Главная > Uncategorized > Аз ин монда аз он ронда

Аз ин монда аз он ронда

Хаёл Бобоев «фолбин» буд ё ӯро барои бастани ДТИКТ фиристода буданд?

Акнун Хаёл Бобоеву Абдуҷаббор Раҳмонов ва Фарҳод Раҳимову Хуршед Зиёев дасти мадад сӯи ин донишҷӯёни овора дароз мекарда бошанд? Сӯи донишҷӯёне, ки «оилаашон»-ро ин вазорат вайрон кард ва «хонаашон»-ро кашида гирифтанист. Тақдири садҳо донишҷӯ ҳоло дар дасти Вазорати маориф аст ва гуфтан мушкил аст, ки нафарони масъули номашон дар боло зикршуда минбаъд сарнавишти онҳоро ба ҳаволаи тақдир мегузоранд ё ҳамчун тақдирҷунбон ном мебароранд.

Хаёл Бобоев, собиқ ректори Донишгоҳи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон гӯё «фолбин» бошад, ки ҳангоми аз вазифаи мазкур озод шудан ба гуфтаи шоҳидони ҳол чунин пешгӯӣ кардааст:

-ДТИКТ баста мешавад!

Ва ин пешгӯии ӯ баъд аз чанд муддат дар шакли низоъи Вазорати маориф ва ДТИКТ то андозае дуруст баромад. Чанд рӯз қабл аз вазифа рафтани Хаёл Бобоев дар мавриди баста шудани ягона донишкадаи мустақили кишвар аз забони донишҷӯёни ин муассисаи олӣ суханҳои зиёде шунида мешуд, ки ДТИКТ аз байн меравад. Яъне, Вазорати маориф онро мебандад. Мақоли халқие ҳаст,ки «то шамол набошад барги дарахт намеҷунбад». Муассиси ин донишкада ва омӯзгорони ин даргоҳ  ҳам мегуфтанд ,, ки пеш аз вазифа барканор шуданаш Хаёл Бобоев иттилоъ додааст, ки ДТИКТ-ро мебандад. Сабаби аз вазифаи ректорӣ рафтани Хаёл Бобоев ва вазъи таълим дар ин даргоҳро он замон пурсон шуда будем. ӯ аз фаъолияти ин донишкада изҳорӣ нигаронӣ карда, гуфта буд:

— Худам 70-80 дар сади донишҷӯёни фаъоламро ба дигар донишгоҳҳо интиқол медиҳам. Бо боварӣ мегӯям, ки рӯзҳои наздик 70 фоизи омӯзгорон низ аз ин ҷо мераванд.

Воқеан ҳам аз ин пешгӯйиҳои собиқ ректори яке аз донишкадаҳои мустақил дар Тоҷикистон кас дар ҳайрат мемонад. Ва тааҷҷубовар он аст, ки ин боварии ӯ аз куҷо сарчашма мегирад? Ё Хаёл Бобоев дар оғози давраи ректориаш нақшаи аз байн бурдани ДТИКТ-ро бо Вазорати маориф тарҳрезӣ карда буд? Ин суолҳоест, ки посухи мушаххас мехоҳад. Агар ба гуфтаҳои адвокати донишкадаи мазкур, Муҳаммадалии Нуралӣ бовар кунем, бори нахуст Хаёл Бобоев бо моддаи 46-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод карда шудааст, вале баъдан онро тағйир дода, тибқи моддаи 45-и ҳамин кодекс (яъне бо хоҳиши худ) аз вазифа озод мекунанд. Шояд Хаёл Бобоев намедонист, ки пас аз вазифаи ректорӣ озод шуданаш, чунин муноқиша байни Вазорати маориф ва Донишкадаи мустақили технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ба миён меояд. Кас дар тааҷҷуб мемонад, ки чаро Бобоев пеш аз якчанд рӯзи аз вазифаи ректорӣ рафтанаш дар мавриди баста шудани ин донишкада ҳамаро хабардор кард? Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ Бобоев замони ректориаш дар хусуси баста шудани ин донишкада чизе нагуфту пас аз чанд рӯзи истеъфояш овоза кард, ки ДТИКТ баста мешавад? Агар ин овозаҳо асосе намедоштанд, ҳеҷ гоҳ дар байни донишҷӯён миш-миш намешуд. Вақте бо собиқ ректори донишкада, Хаёл Бобоев ҳамсӯҳбат гаштем, ӯ чунон худро вонамуд кард, ки гӯё дилаш ба ин донишкадаву донишҷӯёни он месӯхта бошад.

Зиёда аз якуним сол мешавад, ки ин баҳс идома дорад. Дар хусуси баҳси Вазорати маориф бо ДТИКТ борҳо назарпурсӣ ҳам гузарондем. Аксарият тарафдори онанд, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият кардани чунин як донишкадаи ғайридавлатӣ ягон паёмади манфӣ надорад. Вале ҷониби Вазорати маориф мехоҳад ҳарчӣ зудтар донишҷӯёни ин муассисаи олиро ба дигар донишгоҳҳо интиқол диҳад. Санаи 13-уми сентябри соли ҷорӣ намояндагони Вазорати маориф, муовини аввали вазир Фарҳод Раҳимов ва сардори Хадамоти давлатӣ дар соҳаи маориф, Хуршед Зиёев ба ДТИКТ омада, бо донишҷӯёни ин донишкада сӯҳбат мегузаронанд ва ба онҳо ваъда медиҳанд, ки барои интиқол додани эшон ба дигар макотиби олии ҷумҳурӣ кӯмак хоҳанд кард. То донишҷӯёни Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ ҳар чӣ зудтар тарки ин даргоҳ кунанд. Дақиқ гуфта наметавонем, ки Вазорати маориф донишҷӯёнро чашми дидан надорад, ё нисбати муассис ва омӯзгорон ягон ғарази шахсӣ дорад. Аммо бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби муноқишаи Вазорати маориф бо Донишкадаи мустақили технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон масъалаи маҳалгароист. Аз рӯзи аввале, ки намояндаҳои вазорат бо донишҷӯёни ДТИКТ вохурӣ гузаронда буданд, толибилмон сад дар сад гапи намояндагони вазоратро бовар карданд. Надонистанд, ки ваъдаҳои хушку холии Вазорати маориф дар бораи дар кӯча намондани донишҷӯёни ДТИКТ бенатиҷа хоҳад буд. Ҳамакнун донишҷӯёни ин муассисаи олӣ дар кӯча монданд. Масъулини вазорат ваъда доданд, ки дастгирӣ мекунанд, вале баъди «харашон аз об гузаштан», яъне пас аз ба мақсад расидан ҳама қавлу ваъдаҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Вақте донишҷӯёни ДТИКТ аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба донишкадаву донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд, роҳбарияти он факултаҳо донишҷӯёнро «қабул» накарданд. Яъне аз донишҷӯёни ин донишкада 14 фарқият талаб карда шуд. Мувофиқи талаби дигар донишгоҳҳои олӣ донишҷӯёни ин донишкада як курс пойин мехонанд ё 14 фарқият месупоранд. Агар донишҷӯйе, ки дар ин донишкада панҷ сол таҳсил карда бошад, тибқи талаби макотиби дигари олии ҷумҳурӣ боз як сол таҳсил карда, сипас соҳиби диплом мегардад. Дар як баҳси судӣ намояндаҳои ҷониби вазорат гуфта буданд, ки бо дипломи ин муассиса дар ягон корхона ба кор қабул намекунанд. Модоме ки чунин бошад, чаро аз лаҳзаҳои аввали фаъолияти ин донишкада камбудиҳояшро ислоҳ накарданд (агар камбудӣ дошта бошад)? Дар ин ҷо Вазорати маориф гунаҳгор аст ё ДТИКТ? Намояндагони Вазорати маориф донишҷӯёни ин донишкадаро бо ваъдаҳои болохонадори «мо дастгирӣ мекунем!» оё аҳмақ накардаанд ё ба ибораи халқӣ «пушти гӯш макарон тоб надодаанд»? Чаро имрӯз ҷониби вазорат ваъдахилофӣ мекунад? Салимҷон, як нафар донишҷӯйи донишкадаи мазкур пас аз вохӯрии намояндагони вазорат бо таассуф гуфт:

— Эй, кош дар ин донишкада фарзанди ягон вазир таҳсил мекард.

Аз ӯ пурсон шудам, ки магар дар ин донишкада фарзанди ягон шахси мансабдор таҳсил намекунад, ӯ дар посухи суоли ман чунин изҳори назар кард, ки агар бойбачаҳо дар ин ҷо таҳсил мекарданд шояд Вазорати маориф барои бастани донишкадаи эшон тасмим намегирифт». Дар хусуси қабул накардан ба дигар макотиби олӣ донишҷӯёни ДТИКТ ба мо муроҷиат карданд, то аз Вазорати маориф доир ба ин масъала пурсон шуда, маводеро ба дасти чоп диҳем ва донишҷӯён огоҳ гарданд, ки вазорат чӣ мехоҳад. Зеро ба гуфтаи донишҷӯёни донишкадаи номбурда онҳо наметавонанд маълумоти заруриро оиди ин масъала аз Вазорати маориф дарёфт кунанд. Мо ба сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Хуршед Зиёев занг зада бо ӯ ҳамсӯҳбат гаштем. Хуршед Зиёев мегӯяд, ки ҳоло дар ин бора ҳеҷ чиз гуфта наметавонад. Чунки то ҳол лоиҳаи қонунӣ пешниҳод кардаи вазири маориф, Абдуҷаббор Раҳмонов ба тасвиб нарасидааст.

Ҳамакнун сабаби ташрифи намояндаҳои Вазорати маориф ба ДТИКТ ва додани ваъдаҳои болохонадор ба донишҷӯён норавшан боқӣ мемонад. Ба мушкили донишҷӯёни сарсону саргардон кӣ акнун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад? !Теъдоде дар назди донишкадаву донишгоҳҳо ва баъзеи дигар дар даст дафтарчаи имтиҳонӣ дар назди бинои Вазорати маориф интизоранд, ки тақдири минбаъдаашон чӣ мешуда бошад. Акнун Хаёл Бобоеву Абдуҷаббор Раҳмонов ва Фарҳод Раҳимову Хуршед Зиёев дасти мадад сӯи ин донишҷӯёни овора дароз мекарда бошанд? Сӯи донишҷӯёне, ки «оилаашон»-ро ин вазорат вайрон кард ва «хонаашон»-ро кашида гирифтанист. Тақдири садҳо донишҷӯ ҳоло дар дасти Вазорати маориф аст ва гуфтан мушкил аст, ки нафарони масъули номашон дар боло зикршуда минбаъд сарнавишти онҳоро ба ҳаволаи тақдир мегузоранд ё ҳамчун тақдирҷунбон ном мебароранд. Алъон, ки донишҷӯён овораву саргардон ва аз ваъдаҳои вазорат ноумед гаштаанд,  ҳоли онҳоро дида, мақоли халқии «Аз ин мондаю аз он ронда» ба ёд меояд.

Азимҷон БАДАЛОВ,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: