Главная > Акаи Ҷалил > Ҷон ширин, раиси ширинтар

Ҷон ширин, раиси ширинтар

Додарҳои ҷон, дар хокҳои потон садқа, худтон шоҳид, ҳозир як замонае шудаст, ки саг соҳибша дарёб намекунаду соҳиб сагша. Дил як чиз мегаву забон як чизу лекин дар калла ҳич чӣ нест. Акаи Ҷалилтон кай гумон мекард, ки ҳамин хел замонаву ҳамин хел ҷамъият мешавад? Ҳама чапароста шуд.

Лекин баъд бовар кардам, ки одамҳо ҳам он қадар гулу гумроҳ нестанд. Мана, ҳамсояи бари болои мо, Саиди пакар гуфтанӣ одам, ду-се моҳ пеш, як бачаи кенҷаи ҳелагарӣ дорад, Душанбе роҳиш кард. Бача-да, доим дар пеши калонтар кӯдак ворӣ метобад. Саиди пакар дар қади раҳ бачара дуо доду баъд як насиҳаташ кард. Гуфт, ки бачаме, ҳамин таърифа Худо худаш ҳам дӯст медорад, ҳар сураи Қуръони Карим бо таърифи Худо сар мешавад. Ту ҳам, ки дар Душанбе шудӣ  мебинӣ, ки ҳамаи ҷо пури баевику милисаша «камандир» бигӯву галстукдорша «раис», бегалстукша «ака». Ҳамаи корҳо мешавад панҷ, ҳамин гап қатӣ ҷудошон мекунӣ. Баъд ман гашта гуфтамаш, ки туро пакар мегану лекин он қадар пакар набудаӣ.Ҳамон ҷӯраи Абдулфайзмон рамузи ин мардума хуб медонад. ӯ як гапи хуб дорад. Мега, ки агар давлатат либоси нав пӯшад «муборак шавад»  мегану дар танаи ягон камбағал пӯшоки нава бинанд аз хоб хестагӣ ворӣ даррав мепурсанд: «аз куҷо ёфтӣ». Аз камбағал не, аз ҳамон пулдорҳо пурсидан даркор, ки «аз куҷо ёфтӣ?». Ҳозир ҳар як «ҷип»-саворе пайдо шудаст, ки дар замонаш, вақте акатон асп дошту мошин, бисёраш орзуи харсаворӣ мекард, лекин ҳамон хари бечорара ҳам надошт. Хайр, майлаш, иша ҳам як тараф мемонем. Ҳамин ишқи вазифара чунон дар дили баъзеш ҷой карданд, ки ҳич гуфтан надорад. Ин вазифаи бачаҳалок ҳам чунон ширине будаст, ки меҳри зану кӯдаку падару модару ёру бародар пешаш ҳич чӣ.

Як ҷӯраи қалуғ дорам, аз давраи бачагиш падармерос даҳмарда аст. Аввал ҳамроҳи раҳматии аташ буд, аташ сарчӯпону худаш даҳмарда. Баъди касалии аташ худаш сарчӯпон шуд. Мегуфт, ки раги хоби ин мардума медонам, аксараш вазифадӯст аст, агар дар кӯча ду ҷӯробкаша кор бифармӣ, ҳатман якташа калон таъин бикун, ки камтар дағдаға карда гардад. Дар телевизор гоҳ-гоҳ мебинам – занаки бисёр белу каданд дар даст дар саҳро базӯр-базӯр гоҳвараҷунбонак ворӣ меҷунбанду болои саршон як биргати шикамғафс хӯҷаин, дастҳо паси пушт.

Баъд ҷӯраи қалуғмон аз кору бораш як қиссаи аҷоиб кард. Ҳар ғоте ки рамара монда, ду-се рӯз ё зиёдтар ягон ҷо мерафт – хабаргирии зану кӯдакҳош ё аз пушти кори давлат, бо даҳмардаҳои зердасташ алоҳида-алоҳида маслиҳат карда, ҳар кадомша дар ҷойи худаш сарчӯпон мемонду мегуфт аз қафои ду даҳмардаи дигар назорат барад, ки боз ба чорво хиёнат накунанд. Дар бораи маслиҳати шудагӣ бояд ду каси дигар надонад. Хулоса, дар алоҳидагӣ ҳар даҳмарда сарчӯпон шудам гуфта, таҳти дил хурсанд, лаплап аз қафои ду ҳармоҳаш нигоҳ мекунад, назорат мебарад, ки боз ягон гӯсфанда яктарафа накунанд. Вақте қалуғи ҷӯрамон баргашта меояд, ҳама кору бор сад фоиз дар ҷош, аз будани худаш дида хубтар. Ҳамин хел чанд сол давом мекунад. Оқибат даҳмардаҳо дар набудани қалуғ байни худ ҷанҷол карда, таги гапа фаҳмиданд. Инаш мега сарчӯпон мара дар ҷош таъин кард, дигараш мега маро, сеюмаш нӣ ҳамин хел. ӯҳо маслиҳат карданд, ки дигар ба фанду фиреби сарчӯпон намеғалтанд, лекин сарчӯпон ҳам аз чашмшон вазъията пай бурду ҳар сеша аз кор сур кард, баъд одамони тамоман нава ба кор гирифт.

Ман қиссаи ӯра гӯш кардаму гуфтам, ки офаринат, аз чекистҳо гузарондӣ. Хайр чӣ кор кунам, гуфт, агар ин хел намекардам, ними рамаро «гург хӯрд» гуфта, нест мекарданд.

Сергапӣ ҳам шавад, ҷош омад, як чизи дигара нӣ нақлтон мекунам. Дар вақташ, солҳои чилум буд ё панҷоҳум, дар ёдам нест, як ошно доштам, ҳалаҳалаш кардем, гуфтем, ки ҳама як борӣ раиси колхоз шуд, ту ҳам раис шав. Хок хабараш набарад, Мақсуд ном дошту мардаки худ буд. Бо ман то ҳадде ҷӯраи наздик буд, ки ҳатто сагҳомон як устухона якҷоя мехоиданд.

Хайр, ба гапи мо даромаду раис шуд, як сол кор кард ё не, ки аз кор гирифтандаш. Аз район ду намоянда омад, то раис мӯҳру коғазҳора супораду баъд ягон каси дигара дар ҷош шинонанд. Раиси ҷӯрамон, ки бесавод буду бисёр содда, хиёл кард, ки агар мӯҳрра насупорад, раис мондан мегирад. Мега ки намедиҳам мӯҳрра. Он ду намоянда ки шаттаи давраи сталиниро хӯрда буданд, даррав ранги рӯшон мепуркаду ба тарсдиҳиву воҳима сар мекунанд, меган измагӣ накун ки фойда надорад, кор дар боло ҳал шудагӣ. Ин раиси ҷӯраи мо мӯҳрра гирифта, аз ҷойи кор мебарояду мегурезад тарафи теппа. Он ду намоянда ҳам медаванд аз ақибаш. Хабара шунавида, тамоми мардуми деҳа мебарояд тамошо. Кӯчаву тори дарахту болои дунг – ҳама ҷо пури одам. Чанд бузбалаву сулама медаванд, ки бубинанд чӣ мешавад. Ҳама дар даву тоз, пешодумкол. Ку одаме, ки киношон кунад. Раис хеле давида, оҳиста-оҳиста шалпар мешавад. Лекин он ду нафар аз қафош монданӣ надоранд, ки гирдопеша карда биқапандаш. Дар гардани тепа як чашма буду лабаш беди баланд. Раис дид, ки илоҷи дигар нест, ин тараф нигоҳ карду он тараф, баъд тори бед баромад. Дар кундоки бед шиштасту ҳашшаст дорад. Он ду нафар ҳам баромаданӣ шуданд, часпиданд дар танаи бед. Якташ чаппа шуда, омада зад дар таг, қарибе буд, ки миёнаш биканад. Аз мардуми деҳа чанд нафари дигар ҳадаҳа омада обаш чаконданд, бардоштандаш болои даст. Лекин намоянда даррав ба ҳуш омаду боз ҳаракат мекунад тарафи бед. Раиси ҷӯраи мо мебинад, ки кор ранги ҷиддӣ дорад, мӯҳрра аз ҷебакаш бароварда, резинша канда, дар даҳанаш метиқонаду қурт мекунад. Лабу даҳану дандон ҳама пури ранг шудасту худаш бехабар даҳан воз ҳашаст дорад. Ягон кас нафаҳмад, хиёл мекунад, ки ягон ҷондори навбаромад аст. Лекин намояндаҳо ҳам сару рӯ пури арақу чангу хок, забонҳо аз ҳалқ баромадагӣ, ба нею нестони ӯ гӯш надода, пешандоз карда бурдандаш район. Ба ӯ меган, ки чанд рӯзе даркор бошад, меистиву резина бароварда медиҳӣ, баъд ҷавоб. Лекин резин ҳам чап гирифтагӣ ворӣ зуд намебарояд.

Хулоса, раис як ҳафта зиёдтар  дар район монд, он ду намоянда аз ӯ ҳам безор шуданду аз резин ҳам. Лекин илоҷи дигар надоштанд. ӯра ба серӣ обу авқот медоданд, ки анде меъдаш холӣ нашаваду тез-тез берун раваду резин барояд. Ҳар ду намоянда доим дар пешаш посбон, ки боз ягон номаъқулии дигар накунад. Ҳар вақте, ки раис берун меравад, ӯ ду нафар пас аз ӯ ба ҳоҷатхона даромада, як соати дигар резин мекобанд.

Оқибат резин мебарояд. Раис аз ҳоҷатхона берун шуда, ба он ду нафар мега, ки:

— Хайр, рафта бигиредаш, баромад.

ӯ ду намоянда аз хурсандӣ дар курта намеғунҷиданд. Ҳадаҳа чизи даркоришона ёфта, шустанду бурда ботантана ба роҳбаршон супориданд.

Раиси ҷӯраи мо бошад лоқлоқ гашта омад хона, аз бурдоварди шудагӣ хиҷилу хиҷолат. Як соли дигар ин гап дар даҳани мардум буд. Баъдҳо ягон гапа фаҳмиданӣ мешуданд, мегуфтанд ҳо дар он соле ки раиси Мақсуд мӯҳрра гирифта гурехта буд, ҳо дар он соли суркунопешкуни раиси Мақсуд…

Раҳматӣ пас аз ҳамон ҳодиса мара медиду хиҷолат мекашид. Ман пурсидам, ки ту деҳқонзода будӣ, ҳамон вазифара бо маслиҳати худмон гирифтӣ, барои чӣ ин хел кардӣ. Ҷавоб дод, ки ҳамон соате гуфтанд ту аз вазифа халос, мӯҳрра супор, хиёл кардам, ки ҷонма гирифтанӣ ҳастанд. Як намояндаш дар назарам ранги Азроил тофт. Сарам як фур гашту… Ҳамин хел ширин буд дар назарам ин мансаби зормонда, ки… Баъд одат кардам. Вазифаш ҳам он қадар моле набудаст.

Ана ҳамин хел, ҷонҳои ака. Инаш аз солҳои пеш буд. Аз ин навбаромадҳош чунон саргузаштҳои зӯр медонам, ки шунавед кайф мекунед. Ҳозир як нос… Э, носкаду ҳамин ҷо буд, куҷо шуд?…

Додарҳои ҷон, дар қадамҳотон хокистар кунад мара Худо. Ҳозир аз саг сар мекунаму лекин боз фикр накунед, ки ҳамин гапҳои акамон дурӯғ аст ё муҳобот мекунад. Ҳатто аз саг ҳам не, ин ҷо саги бечора аламдида аст, аз мансаби сархӯр сар карданиям гапа. Дар хотиртон бошад, як рӯз гапа аз мансаби хокшуда сар кардему ба охир нарасондем.

Дар ҳамон давраи ҷавонии акатон як ҷӯраи дигарам ҳам сараш чӣ фуре гашту мансабгир шуд. Рафт, як-ду баақли дигара пурсид, барои вазифаи калон гирифтан чӣ кор кардан даркор. Якташ гуфт, ки дар боло одам доштан даркор, порабару порадеҳу порахӯр ёфтан лозим. Бе ин обат ранг намегирад. Мансабгири ҷӯраи мо, ки пул надошт хап монд. Маслиҳатгари дуюме, ки пешаш рафта буд, гуфт ки гапи пораву порахӯрӣ – ҳамаш ҳов-ҳови мардум асту лелепепеи одамоне, ки кора буд кардан намехоҳанд. Барои мансаб гирифтан хуб кор бикуниву беайб бигардӣ, бас аст. Коре бояд бикунӣ, ки ҳатто думи сагта каҷ гуфта натонанд.

Ҷӯраи мо баъди ин маслиҳат ҳар рӯз меравад ба кор соати ҳафти саҳар, мегардад дар каридор ин тарафу он тараф. Нимрӯзӣ ҳама хӯрокхӯрӣ мераваду ӯ шиштаг ҷош. Кор ҳам, ки тамом шуд, пас аз ҳама меравад. Ин корҳош дида, чанд каси дигар дар шубҳа афтид. Сияҳкунӣ сар шуд.

Дорои ДИЛОВАР

(Давом дорад)

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: