Главная > Uncategorized > Ҷон ширин, раисӣ ширинтар

Ҷон ширин, раисӣ ширинтар

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Лекин аз ин ҳам аҷоиботаш дар хона рӯй дод. Ҷӯраи мо бо зану фарзандонаш адабӣ гап мезанад, ҳама ҳайрон. Як саг дошт, духтури ҳайвонота оварда, фармид, ки думи ӯра рост кунад. Духтур надонист. Ҷӯраи мо ҷанҷол бардошт, ки панҷ соли дароз ба шумо чиро омӯзонданд, ки ҳамин кори дупулара карда наметонед. Духтур сага бардошта бурд институт. Ҳамаи олимҳо ҷамъ шуданд, лекин ягонташ аз ӯҳдаи ин кор набаромад. Ҳамаи олимони ҳайвоншиноси республика дар пеши ҷӯраи мо беобрӯ шуданд. Сага боз ба хонаи соҳибаш оварданд. Лекин ҷӯрамон тан надод. Кора худаш буд кард. Як оҳани рости дароза ёфта, аз пушт то нӯги думи саг рост монда, баст. Акнун думи саг чун давоми сутунмӯҳра рост, ҳайвони бечора паварот гашта, ё ҳалқа зада хоб карда наметонад. Боз чанд ҳақу ҳамсояи дигар аз дилсӯзӣ ба саг илтимосу хоҳиш карда, ҳайвони бечорара аз ин бало халос карданд.Лекин мансабгирии як ҷӯраи дигармон аз ин ҳам қизиқтар шуда буд. Як ҳамсояи раҳматии мора бачаш шаҳр рафт. Ҳамон ҷо хонду монд. ӯра Ҳалими Сақа меган. Ошиқи мансаб, лекин вазифаш майда, мувофиқ ба қомати якваҷабаш, писандаш намекунанд.

Ҳамкурсу шиносҳош болои вазифа мешуданду ӯ гизала. Мансабдӯстии ӯра ҳамкорҳош ҳис карда, гуфтанд, ки барои вазифаи баланд гирифтан ҳамон курсии мешишгита бояд дӯст бидорӣ. Агар касе ба пешат биёяд, бояд аз ҷот нахеста, саломуалейк бикунӣ. Агар аз ҷот хестан бисёр ҳам зарур бошад, мехезиву лекин аз паҳлӯйи курсит дур намеравӣ, то ягон кас дар ҷот нашинад. Умуман, курсиро холӣ мондан хосияти хуб надорад. Ҳамин ки як кас дар ҷот шишт, бидону огоҳ бош ки корат пай меояд, вазифагирӣ тӯл мекашад, ҳатто аз вазифаи доштагит маҳрум шудан мумкин.

Ин ҳамшаҳрии мо рост хиёл мекунаду дигар пеши одамон намехезад. Чанд каси шиносе ки гоҳ-гоҳ пешаш медаромаданд, дигар қадамҳошон аз дари ӯ канда мешавад.

Ҳамшаҳримон музди кори чандмоҳаша ҷамъ карда, як курсии калони раисира бурда, дар хонаи хоби худаш мемонад. Худша вазир тайин мекунаду занша котибаву ҳашт кӯдакша коргарони зердасташ. Ҳар рӯз меояду мешинад дар дарун. Дар курсии калон базӯр метобад. Чунон фука чухт карда мешинад, ки агар раҳматии падараш зинда шуда биёяд, ӯра намешиносад. Ҳар шаб вазифадиҳӣ, аз кор гирифтан. Як кӯдакаш хурсанд – вазифа гирифтаст-да, дигараш ки аз вазифа чаппа шудаст, зиқ, оби чашм дар бари рӯ… Як рӯз мардак бачаи калонира аз вазифа мегираду бачаи мобайнира дар ҷойи ӯ тайин мекунад. Баъд саҳарӣ меравад ҷойи кораш. Бачаи калонӣ ин додарша, ки вазифаша гирифта буд, таги мушту лағат гирифта, чунон задане мекунад, ки сару рӯ ҳама сурху кабуду хуншор. Чоймонаки вазир гуфта, кӯдакҳо модаршона масхараву назарногирӣ мекунанд.

Дар ҷойи кор бошад, ҷӯрамон ба ҳамон маслиҳатгарҳош мега, ки ба бӯйи гапҳои шумо чанд кас ногап шуд, мара фукчухт меган, ягон роҳи дигар ёфтан даркор, ки ҳам аз ҷот бихезиву ҳам ягон кас курсита нагирад. Ҳамкорҳош гуфтанд, ки ҳар вақт хоҳад аз ҷо хеста метонад, ба шарте курсира дар миёнаш бандад. ӯ аз ин гап хурсанд шуда, дар курсиш мисли курсии самалёт тасма мечаспонад. Саҳарӣ меояду мешинаду тасмара мебандад. Аз ҷо ки хест, курсӣ хам мехезад, шишт, курсӣ ҳам мешинад.

Як рӯз як ҳамкораш медарояду мега, ки тез назди раис баро, тура интизор аст. Сақаи ҷӯраи мо ҳамара фаромӯш  карда, мехезаду медавад тарафи кабинети раис. То пеши дари раис чанд бор ба даҳан мезанад. Боз мехезаду ҳадаҳа медавад, курсӣ дар қафош бастагӣ. Вақте ба кабинет медарояд, раис шикамша қапида, як соати дигар механдад.

Ҳамаи маслиҳатгарҳо ба умед, ки Ҳалими Сақара ахмақ карда, пеши раис равон карданду ҳозир бояд фармони аз кор рафтанаш барояд. Лекин раис ин хел накард. ӯра муовини худаш монду ҳамаи он одамоне, ки масхараш мекарданд, шуданд дастнигараш.

Дар вақташ ҳамон мӯйсафеди Назар мегуфт, ки баъзе вазифадӯстдорҳо мисли ҳамон саги Ашӯранду хурмаи бибии Садаф. Аввал мазмуни гапша сарфаҳм нарафтам. Баъд фаҳмонд.

Дар вақташ дар Чинорак Ашӯр гуфтанӣ одам зиндагӣ мекард, ҳозир ҳам варасу ворисҳош ҳастанд. Ин Ашӯр як саги дайду дошт, дар тамоми мӯриву сӯрохӣ сар мехалонд. Як рӯз хонаи кампири Садаф меравад. Кампир дар як хурма дангича мондагӣ будаст, ки бачаш аз навбати пода омада, хӯрад. Дар ҳавлӣ ягон кас не, саг бемалол ба аловхона даромада, аз байни дегу сурфа дангичара ёфта хӯрдан мегирад. Саги гушна то тамом кардани дунгича сарша намебардорад. Вақте сар мебардорад, хурма дар сараш маҳкам. Як бало карда, задаву хеста аз ҳавлии кампири Садаф мебарояду пешқапаи сағерагалаи деҳа меғалтад. Саг куҷо рафтанша намедонад, гаҳ дар девор мезанаду гаҳ дар чуқурӣ. Аз чор тараф ин галаи сағера чуғукаш дораду кулухшапак. Оқибат саг баромад тарафи ёла, ин сағерагала аз қафош, боз чанд саги дигар ҷамъ шуд. Саг як шабонарӯз дар бари ёлаву бани деҳа кино карда гашт. Баъд кадоме аз ҳамон сағерагала санги калонтар қатӣ бораш баста буд, ки кӯза шикасту саг дунёра дид.

Мӯйсафеди Назар ҳам мақсади гапаш ин ки баъзе вазифагирҳо маззаи мансаба чашида, ҳамара фаромӯш мекунад, дигар ягон ҷову ягон каса намебинанд, то он вақте ки аз вазифа нагирандшон.

Додарҳои ҷон, ман ку ягон вақт зори мансаб набудам, лекин агар шумо вазифагир шудед, пеши ман биёед, ягон роҳи зӯрша нишон медиҳам. Баъд мебинед, ки катаву майда – ҳамаш ҷоду шуда, линга гардонда шишта, болои кундаи зини аспи сафед. Чӣ гуфтед, ҷонҳои ака?

Дорои ДИЛОВАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: