Главная > Uncategorized > «Бозори судӣ» боз чӣ хел мешавад?

«Бозори судӣ» боз чӣ хел мешавад?

Дар мақолаам аз 23.06.2010 сол «Луқмапартоиҳои судӣ, ё худ суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бозор аст?» оид ба сохтакорӣ, кашолкорӣ ва қонуншиканиҳои собиқ раиси суди ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ Н.Ю Амиров. бо факту рақамҳои мушаххас: умуман бе иштироки прокурор, ҳамсари М. Латипов ва намояндаи «Амонатбонк»-и № 42 шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ҷавобгари асосӣ бояд мебуд, баррасӣ кардани парвандаи гражданӣ ва бе ваколатномаҳо ба кор ҷалб намудани намояндагони идораи нотариалӣ ва «Амонатбонк»-и № 45 ҳамин ноҳия, ки бо «Амонатбонк»-и № 42 ягон муносибат надорад ибрози назар намуда будам. Ғайр аз он  гаравгиру қарздеҳ «Амонатбонк»-и № 42 шаҳри Қӯрғонтеппа буд, дар музокира ва луқмапартоиҳои судӣ ҷалб ва иштирок надоштани Идораи нотариалӣ ва «Амонатбонк»-и № 42, набудани таҳияи хаттии протоколи маҷлиси судӣ, гузаронидани мӯҳлати баррасии парванда, мувофиқат накардани хулосаҳои ҳамаи зинаҳои судӣ бо ҳолатҳои кор сухан мерафт. Далелҳои дар боло овардашуда ваҷҳҳои асосии ман ба  парвандаи гражданӣ, яъне бо даъвои ман ба манфиати М. Латипов нисбат ба Т. Саидназарова оид ба кӯчондани вай аз манзил буданду боқӣ мемонанд.

Саволҳои дар саҳифаи 7 ҳалномаи омадаю то имрӯз ҳалношударо  кадом суд ва кай ҳал мекунад?! Суд савол мондааст, ки «маҳз даъвогар хонаи баҳсиро намефурӯхт, пас барои чӣ шахси бехона ва мӯҳтоҷи хона қарз дода, солҳои тӯлонӣ пулашро намепурсад ва барои чӣ аз дигар ҷо хона нагирифта, кӯшиши хонагирӣ накарда, дар хонаи каси дигар сохтмонҳои иловагӣ мекардааст ё ин ки мабалағи додаашро аз даъвогар ягон бор талаб накардааст?». Дар ҳалнома судя савол мемонад ё посухи суолро пайдо карданӣ мешавад? Ягон зинаи судӣ инро фаҳмидан ва ҳал кардан намехоҳад.

Оид ба навиштаи ман иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди лии ҶТ  А.И. Юсупов дар посухаш, дар ҳафтаномаи «Пайкон» № 35 аз 1-уми сентябри соли 2010  бо номи «Саркашӣ аз бастани аҳд» ҳамаро ба иштибоҳ андохта, фақат ба як саволу ваҷҳи ман ҷавоб гардонда, дигар ҳамаи қарорҳои судиро дар асоси нишондоди ду шоҳиди манфиатдор бо ҳамин парванда асоснок ва қонунӣ ҳисоб кардааст. Ба дигар ваҷҳҳои ман ҷавоб надодааст ё намехоҳад посух диҳад. Зиёда аз он,  ваҷҳҳои асосии дар боло номбаркардаи маро бо ягон факту рақам рад ҳам накарда, қайд кардааст, ки «Содир кардани хатоҳои дар боло номбаршуда, боиси дигар хел ҳал шудани даъво шуда наметавонист». Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин? Яъне, хатогиҳо буданд ва ҳастанд, аммо фарқаш нест. Ҳама гуна хатогӣ оқибат ва ҷавобгарӣ дорад. Хатогиҳое буданд, ки дар натиҷаи онҳо бегуноҳон ба қатл ҳукм карда шуданд.

Пас, талаботҳои КМГ ҶТ оид ба ҳатмӣ будани таҳияи протоколи маҷлиси судӣ, ҳатман ба кор ҷалб кардани шахсони манфиатдор, дар асоси ваколатномаҳо, ба мурофиа роҳ додани тарафҳо ва ғайраҳо, ки барои суд «хатогӣ»  набошанду ягон нақшро иҷро накунад, ба асосноку қонунӣ будани қарорҳои судӣ асос нашаванд, пас ин меъёрҳои КМГ, яъне моддаи 55, қисми 3 – ҳатмӣ будани ваколатномаи судӣ, моддаи 233 ва 235 – ҳатмӣ будани таҳияи хаттии протоколи маҷлиси судӣ, банди 19-и қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 26-уми июни соли2009   № 23 «Дар бораи татбиқи меъёрҳои КМГ ҶТ ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум», оиди ҳатмӣ будани таҳияи хаттии ин протокол, банди 5 моддаи 68-и Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки айнан ҳамин хел пешбинӣ мекунад, моддаи 353 зерхати 4 КМГ ҶТ, ки новобаста аз далелҳои шикоят ҳангоми аз тарафи суд масъалаи ҳуқуқ ва ӯҳдадории шахсонеро, ки барои иштирок дар мурофиа ҷалб карда нашудаанд, ҳал карда бошад ва зерхати 7-и ҳамин модда, ки ҳангоми набудани протоколи маҷлиси судӣ ҳатман бекор кардани ҳалномаи судиро пешбинӣ мекунад, моддаи 47-и ҳамин Кодекс, ки иштироки прокурорро дар чунин парвандаҳо пешбинӣ мекунад ва ғайраҳо магар лозиманд, ки суд чӣ хеле ки хоҳад қонунро маънидод ва татбиқ кардан мегирад? Магар бозори судӣ аз ин зиёд мешавад?

Агар ин модда ва меъёрҳои қонун лозим набошанд, аз эътибор соқит карда шаванд, то ки мардум донанд, ки ин меъёрҳои Конун ҳатмӣ набуда, қалбакианд ва суд чӣ хеле, ки хоҳад татбиқ кардан мегирад, яъне барои суд фарқе надорад…

Чаро ҳамаи зинаҳои судӣ ин талаботҳои қонунро,  риоя накардану хатогӣ буданашонро эътироф карда бошанд ҳам , асос барои бекор кардани санадҳои судӣ ҳисоб намекунанд.

Ҷаноби А.И. Юсупов дар ахбороташ фақат ба қисми умумии моддаи 353 қисми 1 КМГ ҶТ ишора карда,  талаботҳои қисми 2-и ин модда ва гуфтаҳои болоии маро заррае ба инобат намегирад?

Тибқи таъиноти судяи суди вилояти Хатлон М.М. Муҳиддинов аз 4-уми декабри соли 2009 таҳияи хаттии протоколи маҷлиси судӣ шарт набудааст, саволе ба миён меояд, ки дар асоси кадом қонун?

Тибқи таъиноти судяи Суди Олии ҶТ Т.К.Қодиров аз 2-уми марти соли 2010  дигар ваҷҳҳои ман (ба фикри ман бошад ҳамаашон, чунки онҳо аввалу дигар надоранд) такрорӣ буда, онҳо дар ҳалнома ва қарори коллегияи кассатсионӣ, таъиноти судяи суди вилояти Хатлон мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифта, асоснок ба назар гирифта нашудаанд ва онҳо асос барои бекор кардани санадҳои судии зикргардида шуда наметавонанд.

Аз ин ҷавоб ҳам дида мешавад, ки ваҷҳҳои ман дар суди вилояти Хатлон асоснок ба назар гирифта нашуда бошад ҳам, асос барои бекор кардани санадҳои судӣ намешудаанд. Пас, онҳоро кӣ ва дар куҷо асоснок ба назар мегирад? Ин ҳам ҳамон маънои суд аз қонун зӯрро дорад.

Ҳамаи зинаҳои судӣ воқеъияти савдои хонаи баҳсиро бо нишондоди 2 шоҳид, ки хешовандони ҷавобгар мебошанд ва фақат ҳолати аз тарафи шавҳари ҷавобгар қарз гирифтаашонро тасдиқ карда буданд асоснок мешуморанд, аммо нишондодҳои 5 шоҳиди дигар – намояндагони Амонатбонк, КФБТ ва худи Латипов М.-ро оиди он ки ҳангоми ба гарав гирифтани манзили баҳсӣ Саидназарова Т. гуфта буд, ки хона аз они М. Латипов мебошад ва ба гаравгирии хона монеагӣ накард, чаро бо ягон ваҷҳ рад накарда ба инобат ҳам намегиранд?

Оиди парвандаи дигар бо даъвои Ю. Умаров нисбат ба корхонаи «Мумбарорӣ» А.И. Юсупов қайд кардааст, ки даъвои ӯро суд қонеъ карда буд ва касе аз болои он шикоят накардааст, охир баъди кашмокашиҳои зиёда аз 1 сола , ки даъвои вай қонеъ карда шуд, магар мо боз норозӣ гуфта шикоят кунем?

Ваҷҳи дигари ман оиди парвандаи ҷиноятии № 7000 буд, ки дар он оид ба қонуншиканиҳо ва беасос нисбат ба Н.Ю Амиров рад кардани кори ҷиноятӣ бо якчанд моддаҳои КҶ ҶТ буд, аммо оиди ин масъала ҳам ҷаноби Юсупов А.И. сухане нагуфтааст. Зиёда аз он Прокуратураи Генералии ҶТ ҳам ним сол боз дар ин масъала чорае надида, хомӯш  нишастааст, ҳол он ки онҷо оид ба арзу муроҷиатҳои ман бояд дар мӯҳлати 10 рӯз ягон қарор қабул мекарданд.

Шунидам, ки нисбат ба ман ва ҳафтаномаи «Пайкон» Н.Ю Амиров оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ва ҳифзи обрӯву эътибораш ба суди ноҳияи Фирдавӣ даъво пешниҳод кардааст.

Вай бояд ҳанӯз соли 2009 баъди дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо № 50 (719) аз 17-уми декабри соли2009 нисбаташ ба табъ расидани мақолаи аввалаи ман ба суд муроҷиат мекард, аммо ин корро накард, чунки ба ӯ вақт лозим буд, ки натиҷаи баррасии парвандаи Латипов М. дар Суди Олии ҶТ чӣ мешавад ва баъди он ки дар онҷо ҳам ӯро дастгирӣ карданд, акнун ба суд муроҷиат кардааст.

Моҳи августи ҳамин сол ӯ ба Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ариза муроҷиат карда талаб дошт, ки бояд нисбат ба ман ҳамчун тӯҳматчӣ кори ҷиноятӣ оғоз карда шавад, аммо аризаи вай бинобар беасос буданаш рад карда шуда, нисбати ман ҳам аз оғози кори ҷиноятӣ рад карданд, барои он ки ҳама гапҳои гуфтагии ман дар мақола нисбат ба ӯ факту рақамҳои тасдиқшудаанд, на тӯхмат.

Ман ба ин розиям, наметарсам ва бигузор суд даъвои ӯро ҳал кунад, аммо як чизро хотиррасон карданиям, ки Н.Ю Амиров бояд ба сифати ҳамҷавобгар раёсати Шӯрои адлия ва Прокуратураи вилояти Хатлон, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералии ҶТ ва Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонӣ МНМО  ҶТ-ро низ ҷалб мекард, чунки ҳамаи ваҷҳу далел ва гуфтаҳои ман дар асоси ҷавобҳои расмии ин мақомотҳо мебошанд.

Р. Латипов,

адвокати ваколатдор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: