мегуфтанд. Пас аз хизмати Модар-Ватан баргаштани аскарбача баъзеҳо  тӯй ҳам медоданд. Он солҳо, агар ба хизмат намерафтӣ чи қадар таънаҳое мекарданд, ҳар кас номӯс мекард то ин қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо орад. Мутаассифона дар ин замон ҳамаамон медонем, қариб ки фарзанди  ягон раис, вазир ва умуман шахсони мансабдор ба хизмати ҳарбӣ  намеравад. Ин падидаи номатлубест барои халқу миллати тоҷик.Шояд  сабаби пешниҳод кардани лоиҳаи қонуни мудофиа аз  ҷониби ҳКТ  ҳамин бошад?  Аз чӣ бошад,ки аксари ҷавонони имрӯза намехоҳанд вожаи «аблава»-ро шунаванд?  Агар дар миёни издиҳоме нишаста бошию нафаре «аблава» гӯяд,  ҳамон замон  издиҳоми мардум  парешон мешавад.Мисли гурге,ки ба рама ҳамла мекунад.  Падару модарон низ ба хотири он,ки фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ нараванд онҳоро ба донишкада ё донишгоҳҳои олӣ  бурда ба  ягон ихтисосе, ки ҳатто фарзанди онҳо намехоҳад ва ҳатто тасаввурот ҳам надорад «дохил мекунонанд». Шояд сабаби нарасидани кадр дар ҷумҳурӣ  дохил шудани донишҷӯёни тасодуфӣ  бошад, ки бо ҳар восита таҳсил карда, донишгоҳро надида, соҳиби дипломи аъло мегарданд. Фарзандони  мансабдор ҳатто  дар донишкадаву донишгоҳ низ мардуми камбағалро дилсард мекунанд. Мисолаш ҳамин шуда метавонад, ки  як нафаре,ки дар ҳама дарсҳо мунтазам иштирок  мекунад, базӯр  баҳо  мегирад.Аммо бойбачае, ки умуман ба дарсҳо намеояд  баҳояш аъло.  То кай ин ҳол давом мекарда бошад? Ё пас аз ворид намудани тағйирот ба қонуни Мудофиа ҳамаи ин падидаҳои номатлуб аз байн мерафта бошанд? Нафаронеро медонем,ки духтурон ноқисулақл бароварда буданду онҳоро аз роҳи беморхона «облава» карда  ба хизмат бурданд,вале бо ҷурми тирпарронӣ,  ки саҳмбардоштанд ва шаш соли умри хешро дар маҳбас гузаронданд. Падар чӣ қадар бузург аст. Падаре,ки фикри фарзанди носолимашро мекард. пас аз зиндонӣ шудани фарзанди ба гуфтаи муаллимҳои мактаби миёна «афоня» дунёро падруд гуфт. Ва ҳама дарду ғам меояд сари камбағалӣ.Вазорати маориф лоф мезанад,ки аз проблемаи таъмин кардани муаллим дар макотиби миёна  баромадааст. Лекин ин дурӯғи маҳз аст. Аҷиб аст,ки дар макотиби миёна мутахассис намерасад, лекин муаллимҳоро аз дохили дарс «облава» карда ба хизмат мефиристем Кош он муаллими бечора саломатии хуб дошта бошад,ки хизмати ҳарбиро ба ҷо орад. Ба ҷойи дастгирӣ намудани омӯзгорро маҷбуран ба хизмат мефиристам. Бо ин гуна рафтор пеш мерафта бошем ё баръакс?

Лоиҳаи ин қонун дар асоси кадом далелҳо таҳия шудааст?

Ба ин суол Шодӣ Шабдолов чунин посух дод: « Далел ҳамин аст,ки  мутобиқи талаботи Конситутсия ҳар шаҳрванде,ки синнаш ба синни даъвати ҳарбӣ расад вазифадор аст,ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояд.  Ин вазифаи Конситутсионии  шаҳрвандӣ аст. Лекин тасаввур кунед,ки ҳама рафта дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда наметонад. Дар давраи Шӯравӣ чоруним миллион аҳолӣ доштем. Ҳоло қариб 8 миллион. Дар армияи советӣ дар як сол  200 ҳазор нафар аскар  хизмат мекарданд. Давлати советӣ инқадар аскарро мепазируфт.  Дар Тоҷикистон ин хел имконият нест ва ин хел армия даркор   нест. Хизмати аскариро гуногун кардан даркор». Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов дар замони Шӯравӣ аскарҳо рафта кор мекарданд. Хизмати алтернитавӣ ҳам ҳамин хел аст,ки   онҳо маош мегиранд. Аммо дар ин маврид фикри    раиси ҲСДТ Раҳатилло Зойиров тамоман дигар аст. Ба андешаи Раҳматилло  Зойиров боз як имтиёзи васеътар  ба оилаҳои сарватманд дода шуд.

Ҳамчунин Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МО ҶТ муарификунандаи манфиатҳои шахсони мансабдору маблағдор шудааст.

«Агар дафтарчаҳои ҳарбӣ гирифтагиҳоро дар муқоиса дида бароем    70-80 фоизи онро оилаҳои сарватманд ташкил медиҳанд, ки ҳамагӣ 20 ё  30 фоиз онҳо ҳақиқатан касал ҳастанд ё аз гурӯҳи оилаҳои  камбағал».

Шодӣ Шабдолов мегуяд «албатта дар ин ҳол коррупсия кам мешавад.-Аз сабабе, ки давлат маблағи кам талаб карда наметавонад   нафароне,ки маблағ доранду аз оилаҳои сарватманданд кушиш мекунанд, ки билети ҳарбиро низ ба даст оранд. Аз ин ҷиҳат коррупсия ривоҷ меёбад». -иброз дошт раиси ҲСДТ. Дар  ягон ҷо коррупсияро решакан карданаш  номумкин аст. Шодӣ Шабдолов низ бар ин назар аст,ки  решакан кардани коррупсия ғайриимкон аст,лекин он қариб,ки аз байн меравад. Ҳамчунин манбаъ меафзояд,ки агар бо ҳукумат  забон як кунем аз коррупсия саркарда то дигар мушкилот аз байн хоҳад рафт. Боиси таассуф аст,ки дар ҷумҳурии мо нафароне,ки ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ мераванд, ангуштшуморанд. Чаро имрӯз ҷавонон дилгарм нестанд. Намехоҳанд ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, хизмати Модар-Ватанро адо намоянд? Аксари ҷавонон аз лату кӯб дар хизмат метарсанд. Аз набудани хӯроки хуб дар қувваҳои мусаллаҳ нигаронанд. Аксар ҷавононе,ки ба хизмати ҳарбӣ мераванд пас аз баргаштан ба ҷойи  он,ки бо як кифту бозуи ҷавонмардӣ баргарданд,баръакс мисли мурғи паршикаста бармегарданд,ки ин бисёр бад аст. Агар Артиши мо чунин давом кардан гирад дигар ягон кас бо хоҳиши худ  ба хизмати ҳарбӣ намеравад.Шояд пас аз ворид намудани тағйирот ба қонуни Мудофиа  сатҳи хизмат беҳ мешавад? Ба ҳар ҳол умед бар он мебандем,ки ҳамаи камбудиҳои дар артиши мо ҷойдошта аз байн меравад. Ва ҳама ҷавонон бо хоҳиши худ ин қарзи шаҳрвандиро сарбаландона адо мекунанд.   Агар хотираам фиреб надиҳад пас аз замони ҷанги шаҳрвандӣ суруди ҳамешагие,ки кӯдакон мехонданд.

Э,вой аскарӣ, сад вой аскарӣ,

Дигар намерам аскарӣ.

Азимҷон  БАДАЛОВ,

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: