Главная > Uncategorized > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Ба ҳар ҳол мӯъбадон ва рӯҳониёни Зардуштӣ, ойини Зарвонро низ монанди ақоиди Монӣ, навъе баддинӣ ва бидъат мешумурдаанд ва бо он мухолифат меварзидаанд; Ниҳоят он ки дар охири даврони Сосонӣ, ба сабаби таҳаввуле, ки дар ҳамаи авзои замонӣ пеш омада буд, ин ойин низ ривоҷи бисёр ёфт ва ҳатто ба ақидаи баъзе аз муҳаққиқон дар ин давра фирқаи Зарвонӣ бар соири фирқаҳои Зардуштӣ бартарӣ дошт. (Аббос Қадёнӣ, Таърихи адён ва мазоҳиб дар Эрон. Интишороти фарҳанги мактуб.  Теҳрон, Чопи сеюм 1387-2009, саҳ122-124.) МУНОҚИШАҲОИ ФАЛСАВӣ

Боре ойини Зардушт дар поёни давраи Сосонӣ бари асари бидъатҳои динӣ ва дар натиҷаи фасод ва интиҳоту таназзули мӯъбадони қавмӣ, заиф гашта буд. Нуфузи ойини Исо ва ойини Буддо, низ аз ду ҷониб: Шарқ ва Ғарб, онро дар миён гирифта буд ва ҳар рӯзаш заифтар мекард. Шояд агар ислом аз роҳи Ҷазираи араб намерасид, ойини Зардушт дар баробари нуфузи ин ду дин, худро яксара бохта буд. Аммо ислом бо рӯҳи тоза ва тобеи охта (урён) аз роҳ дар расид ва корҳо ба шакле дигар гашт. Қудрат ва шукӯҳи ислом, адёни дигарро тобеъ кард ва тӯмори ҳамаро дар навор дид. Аз динҳое ки дар Эрон роиҷ буд, онҳо, ки аҳли китобе буданд ё мусулмонӣ пазируфтанд ва ё ҷизя бар гардан гирифтанд. Онҳое низ, ки аҳли китоб набуданд, кушта ё пароканда шуданд ва ё мусулмониро гардан ниҳоданд. Бо қудрат ва истилои ислом заммиҳоро (яҳуду насороро), ки ҷизя пазируфта буданд, ёро (ҷасорат)-у ва ҳақи он набуд, ки ба нашр ва тарғиби дини хеш бипардозанд. Муддатҳо ҳар гуна тахаллуфу зиёдаравӣ аз ҳудудро арабон, бо шамшер ва тозиёна ҷазо медоданд.

Ойини Зардуштро мусулмонон бо номи Маҷус шинохтанд ва пайравони онро ба дастури пайғамбар дар шумори аҳли китоб пазируфтанд. Аз ин рӯ аз онҳо ҷизя қабул карданд ва муомилаеро, ки бо куффор ва мушрикон раво медоштанд, бо онон намекарданд. Бо ин ҳама албатта иҷозаи баҳс ва гуфтугӯ низ ба онҳо дода намешуд ва ҳеҷ гуна ҳақи нашр ва таблиғи ойини хешро надоштанд. Дар муқобили бонги азон, ки аз манораҳои масҷид бармехост, суруди муғ наметавонист авҷ бигирад ва дар баробари он чӣ Қуръон мегуфт готаи (суруди) Зардуштро ҷойи худнамоӣ набуд. Муддатҳо кашид, то муҳити озодӣ падид омад ва мӯбадону ҳирбадони маҷус фурсати онро ёфтанд, ки дар баробари фуқаҳо ва мутакаллимони мусулмон биншинанд ва сухан бигӯянд. Ин озодандешӣ дар давраи хулафои нахустини Аббосӣ, хоса дар давраи Маъмун падид омад. Бо ин ҳама, қабл аз он низ порае ақоид ва орои динӣ, ки махсуси маҷус буд, дар байни мусулмонон бешу кам ривоҷ ёфта буд. Дар ҳақиқат, ҳатто он идда (гурӯҳ) аз эрониён, ки бо ризояти хотир ойини мусулмониро пазируфта буданд, ҳаргиз натавонистаанд зеҳни худро аз меросҳо ва суннатҳои динии гузаштаи хеш ба куллӣ холӣ созанд. Аз ин рӯ аҷаб нест, ки баъзе ақоид ва орои дерини аҷдодиро низ бо ойини ҷадид оштӣ дода ва бо ҳам омехта бошанд. (Ду қарни сукут, саҳ.280.)

ФАЛСАФАИ ДУАЛИСТИИ ХАЙРУ ШАР

Аз ҷумла ба назар меояд, ки баҳс дар боби қадар то андозаи зиёде аз афкори маҷус ношӣ (пайдо) шуда бошад. Ин ки аз қавли пайғамбар дар бораи қадария гуфтаанд, ки қадарияро маҷуси ин уммат бишуморанд, низ ҳикоят аз ин дорад, ки уламои ислом аз оғози амр мутаваҷҷеҳи иртиботи ақоиди қадария бо мазҳаби маҷус будаанд.

Асоси ақидаи қадария ба ин нукта буд, ки инсон иҷрокунандаи корҳои хеш аст ва набояд кардаҳои хешро ба хости Худо равона кунад. Ин нукта дар ҳақиқат як навъи санавият буд, ки бо ваҳдат ва тавҳиди ислом чандон созиш надошт ва асоси он таҷзияи байни мабдаи хайр ва мабдаи шар маҳсуб мешуд. Ин фикрро дар охири аҳди бани Уммия маъбади Ҷуҳанӣ мунташир кард ва чунон ки дар китобҳо нақл карданд, вай низ инро аз як эронӣ, номаш Санбавайҳ пазируфта буд. Албатта баъдҳо касоне, ки ин фикрро қабул карданд, кӯшиданд, то онро бо Қуръон ва ҳадис низ созгор кунанд. Аммо таъсир ва нуфузи ойини маҷусро дар эҷоди ин фикр, ба осонӣ инкор наметавон кард. Баъзе аз муҳаққиқон мӯътақиданд, ки масъалаи ихтисоси имомат барои Алӣ ва авлоди ӯ, ки асоси мазҳаби шиъа аст, низ пайдоишаш (сароғозаш) аз ақоид ва афкори аҳди сосонӣ аст, ки фарраи Худоӣ ва ҳақи салтанатро танҳо аз они сосониён медонистаанд. Шояд баёни ин матлаб ба ин сурат холӣ аз муболиғате набошад, лекин ин қадар ҳаст ки фикри насси (ҳуҷҷати) имомат, аз ҷониби Худо барои эрониёне, ки ба фарраи (қудрати) худоӣ муътакид будаанд, аз фикри иҷмоъ ва интихоби халифа қатъан маъқултар буда аст. Бо ин ҳама агар низ ин даъво дуруст набошад ва ақоиди шиъа ва қадария то андозае аз ақоид ва орои маҷус моя нагирифта бошад, ин қадар ҳаст, ки дар ойини мусулмонӣ бисёре аз одоб ва ақоид вуҷуд дошта, ки бо ақоиди кӯҳнаи маҷус созгор буд. Дуруст аст, ки Яздон ва Аҳриман аз тахти ҷабарути қадими хеш фуруд омада буданд ва малакути осмонҳо дигаргуна гашта буд, аммо боз дар паси ин дигаргуниҳои зоҳирӣ, нақшҳои собите монда буд, ки ҳамчунон ба чашми мардум ошно менамуд. Аллоҳ ва Иблис ҳарчанд бо Ҳурмузд ва Аҳриман яке набуд, аммо боз номи он ду мабдаи хайру шарро ба хотир меоварад.

Қиссаи Иброҳим ва достони оташи Намруд низ ёдоварӣ аз Зардушт ва оташи пок буд. Ҷаҳаннам ва биҳишт ва қимату Сирот метавонист ақоид ва орои кӯҳанро ки дӯзаху Чинут аз он намунае буд, бад оварад. Намозҳои панҷгона низ танҳо аз они мусулмонон набуд. Дар ойини Зардушт низ тавсия шуда буд. Дар ин сурат мардум, яъне оммаи халқ, ки монанди мӯбадон ва ҳирбадон нигаҳбонони оташи муғон набуданд, ба осонӣ метавонистанд, кеши тозаро ки аз диёри араб фароз омада буд, бипазиранд. Нафрат ва безорӣ аз мӯъбадон ва касрати ҳайрат дар кори аҳли бидъат низ ононро ба қабули мусулмонӣ тарғиб мекард. Бо ин ҳама он иддае, ки аз қабули ойини ҷадид рӯй бармегардонданд, дар зимаи ислом буданд. Оташкадаҳои онҳо дар амон буд, аммо барои нашри даъват маҷоле надоштанд. Мусулмонон онҳоро дар адои (иҷрои) маросими динии хеш озод мегузоштанд. Аммо дигар ба онҳо иҷоза намедоданд, ки бо нашри ақоид ва мазоҳиби хеш бо Қуръон ва ислом ба ҷанг бархезанд.

Комил БЕКЗОДА

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: