Главная > Uncategorized > Омилҳои асосии ба амал омадани вазъияти кунунии Тоҷикитсонро дар чӣ мебинед?

Омилҳои асосии ба амал омадани вазъияти кунунии Тоҷикитсонро дар чӣ мебинед?

Искандари Фирӯз, таҳлилгари сиёсӣ

Фикр мекунам, сабаби аслии чунин вазъ норизоиятии мардум аз вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар дохили кишвар аст. Мақомот дар бораи беҳбудии вазъи мардум изҳори назар мекунанд, вале сокинон танҳо болоравии қимати маводи рӯзгорро дар бозорҳоро мушоҳида мекунанд. Давлат дар бораи беҳбудӣ, фаъолияти арсаи маориф ва беҳдошт мегӯяд, вале воқеъият ин аст, ки пайдо кардани як пизишки хуб дар Тоҷикистон душвор мешавад. Мақомот аз фаъолияти озодонаи аҳзоби сиёсӣ мегӯяду, худи аҳзоб аз тақаллуб дар интихобот. Аз дастовардҳои сулҳ сухан мегӯему, алайҳи бархе аз фармондеҳони собиқ парвандаи ҷиноӣ боз мекунем. Ва бештар аз ин, дар мавриди сулҳи тоҷикон танҳо дар бораи як ҷониб сухан меравад. Пас, мо бо кӣ сулҳ кардем? Чунин суолот зиёд аст ва давлатро зарур буд, ки заминаҳои пайдоиши чунин суолотро аз байн мебурд. Мутаассифона, мақомот натавонист ин мушкилро аз байн бубарад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ, таҳлилгари сиёсӣ:

Имрӯз дар ин масъала, ки омилони куштори ахири сарбозони тоҷик, бозичаи дасти бегонагон ва душманони миллати шарифи тоҷик ҳастанд, касе шак надорад. Онҳо исломхоҳ ҳам нестанд, дурӯғ мегӯянд. Камина ҳатто дар ин ҳам тардид дорам, ки ин нобакорон бо Толибон ҳамкорӣ дошта бошанд. Ба назари ман, ин гурӯҳ, ки тибқи ахбор муташаккил аз тоҷику ӯзбаку чечену покистонию ғайра мебошанд, тавассути созмонҳои ҷосусии бархе аз кишварҳои ба истилоҳ «абарқудрат» ҳидоят мешаванд.Ҳадафи онҳо фақат эҷоди ноамнӣ дар кишвари азизамон аст. Ҳидоятгаронашон ҳам ё ба думболи муқаддимачинӣ барои эҷоди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва ё бо тавсияи бархе аз кишварҳои ҳамсоя, мехоҳанд ба Тоҷикистон ин паёмро бирасонанд, ки агар ту мехоҳӣ ба хостаҳои худ пофишорӣ кунӣ,аз қабили такмили нерӯгоҳи Роғун масалан, натиҷааш ҳамин аст, ки мебинӣ.

Давлати мо низ дар қиболи ин воқеаи дилхарош, бояд хеле мӯҳтотона амал кунад. Айбдор кардани исломхоҳон ба ҳеҷ ваҷҳ ба маслиҳати кишвар нест. Имрӯз ҳеҷ мусалмон ва ё исломхоҳе, аз амалкарди чанд нобакор, розӣ нестанд ва шадидан онро маҳкум карда ва мекунанд. Дар ин марҳалаи ҳассос, давлатмадорони мо бояд ба фикри ҳамбастагӣ ва ҳамёрӣ бо тамоми ташаккулҳо ва ниҳодҳои сиёсии фаъол дар дохили Тоҷикистон бошанд,  на ба андешаи душмантарошӣ.

Раҳматилло ЗОЙИРОВ, раиси ҲСДТ:

Омилҳо зиёд аст. Лекин муҳимтарин омилҳо панҷ- шаш гурӯҳ мешавад. Якум, гурӯҳ ин идора карда натавонистани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дуюм, яъне то ҳозир дар бӯҳрони низомӣ қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз ин бар меояд, ки дигар масъала ин аз ҷиҳати ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пеш нарафтани стратегияи худи ҳамин ҳукумат, надодани натиҷа. Дар ин асос, дар умум фасод,  аз идора нашуданаш, бе назорат монданаш дар хизмати давлатӣ  бисёр рушд ёфт.  Чорум омилаш беадолатӣ, беҳимоягии мардуми Тоҷикистон, ҳуқуқхоҳии конститутсионии мардуми Тоҷикистон ба миён омад. Омили панҷумаш системаи маориф, тайёр кардани кадрҳо,  маънавиёту маърифати ҷомеа бисёр паст рафт.

Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот»

Қаблан ҳаминро бояд гуфт, ки аз оне ки вазъияти имрӯзаи кишвар тарзе,  ба ҷомеа маълум набошад, вале дар фазои иттилоотӣ як гуна хушунатбор ва номуносиб матраҳ аст. Воқеан нигаронкунанда аст. Як шахси солимфикр ва як шахсияте, ки мушкилоту ҳаводиси ин кишварро аз сар гузаронида аст, ҳеҷ гоҳ интизор надорад, ки боз  авзоъ мисли 17-18 сол пеш бошад. Вале ба ҳар ҳол чӣ кунем, ки чунин як кор сурат гирифт. Ман бештар ин гуна рухдодан ё ба ин тарз шакл гирифтани вазъро бештар аз баъзе  доираҳои манфиатхоҳ, ки дар мафкураи танги афкор қарор доранд ва баъзеи онҳо дар мақомоти кишвар ҳузур доранд, фазои сулҳу ваҳдат ва  фарҳанги ҳамдигарбахшӣ ва тааммулпазириро дар худ надоранд бештар аз онҳо мебинам. Тайи ҳадди ақал панҷ- шаш моҳи ахир вазъро ба тарзе печида сохтанд, ки дигар мо дорем ин рӯзро. Албатта, он гуна ҳарфҳое, ки аз ин мақомоти аршади кишвар дониста ё нодониста болои гурӯҳи муайян ё як қишри муайян бо тарзи номуносиб таҳмил месозанд. Ин гуна корҳо наметавонанд акси хешро надошта бошанд. Мо доимо гуфта будем, ки ифротгароиро бо тарзи ҷонибайн мо хомӯш кардаем ва аз байн бурдаем. Имрӯз мутаассифона ифротгароии дунявӣ тарзе шудааст, ки заминагузори рушди ифротгароии исломӣ гаштааст. Ин чиз хеле нохушоянд барои як давлат, миллие, ки хешро соҳиббурд, соҳибмиллат медонад, номуносиб  аст. Аз ин гуфтаҳои боло ман ҳаминро метавонам хулосабандӣ кунам, ки агар ҷузъе аз масъала ба ин суханпароканиҳо бастагӣ дошта бошад албата доираҳои манфиатхоҳи хориҷ наметавонанд, ки аз ин вазъияти номуносиби бархӯрдҳо дар кишвар истифода накунанд. Яъне худи муносибатҳои носолим дастаке мешаванд барои манфиатхоҳони хориҷ. Гумон мекунам, ки асли ба вазъияти ногувор ворид шудани авзои кишвар аз ҳамин чизҳое, ки ман гуфтам вобастагӣ дорад.

Абдулғанӣ МАҲМАДАЗИМОВ,

сиёсатшинос:

Ҳозир вазъият на онқадар хуб аст. Ин чанд омил дорад. Асосан қаноатбахш набудани мардум аз натиҷаи интихоботи парлумонӣ. Идома додан, решадавонии фасод, камбизоатӣ ва маҳалгароӣ. Ин чор омиле, ки моро ба ҳамин бесарусомонӣ оварда расонд. Дар ин ҷо бояд илова шавад  ноадолатии қарорҳои судӣ.

Шодӣ ШАБДОЛОВ, раиси ҲКТ:

Омил яке аст, омили дигаре нест. Авзои сиёсию иқтисодӣ ҳоли ҳаллу фасл нест. Тақсими моликият шуд, ба ҳама моликият нарасид, аксарияти мардум аз моликият монд. Вазифаҳо тақсим шуд, вале ба ҳама нарасид. Созишнома имзо шуд, лекин ин созишномаро то чӣ андоза ҳарду тараф дуруст риоя карданд.? Баъд аз он солҳои охир дар як ҳолате будем, ки фикр мекардем, дигар дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ пойдор, мо фақат метавонем ҷашн гирему суруд хонему мӯсиқӣ гӯш кунем. Эълон кардани истиқлолият як гап асту дар амал татбиқ кардани истиқлолият ин чизи дигар аст.

Ин ҳодисаҳои имрӯз дар ҳақиқат ташвишовар аст. Ин тасодуфӣ нест, ин як қасос гирифтани як нафару ду нафар нест. Ин ҷо нерӯҳҳои густардатар ширкат доранд.  Аз рӯйи аъмолашон маълум аст. Ҷавонони хурдсоли моро талаф карданд. Раёсати ҲКТ ба наздикони эшон таъзияи амиқ изҳор медорем. Ба ин аскарбачаҳо. Бояд чӣ ҳукумат, чӣ парлумон, чӣ ҳизбҳои сиёсӣ ба ин ҳодиса бе тараф набошанд. Мо бо як азоб ба фазои оромтар расида будем. Нерӯҳо, нерӯҳои ҷиддӣ ҳастанд. Инҳо нерӯҳои як авбошу ду авбош нест. Як дузду ду дузд нест. Ин ҷо сухан дар бораи ғорат намеравад, сухан дар бораи террор «организованный террор» меравад, ки ҷойи шӯхӣ нест. Мо бояд фаъолияти худамонро дар ҳама сатҳ ҷиддӣ ба роҳ монем.

Омодасоз

Диловари НУРИДДИН, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: