Главная > Иқболи САИДЗОД > Ёқубу Ғаффор «Седой» дар маҳбас, Маҳмадрузӣ Искандаров куҷост?

Ёқубу Ғаффор «Седой» дар маҳбас, Маҳмадрузӣ Искандаров куҷост?

Марҳилаи аввал

«Побег из тюрмы». Як лаҳза:

Вақте фирори маҳбусон аз СИЗО-и КДАМТ дар байни мардум овоза шуд, аксарият филми бисёрсериягии «Фирор аз зиндон»-ро ба ёд меоварданд, ки дар он ҷо тарҳи гурезро нафаре бо исми Майкл аз берун кашида буд ва ба хотири наҷоти бародараш худро ба зиндон андохт. Дар натиҷа бо душвориҳои зиёд Майкл барои озод кардани бародараш аз зиндон комёб гашт. Валекин аз маҳбас ҳамроҳи онҳо якчанд нафари дигар низ гурехтанд. Аммо дар тарки қаламрави кишвар танҳо 4 нафар ба мақсад расиданд, боқимондаҳо ё дар задухӯрд бо полис ҳалок гаштанд ё бо ғаразҳои шахсӣ қурбон шуданд. Ҳарчанд ин филм шояд асоси воқеӣ надораду вале гурехтан аз маҳбас тамошобононро хеле ба ҳайрат гузошта буд, аммо «побег»-и маҳбусон дар Тоҷикистон тамоми мардуми на танҳо тоҷик, балки минтақаро ба ҳайрат гузошт. Коршиносон фарзияи мавҷудияти «дасти бегона»-ро дар ин фирор рад намекунанд, аммо ба андешаи иддае нақши Майклро дар ин ҷо шояд кишварҳои бозингари минтақа ё касе аз «боло» бозидааст. Аммо гумони ҳукумат аз муллоҳо ва тундгароён дар ин маврид бештар ба назар мерасад. Вале ба ҳар ҳол сенарияи филми «Побег из тюрмы» дар аксар ҳолат ба фирор аз зиндони КДАМТ шабеҳият дорад. Дар филм агар то охир 4 нафар дар баромадан аз ҳудуди кишвар муваффақ шуда бошанду боқимонда аз дасти полис ҷон ба саломат набурдаанд, дар воқеият низ саҳна такрор шуда истодааст, танҳо як тафовут дорад. Масалан, дар филм агар тарроҳи асосӣ ба даст наафтодааст, аммо дар ин ҷо нақшакаш Қорӣ Иброҳим аввал ба даст афтод. Сипас, як нафари дигар ва боз ҳоло ду фирорӣ натавонистанд аз чанги мақомот раҳо ёбанд. Аммо як нуктаро бояд қайд кард, ки дар филм ба амали фирориён гурӯҳҳое аз «боло» манфиатдор буданд ва аммо дар фирори воқеии дар Тоҷикистон рухдода ҳоло ин эҳтимол дақиқ омӯхта нашудааст. Ҳарчанд дар доираҳои коршиносон ин омилро ҳам ҷӯё мешаванд.

Ёқубро чаро аз СИЗО ба зиндон бурданд?

Пас аз ҳодисаи шаби 22 ба 23-юми августи соли ҷорӣ, ки 25 нафар боздоштшудагон аз СИЗО-и № 1-Кумитаи амнияти миллӣ фирор карданд сару садоҳои зиёде дар байни ҷомеа баланд шуд, ки яке аз онҳо эҳтимоли гурехтани Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохила ва дигаре  Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди миллӣ буд. Мақомоти зидахл аз рӯзҳои аввал хабари фирори ин ҳар дуро рад карда буданд. Ҳарчанд ин ду нафар на дар зиндони Кумитаи амнияти миллӣ, балки дар маҳбасе, ки зери тобеияти Вазорати адлия буд, нигаҳдорӣ мешуданд, аммо мақомот шояд аз паёмади овозаҳои «беасос»-и мардум мехостанд дар канор бошанд, ки дар нахустин изҳоротҳо ба ин мавзӯъ расидагӣ карданд. Эҳтимол, агар фирор накардани ин ду нафар аз шахсиятҳои дар миёни ҷомеа шинос ва матраҳгашта, ки дар гузашта бо ширкати худ дар сиёсат ва ҳукумати феълӣ ном бароварда буданд, тасдиқ намешуд, вазъи амнияти кишвар шояд бештар халалдор мегашт ва аз ин рӯ мақомот фавран ин овозаҳоро беасос хонданд.

Аммо чизи дигар шубҳанок ба назар мерасад, ки чаро маҳз 3 ҳафта пештар аз ҳодисаи фирор(охири моҳи июл) хабари интиқоли Ёқуб Салимов аз СИЗО ба зиндонро мақомот таъйид карданд? Оё ин бо фирори боздоштшудагон ягон рабте дошта метавонист, ё дар боздоштгоҳи муваққатии КАМ камераҳо пур шуда буданд, ки барои маҳкумшудагони навбатӣ ҷой лозим буд ва ё шояд дилашон гувоҳӣ медод, ки дар ин боздошитгоҳ ягон ҳодисаи гӯшношунид рух медиҳад? Ин ва дигар саволҳое ҳастанд, ки шубҳаро зиёд менамоянд.

Аз Искандаров хабаре нест

Дар ҳамин ҳол нафари дигари дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ширкатдошта, Маҳмадрузӣ Искандаров буд, ки вай низ дар маҳбас қарор дошт ва пас аз ҳодисаи фирор иддае аз коршиносон пайвастани ӯ ба ин гурӯҳи фирориёнро эҳтимол мезаданд ва гоҳе ин фарзияро низ зери суол қарор медоданд. Вале мақомот бо вуҷуди рад кардани фирори Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев дар бораи фирор ё дар маҳбас қарор доштани Искандаров чизе нагуфтанд. Агар чунин ҳисобем, ки ӯ фирор накардааст, табиист, ки дар бораи шахсе, ки аз маҳбас нагурехтааст маълумоте додан зарур нест. Вале боз суоле ба миён меояд, ки Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев низ фирор накарда буданд, аммо мақомот дар бораи нагурехтани онҳо чаро маълумот доданду дар бораи Искандаров хомӯширо ихтиёр карданд? Оё Искандаров ҳам мисли ин ду нафар аз чеҳраҳои собиқи сиёсӣ дар кишвар шинохта намешуд? Кӯшиши мо бораи маълумоти дақиқ гирифтан дар хусуси Маҳмадрузӣ Искандаров ва маҳалли қарори ӯ аз КАМ бенатиҷа монд.

Кӯмак ё манфиатхоҳӣ?

Сенарияи «дасти бегона» ҳоло ба мавзӯи доғ табдил наёфта, ба баҳси коршиносони дохилию хориҷӣ иваз шуд. Дар ин миён мақомоти Тоҷикистон аз кишварҳои дӯсту ҳамсоя, ба хусус Русияву Афғонистон барои боздошти фирориён кӯмак хост. Русия барои нишон додани он ки талошҳояш барои дасти ёрӣ дароз кардан бенатиҷа намемонад, сараввал Тоҷикистонро бо дошта супоридани Низомхон Ҷӯраев дилгарм кард. Ҳарчанд эҳтимоли яке аз «дастҳои хориҷӣ»-ро ба ин кишвар нисбат медоданд, аммо дар ҳамин ҳол боз муносибатҳои дар гузашта ба қавли коршиносон сардгаштаи миёни ин ду давлатро вохӯрии Сочӣ ба мавзӯи духӯра табдил дод. Гурӯҳе аз он бардошти мусбат ва иддае манфӣ доштанд. Вале баъди чанд ҳафтаи ҷустуҷӯи фирориён мавзӯи кӯмаки Русия бештар манфиати онро ифода мекард. Зеро имрӯзҳо дар расонаҳои русӣ хабарҳое паҳн мешавад, ки ҳадафи аслии онҳо ба ӯҳда гирифтани нерӯҳои марзбонии Русия ҳифозати марзҳои Тоҷикистонро ифода мекунад. Мақомоти Русия бо истифода аз ноӯҳдабароии мақомоти қудратӣ ва заъиф будани низоми амният дар Тоҷикистон ба мавзӯи ҳифзи амнияти ин кишвар, ки дар гузашта ба ӯҳдаи онҳо буд, дубора баргаштанд. Яъне ноӯҳдабароии мақомоти ҳифхи ҳуқуқи Тоҷикистон баҳонае шуд барои манфиатхоҳии Русия. Зеро пештар мавзӯи манъи воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро Русия ба хотири бемории фалаҷи атфоли тоҷикистонӣ ба мушкили доғ табдил дода буд, ки тоҷирони инфиродӣ аз ин тасмим зарари калон дида буданд. Аммо коршиносон мегуфтанд, ки мавзӯи меваи хушк аслан пӯшиши мавзӯи асосӣ, яъне баҳси нерӯгоҳи Роғун буд, ки миёни ин ду кишвар дар ин маврид ҳамдигарфаҳмӣ чандон ба назар намерасид. Ҳоло Русия дубора мавзӯи меваи хушкро бардоштааст ва ин дафъа далел ин аст, ки соҳибкорони Осиёи Миёна, бештар тоҷикон бо баҳонаи воридоти меваи хушк маводи мухаддирро ба Русия мекашонанд ва аслан ин мавод аз Афғонистон тавассути марзи Тоҷикистон интиқол меёбад. Аммо мақомоти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон наметавонанд монеи воридоти маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон шаванд, ки ин ноӯҳдабароӣ боиси дубора баргаштан ба мавзӯи артиши Русия ба Тоҷикистон гаштааст. Дар гузашта масъулини Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки назорат аз болои маводи нашъаовар дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст ва ниёзе ба аскарони марзбони дигар кишвар нест.

Овоза ё тобиши сиёсӣ?

Дар ҳафтаи гузашта Виталий Оразалиев, раиси хадамоти назорати маводи мухаддири Қирғизистон дар сомонаи интернетии «24kg» аз интиқоли 3 тон героин тариқи қаламрави кишвараш изҳори нигаронӣ намуда буд. Ба гуфтаи ӯ айни замон дар минтақаҳои назди сарҳадии Афғонистону Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддир мавҷуд аст ва он тавассути қумондонҳои саҳроӣ интиқол хоҳад ёфт. Ин маводи мухаддири ҷамъ намудаи онҳо барои 3-4 соли оянда мерасад ва ҳамчунин онҳо барои интиқоли бор пешпардохт низ гирифтаанд ва дар мавриди интиқоли бор имкон дорад аз 25 нафаре, ки аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор кардаанд, истифода шавад.

Аммо ин даъвои Оразалиевро мақомоти Тоҷикистон беасос хонда, арз кардаанд, ки агар дар ин бора маълумот дошта бошад, чаро мушаххас намекунад, ки ин 3 тонна героин, ки дар борааш ишора рафтааст, дар куҷо ҷойгир аст? Масъулини Агентии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин чунин овозаҳо ва навиштаҳои беасос пештар ҳам буд ва ба ҷуз тобишҳои сиёсӣ дигар чизе нест. Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон низ тобиши сиёсӣ доштани ин гуфтаҳоро аз воқеият дур намедонад. Ба гуфтаи ӯ Қирғизистон мехоҳад дар ҳодисаҳои дохилии худ Тоҷикистонро муттаҳам кунад.

Вале боз масъала бармегардад сари ҳифзи сарҳад. Зеро ин овозаҳо ҳам ҳадафмандона гуфта шудааст. Яъне тавассути Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддир интиқол меёбад, аммо ҷониби Тоҷикистон пеши роҳи онро гирифта наметавонад. Ин шояд тобиши сиёсӣ дар шакли русиро низ дошта бошад, ки Русия бо ин роҳ мехоҳад назорати марзи Тоҷикистонро ба ӯҳда гирад. Аммо замоне, ки артиши Русия дар марзи Тоҷикистон ин корро ба ӯҳда дошт, оё маводи мухаддир интиқол намеёфт? Ин ҷо шояд ба хотири кӯмак ҳадаф манфиатхоҳӣ бошад?

Марҳилаи дуюм

Як бор ҷастӣ малахак…

Лаҳза:

Дар филми «Побег из тюрмы» сарнавишти фирориён чунин мешавад, ки баъд аз баромадан аз ҳудуди Амрико, дар Мексика боз ба зиндон меафтанд. Эҳтимол меравад, ки теъдоди каме аз фирориёни зиндони Тоҷикистон агар тавонанд аз қаламрави кишвар берун раванд, тарҳи нақшакаш шояд мисли филм онҳоро дубора ба зиндон орад. Боз кӣ медонад? Воқеият филм нест-ку!

Иқболи Саидзод,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: