Главная > Шаҳлои НАҶМИДДИН > НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ БОВАР НАДОРАМ, ВАЛЕ УМЕДВОРАМ, КИ БА ПРЕЗИДЕНТ МЕРАСАД

НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ БОВАР НАДОРАМ, ВАЛЕ УМЕДВОРАМ, КИ БА ПРЕЗИДЕНТ МЕРАСАД

Шаби 18-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 10-и шаб дар кӯчаи «9-уми январ»-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон, Давлат Норов Гурезалиевич, соли таваллудаш 1976, аз ҷониби ашхоси миллаташон қафқозӣ бо истифодаи корд ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Ҷасади ин ҷавонмарги тоҷик баъди ду рӯз ба ватан интиқол ёфт.

Рӯзи сеюми сентябр боз як шаҳрванди дигари тоҷик, ки ба мусофиркашӣ машғул буд, аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон ваҳшиёна кушта шудааст.

Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон! Ин лаҳза ман суханони шуморо дар ҷаласае, ки дар Русия баргузор гашта буд, ба хотир овардам:

-Барои ман ҳамчун президенти мамлакат шунидани хабари ҳалокати ҳатто як шаҳрванди тоҷик дар хориҷи кишвар хеле вазнин аст, ба хусус дар замони осоишта.

Оре, барои шумо ҳамчун сарвари давлат хабари марги ҳамватане дар хориҷ аз кишвар вазнин аст, вале…….

Муҳоҷират дард аст, дарди бедаво, ки расму анъанаро оҳиста-оҳиста аз байн мебарад. Ҷудоии зану шавҳар хеле зиёд мешавад, чунки ҷавонмардони синнашон аз 17 боло рӯ ба мардикорӣ меоранд. Сафи бесаводон меафзояд. Муҳоҷират муҳаббату вафодории оилавиро сарнагун карда истодааст. Он мисли «касб»-е гаштааст, ки ҳатто ҷавонон ҳанӯз синфи 10-ро хатм накарда, орзу менамоянд, ки «мо россиян мешавем!».Огаҳӣ дорам, ки Шумо ҳамчун сарвари давлати Тоҷикистон борҳо ба Федератсияи Русия сафар карда, барои таҳкими ҳамкории байнидавлатии Точикистон ва Русия дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ якчанд шартнома ба имзо расонидаед. Шумо хуб медонед, ки бояд сохтори созмонҳову диаспораҳо дар Русия ба таври дигар ба роҳ монда шавад, то нақши онҳо дар хориҷ аз кишвар муассир бошад. Бояд мисли дигар давлатҳои ҳамсоя ҳар сол ташкили диаспораву созмонҳо ба таври интихобӣ аз ҷониби мардуми муҳоҷир сурат гирад. Мегӯянд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан» ва ҳамчун рӯзноманигор дар шаҳри САНКТ-ПЕТЕРБУРГ борҳо шоҳиди он гаштаам, ки чӣ тавр диаспораву ширкатҳои хамватанон ба маҳалчигӣ ва фиребдиҳиву дурӯғгӯӣ кор пеш мебаранд.

Шаҳри мардум шаҳри қанд,

Шаҳри мардум шаҳри фанд,

Шаҳри мардум шаҳри кӯр,

Шаҳри мардум шаҳри нур.

Ҷаноби олӣ, магар Шумо аз Тоҷикистон истода, эътимод доред, ки намояндагиҳо дар ҳақиқат ғами мардуми муҳоҷири оддиро мехӯранд?

На, ман дар ин шаҳри мардум як таҷриба андӯхтам: «Ба дигарон бовар кардан мумкин, аммо ба мардуми тоҷики худ не. Агар  либоси дарвешӣ пӯшида, боре аз кӯчаи муҳоҷирон гузар кунед,  азобу зиндагии онҳоро дида, аз чашмонатон беихтиёр ашки ҳасрат ҷорӣ мегардад».

Дар  шаҳри Санкт-Петербург давоми ду соли охир муҳоҷирати занҳои тоҷики маҳаллӣ меафзояд. Аммо ҳангоми сафар ба кишварҳои хориҷӣ ба мушкилиҳои ҷиддӣ дучор меоянд. Мушкили дарёфти иҷора, иҷозаи кор гирифтан ва ғайра. Дар Хадамоти муҳоҷират занҳо шабона ба навбат истода, барои аз қайд гузаштан дар ҳуҷҷати иҷозаи азоби ҷонкоҳ мекашанд. Тӯли ду се ҳафта занҳо субҳу шом  интизорӣ мекашанд, ҳатто лозим шавад, шабро дар онҷо рӯз менамоянд. Вале ба таври қонунӣ иҷозаи кор гирифтан хеле душвор аст. Вақти пурқимати одамӣ дар мулки бегона беҳуда мегузарад. Зан-модар, чароғи хонадон аст, аммо модари тоҷик имрӯз фарзандонашро дар ватан танҳо гузошта, ба хотири дарёфти қути лоямут рӯ ба муҳоҷират овардааст.

Мӯҳтарам президент, худатон мушоҳида карда истодаед, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони ба Русия омада ҳанӯз худ мӯҳтоҷи тарбияи волидайнанд. Эҳсоси ватандӯстиро фаромӯш кардаанд. Ҳисси ягонагиву миллатпарастӣ дар дилу дидаи эшон дида намешавад. Ҷавонписарони аз 16 то 30 сола ҳоло рӯ ба муҳоҷират оварда, масъалаи маълумоти олӣ гирифтанро тамоман фаромӯш кардаанд. Ҳатто ҳангоми ба қаламрави Русия дохил шудан варақаи бақайдгирӣ ё деклоратсияро дуруст пур карда наметавонанд. Муҳоҷирони тоҷик аз ночорӣ дар дохили вагонҳо ва хонаҳои валангор, ки шароити зисту зиндагӣ дар он ҷойҳо ғайри имкон аст, умр ба сар мебаранд. Ин муҳоҷирон тамоман аз фарҳангу маданият дур мондаанд. Оё ояндаи Тоҷикистон бо чунин насл метавонад дурахшон бошад?

Дар Русия миёни тоҷикон чунин муносибат дида мешавад, ки дар масалҳо омадааст: «Касеро ба касе коре набошад». Бахусус занҳои муҳоҷир дар шаҳри Санкт-Петербург ба мушкилиҳои зиёде дучор меоянд. Аммо дар лаҳзаҳои зарурӣ намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Дар шаҳри Екатеринбург Маркази ҳуқуқии занҳои муҳоҷир таҳти унвони «Фемина» фаъолият мекунад, ки ба ҳал кардани проблемаи занҳои муҳоҷир машғул аст. Занҳои муҳоҷир метавонанд дар ҳар мавриди зарурӣ тӯли  24- соат ба ин марказ занг зада, бо коршиносону   равоншиносон сӯҳбат намоянд ва ба дардҳояшон даво ҷӯянд. Чунин марказҳо бояд дар бештари вилоёти тоҷикнишини Русия таъсис дода шавад, ки мушкили иҷтимоии на танҳо занҳо, балки тамоми муҳоҷиронро ҳал кунанд.

Ҳамчун як зани журналист то имрӯз ҳар қадаре аз дастам меомад, дар маросими дафни ҷавонмаргони тоҷик иштирок карда, хабару гузоришҳои саривақтиро тавассути ВАО-и русӣ ва тоҷикӣ ба дасти чопу пахш супоридам, то мардум аз навигариву рӯйдодҳои Русия огоҳӣ пайдо кунанд.

Президенти мӯҳтарам! Дар давоми ду моҳи охир дар шаҳри Санкт-Петербург ҷиноятҳои зиёде ба қайд гирифта шудааст, ки асосан вобаста ба марги муҳоҷирон аст. Сабаби ҳалокати муҳоҷирон асосан беморӣ, нашъамандӣ, ҷангу ҷидол байни якдигар, қатл аз ҷониби муҳоҷирони ӯзбеку озарӣ ва куштори бераҳмона аз дасти скинхэдҳо мебошад. Ба наздикӣ ҷасади ҷавони муҳоҷиреро, ки пештар нопадид шуда буд, аз ҷангал дарёфтанд. Вақте ӯ ногаҳонӣ беному нишон шуд, дар кисааш маблағи калоне дошт. (Зеро ӯ ду моҳ пештар хонаи шахсиашро фурӯхта буд). Ҳангоме ки бо ҷавонмарди хайрхоҳи тоҷик, Неъмат Бобоҷонов ба майитгоҳ (морг) вохӯрдем, ба ҳоли модарону хоҳарон ва бародарони фавтида дилам сӯхт ва беихтиёр фиғон кашидам. Ин қадар ғӯрамаргони тоҷик, ки ҳанӯз тӯйю чодару арӯсӣ ва ҷомаи домодиро ба бар накардаанд, дар мулки мардум ҷон медиҳанд, вале касе ба онҳо кӯмак карда наметавонад.

Дар шаҳри Санкт-Петербург бесоҳибӣ, бепарвоӣ ва хунукназарӣ дар муҳити муҳоҷирони тоҷик эҳсос мешавад. Ҳатто замоне, ки Маъруфи конибодомӣ дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ 24 рӯз бемор хоб буд, аз тарафи диаспораҳои расмӣ нафаре барои диданаш қадам ранҷа накард. Вақте бародари Маъруфи ҷавонмарг ба ҷои кори онҳо омада, хоҳиш кард, ки андак маблағе барои интиқоли ҷасади бародараш ба ватан кӯмак ироа кунанд, як нафар аз корманди диаспора оромона ҷавоб дод, ки «Имрӯз якшанбест, калоно истироҳат доранд».

Тавре мушоҳида мешавад, қатли муҳоҷирон ба ҳукми анъана даромадааст. Вале ин дард намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷро азият намедиҳад.

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Ман ҳамчун як зани рӯзноманигор аз Шумо хоҳиш мекунам, ки сари ин масъала, яъне созмон додани маркази муҳоҷирати мардон ва занони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург кӯмаки хешро дареғ надоред. Бисёр ҳам умед дорам, ки ин нома ба воситаи «Пайкон»  ба самъи Шумо мерасад.

Шаҳлои Наҷмиддин,

мухбири «Пайкон» дар шаҳри Санкт-Петербург

  1. Дилрабо
    Октябрь 8, 2010 в 9:51 пп

    Апаи Шахло! хама ин навиштахои Шумо сад дар сад дуруст аст аммо бовар кунед мансабдорони мо на парвои мардони мухочир доранду на аз занони мухочир…….. Ман бовари дорам агар ин нома ба дасти шахсони масъул хам расад, онро то охир намехонанд…….. имруз аз сохибмулкону сиёсатмадорони мо дида мо мухочирон ба номустарему, гами миллату фарханг ва ояндаи Точикро мехурем………

  2. Октябрь 9, 2010 в 11:00 пп

    Барои миллате мансабдоронаш нисбати хохарону модарон тахкиру дашномро раво медонанд,тахаммули ранчу озори ачнабиён чизи мукарарист.Номаи Шумо,шахлохон,ба фикри банда,шикояти сайди ноком аз ранчи дом ба хузури сайоди бебокро мемонад.Аммо «Дуньё ба умед; гуфтаанд.

  3. Октябрь 9, 2010 в 11:25 пп

    Барои миллате,ки мансабдори макомдораш нисбати хохарону модарон тахкиру дашномро раво медонад

    Барои миллате,мансабдори макомдораш, нисбати хохарону модарон,тахкиру дашномро раво медонад,тахаммули озору шиканчаи бегонагон вокеъаи мукарарист…Номаи Шумо,Шахлохон,ба фикри банда,»шикояти сайди ноком аз ранчи дом ба хузури сайоди бебок;-ро мемонад.Аммо «Дунё ба умед;гуфтаанд.

  4. Ноябрь 1, 2010 в 10:39 дп

    рохбарони мо дар Точикистон халкро талош доранд.Ман мисол оварда метавонам нохияи Шаритуз.Дар Баромадаш Рахмонов нисбати хокими нохия Хол …гуфта буд.Азин ибрат гиед бе ёрии давлат мактаб сохтааст,чихел? аз кисаи мардум мачбури,оё ин аз руи конун аст ё Рахмонов намедонад.А нисбати мухочирин чои сухан нест.

  5. Рахмат
    Январь 5, 2011 в 11:48 пп

    Президентатон он кадар гарраи мансабаст,ки агар миллати точик куллан нест шавад хам пинакаш вайрон намешавад.Илохо охо гарибон ва фарзандони сагирмондаи онхо чунин пешвоёни миллатро бигирад.Омин ё раббал оламин.

  6. Курбонов Исмон 85-сола
    Июль 27, 2011 в 6:01 дп

    Ассалому алейкум мухтарам Чаноби Оли Эмомали Рахмон ман сокини шахри Кулоб муйсафеди 85 — сола Курбонов Исмон истикоматкунандаи кучаи Чарм Гарони Поен хонаи 327 якумин хонаи офатзадаи сел мебошам, ки кариб як солу шаш мох мешавад ки дар натичаи офати табии бе хонаву дар мондаам чанд маротиба ба раиси Хукумат ва муовини Хукумати шахри Кулоб мурочиат кардам вале хеч кас ба додам нарасид. Аз ин лихоз аз Шумо Чаноби Оли хохиш мекунам ки ба додам расед. Ин мурочиати сеюми ман мебошад. Аз Шумо умедворам ки ба додам мерасед ва кумаки худро мерасонед.

  7. Исмонов Умарали 65 сола
    Ноябрь 11, 2012 в 3:17 пп

    Ман Исмонов Умарали фарзанди Курбонов Исмон муйсафеди 85 солае, ки хонаи аввалини офатзадаи сел сокини шахри Кулоб кучаи Ашур Сафар 32 номери телефонам 927018981 сохиби дах фарзанд мебошам. Таи ду сол хаст, ки баъди офати табии сел то хол ба падари ман китъаи замине, ки Хукумати Чумхурии Точикистон ваъда дода буд халли худро наёфтааст. Хаштумин маротибае мебошад ки ман дар кабули раиси шахри Кулоб рафик Абдугаффор Рахмонов хузур доштам вале ягон чорае хам дида нашуд ва ваъдаам намекунанд. Аз ин лихоз Чаноби Оли аз Шумо илтимос дорам ба доди муйсафеди 85-солаи офатзада расед чунки ба гайр аз Шумо ягон кас ба доди халк намерасад ва парвои халкам надорад. Бо эхтиром ахли хонаводаи ман ба Шумо миннатдории худро мерасонем ва умедворем ба мо кумак мекунед.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: