Главная > Uncategorized > Моҷаро

Моҷаро

-Моро ба чашми кам набинед!Агар аз бобати қолину палос ва анвоъи либос ҳарф назанем ҳам, шумо медонед, ки мағозаи мо пур аз намуди ин гуна маҳсулот аст.

-Чӣ, харидор нест?! Чаро, харидор пур, аммо чашми эшон кӯр. Ҳар рӯз аз пеши мағозаи мо бошитоб мегузаранд, вале назаре намекунанд, ки  ин қадар маҳсулоти пурарзиш долонҳои моро бо рангорангии худ ҷозибанок кардаанд.-Лаббай, барои чӣ дар ҳамсоямағозаи мо шитобашон суст мешавад? Ҳа, охир мардум моли арзон мекобанд. Лекин дониста монед; арзон беиллат нест! Он мағозаҳо медароянду як порча латтапораро харида мебароянд. Махсусан, занҳо камтар арзонтар ғалтад гуфта, як материалро 4-бӯлак мекунанду ду порчаашро як кас ва ду порчаи дигарашро каси дигар мехаранд. Баъд медонед; эканом шавад гуфта, як порчаашро аз гардан поён ваҷабе ва дуюмашро аз миён поён ваҷабе ҳамел карда мемонанд. Мо ҷеғ занем, ки биёед аз либосҳои пахтагини дарози аз нӯги даст то нӯги поро харидорӣ намоед, эътироз мекунанд, ки пахта арзон шуду чаро нархи либоси шумоён арзон намешавад…Мо медонем, ки пахта арзон шудагӣ, лекин ҳамон арзонаш ҳам дар фурӯш нест. Мо ба назди заминҳои пахтазори хоҷагиҳои деҳқонӣ рафта, тагу тӯби бо ғӯзапоя дар замин афтодаашро лошӣ карда меорем. Соли оянда аз ин насиба низ маҳрум мешавем.

-Ҳа, шими мардона чаро намедӯзем? Саволи аҷиб, ҳаминро ҳам намедонед-мӣ! Мардҳои тоҷик аз қадим шолвор пӯшида одат кардагӣ, шиму кастюм зеби онҳо нест. Марҳамат, шолвор даркор бошад, биёянд, мо як чанд модели замонавӣ дӯхта мондагӣ!

-А…не,чаро? модилери хуб дорем, ҳамин латтаро каҷу килеб дӯхтан, нимашро бурида партофтан ва фарфара изофа кардан аз дасти ҳамаи тарроҳони мо меояд, лекин аврупоиҳо чун бо усули кори осон ошно нестанд, худро дар машаққат мегузоранд ва мо ки таҷрибаи шӯравӣ дорем, роҳи кори осонро пеш гирифтаем.

-Не, мисли маҳсулоти хитоӣ ва аврупоӣ дар як рӯз 40-50 ҷуфт ба фурӯш намеравад, аммо як ҷуфт-ду ҷуфт фурӯшем аз онҳо зиёд фоида ба даст меорем, лек…

-Валекин намефурӯшем?! Ин чи зеби гап, сухани одама набурред! мефурӯшем, фақат харидор ояд, баъд…

-Аслан кӣ мехарад?! Хело содда низ будаед, 200 коргар як ҷуфтӣ харад коро панҷ.

—Туфлӣ! не, дар корхонаи мо истеҳсол карда намешавад. Кожзавод равед, аз мутахассисони туфлисоз пурсед!

-Ман! ҳа-маълумот дорам. Туфлиҳои Тоҷикистон ба гап нест. Давраи Шӯравӣ аз Озарбойҷону Қирғизистон харидор меомад. Комбинати пойафзолбарорӣ дар як сол 14 млн. ҷуфт пойафзол истеҳсол мекард.

-Ҳозир? қариб 100 ҳазор ҷуфт истеҳсол мекунад. «Барои чӣ, барои чӣ!» ин қадар зиёд савол медиҳед? Охир Тоҷикистон СССР-ро аз дохилаш пеш кард, аҳолиаш кам шуд. Ана, барои ҳамин истеҳсолашро низ кам кард.

-Э…туфлиҳои хитоӣ дар пеши мӯзаҳои тоҷикӣ об хӯранд. Як моҳ мепӯш]ӣ ҷонат халос. Мӯзаҳои моро соли дароз аскарон дар заминканию сангкашӣ мепӯшанд, боз намедаррад.

-Чаро фақат аскарон?! мардум муроҷиат кунанд барои онҳо низ тайёр медӯзанд.

-Муроҷиат накардани мардум амри табиист. Онҳо арзонфурӯшро ҷустуҷӯ мекунанд. Аммо дар се моҳ се бор 20-сомонӣ туфлии хитоӣ харанд 60-сомонӣ мешавад, ки бо ин нарх як мӯзаи тоҷикӣ гиранд камаш 2-сол мепӯшанд. Боз мардум аз моли тоҷикӣ ношукрӣ мекунанд. Маҳсулоти мо қимат бошад ҳам, беҳиммат нест. Аз молҳои қимати чинӣ, ки ҳеҷ арзиш надоранд, бехабаранд. Худо накунад, ки рӯзи мардум ба молҳои хитоӣ монад. Вагарна ширкатҳое чун «ТИЁН-ШИ» омада қуттиҳои доруашонро фиреб карда ба мардум 300 доллару 600 доллар мефурӯшанд, ки дигар касе ба сад сомонӣ онро нахоҳад харид.

-Эҳе…мӯза лозим набудааст. 93 фоизи Тоҷикистон кӯҳсор аст, 80 фоизи мардум аз пушти хоркашию ҳезумкашӣ рӯз мегузаронанд. Ҳангоми бебарқӣ мардуми шаҳр низ дар хонаҳои худ печка шинонида, деворро шикоф намуда турба гузаронидаанд ва бо ҳезум ош мепазанд, хона гарм мекунанд. Нони харида баракат надорад гуфта, ҳама дар шаҳр танӯри заминӣ сохтаанд. Ана, барои ҳезум овардан зи кӯҳ аз мӯзаи тоҷикӣ чизи хуб нест. Кайе, ки хитоиҳо роҳҳои моро пурра таъмир кунанд, он вақт мумкин туфлиҳои чинӣ андаке дошт диҳанд. Вагарна дар мо роҳи ҳамворе, ки туфлиро харида зиёд пӯшӣ, вуҷуд надорад. Халқи руси Кабир ин роҳҳоро барои мӯзапoшӣ мувофиқ сохта буд.

-Чӣ! эҳ, ин қадар сарама гаранг накунед, Шумо ягон либос мехаред ё не?

-Туфлӣ даркор?! мӯза харед марҳамат, агар не, равед аз ин ҷо! (якто харидор омад гуфта хурсанд шуда будам, кор барор нагирифт).

Мӯзафурӯш

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: