Главная > Uncategorized > Паёми Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон

Паёми Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон

ба уммати бузурги ислом дар пайи иҳонати нафратангез ба Қуръони Шариф дар Амрико

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Худованди Ҳаким мефармояд: Мо худамон Қуръонро нозил кардем ва худамон ҳам аз он муҳофизат мекунем

Миллати азизи Эрон – уммати бузурги ислом!

Иҳонати ҷунуномезу нафратангез ва безоркунанда ба Қуръони маҷид дар кишвари Амрико, ки дар шароити  амнияти пулисии он кишвар иттифоқ афтод, ҳодисаи талху бузурге аст, ки наметавон онро танҳо дар ҳадди як ҳаракати аблаҳона аз сӯи чанд унсури беарзиш ва муздур ба ҳисоб овард. Ин як иқдоми ҳисобшуда аз сӯи марказҳое аст, ки аз солҳо пеш ба ин тараф, сиёсати исломҳаросӣ ва исломситезиро дар рӯзномаи кори худ қарор дода ва бо садҳо шева ва ҳазорон воситаи таблиғотӣ ва амалиётӣ, ба мубориза бо ислом ва Қуръон бархостаанд. Ин ҳалқаи дигаре аз занҷираи нангине аст, ки бо хиёнати Салмон Рушдии муртад оғоз шуд ва бо ҳаракати карекатуристи хабиси даниягӣ ва даҳҳо филми зидди исломии сохташуда дар Галевуд идома ёфт ва акнун ба ин намоиши нафратангез расидааст. Пушти саҳнаи ин ҳаракатҳои шароратбор чист ва кист?Мутолиаи ин раванди шарорат, ки дар ин солҳо бо амалиёти ҷиноятбор дар Афғонистон, Ироқ,Фаластин,Лубнон ва Покистон ҳамроҳ буд,шубҳае боқӣ намегузорад, ки тарроҳӣ ва утоқи фармони он дар дастони сарони низоми султа ва утоқи фикрҳои саҳюнистӣ аст, ки аз бештарин нуфуз ба давлати Амрико ва созмонҳои амниятӣ ва низомии он ва низ бар давлати Англия ва баъзе давлатҳои Европоӣ бархурдоранд. Инҳо ҳамон касонеанд, ки пажуҳишҳои ҳақиқатёби мустақил рӯз ба рӯз бештар ангушти иттиҳом дар моҷарои ҳамла ба бурҷҳо дар 11 — сентябирро ба сӯи онҳо мутаваҷҷеҳ мекунад. Ин моҷаро баҳонаи ҳамла ба Афғонистон ва Ироқро ба раиси ҷумҳури ҷинояткори вақти Амрико дод ва ӯ эълони ҷанги салибӣ кард ва ҳамон шахс бинобар гузоришҳо, дируз эълон кардааст, ки ин ҷанги салибӣ бо вуруди калисо ба саҳна, комил шуд.

Ҳадаф аз иқдоми нафратангези ахир он аст, ки аз сӯе муқобила бо ислом ва мусулмонон дар ҷомеаи масеҳӣ ба сатҳҳои ҳамагонии мардум кашида шавад ва бо дахолати калисову кашиш, ранги мазҳабӣ гирифта ва пуштвонае аз таассубот ва тааллуқоти динӣ биёбад ва аз сӯи дигар милатҳои мусулмонро, ки аз ин ҷасорати бузург ба хашм омада ва ҷариҳадор мешаванд,аз масъалаҳо ва таҳаввулоти дунёи ислом ва Ховари Миёна ғофил созанд.

Ин иқдоми кинатузона, на оғози як ҷараён, балки як марҳила аз раванди тӯлонимуддати исломситезӣ ба саркардагии саҳюнизим ва режими Амрико аст. Инак ҳамаи сарони истикбор ва пайравони онҳо дар баробари ислом қарор гирифтаанд. Ислом, дини озодӣ ва маънавияти инсон, ва Қуръон китоби раҳмату ҳикмату адолат аст; вазифаи ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон ва ҳамаи динҳои иброҳимӣ аст, ки дар канори мусулмонон бо сиёсати палиди исломситези бо ин шеваҳои нафратбор муқобила кунанд. Сарони режими Амрико наметавонанд бо суханони фиребанда ва миёнтиҳӣ, худро аз итиҳоми ҳамроҳӣ бо ин падидаи зишт сафед кунанд. Солҳост, ки муқадасот ва ҳамаи ҳуқуқ ва ҳурмати миллионҳо мусулмони мазлум дар Афғонистону Покистон, дар Ироқу Лубнон ва Фаластин зери по гузошта шудааст. Садҳо ҳазор кушта, даҳҳо ҳазор зану марди асир ва зери шикаҷа, ҳазорон кӯдаку зани рабудашуда ва миллионҳо маъюбу овора ва бехонумон, қурбонии чӣ чизе шудаанд? Ва бо ҳамаи ин мазлумиятҳо, чаро дар расонаҳои ҷаҳонии Ғарб, мусулмононро мазҳари хушунат ва Қуръону исломро хатаре барои башариат вонамуд мекунанд? Чӣ касе бовар мекунад, ки ин тавтиаи густурда бидуни кӯмак ва дахолати ҳалқаҳои саҳюнистии даруни давлати Амрико мумкин ва амалӣ аст?!

Бародарон ва хоҳарони мусулмон дар Эрон ва саросари ҷаҳон!

Лозим медорам ин чанд нуктаро ба ҳама мутазаккир гардам:

Аввалан: ин ҳодиса ва ҳодисаҳои пеш аз он ба рушанӣ нишон медиҳад, ки он чи имрӯз омоҷи ҳамлаи низоми истикбори ҷаҳонӣ аст, асли исломи азиз ва Қуръони маҷид аст; сароҳати мустакбирон дар душманӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ношӣ аз сароҳати Эрони Исломӣ дар муқобила бо истикбор аст ва тазоҳури онҳо ба душман набудан бо ислом ва мусулмонон, дуруғе бузург ва фиребе шайтонӣ аст. Онҳо бо ислом ва ҳар он кас, ки ба-дон пойбанд аст ва ҳар он чи нишонаи мусулмонист, душмананд.

Сониян: силсилаи кинатузиҳо бо ислом ва муслимин, ношӣ аз он аст, ки аз чанд даҳа пеш то кунун нури ислом аз ҳамеша тобандатар ва нуфузи он дар дилҳо дар ҷаҳони ислом ва ҳатто дар Ғарб аз ҳамеша бештар шудааст, ношӣ аз он аст, ки уммати ислом аз ҳамеша бедортар шуда ва миллатҳои мусулмон ирода кардаанд занҷирҳои ду қарни истеъмор ва таҷовузи мустакбиронро пора кунанд. Ҳодисаи иҳонат ба Қуръон ва Паёмбари Азимушаън (с), бо ҳамаи талхӣ, дар дили худ ҳомили башорате бузург аст. Хуршеди пурфуруғи Қуръон рӯз ба рӯз баландтару дурахшандатар хоҳад шуд.

Солисан: ҳама бояд бидонем, ки ҳодисаи ахир рабте ба калисо ва масеҳият надорад ва ҳаракатҳои лухтаконаи чанд кашиши аблаҳ ва муздурро набояд ба пои масеҳиён ва мардони динии онон навишт. Мо мусулмонон ҳаргиз ба амали мушобеҳе дар мавриди муқаддасоти динҳои дигар даст нахоҳем зад. Низои байни мусулмону масеҳӣ дар сатҳи умумӣ, хостаи душманон ва тарроҳони ин намоиши девонавор аст ва дарси Қуръон ба мо, дар нуқтаи муқобили он қарор дорад.

Ва робиан: тарафи мутолибаи ҳамаи мусулмонон, имрӯз давлати Амрико ва сиёсатмадорони онанд. Онҳо агар дар иддаои дахолат надоштани худ содиқанд, бояд авомили аслии ин ҷинояти бузург ва бозигарони майдонии онро, ки дили якуним миллиард мусулмонро ба дард овардаанд, ба гунаи шоиста ба муҷозот бирасонанд.

Вассалому ало ибодулоҳи солиҳин

Сайид Алӣ Хоманаӣ

22 шаҳривари 1389

13 сентябри 2010

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: