Главная > Uncategorized > «Медведский» галстук

«Медведский» галстук

Чорум рӯзи соли хониш ҳам гузашт. Талабаю толибаҳои макотиби миёнаи шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳои олии пойтахт ҳамакнун вориди бозорҳо шуда, барои худ сару либос харидорӣ мекунанд. Рӯзе ман ҳам ба бозори «Шоҳмансур» барои харидории пойафзол рафтам ва  ҳангоме, ки бо фурӯшанда туфлиро савдо мекардам, аз пушт садое баромад:

-Ака, «Медведский» галстук дорӣ?

Фурӯшанда «бале дорам» гуфта, чанд намуд галстукро бароварда пешкаши харидор кард. Харидор якеашро интихоб намуд, ки ростӣ он галстук монанди забони мор чунон борик буд, ки ин хел галстукро боре дар гардани Президенти руссия Д.А Медведев надидаам.Дар мавзӯи либосу либоспӯшии мактаббачагону донишҷӯён ва ҷаноби вазирон дар рӯзномаҳо баҳсу эрод ва танқидҳо давом дорад ва яке ба мазаммати дигаре садо баланд мекунад. Албатта, ин хуб аст, ки либоси ягонаи мактабӣ вуҷуд дошта бошад, дар сурате, ки ҳама онро бо хушнудӣ қабул кунанд.

Агар дар донишгоҳҳо духтаронро бо ҳиҷоб ба дарс роҳ надиҳанд,  писаронро  ба синф ворид шудан намемонанд. Агар донишҷӯ бегалстук бошад, ӯро ҳатман аз дарс меронанд. Донишҷӯён маҷбур галстук мебанданд, агарчанде ба саломатии баъзе бастани он хатар дорад ё тамоман писанд нест. Яъне дар кишвари демократӣ шахс ҳуқуқи интихобро надорад, балки тарзи пӯшидану напӯшиданро дигарон тавсия медиҳанд ва ӯ маҷбур аст, ки бо андешаи ғайр созиш кунад.

Албатта, бо шими ҷинсу «футболка» ва «красовка» пӯшидани галстук тамоман аз рӯи этикаю эстетика нест ва дар ин маврид то андозае метавон эроди дастаҷамъона гирифт. Вале бештари ҷавонон бо тақлид аз ягон ҳофизи эстрада ё «реп», ки дар саҳна баъзан бо шиму футболка галстук баста мебароянд, ба чунин иқдом даст мезананд. Аммо саҳна аз синф фарқ дорад. Тааҷҷубовар ин аст, ки назоратчиён дар донишгоҳҳо кор надоранд, ки донишҷӯ бо шиму кастюм галстук мебандад ё бо шими ҷинсу футболка. Барои эшон муҳим он аст, ки галстук дар гарданаш кашол бошад.

Аслан калимаи «галстук» аз забони немисии «Halstush», яъне «Hals» — гардан ва «Tuch» рӯймол, гирифта шудааст. Пайдоиши аввалин галстукро ба давраҳои ғуломдории Мисри қадим нисбат медиҳанд. Инчунин мардуми хитоӣ ва римиҳои қадим низ ин либосро истифода мебурдаанд. Барои зебогиаш дар аввалҳо галстукро ба гиребони сахти мудаввар мепечониданд. Ҳоло фарқ надорад. Бештари ҷавонон хоҳиши галстук бастанро надоранд, аммо маҷбур мебанданд.

Ҳамарӯза шоҳиди он мешавем, ки баъзе афрод, хусусан донишҷӯён бо галстукбандӣ, ки ба қавле нишонаи маданият асту шахси бофарҳанг онро ба бар менамояд, гӯё нафарони бофарҳангу бефарҳангро аз ҳам ҷудо мекунанд. Ҳоло бошад, ронанда ва «ресмонкаши троллейбус» ҳам шахси бофарҳанг шудаанд. Зеро гап-гап ҳаст, ки бояд ронандагони тролейбусҳо ҳангоми мусофиркашӣ дар сари чанбараки нақлиёт галтук банданд. Ин тасмим боиси пайдо шудани ҳар гуна масалҳои халқӣ гаштааст. Рӯзе кондуктори троллейбусе бо шӯхӣ мегуфт, ки мабодо сими тролейбус дар нимароҳ канда шавад, галстукро ба ҷои банд ё трос истифода хоҳад бурд. Дар мавриди дигар донишҷӯён байни худ масале бофтаанд, ки ҳар донишҷӯе галстук бандад, ӯро «профессор» гуфта, масхара мекунанд.

Олимҷон Умаров, «Пайкон»

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: