Главная > Uncategorized > Муроҷиатнома

Муроҷиатнома

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Салимзода Шерхони Одина

Панҷ сол боз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар шахсияти раиси шаҳр Анвари Вайсиддин, барои ғайриқонунӣ кӯчонидани  дӯконҳои мо қӯшиш карда истодааст. Гарчанде ба иҷрои нақшаи генералии шаҳри Ваҳдат ягон алоқамандӣ надорад, Мақомоти иҷроия дастгирии бевоситаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон , бе иштироки мо соҳибкорон аз 13-уи августи соли 2010  оид ба таҷзия ва вайрон кардани дӯконҳои мо қарори ғайриқонунӣ баровардааст. Агар ин 5 сола кӯшишҳои Мақомоти иҷроия оид ба кӯчонидани дӯконҳои мо аз нуқтаи назари қонуну ҳуқуқ санҷида шаванд, ба хулока омадан мумкин, ки Мақомоти иҷроия зидди пешравии иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум ва давлат, зидди Конститутсия  мебошад.

Шояд чунин ҳам бошад, вагарна ин қадар ҳуқуқҳои ба соҳибкор ва шаҳрванд додашударо мансабдоре рӯйирост, нотарсона поймол мекунаду пеши роҳи чунин қонуншиканиҳо гирифта намешавад. Тибқи Фармони Президенти мамлакат таҳти № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба аводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО”бояд шахси масъул ба мақолаи танқидии дар ВАО ба табъ расида,  вокуниш наояд. Мақсад аз вокуниш бошад, ислоҳи камбудӣ ва хатогиҳои рухдода аст, на худсафедкунӣ дар назди ҷомеа ва Президенти мамлакат ё Прокурори генералӣ.Намедонам ин маротиба  Мақомоти иҷроия чӣ вокунише пешниҳод мекарда бошад, маротибаи гузашта ба ҷойи вокуниш афсонаи мурғи дусараро  пешкаши ҷомеа карда буд ва ин дафъа шояд афсонаи гӯсолаи дусараро қисса мекунанд.

Мо аз давлат, дар шахсияти мақомотҳои дахлдор барои ҳуқӯқҳои худ талош дорем ва бисёр аламовар аст, ки ҳама ҳуқуқро дорему  аз он бархӯрдор нестем. Ҳоло шикояти мо оиди қонуншиканиҳои Мақомоти иҷроия дар Прокуратураи генералӣ дар арафаи санҷиш қарор дорад. Мо боварӣ дорем, ки Мақомоти иҷроия  мавқеъи худро дар назди санҷишгарон нигоҳ дошта, гӯё ба соҳибкорон қитъаҳои замин, ба ҷойи дӯконҳо -дӯкон ва арзиши дӯконҳоро дода бошаду соҳибкорон  онро рад карда бошанд, худро сафед карданӣ мешаванд. Аммо барои исботи ҳамаи ин бояд Мақомоти иҷроия ба санҷишгар ҳуҷҷат пешниҳод намояд.

Тартиби гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳисобӣ кардан ба заминистифодабаранда дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 38, 38; 39, 40, 40; 41) возеҳу равшан баён шудаанд.

Умуман, қонун барои он қабул мешавад, ки онро иҷро  намоянд,  пеш аз ҳама аз тарафи ҳокимон ва мансабдорон. Аммо Мақомоти иҷроия тӯли 5 сол бо фишору таҳдид, бо огоҳиномаҳою амру қарорҳои ғайриқонунии худ, бо баҳонаи амалӣ намудани  плани генералӣ, ки дар рости дӯконҳои мо купрук сохта мешуда бошад, моро кӯчониданист.

Охир, ин дӯконҳо моликияти шахсии мо буда, онҳо арзиш доранд, қитъаҳои замини таҳҷои дӯконҳо ҳам моли шахсӣ ва меросии мо мансуб меёбанд то вақте, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо роҳи қонунӣ аз мо гирифта нашаванд.

Ин амалҳои ғайриқонунии мақомоти иҷроия бояд аз нуқтаи назари қонунҳои амалкунанда чун сӯйиқасд барои аз худ  кардани амволи ғайр ҳисобида шавад. Мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдат бо ин амалҳои ғайриқонунии худ на танҳо мо 28 соҳибкори инфиродиро аз фаъолияти соҳибкорӣ маҳрум карданист, моликиятамонро  гирифтанист, балки оилаҳои мо, ки шояд 300-400 нафарро ташкил диҳанд, аз ризқу рӯзиашон маҳрум карданист.

Барои ҳамин ҳама санадҳои қабулкардаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳси кӯчонидани дӯконҳои мо ғайриқонунӣ мебошанд.

Мо аз  мӯҳтарам Президенти мамлакат хоҳиш ва илтимоси зиёде дорем, ки ин  масъаларо зери назорати худ гирифта,  баҳри тантанаи адолат супориши махсус медиҳад.

Аз  прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем: нисбат ба он қарору санадҳои ғайриқонунии ба мо дахлдошта, дар доираи ваколатҳои худэътироз оварда, пеши роҳи қонуншиканӣ ва ҳуқуқпоймолкуниҳои Мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдатро гирад.

Нуров Беҳрӯз, шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Бохтар-33.. Қурбонов Миҳтоҷ, кӯчаи Қ. Ёров-9,Фақиров Зубайдулло, шаҳраки Наврӯз-132

Содиқов Усмонҷон,  кӯчаи Ҷомӣ-9, Гулов Абубакр,  деҳаи Озода.

Давлатов Бобишо,  кӯчаи Бинокорон-11,Маҳмадиев Саид, кӯчаи Темурмалик-30. Ибрагимов Маҳмурод ва дигарон.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: