Главная > Uncategorized > Дар Хуҷанд «Ансоруллоҳ»-иёнро дастгир карданд?

Дар Хуҷанд «Ансоруллоҳ»-иёнро дастгир карданд?

Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар як  баёния  изҳор кардааст, ки  дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 12 сентябр се нафар гумонбар дар инфиҷори Хуҷанд боздошт шудаанд.

Дар муроҷиатнома дар бораи шахсони дастгиршуда ягон маълумоте дода намешавад.Сабаби онро мақомот  дар халалдор накардани рафти тафтишот маънидод намуда, афзудаанд, ки «Аз натиҷаи тафтишот ва қарори қонунии кабулшуда аз тариқи васоити ахбори омма иттилоъ дода мешавад». Таъкид шудааст, ки нисбат ба шахсони боздоштшуда парванда оғоз намуда, додситони вилояти Суғд тафтишот мебарад.Хотиррасон мекунем, ки субҳи 3-уми сентябри соли ҷорӣ дар бинои бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд  чанд тан куштаву касони зиёд захмӣ шудаанд. Дар бораи қурбониёни ин таркиш ахбори дақиқе ба чашм намерасад. Зеро тариқи воситаҳои ахбори омма  шумораи кушташудагонро  гоҳе чор нафару гоҳе ду нафар мегӯянд. Нисбат ба захмбардоштагон ҳам хабари дақиқ нест.Дар ҷое 21 нафару дар ҷои дигар 28 кас арзёбӣ мешавад. Ин нофаҳмӣ нобоварии мардумро нисбат ба ниҳодҳои қудратӣ ба маротиб коҳиш медиҳад ва шаҳрвандон намедонанд, ба кадоме бовар кунанд.

Каблан гузориш пахш шуда буд, ки  аъзоёни Ҳаракати исломии ӯзбекистон дар ин таркиш  даст доранд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни як баёния ҳодисаи таркиш дар Хуҷандро эҳтимолан кори дасти ҳаммаслакони гумонбаршудагон ба куштори раиси собиқи бозори Исфара Ҳомидҷон Каримов арзёбӣ намуда буд. Мақомоти вилояти Суғд 4 ҳамдеҳаи Ҳомидҷон Каримов аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфараро омили ин куштор хонда буданд, ки ду нафар онҳо — Раҳимбой Раҳимов ва Фозил Комилов дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Баъдан як гурӯҳи то ин вақт номаълуми Ҷамоаи «Ансоруллоҳ» масъулияти онро бар дӯш гирифт.

Нозирони маҳаллӣ иброз менамоянд, ки норӯшаниҳои иттилооти расмӣ лоақал дар бораи макони боздошти гумонбарон ва пайванди онҳо ба гурӯҳу созмони муайян аҳамияти ин баёнияҳои мақомотро ба маротиб коҳиш медиҳад.Шаҳрванд намедонад, ба кадоме аз иттилоотҳо бовар кунанд. Хусусан, вақте  ному насаб ва макони боздошт гардидани гумонбаршудагон дар таркиши Хуҷанд номбар карда намешавад.

Ба ақидаи ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов номбар кардани ному насаб ва макони боздошти гумонбаршудагону ба кадом созмону гурӯҳ алоқаманд буданашон, ба рафти тафтишот ягон хел таъсир намерасоанд. Баръакс, эътимоди мардумро ба мақомоти қудратӣ афзун менамояд. Бо баҳонаи сирри тафтишот, аз мардум паноҳ доштани хабари саҳеҳ оқибати нек надорад.

Дар асл баёния оид ба боздошти гумонбаршудагон, хеле тааҷҷубовар аст. Оид ба ҳамин ҳодисаи таркиш  мақомоти қудрати даст доштани исфарагиҳоро бо зикри ному насабашон пешакӣ эълон карда буданд. Пас чаро баъди боздошти гумонбаршудагон ному насаби онҳо ошкор карда намешавад? Тайи чанд соли охир сокинони Исфара ва узвияти онҳо ба Ҳаракати исломии ӯзбекистон дар ахбори расмӣ зиёд зикр мешавад. Аз ҷумла ду нафар — Абдураҳим Умаров ва Абдураҳмон Ваҳҳобов, ки дар Майхӯраи  ноҳияи Варзоб ҳангоми задухӯрд бо нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд, узви Ҳаракати Исломии ӯзбакистон эълон гардиданд . Дар қатори 25 фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Баҳром Орифҷонов, зодаи шаҳри Исфара низ ҳаст, ки бо ҷурми узвият ба Ҳаракати исломии ӯзбекистон зиндонӣ шудааст.

Пӯшида нест, ки Исфара дар байни 17 ноҳияи вилояти Суғд минтақаи саноатӣ буд ва бо пош хӯрдани собиқ ИҶШС кулли корхонаҳо аз кор монд. Бобоҷон Икромов, коршиноси маҳаллӣ гуфтааст,ки дар замони Шӯравӣ Исфара шаҳри саноатии Тоҷикистон унвон мешуд ва дар ин шаҳр 31 корхона фаъол буданд. Вай афзуд, гароиши ҷавонони ин ноҳия ба созмонҳои тундгарову террористӣ ба замони бозсозӣ ва истиқлол рост меояд:

«Чун дигар манотиқи кӯҳистон мардуми Исфара ҳам аз бекориву фақр осебпазиранд. Он 31 корхонае, ки ҳудуди 30 ҳазор нафарро бо кор таъмин мекарданд, ҳоло фаъолият надоранд. Дар қиёс бо замони Шӯравӣ мактабҳо фалаҷ шудаанд. Албатта, аз таҳаввулоти охир дар Тоҷикистону минтақа дар охири қарни 20 ва аввали қарни равон бачаҳои Исфара берун намонданд ва ба созмону гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили Ҳизби таҳриру Ҳаракати исломии ӯзбакистон пайвастанд».

Дар мавриди боздошти гумонбаршудагон ҳам фикри коршиносон яксон нест. Оё боздоштшудагон ба Ҷамотаи «Ансоруллоҳ» ягон алоқамандӣ доранд? Ин суол то ҳол норавшан аст. Вале дар ин маврид коршинос Неъматулло Мирсаидов, мегӯяд, қаблан боздоштҳое сурат гирифтаанд, ки ба дунболи онҳо афроди боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ ба иттиҳомоти расмӣ иқрор кардаанд:

«Аксар вақт сохторҳои қудратӣ, агар ҷинояткорро наёбанд ҳам мо ёфтем, гуфта, баъзан одамони бегуноҳро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки ин ҳам то як дараҷа эътибори ноҳияи Исфара ва мардумашро мекоҳад».

Мирсаидов мегӯяд, дар ҳоле ки шахсияти сарнишини мошине, ки дар назди шӯъбаи мубориза бар ҷиноятҳои созмонёфтаи Суғд таркид, эълом нашудааст, сӯҳбат аз созмондиҳандагони эҳтимолии таркиш низ суолангез аст.

Диловари НУРИДДИН,

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: