Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > Дасти дарози раис

Дасти дарози раис

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба таваҷҷӯҳи директории агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия Ф.Ғ.Саидов

Дар солҳои Шӯравӣ дар як маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии хоҷагие, ки котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳия ширкат дошт, аз ҳозирин пурсиданд: кӣ савол дорад? Подабоне даст бардошта суол кард: «Ин ҷо гуфтанд, ки дар фермаи бурдоқипарварӣ дар як шабонарӯз 15 кило ем ба чорво додаанд. Ман ҳамон ҷо кор мекунам.Кунҷораю шулхаю сабӯс он тараф истад, коҳ нест, ки ба чорво диҳем».Ҳанӯз он подабон суханашро тамом накарда, раиси хоҷагӣ аз ҷой хеста, даст афшонда тарафи котиби аввал гуфт:

«-Ин девона аст»…

Ба суханони подабон касе аҳамият надод.Маҷлис ба охир расиду нишастанду хӯрданду нӯшиданду рафтанд…

Ҳамон дастафшонию беэътиноӣ, нуқтаи назари мардумро ба эътибор нагирифтан ба он оварда расонд, ки бо чашми сард дидем. Имрӯз чӣ?

Чаро шаҳрвандон  нисбат ба рафтори соҳибмансабе такрор ба такрор шикоят мекунанд? Посухи ин суолро ҳар кас ба таври худ шарҳ медиҳад. Яке онро «як нав «беморӣ»  медонад.Дигаре тамғаи «нависандагӣ»-ро мечаспонад.Ҳатто чун он подабон кӯшиш  мекунанд, бо ҳар роҳу восита ҳақталошро девона унвон кунанд.  Вале кам касон ба дарди онҳо мерасанд, арзашонро сидқан мепурсанд.Ҳол он ки кормандони мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ба доди мардум расанду «сиёҳ»-ро «сиёҳ»-у «сафед»-ро «сафед» гӯянд…

Ба мо сокини шаҳри Ваҳдат А.Азизов муроҷиат намуда, нусхаи арзу шикоятҳои ба мақомоти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ва посухи додаи онҳоро пешниҳод намуд. Вай шаш сол инҷониб арзу шикоят дорад.Муроҷиати охиринашро ба Президенти Тоҷикистон ирсол намудаасту умедвор аст ҳақ ба ҳақдор мерасад. Чӣ водор намуда, ки шаҳрванд   шикоят мекунад? Дар муроҷиат ба Сарвари кишвар чиҳо менависад?  Дар ин бора дар поёнтар ҳарф мезанем.

Арзу шикояти А.Азизов ба мақомотҳои гуногун пешниҳод карда шудаасту онҳо ба муроҷиаткунанда «посух» додаанд.Вале ӯ боз такрор ба такрор шикоят менависад. .Аризаҳои шаҳрванд дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия маврида баррасӣ қарор дода шуда,   чунин посух додаанд:

«Аризаи Шумо аз таърихи 6-уми сентябри соли 2007 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, дар истеҳсолоти ман қарор дошт.

Ҳолатҳои аризаи мазкур санҷида баромада шуданд, аммо ҳолатҳои дар ариза овардашуда роҳи дурусти худро наёфтанд.

Нозири калони Агентӣ   Эгамов И».

Посухро хонда кас ҳайрон мешавад. Чӣ хел «ҳолатҳои дар ариза овардашуда роҳи дурусти худро наёфтанд?».  Он «роҳ» кадом бошад?Ҳамин тавр номаълум мемонад, ки ваҷҳҳои дар ариза оварда шуда, асос доштанд ё не? Шаҳрванд боз ба таври такрорӣ ба ҳамон мақомот шикоят менависад. Чунин посух ирсол менамоянд.

«Ба иттилои Шумо мерасонем, ки аризаи такрории Шумо рӯзи 26 ноябри соли 2007 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор дода шуд.Дар рафти санҷиш ваҷҳҳои дар ариза дарҷ гардида тасдиқ нашудаанд. Муовини Директори Агентӣ  Ҷ.Ҳ.Кабиров»

Вале боз ба ҳамин мақомот  муроҷиат карда мешаваду   А.Азизов ҷавоб мегирад: «Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентӣ аризаи Шуморо, ки рӯзи 17-уми ноябри сол 2009 ба агентӣ ворид гардид, мавриди баррасӣ қарор дод.

Аризаи Шумо такрорӣ буда, бинобар  ин мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.Сардори Сарраёсат  полковники адлия  Ҷ.Г. Сангов».

Муроҷиатҳои А.Азизовро дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди «омӯзиш» қарор дода, чунин посух медиҳанд.

«Мактуби шикояти Шумо аз болои фаъолияти кории раиси Ҳукумати шаҳри Ваҳдат Қодиров А.В. дар хусуси он, ки вай ба фурӯши ғайриқонуни иморатҳо машғул бошад, санҷида баромада шуд, ки ваҷҳҳои овардашуда тасдиқи худро наёфт.Роҳбари Дастгоҳи Вазир  Ф.Ёров».

Бо посух нусхаи ин маълумотнома ҳамроҳ карда шудааст:

«Дар таърихи 06.06.2008 сол соати 08 вобаста ба мактуби шикоятии шаҳрванди шаҳри Ваҳдат, деҳаи Яккатол Азизов А. бо раиси Ҳукумати шаҳр Ваҳдат Қодиров Анвар Вайсидинович вохӯрӣ гузаронидам ва ҳангоми пурсиш вобаста ба ваҷҳҳои оварда шуда, дар мактуби шикояти раиси Ҳукумати шаҳри Ваҳдат Қодиров А.В. ваҷҳҳоро инкор карда, изҳор намуд, ки шаҳрванд Азизов А. хешу табори собиқ раиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат Гулов А. мебошад,ки онҳо давоми 3-сол боз аз болои фаъолияти ӯ ба тамоми органҳои маъмурӣ ҷумҳурӣ навису навис карда, намегузоранд, ки ӯ дуруст кор намояд. ӯ инчунин изҳор намуд, ки фаъолияти кориашро якчанд маротиба Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати Давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар асоси аризаи шаҳрванд Азизов А. санҷида баромадаанд, аммо ягон далелҳои қонунвайронкунӣ дар фаъолияташ ошкор накарданд.Роҳбари  Дастгоҳи Вазир Ф.Ёров».

Эҳтимол ин « маълумотнома»-ро барои аз назорат гирифтани ариза омода намуда  бошанд. Маълумотномаро хонда кас ба гирдоби андеша меравад. Чаро аризаро маҳз роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ мавриди санҷиш қарор додааст? Дар ин мақомот ягон нафари салоҳиятдори дигар набуд, ки бевосита ба санҷиши арзу шикоят машғул бошад? Боз аҷибаш дар он аст, ки «санҷишгар» бо он нафаре сӯҳбат намудааст, ки аз болояш шикоят карда мешавад.Магар ягон соҳибмансаб рафтори хилофи қонун кардаашро ба гардан мегирад?

Аризаи ба унвони кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштаашро мавриди «баррасӣ» қарор дода, чунин иттило медиҳанд: «Шӯъбаи дар шаҳри Ваҳдат  будаи КДАМ ҶТ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аризаи Шумо дар санаи 8-уми апрели соли 2008 ба шӯъбаи номбурда ворид гардида, мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор дода шуд. Дар рафти санҷиш ваҷҳҳои дар ариза дарҷ гардида тасдиқи худро наёфтанд.Муовини раиси КДАМ ҶТ  А.Назаров».

Прокуратураи ҷумҳурӣ на танҳо аризаҳои бевосита ба ин мақомот дохилшударо, балки он муроҷиату аризаҳои ба дигар сохторҳо ирсолнамудаи муаллифро, ки аз рӯи тобеият ба ин мақомот ирсол намудаанд, мавриди омӯзиш қарор додаанд.Дар санаи 6-уми апрели соли 2008 бо имзои муовини Прокурори генералии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 3 М.Р.Шарипов ба аризаи А.Азизов посух дода мешавад. Дар ҷавобнома қайд карда мешавад, ки бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат № 136 аз 6-уми июни соли 2002 ва № 127 аз 27-уми апрели соли 2003 ба ҶДММ «Терминал-Хизматрасон-Савдо» барои сохтмони «Маркази тиҷоратии шарқ» ва стансияи нақлиёти автомобилии самти Файзобод, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат ба миқдори 0,31 га замин ва барои сохтмони истгоҳи шабонарӯзии нақлиёти автомобилӣ дар хамгашти кӯчаҳои Фирдавсию Ҳамзаалиеви шаҳр ба миқдори 0,14 га замин ҷудо карда шудааст. Бо назардошти он ки сохтмони истгоҳи шабонарӯзии нақлиёти автомобидии самти Ваҳдат-Файзбод бе мувофиқгардонии нақшаи асосии шаҳри Ваҳдат ташкил карда шудааст, дар асоси пешниҳоди саридораи мутобиқгардонии фаъолияти ташкилотҳои меъморӣ ва шаҳрсозии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистони тибқи моддаи 29 Қонуни ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи меъморӣ ва шаҳрдорӣ» сохтмони истгоҳро гайриқонунӣ шумурдаанд.

Аз тарафи ҶДММ «Терминал-Хизматрасон-Савдо» дар давоми солҳои 2002-2005 барои фаъолияти истгоҳи самти Ваҳдат-Файзобод  ягон иншоот сохта нашудааст ва соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин нагардидаанд. Бинобар бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат таҳти № 474 аз 27-уми сентябри соли 2005, қарори раиси шаҳр таҳти № 127 аз 7-уми апрели соли 2003 бекор карда, 0,14 га қитъаи замин ба фонди захиравии шаҳр гузаронида  шуда, бо қарори раиси шаҳр таҳти № 501 аз 19-уми октябри соли 2005 ба шаҳрванд Зиёев П. барои сохтмони маркази савдо ва истгоҳи нақлиётии шабонарӯзӣ дар кӯчаи  Фирдавсии шаҳри Ваҳдат 1250 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Ба роҳбарияти ҶДММ «Терминал-Хизматрасон-Савдо», дар ин посухнома тавсия дода мешавад, ки азбаски масъала дар зинаҳои судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, ба суд муроҷиат кунанд.

Дар бораи дигар далелҳои дар ариза омада,   ба монанди аз тарафи раиси шаҳри Ваҳдат ба шаҳрванд М. Алимардонов бахшидани комплекси бурдоқипарварии хоҷагии Гулистон, маҷбуран гирифтани корпоратсияи «Кишоварз» ва ба хоҷагии деҳқонии «Намуна», ки роҳбараш Ҷ. Сафаров буда, додани 1 га замини корпоратсия ва фуруши фермаи ширию моли муайян кардаанд, ки Ҷ.Сафаров ба хоҷагӣ деҳқонии «Намуна» ягон алоқаманди надошта, дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат аз соли 2005 то ҳол кор када истодааст. Корпоратсияи «Кишоварз» дар асоси қарори маҷлиси саҳмдорон таҷдид гардида, хоҷагиҳои деҳконии «Намуна -2005» ва «Гулистон» ташкил карда шуда буданд. Аз моҳи апрели соли 2005 то ҳол раиси хоҷагии деҳқонии «Намуна -2005» Д. Холиқов буда, хоҷагӣ дар ихтиёраш 469 га замин дошта , ба ягон корхона ё шахс замин ҷудо карда надодааст.

Тибқи қарори аъзони хоҷагии деҳқонии «Намуна-2005» аз 7-уми феврали соли 2006 дар шартномаи харидуфуруш аз 29- уми марти соли 2006 фермаи ширию молии «Сурх» ба сокини хоҷагии номбурда Комилҷон Ҳайдаров ба маблағи 83 623 сомони фурӯхта шуда, алоқаманди раиси шаҳри Ваҳдат А. Вайсиддин ба фермаи мазкур муайян нагардидааст.

Вобаста ба ваҷҳи ариза оид ба вазифаи сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат таъин гардидани бародари раиси шаҳр Т. Қодиров муайян карда шудааст, ки номбурда бо дарназардошти дархости на раиси шаҳри Ваҳдат А. Вайсиддин, балки бо дархости собиқ муовини аввали раиси шаҳр М. М. Юсупова бо фармони Вазири тандурустии ҶТ Н. Файзуллоев таҳти № 25 аз 2-уми феврали соли 2005 ба таври гузариш ба вазифаи сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат таъин гардида, тибқи Фармони Вазири тандурусти ҶТ таҳти № 58 аз 8- уми феврали соли 2008 ба вазифаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Рудакӣ  таъин гардида, то ҳол  дар вазифаи номбурда фаъолият карда истодааст.

ҶСК «Лесоснабторг», ки 75 %-и маҷмӯи саҳмияҳои он аз тарафи шаҳрванд Х. Қодиров хусусӣ гардонида шудааст, моликияти комуналӣ набуда, аз тарафи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии ҶТ ба воситаи музояда фурӯхта шудааст ва ба он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ягон алоқамандӣ надорад.

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ

(Давом дорад)

Рубрики:Ҷумъаи ТОЛИБ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: