Главная > Uncategorized > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш

Хулафои Уммавӣ дар ин кор бештар сахтгирӣ мекарданд; Ҳар гуна раъйи тозаеро, ки то андозае бӯйи бидъат медод, бо шиддат маҳкум мекарданд. Сабаби он албатта парҳезкорӣ ва порсоӣ набуд. Зеро аксари Уммавиҳо ба алоқае надоштанд. Лекин бо ҳар андешаи тоза ба ҳар фикри озоде бадон ҷиҳат мубориза мекарданд, ки ин афкор ва андешаҳо аз хотири маволӣ (ғайри адаб) метаровид ва назди онҳо Маволӣ барои ҳокимияти араб хатаре бузург ба шумор меомаданд. Маъбади Ҷӯҳанӣ ақида ва ройеро, ки дар боби қадар дошт аз Санбавайҳи Эронӣ гирифта буд ва Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, зоҳиран бо ҳамин сабаб ӯро кушт. Дар бораи Ғелони Димишқӣ, ки низ ҳамин ройро дошт, Бани Уммия ҳам рафторе сахт хушунатомез карданд. Ҷаҳм ибни Сафвон ҳам, ки ақидаи ҷабрро оварда буд, аз мардуми Тирмизи Хуросон буд ва бадъати ӯ низ ба сахтӣ кайфар  ёфт. Бадингуна Бани Уммавия бо ҳамаи беқайдӣ, ки дар кори дин доштанд, бо шиддате ва хушунате то аз нашри ҳар гуна фикре, ки мансуб ба мавлавӣ буд, ҷилавгирӣ мекарданд.

БОБАК

Аммо ин Бобак кӣ буд? Бештари матолибе ки дар манобеъи мавҷуд дар бораи ӯ овардаанд, ғаразолуд ва афсонаомез аст. Аз ин рӯ ба душворӣ метавон аз паси ғубори афсонаҳо симои воқеъии ӯро дид. Таърихнависони мусулмон кӯшидаанд хотираи ӯро тира ва табоҳ кунанд ва аз таассуб саъй карданд, симои ӯро зишт ва нописанд ҷилва диҳанд. Наҳзати ӯ зоҳиран дар байни омма тарафдороне дошт, аммо мавриди алоқаи деҳқонон ва бузургон набуд ва чун вай дар пайи эҳёи ақоиди Маздакӣ буд, ночор мусулмонон низ наметавонистанд онро таҳаммул кунанд.

Афсонаҳое, ки дар боби ӯ ҷаъл ва бофта кардаанд, бо хубӣ нишон медиҳад, ки бо ғарази ӯ нияти хосе саъй доштаанд, номи Бобакро олуда намоянд. Бадин гуна қисматҳои муҳими таърихӣ Бобак  дар зулмот ва торикӣ фурӯ рафтааст. Бо вуҷуди ин аз он чӣ боқӣ аст, порае нуктаҳои ҷолиб ба даст меояд.

Дар бораи табору нажоди Бобак ихтилоф аст. Динаварӣ муаллифи китоби «Ахбор-ут-тивол» бо лаҳне, ки комилан наметавонад инсонро мутмаин кунад ва бовар кунонад, ӯро аз фарзандони «Мутаҳҳар» — духтарзодаи Абӯ Муслим мешуморад. Бо вуҷуди ин муаллифи «Ал-Феҳраст» аз қавли касе ки ахбори Бобакро ҷамъ овардааст, мегӯяд, ки: «Падараш марде равғанфурӯш аз аҳли Мадоин буд. Ба ҳудуди Озарбойҷон рафт ва дар қарияе (деҳае) бо номи Билолобод аз рустои Маймад маскан гирифт. Вай равған дар зарфе мерехт ва бар пушт мегирифт ва дар қарияҳои он русто омаду шуд  мекард…» Номи ин равғанфурӯш дар китоби «Ал-Феҳраст» зикр нашудааст. Аммо Самъонӣ номи падари Бобакро Мадрос навиштааст. Нуктае, ки дар ривоёти «Ал-Феҳраст» ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, исроре аст, ки барои расво кардани Бобак ба кор бурдаанд. Падари ӯро «равғанфурӯше аз аҳли Мадоин» ва модарашро «зани як чашм, ки муддате бо марди равғанфурӯш ба ҳаром гирд омада буд», муаррифӣ кардаанд. Дар ин ривоят осори ғараз ва кинаи ривояткунандагон ошкор аст. (Ду қарни Сукут, саҳ.215-216.)

ПОЁНИ КОРИ БОБАК

Дигар рӯз халифи Мӯътасим барнишаст ва мардум аз дарвозаи омма то Матира саф кашиданд. Мӯътасим мехост то мардум Бобакро ба расвоӣ ва хорӣ бубинанд. Аз касони хеш пурсид, ки ӯро ба чӣ бояд нишонад? Гуфтанд, ҳеҷ муносибтар аз фил нест. Бифармуд то филе биёваранд ва Бобакро либоси зебо дарпӯшиданд ва кулоҳи самур бар сар ниҳоданд ва ӯро бо анбӯҳи мардум бар даргоҳи Амир ал-Муъминин, ба Дор-ул-омма дароварданд. Амир ал-Муъминин ҷаллод хост то дасту пойи ӯро бибурад. Бифармуд то ҷаллод   ӯро  бихонданд, Ҳоҷиб (пардадор) аз Боб-ул-омма баромад ва нуд-нудро бихонад ва чун ва фароз (боло) омад, Амир ал-Муъминин фармон дод то ҳар ду дасти Бобакро қатъ кунад. Хурсандӣ ва бепарвоии далеронае, ки Бобак дар мувоҷеҳаи (рӯ ба рӯйи) марг нишон дод, шоистаи қаҳрамонон буд.

Гӯянд чун Бобак бар Мӯътасим даромад, бародараш ҳам бадонҷо буд. Вайро гуфт: «Эй Бобак, коре кардӣ, ки кас накард, акнун сабре кун, ки дигаре накарда бошад». Гуфт, хоҳӣ дид, ки сабр чи гуна кунам!

Навиштаанд, ки чун як дасташ буриданд, дасти дигар дар хуни худ зад ва дар рӯйи худ молид ва ҳама рӯйи худро аз хуни худ сурх кард. Мӯътасим гуфт… Ин чӣ амал аст? Гуфт дар ин ҳикмате аст, шумо ҳарду дасту пойи ман бихоҳед бурид ва гунаи (рухсораи) рӯйи мардум аз хун сурх бошад, чун хун аз рӯй биравад, зард бошад. Ман рӯйи хеш аз хуни худ сурх кардам, то чун хун аз танам бурун шавад, нагӯянд, ки рӯяш аз бим зард шуд. Боре Бобак дар дами марг низ ин ҳама шиканҷаро ба сардӣ қабул кард ва ҳеҷ сухан нагуфт ва дам барнаёвард. Мӯътасим бифармуд то ӯро дар ҷониби шарқии Бағдод миёни ду кӯпрук (пул) бардор карданд. Саранҷоми Бобак чунин шуд. Аммо Афшин, кӣ буд ва фарҷоми ӯ чӣ шуд? (Сарчашмаҳо: «Шаҷарот-уз-заҳаб», ҷ.2. саҳ.51; Сиёсатнома, саҳ.176)

Комил БЕКЗОДА

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

15

Чунончӣ дар боло баён рафт, ҷаридаи «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» дар Бухоро таъсири хуб кард. Филҷумла, инқилоби фикриву илмӣ рӯй дод. Дар мадрасаҳои кӯҳна дар байни талаба сухан аз ислоҳи макотиб ва мадорис мерафт, ғайринофеъ будани ҷадвали дарсҳои ҳозира музокира меёфт (агар рақамҳои авохира «Бухорои Шариф»-ро мутолиа карда шавад, чанд ариза ва талабнома барои ислоҳи мадорис ба имзои мутааддид аз талабагон дида мешавад).

Дар ҳар гӯшаи шаҳр, ҳар мусофире, ки ба тартиби нав таълим карданро иддао мекард, фавран панҷ-шаш нафар дар атрофаш ҷамъ шуда, дарс мехонданд. Баъзе мударрисин низ рағбати талабаро дида, бо вуҷуди аҳл нобуданашон дарси тафсиру ҳадис гуфтанӣ мешуданд. Инҳо ҳама аломати хайру асари «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» буд…

Рӯзҳои ҷумъа ба мазмуни «Агар мактабҳои нав баста нашавад, дар шаҳр балову фитна бармехезад», арзаҳои сохта карда, аз номи одамони маҷҳул (ношинос), Мир Бурҳониддин ба амир расонд. Дар ҳамин асно Ҳоҷӣ Абдуррауфи Фитрат ва Атоуллоҳхоҷа аз Истанбул омада буданд ва бо муаллимон мухолитат (муошират) доштанд, аз ваҷҳи ривоҷу ислоҳи макотиб сӯҳбатҳои илмӣ мекарданд. Атоуллоҳхоҷа биззот ба муаллимии мактаби бародари худ Усмонхоҷа дохил шуда буд. Маъмурони элчихонаи (сафоратхонаи) Рус, ки ба ихтиёри аҳвану шаррайни (аз ду бад камтаринаш) аз мактабҳои нимислоҳёфтаи Бухоро тағофул карда буданд, аз мухолифати тарбияёфтагон ба Истанбул ба кори мактаб дар андеша ва ташвиш афтоданд. Аҳли истибдод умуман ҳаббаро (донаро) қубба (гунбаз) ва пашшаро фил дар назар меоранд, аз мухолифати Фитрат Афандиву Атоуллоҳхоҷа ба кори мактаб чӣ гумонҳои сиёсии воҳӣ (беҳуда) дар хаёлхонаи худ муҷассам карданд. Охируламр ба бастани макотиб қарор гирифт. Шулка (Шулга) ном аз аъзои элчихонаи (сафорати) Рус, ки маслакаш ҳамеша мудоҳана (хушомад) буд ва дар ҳар кас худро ҳамфикру хайрхоҳ ба қалам дода, дилашро ба даст мегирифт – қабл аз баста шудани мактабҳо – ба мулоҳизаи ду фоида мактабҳоро зиёрат кард: яке он, ки ба муносибати зиёраташ авом гумон кунанд, ки ҳомии ин мактабҳо рус ва ин мактабҳо воситаи ҳусули (натиҷаи) матолиби рус будааст. Ба ҳамин гумон шояд омма аз мактаб нафрат карда, фитна хезонанд. Дуввум, тараққипарварону мактабхоҳон ба муини (тарафдори) мактаб будани элчихона (сафоратхона) итминон ҳосил карда, баъд аз баста шудани мактабҳо ҳам аз муовинати элчихона (сафоратхона) умедвор бошанд дар вақте ки Шулка (Шулга) макотибро зиёрат кард, на аз пруғром (программа) пурсид, на мактабро таҳқиқ карда дид, балки ба як пурсуҷӯй ба муаллим иктифо (басанда) намуд. Агар дар зиёрат сабабе ғайр аз сабабҳои мастур (навишта) дар боло мебуд, ҳароина (ҳатман) дуруст тафтиш мекард. Баъд аз баста шудани макотиб дар хонаи Мир Бурҳониддин қозикалон барои адои табрикот гӯё маҷлисе ороста шуд. Уламо, ки чанд гоҳ боз масъалаи мактабро фаромӯш карда, дар пайи аз ин қабил машғалаҳо (корҳо) намегаштанд, якбора дар ҷунбиш омада як-як, ду-ду, чор-чор, ба хонаи қозикалон омада, ӯро ба ин музаффарияти кубро (бузург) ва муваффақияти узмо (азим) табрик менамуданд.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: