Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > ҳафт саволи беҷавоби мо

ҳафт саволи беҷавоби мо

Раиси Суди олӣ ба суолҳои  «Пайкон» посух надод!

Аслан, 5 моҳ қабл  бо ҳафт суол ба раиси Суди олӣ Н. Абдуллоев муроҷиат намуда будем. Саволҳоро ба ёрдамчии раис Х.Иброҳимов супорида, хоҳиш намудем, ки ба раиси Суди олӣ пешниҳод намояд. Интизорӣ тӯл кашиду  саволҳоро каме тағйир дода, санаи  5-уми августи соли  2010 ба тариқи  расмӣ бо мактуб ирсол намудем:

“Мӯҳтарам Нусратулло Абдуллоев! Вобаста ба вақти хеле кӯтоҳи дар нишастҳои матбуотӣ ҷудо намуда, наметавонем, саволҳоро ба Шумо пешниҳод карда, посухи онро ба хонандагони ҳафтанома пешниҳод намоем. Аз ин рӯ салоҳ донистем, ки саволҳоро манзури Шумо  кунем.

Аҳли қалами «Пайкон» қаблан барои посухатон изҳори сипос менамоянд.1.      Мӯҳтарам Нусратулло Абдуллоев! Аз нигоҳи таҳлилгарон имрӯз байни мақомотҳои қудратӣ як навъ қасосгирӣ ба назар мерасад. Оё системаи судӣ метавонад, мавқеи бетарафиро ишғол намояд?

2.      Дар бораи системаи мақомоти судӣ дар ҷумҳурӣ фикру ақидаҳо яксон нест. Хусусан, пас аз қабулу дар амал пиёда намудани Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гӯё мақомоти судӣ аз доираи ваколати ба ӯҳдааш гузошташуда намебаромада бошад. Нуқтаи назари Шумо дар ин маврид чӣ хел аст?

3.      Мегӯянд, ки аксар вақт судяҳо аз пайи тафтишот рафта, ҳукмеро қабул мекунанд, ки идомаи мантиқии фикри айбдорӣ аст. Оё ҳолатҳое ҳастанд, ки парвандаҳо ба тафтиши иловагӣ баргардонида шуда бошанд, ё бинобар набудани таркиби ҷиноят аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд?

4.      Мӯҳтарам Нусратулло Абдуллоев! Дар моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад, ки ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, суди беғаразро барои баррасии парвандаи ӯ хоҳ шаҳрвандӣ бошаду хоҳ ҷиноятӣ талаб намояд. Вале тибқи талаботи ҳам Кодекси Мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва ҳам Кодекси Мурофиавӣ- гражданӣ аризаи радкунии шаҳрвандро худи ҳамон судя, ки нисбат ба ӯ аризаи радкунӣ пешниҳод шудааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки шаҳрванд ба судя нобоварӣ изҳор мекунаду он судя бо таъиноти худ аризаи радкуниро қонеъ намекунад ва парвандаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Оид ба ин масъала фикратонро иброз медоштед?

5.      Дар санксияи моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ дар аксар маврид нисбат ба шахсони ҷинояти сабук, начандон вазнин ва миёна содир намуда, дар қатори ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ҷарима пешбинӣ шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин таҷриба, яъне ҷарима, хеле кам истифода бурда мешавад. Ғайр аз он мувофиқи тағйири Кодекси ҷиноии ҶТ вобаста ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ба ҷойи ҳабс рӯёндани маблағу ҷарима пешбинӣ шудаанд. Вобаста ба ҳамин масъала ибрози назар менамудед.

6.      Шумо системаи Судии Ҷумҳуриро чӣ хел дидан мехоҳед? Кадом омилҳо ҳастанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳоятон монеагӣ мекунанд? Оё фаъолияти судяҳо Шуморо қонеъ карда метавонад?

7.      Ниҳоят, мӯҳтарам Нусратулло Абдуллоев, фикри Шуморо оид ба баҳсҳои судии чанд нашрияи мустақил бо мақомотҳои давлатию судяҳо донистан мехостем. Итминон доред, ки дар ин самт нишондодҳои қонун ба пуррагӣ риоя мешавад?

Вале  чунин посух гирифтем:

Суди Олӣ вобаста ба мактуби Шумо таҳти № 41 аз 5 августи соли 2010 чунин посух медиҳад, ки саволҳоятонро ба Раиси Суди Олӣ метавонед ҳангоми нишастҳои матбуотӣ пешниҳод намоед.

Роҳбари дастгоҳ Ҳ.А. Ёриев

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: