Главная > Uncategorized > ИЗҲОРОТИ

ИЗҲОРОТИ

роҳбарони воситаҳои ахбори мустақил ва

созмонҳои журналистии Тоҷикистон

Мо, роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз амали роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки бо пахши чандинкаратаи як барномаи Маркази матбуотии вазорати мазкур тавассути шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар шоми шанбе, 25-уми сентябри соли равон сурат гирифт, изҳори нигаронӣ намуда, онро ғайриқонунӣ, ғайривоқеӣ, ғаразнок  ва берун аз ахлоқи афсарӣ меҳисобем.

Мо мутмаинем, ки ин барномаи пахшнамудаи Вазорати мудофиа дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон хеле ҳассос, аз як тараф нишонаи камсалоҳиятӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколат бошад, аз ҷониби дигар, кӯшиши нақзи ҳуқуқи касбии журналистон ва ҳуқуқи конститутсионии сокинони ҷумҳурӣ дар дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ мебошад.Бо арзи эҳтиром ба тамоми сарбозон ва афсарони Вазорати мудофиа ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар, мо пахши ин барномаи Вазорати мудофиаро, ки аз номи ҳайати шахсии Вазорат сурат гирифт, ва дар он нашрияҳои мустақилро ба иғвогарӣ айбдор карданд, чун кӯшиши рӯйпӯш намудани камбудиҳо дар тарҳрезӣ ва татбиқи амалиёти низомии роҳбарияти Вазорат ва ба дӯши воситаҳои ахбори оммаи мустақил бор кардани масъулияти ҳодисаҳои водии Рашт арзёбӣ менамоем. ВАО-и мустақил рисолати аслии хешро дар доираи қонунгузории кишвар ва ахлоқи касбӣ иҷро намуда, инъикоси воқеии ҳодисаҳоро дар Шарқи мамлакат бо услуби хоси худ ба роҳ мондаанд.

Мо кӯшишҳои таъқиб ва таҳқири журналистон аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро, ки мутаассифона, тавассути ҳамкасбони мо аз роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ гардид, ноҷо шуморида, талаб дорем, ки масъулини ин Вазорат аз тариқи  ВАО узр пурсанд. Дар акси ҳол, мо аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуда, обрӯ ва эътибори кории худро ҳифз хоҳем кард.

Мо бовар дорем, ки роҳбарияти сиёсии мамлакат аҳамияти ВАО-и мустақилро дар рушди ҷомеаи рӯ ба демократияи Тоҷикистон дарк намуда, ба амали роҳбарияти кунунии Вазорати мудофиа баҳои воқеӣ медиҳад.

Мо аз тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон,  нерӯҳои сиёсӣ ва ВАО даъват менамоем, ки дар ин марҳила  ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва рисолати касбии хеш бо масъулияти дучанд муносибат намуда, дар рушди озодии баён ҳамчун як рукни муҳими демократисозии ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири «Азия — плюс»,

Акбар Сатторов, директори ҷДММ «Чархи гардун»,

Шариф Хамдамов, директори ҷДММ «Оила»,

Нуралӣ Давлатов, ҷонишини сармуҳаррири «Фараж»,

Саймиддин Дӯстов, раиси Шӯрои муҳаррирони «Нигоҳ»,

Рустами ҷонӣ, директори кулли ҷДММ «Ориёно -медиа»,

Раҷаб Мараимов, сармуҳаррири «Имрӯз- нюс»,

Зафари Сӯфӣ, сармуҳаррири «Озодагон»,

ҷумъа Толибов, сармуҳаррири «Пайкон»,

Зафар Абдуллоев, сармуҳаррири «Факты и комментарии»,

ҷумъа Мирзо, сармуҳаррири «Нури зиндагӣ»,

Фарангис Набиева, муҳаррири «Боргоҳи сухан»,

Нуриддин қаршибоев, раиси НАНСМИТ,

Хуршедҷон Ниёзов, дабири кулли «Медиа-Алянси Тоҷикистон».

қироншоҳ Шарифзода, раиси ТҶ «Журналист».

Мухтор Боқизода, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон,

Шаҳло Акобирова, раиси ТҶ «Хома».

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: