Главная > Иқболи САИДЗОД > Дар Ғарм ҷанг сар шуд?

Дар Ғарм ҷанг сар шуд?

Мулло Абдулло фурсатпойӣ мекард, ки президенти Тоҷикистон

кай ба сафар меравад, то ӯ ва гурӯҳаш вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд?

Мақомоти амниятӣ дар ин амал гурӯҳҳои Мулло Абдулло, ки сулҳи соли 1997-ро қабул накарда, тарки Тоҷикистон кард ва ҳамчунин Аловуддин Давлатов, маъруф бо лақаби Алии Бедакиро муттаҳам донистаанд. Мувофиқи маълумоти Вазорати мудофиа террористон шаҳрвандони зархарид ва кирояшудаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Афғонистон ва Чеченистони Федератсия Русия буда, ҳадафи аслии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ ноамн кардани фазои ором, ҷудоӣ андохтан байни гурӯҳҳову миллатҳо ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯи исломии минтақа табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ шумораи ҳалокшудагонро ҳар гуна арзёбӣ мекунанд. Ба иттилои расонаҳо мошинҳои низомӣ барои иваз кардани хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳ ҳаракат мекарданд ва дар байни деҳаи Шулмак ва Шулеи дараи Камароб нафарони мусаллаҳ бо гранатомёт ва пулемёт сӯи мошинҳо тир кушодаанд. Гурӯҳи мусаллаҳ дар назди роҳи дара маскан гирифта будаанд, вале шумораи онҳо маълум нест. Хабаргузории «Азия плюс» бо такя ба як манбаи боэътимоди қудратӣ хабар додаст, ки на камтар аз 40 нафар аскарони Вазорати дифоъ дар пайи ин амалиёти террористӣ ҳалок гаштаанд. Дар ҳамла ба мошини низомии «Урал» Вазорати мудофиа гурӯҳи Алии Бедакро муҷрим донистааст, аммо чанд рӯз пеш ба иттилои расонаҳо падари Алӣ гуфтааст, ки фарзандаш бо ҳеҷ як гурӯҳи силоҳ ба даст ҳамроҳ нашуда, ба чорводориву кишоварзӣ машғул аст.Аскаронро кӣ кушт?

Новобаста аз он ки дар амалиёти террористии ноҳияи Рашт кӣ ё кадом гурӯҳ даст дорад, бо дарназардошти кушта шудани 25 нафар аскарони навхизмати бегуноҳ, ки қурбони ин ҷанг шуданд, чунин амали ғайриинсониро маҳкум мекунем. Зеро ин аскарони қаторӣ фарзанди модари тоҷик ба шумор мераванд ва шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Бо ҳалок гаштани онҳо дар хонаи чанд нафар аз ҳаммиллатони мо мотам эълон шуд. Волидайни эшон фарзандонашонро барои хизмати модар –Ватан фиристода буданд, аммо намедонистанд, ки ҷигарбандашон қурбони дасти кадом беватану беимон хоҳад гашт. Вале тааҷҷубовар ин аст, ки тақрибан ҳамаи ҳалокшудагон аскарони қатории навхизмат мебошанд ва шояд баъзеи онҳо тирпаррониро ҳанӯз хуб наёмӯхтаанд. Чӣ тавр афсарони «баномус»-и хизматгори «модар-Ватан» виҷдонашон иҷозат дод, ки ин камтаҷрибаҳоро дар ҷанг алайҳи террористон истифода баранд? Бори дигар собит шуд, ки низоми пӯсидаи замони шӯравӣ дар соҳаи амнияти мо ҳанӯз ба таври густарда мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад ва принсипи «дед»-у «молодой»-ро акнун дар таҷрибаи ҷанг алайҳи террористон истифода мебаранд. Ин принсипи нафратбарангез боис шуд, ки аскарони қаториро «дед»-ҳо ба пеш андохтанд ва  дар натиҷа эшон қурбони анъанаҳои аз ғайр қабулшуда гаштанд. Албатта, вақте рӯз буд шуд, инсон дигар як лаҳза ҳам шанси зиндагӣ кардан надорад, вале агар сабаби ҳар марг тафтиш нашавад, пас якеро қотилу дигареро ҷаллод ва саввумиро муҷриму шаҳид номидан аз куҷо маншаъ мегирад? Коршиносон дар амалиёти минтақаи Рашт омилҳои мухталифро меҷӯянд, аммо ҳар омиле, ки набошад, вақте амалиёти онҳо бо куштори 23 нафар фарзанди тоҷик анҷом ёфт, дастандаркорони ин ҳодиса назди мардум ҷинояткор ва нобакор дониста мешаванд.

Мулло Абдулло ин дафъа сари киро мехӯрад?

Соли 2009 мақомоти қудратии кишвар бо баҳонаи амалиёти «Кӯкнор 2009» ба Тавилдара нерӯҳои зиёдеро бурданд ва баъди даргирӣ миёни гурӯҳҳои номаълум ва нерӯҳои давлатӣ, мақомот шарҳи нав ёфтанд, ки Мулло Абдулло ва ёронаш вориди Тоҷикистон шудаанд ва бо нерӯҳои амниятии кишвар даргир шудаанд. Дар натиҷа мақомоти Тоҷикистон баъд аз қатли Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин, ки гӯё мехост Мулло Абдуллоро ба ҳукумат дастгир карда диҳад, аммо шарики ӯ Неъмат Азизов аз ин мақсади Зиёев огоҳ шуда, ӯро ба ҳалокат мерасонад. Хулоса, баъд аз он, ки Мулло Абдулло сари Зиёевро ба бод дод, паяш аз хоки Тоҷикистон нест гашт ва мавзӯи баҳси ворид шуданаш ба ҷумҳурӣ аз сархати расонаҳо берун гардид. Инак, тӯли як сол аст, ки аз Мулло Абдулло ва таҳдидаш ба Тоҷикистон чизе гуфта намешуд ва амалиёти «Кӯкнор 2009» ҳам бебарор буд. Чӣ гуна мешавад, ки Мулло Абдулло ба хоки Тоҷикистон бо гурӯҳи мусаллаҳаш ворид гашт ва бо нерӯҳои амниятии мо даргир шуд, аммо баъд аз қатли Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов якбора ғайб зад? Пас чаро баъд аз қатли Зиёев амалиёти «Кӯкнор 2009» ҳам хотима ёфт? Дигар мақомот барои пурқувват кардани марз, ба хотири эҳтимолияти вуруди Мулло Абдулло кӯшиш накарданд ва ҳатто эҳсоси хатар ҳам надоштанд ва ин мавзӯъ то кунун фаромӯшшуда ба шумор мерафт. Аммо рӯзи 19-уми сентябри соли равон Мулло Абдулло мисли арвоҳ бо гурӯҳаш аз куҷое пайдо шуда, як мошини низомии Вазорати дифоъро зери оташи гулӯла қарор додааст, ки дар натиҷа 23 кушта бар ҷо гузошт. Дафъаи аввали пайдо шуданаш сари Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро ба бод дода ғайб зада буд, ҳоло 23 аскари ҷавонро нобуд сохт, боз дар давраи навбатӣ аз шахсиятҳо сари киро мехӯрда бошад?

Дар минтақае, ки амалиёти террористӣ ба вуқуъ пайваст фармондеҳони собиқи ҳукумат, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров ба сар мебаранд ва солҳои охир дар мавриди танг кардани мавқеашон аз ҷониби ҳукумат нигаронӣ менамоянд. Ҳатто Мирзохӯҷа Аҳмадов боре иддао карда буд, ки агар фишори ҳукумат дар баробари ӯ ва ёронаш идома ёбад, дубора даст ба силоҳ хоҳад зад ва чизе барои бохтан надорад. Вале ба иттилои расонаҳо тасмими навбатии мақомоти амниятии кишвар дар бораи мулоқот кардан бо Шоҳ Искандар, яке аз шарикони Аҳмадов, ки ҳафтаи охир рӯи кор омад, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин мавзӯъ ҷалб кард. Аз мулоқоти ҳафтаи охир коршиносон тобишҳои амниятиву сиёсӣ ва гурӯҳиро ҳам ҷустуҷӯ мекарданд. Сафари вазири дифоъ, Шералӣ Хайруллоев, вазири корҳои дохила, Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ Мансурҷон Умаров ва ноиби авали додиситонии кулли Тоҷикистон, Абдуқодир Муҳаммадиев ба ноҳияи Рашт дар сархати ахбори расонаҳо қарор дошт. Аз ин ҳам бештар, мулоқоти онҳо бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи мухолифи ҳукумат таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб карда буд. Аммо дар ҳамин ҳол хабаргузории «TojNews»  аз забони Мирзохӯҷа чунин навишт: «Ман дар манзили худ юмбош карда нишастаам ва бо касе аз намояндагони ҳукумат музокира надоштам. Дар бораи ба Рашт омадани ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ҳам иттилое надорам».

Вале ба иттилои хабаргузориҳо мулоқоти Шоҳ Искандаров бо мақомот таъйид шудааст. Хабари сафару мулоқот дар ҳоле гуфта шуд, ки аз аввали моҳи ҷорӣ ситоди калоне аз ҷузъу томҳои Вазорати дохила, артиши миллӣ ва Кумитаи амният ба ин минтақа фиристода шудаанд ва мақомот далели онро тақвият бахшидани қувва барои боздошти фирориён шарҳ медиҳанд. Бино бар хабарҳо дар Рашт як ситоди фаврии ниҳодҳои қудратӣ низ таъсис ёфтааст.

Баҳси Муҳаммадсалими Раштӣ ва Тӯраҷонзода

Ҳодисаи дигаре, ки давоми ҳафта ба вуқуъ пайваст, ин буд, ки дар сайти агентии иттилоотии “Ховар” алайҳи Тӯраҷонзода як муаллифе бо номи Муҳаммадсалими Раштӣ мақола навишт ва хеле танқид кард. Аммо дар миёни коршиносон ба ин мавзӯъ тобишҳои гуногун дода шуд. Иддае мегуфтанд, ки “Раштӣ” мондани насаб далеле аз сохта ва ҳадафмандона будани он, ба хотири низоъ андохтан байни мардуми Рашт ва оилаи Тӯраҷонзодаҳо мебошад. Аммо иддае мегуфтанд, ки ҳукумат аз мухолифини собиқ робитаашро гусастанист. Вале боз бархе аз соҳибназарон суханрониҳои ахири роҳбарияти сиёсии кишвар дар мавриди муллову қозикалонҳо, сатрпӯшиву таҳсили динии ҷавонон дар хориҷ ва ифротгароёни исломиву террористон, баста шудани масҷиди ҲНИТ ва эҳтимоли тағйири сохтори Маркази исломии Тоҷикистонро эҳсоси хавфе аз исломӣ шудани ҷомеаи кишвар ва фишор рӯи диндорон марбут медонанд.

Фоли русӣ ва тарҳи амрикоӣ

Ҳанӯз чанд моҳ пеш коршиносони рус ҳушдор медоданд, ки фазои сиёсии Тоҷикистон ноором мешавад. Баъди ҳушдори онҳо фирори маҳбусон аз зиндон, таркиш дар Хуҷанд, даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва фирориён, бархӯрди мусаллаҳона дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ва кушта шудани 20 силоҳбадаст ва як марзбони тоҷик ва инак мавриди оташи шадиди гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтани мошини ҳарбӣ ва ба ҳалокат расидани 23 хизматчии ҳарбӣ аз ҳодисаҳоест, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба вуқӯъ пайваст. Даргирӣ дар марз ва сӯҳбат дар бораи гурӯҳҳои террористӣ дар доираи мақомот дар ҳоле гуфта мешавад, ки тайи як соли ахир аз фаъолияти Ҳаракати Исломии ӯзбекистон дар қаламрави Тоҷикистон зиёд мегӯянд. Ҳатто дар ҳайати зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ низ ҳузури ду узви ин ҳаракат тасдиқ шудааст. Аммо иддае аз коршиносон “хатари ҷанубӣ” ва ноамнӣ дар сарҳадро бофтаи расонаҳои русӣ медонанд, ки Русия бо ин роҳ мехоҳад дигарбора нерӯҳои сарҳадии худро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муҳофиз қарор диҳад. Баъзе коршиносони рус вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ба Осиёи Марказиро, тавассути қаламрави Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд. Ҳатто пешгӯйие ҳаст, ки Мулло Абдулло ин Ибни Лодани русист ва ҳеч гоҳ нобуд карда намешавад. Масалан, соли гузашта ҳеҷ кас намедонист, ки ӯ чӣ гуна ба хоки Тоҷикистон ворид шуд ва чӣ гуна берун рафт. Вале иддае аз коршиносони рус даъво доранд, ки дар нооромии вазъ дар Тоҷикистон эҳтимоли “изи” амрикоӣ низ вуҷуд дорад. Владимир Шаманов, як аз генерали рус ба хабарнигорон вазъияти Осиёи Миёнаро чунин таҳлил кард, ки пас аз хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз қаламрави Афғонистон нооромиҳо ба Тоҷикистон кӯч мебандад. Гуфта мешавад, Амрико намехоҳад аслиҳаву сарбози зиёдашро бозпас бубарад ва илоҷи корро дар он мебинад, ки муташанниҷ гаштани вазъ дар Осиёи Миёна боиси дар минтақа мондани сарбозони амрикоӣ мегардад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун президенти Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти Созмони милал ба Амрико сафар кардааст. Воқеаи куштори 23 аскар дар ҳоле сурат гирифт, ки президент берун аз қаламрави Тоҷикистон, дар шаҳри Ню-Йорк қарор дорад. Аммо дар ҳодисаи фирори маҳбусон аз зиндон президенти кишвар аз сафари Сочӣ тоза баргашта буд.  Суоле пайдо мешавад, ки чаро ҳамаи ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҳангоми дар сафар будани президенти Тоҷикистон рух медиҳад? Магар Мулло Абдулло фурсати муносиб меҷуст, ки президент ба ягон кишвари хориҷӣ сафар кунад, баъд даст ба амали террористӣ занад?

Баргаштани турнаҳо ба лона

Ба ҳодисаи мармузи фирори маҳбусон аз зиндон ҳоло посухи дақиқе пайдо накарда, аз сари нав баргаштани онҳо ба маҳбас парвози турнаҳоро ба ёд меорад, ки нобаҳангом парвоз карда рафтанду боз дубора баргаштанд. Чунин боздошти маҳбусони фирорӣ саволҳои зиёдеро барои аҳли ҷомеа меафзояд, ки посухи онро дарёфт кардан ғайримумкин аст. Агар онҳо қудрати аз як зиндони мустаҳкам баромадан доштанд, чӣ гуна натавонистанд аз ҳудуди як ноҳияи кӯҳӣ фирор кунанд? Нақшае, ки тарроҳони он гурехтан аз зиндонро хуб тарҳрезӣ карда буданд, аз ӯҳдаи тарҳи чӣ тавр фирор кардан аз кӯҳ набаромаданд? Ҳанӯз ҳам асроромез аст, ки ин ҳодиса чӣ тавр рух дод ва ниҳодҳои қудратӣ бо чӣ осонӣ хушбахтона онҳоро як-як боздошт карда истодаанд.

Алӣ Алиев, яке аз аз маҳбусони фирорӣ низ дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат дастгир шудааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохила маълумот додаанд. Ба иттилои манбаъ зимни амалиёти махсуси нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ фирории навбатӣ боздошт шудааст. Алӣ Алиев шаҳрванди доғистонитабори Русия аст, ки дар ширкат ба нооромиҳои шарқи Тоҷикистон муттаҳам дониста шуда, маҳкум ба зиндон гашт, аммо  ҳамроҳ бо дигар фирориён тарки маҳбас карда, сар ба кӯҳу пушта овард. Вале сари сахташ боз ин дафъа ҳам ба девор бархӯрд. «Гурехтани гӯсола то каҳдон аст», мегӯянд, ки ба шаъни ин нафарон мезебад.

То кунун 7 нафар аз маҳбусони фирорӣ тавассути нерӯҳои амниятӣ дубора боздошт шудаанд, ки дар байни онҳо Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, машҳур бо лақаби «Седой» ва Қорӣ Иброҳим, саркори фирориён аз зиндон низ ҳастанд. Аммо 18 нафари дигар аз фирориён ҳанӯз дар озодӣ гаштаанд. Дар ин самт ҳоло ҷустуҷӯ идома дорад. Аммо таваҷҷӯҳи одамон бештар ба он аст, ки вазъ дар Тоҷикистонро гурӯҳҳои террористӣ ва доираҳои манфиатдор то чӣ ҳад метавонанд ноором кунанд? Чун дар як ҳафтаи ахир ҳодисаҳое ба вуқуъ пайваст, ки касе интизори онро надошт. Умедворем, ки минбаъд вазъи сиёсиву амниятии кишвар рӯ ба беҳбудӣ меорад, аммо ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки ҳафтаи оянда чӣ дигаргуние ба назар мерасад.

Иқболи Саидзод,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: